16
www.omuzgor-gazeta.tj НАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ОМЎЗГОР № 42 (12266) 15 октябри соли 2020 њаФтанома аз 20-уми иЮЛи СоЛи 1932 наШр меШавад агар дар љањон набвад омўзгор, Шавад тира аз бехирад рўзгор. пирўзї таЉлил Почтаи электронии «Омўзгор»: [email protected] Телефони боварї - 227-76-86 @ њикмати рўз Эмомалї рањмон – Президенти Љумњурии Тољикистон Арзи сипоси Пешвои миллат «Љойгоњи Камоли Хуљандї дар адабиёти Шарќ» То фикрати ман нињод бунёди сухан, обод шуд аз ман тарабободи сухан! Мехост сухан зи дасти бетабъон дод, Додам ба ишорати сухан доди сухан! Камоли ХуЉаНДї Сухан Тибќи натиљањои пешакї Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї рањмон 90,92 дарсади овозњоро ба даст оварданд. Т ањти чунин унвон 15- 17 октябри соли равон дар шањри Хуљанд симпозиуми байналмилалї доир мегардад. Њамоиши илмї ба 700-солагии шоири бузурги тољик Камоли Хуљандї бахшида мешавад. Ба иттилои раёсати Академи- яи миллии илмњои Тољикистон, ки аз ташкилкунандагони асосии симпозиум ба њисоб меравад, тибќи барномаи симпозиуми байналмилалї, 15 октябр маро- сими гулгузорї дар пояи њайкали Камоли Хуљандї баргузор гар- дида, гурўњи мењмонон турбати Камолро зиёрат ва аз хона-му- зейи шоир боздид менамоянд. Инчунин, дар Театри давлатии мусиќї-мазњакавии ба номи Ка- моли Хуљандї намоиш пешкаши иштирокдорони симпозиум гар- донида мешавад. 16 октябр дар Кохи Рўдакї симпозиуми байналмилалї ба кор оѓоз мекунад. Дар баробари сухани табрикии иштирокдорони симпозиум, инчунин, суханони табрикии видеоии донишман- дони камолшинос аз давлатњои Афѓонистон, Ўзбекистон, Франсия, Германия, Покистон, Њиндустон ва Туркия манзури иштирокдорон гардонида меша- вад. Симпозиуми байналмила- лии «Љойгоњи Камоли Хуљандї дар адабиёти Шарќ» дар бинои Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров дар ду бахш идома меёбад. Бахши аввал ба муњити илмї ва адабии замони Камоли Хуљандї дар маљлисгоњи раё- сати ДДХ ва бахши дуюм доир ба наќши Камоли Хуљандї дар рушди адабиёти тољик дар маљлисгоњи факултаи таърих ва њуќуќи ДДХ гузаронида меша- вад. Дар њамоиши илмии байналмилалї донишмандон дар мавзўъњои «Истиќлолият ва заминањои тасњењи бунёдии ашъ- ори Камоли Хуљандї», «Мак- таби адабии Камоли Хуљандї», «Мањорати Камоли Хуљандї дар баёни матлаб», «Камоли Хуљандї ва адабиёти ўзбек», «Љойгоњи Камоли Хуљандї дар барнома ва китобњои дарсї», «Маќоми шоирии Камоли Хуљандї дар пажўњиши А.Афсањзод», «Мулоњизањои устод Айнї дар бораи Камоли Хуљандї», «Ну- фузи шеъри Камоли Хуљандї дар адабиёти тотор», «Андешаи миллї ва афкори ватандўстї дар ашъори Камоли Хуљандї» ва ѓайра маърўза мекунанд. Дар доираи симпозиум барно- маи фарњангї ва фестивали шеъ- ру сурудњо аз ашъори Камоли Хуљандї ба наќша гирифта шуда- аст. Њамзамон дар назди Театри давлатии мусиќї-мазњакавии ба номи Камоли Хуљандї шоу — барномаи њунармандони љавони вилоят доир карда мешавад. Раиси Комиcсияи марка- зии интихобот ва раъйпурсии Тољикистон Бахтиёр Худоёр- зода натиљањои пешакии инти- хоботи Президенти Љумњурии Тољикистонро, ки 11 октябр доир гардид, 12 октябр зимни нишасти матбуотї бо иштиро- ки намояндагони њизбњои сиёсї, ки дар интихоботи президентї номзад пешбарї кардаанд, мушоњидони байналмилалию дохилї ва доираи васеи ха- барнигорон эълон дошт. Ба иттилои Бахтиёр Худоёрзода, номзад ба мансаби Президен- ти Љумњурии Тољикистон аз Федератсияи иттифоќњои ка- сабаи мустаќили Тољикистон, Иттифоќи љавонони Тољикистон ва Њизби Халќии Демократии Тољикистон Эмомалї Рањмон бо гирифтани 90,92% овоз Пре- зиденти Љумњурии Тољикистон интихоб гардид. Бино ба иттилои КМИР ЉТ, дар љумњурї 68 њавзаи интихоботї ва 3375 участ- каи интихоботї дар дохил ва 39 участкаи интихоботї дар хориљи кишвар ташкил карда шуда буд. Шумораи интихоб- кунандагон 4 943 289 нафар ва шумораи онњое, ки бори аввал овоз медињанд, 105 399 нафарро ташкил медод. - Дар интихоботи Президен- ти Љумњурии Тољикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор гардид, тибќи натиљањои пеша- кии њисоби овозњо 4 миллиону 221 њазору 76 нафар ё худ 85,39% интихобкунандагон иштирок карданд, – илова намуд раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода. Дар интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон ба тараф- дории номзад аз Њизби Агра- рии Тољикистон Латифзода Ру- стам 127 њазору 746 нафар ё худ 3,03%, ба тарафдории номзад аз Њизби Ислоњоти Иќтисодии Тољикистон Рањматзода Рустам 90 њазору 587 нафар ё худ 2,15%, ба тарафдории номзад аз Њизби Коммунистии Тољикистон Аб- дуллоев Мирољ 49 њазору 212 нафар ё худ 1,17%, ба тарафдо- рии номзад аз Њизби сотсиали- стии Тољикистон Абдуњалим Ѓаффорзода 62 њазору 853 нафар ё худ 1,49, ба тарафдории ном- зад аз Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон, Иттифоќи љавонони Тољикистон ва Њизби Халќии Демократии Тољикистон Эмомалї Рањмон 3 миллиону 837 њазору 927 нафар ё худ 90,92% овоз додаанд. Маврид ба зикр аст, ки иш- тироки фаъолонаи шањрвандон дар интихобот нишонаи камо- лоти фарњанги баланди сиёсии љомеа ва сањмгузории мардуми шарифи Тољикистон дар пойдо- рии Истиќлолияти давлатї ва суботи љамъиятиву сиёсии мам- лакат арзёбї мегардад. Д ирўз - 11-уми октябри соли 2020 дар кишвари азизи мо боз як чорабинии муњимму сарнавиштсози таърихї – инти- хоботи Президенти Тољикистон баргузор гардид. Аксари инти- хобкунандагон – шањрвандони Љумњурии Тољикистон раъйи ху- дро ба тарафдории Президенти Љумњурии Тољикистон - Пешвои миллат Эмомалї Рањмон доданд. Ба ин муносибат Пешвои мил- лат, муњтарам Эмомалї Рањмон ба тамоми мардуми Тољикистон барои иштироки фаъолона дар ин чорабинии муњимми сиёсї ва дастгирї намудани номзади- ашон самимона изњори сипосу миннатдорї мекунанд. Пешвои миллат, њамчунин, бо ќаноатмандиву ифтихор хо- тирнишон месозанд, ки инти- хоботи Президенти Љумњурии Тољикистон боз ба тантанаи вањдату њамдигарфањмии мар- думи Тољикистон, нишонаи олии фарњанги баланди сиёси- ву мавќеи устувори шањрвандї, худшиносиву худогоњї ва ифти- хори миллии сокинони кишвар, инчунин, ба далели равшани дастгирии гарму самимона аз сиёсати пешгирифтаи давлату Њукумати мамлакат дар самти тањкими минбаъдаи сулњу оромї, суботи сиёсї, мустањкам намуда- ни пояњои давлатдории миллї, рушди иќтисодиву иљтимої ва баланд бардоштани сатњу си- фати зиндагии њар як хонадони Тољикистон табдил ёфт. Муњтарам Эмомалї Рањмон, инчунин, таъкид мекунанд, ки интихоботи доиргардида њамчун рамзи сулњу суботи ко- мили сиёсии кишвар ва вањдату њамдигарфањмии халќи тољик, бешубња, боиси боз њам баланд гардидани обрўи Тољикистон дар арсаи байналмилалї ва љомеаи љањонї мегардад. Дар баробари ин, Пешвои миллат ба мардуми шарифи Тољикистон мурољиат карда, бори дигар хурду бузурги мамла- катро даъват мекунанд, ки раван- ди корњои ободониву созандаги- ро барои истиќболи арзандаи љашни муќаддасу бузурги миллї – сисолагии истиќлоли давлатии Тољикистони мањбубамон вусъат бахшида, бо зањмати ањлонаву содиќонаи худ дар ободии Ва- тан, пешрафти давлат ва боз њам бењтар гардидани некуањволии сокинони мамлакат сањми ватандўстонаи худро гузоранд. President.tj 12.10.2020, шањри Душанбе

ОМЎЗГОР - omuzgor-gazeta.tjomuzgor-gazeta.tj/uploads/Омузгор 42 чоп 2020.pdfНАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

  • Upload
    others

  • View
    33

  • Download
    0

Embed Size (px)

Citation preview

Page 1: ОМЎЗГОР - omuzgor-gazeta.tjomuzgor-gazeta.tj/uploads/Омузгор 42 чоп 2020.pdfНАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

www.omuzgor-gazeta.tjНАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

ОМЎЗГОР № 42 (12266)15 октябрисоли 2020ОМЎЗГОР

њаФтанома аз 20-уми иЮЛи СоЛи 1932 наШр меШавадагар дар љањон набвад омўзгор,Шавад тира аз бехирад рўзгор.

пирўзї

таЉлил

Почтаи электронии «Омўзгор»: [email protected] Телефони боварї - 227-76-86@

њикмати рўз

Эмомалї рањмон –Президенти Љумњурии Тољикистон

Арзи сипоси Пешвои миллат

«Љойгоњи Камоли Хуљандї дар адабиёти Шарќ»

То фикрати ман нињод бунёди сухан,обод шуд аз ман тарабободи сухан!Мехост сухан зи дасти бетабъон дод,Додам ба ишорати сухан доди сухан!

Камоли ХуЉаНДї

Сухан

Тибќи натиљањои пешакї Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї рањмон 90,92 дарсади овозњоро ба даст оварданд.

Тањти чунин унвон 15-17 октябри соли равон

дар шањри Хуљанд симпозиуми байналмилалї доир мегардад. Њамоиши илмї ба 700-солагии шоири бузурги тољик Камоли Хуљандї бахшида мешавад.

Ба иттилои раёсати Академи-яи миллии илмњои Тољикистон, ки аз ташкилкунандагони асосии симпозиум ба њисоб меравад, тибќи барномаи симпозиуми байналмилалї, 15 октябр маро-сими гулгузорї дар пояи њайкали Камоли Хуљандї баргузор гар-дида, гурўњи мењмонон турбати Камолро зиёрат ва аз хона-му-зейи шоир боздид менамоянд. Инчунин, дар Театри давлатии мусиќї-мазњакавии ба номи Ка-моли Хуљандї намоиш пешкаши иштирокдорони симпозиум гар-донида мешавад.

16 октябр дар Кохи Рўдакї симпозиуми байналмилалї ба кор оѓоз мекунад. Дар баробари сухани табрикии иштирокдорони симпозиум, инчунин, суханони табрикии видеоии донишман-дони камолшинос аз давлатњои Афѓонистон, Ўзбекистон, Франсия, Германия, Покистон, Њиндустон ва Туркия манзури иштирокдорон гардонида меша-вад. Симпозиуми байналмила-лии «Љойгоњи Камоли Хуљандї дар адабиёти Шарќ» дар бинои Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров дар ду бахш идома меёбад.

Бахши аввал ба муњити илмї ва адабии замони Камоли Хуљандї дар маљлисгоњи раё-сати ДДХ ва бахши дуюм доир ба наќши Камоли Хуљандї дар рушди адабиёти тољик дар

маљлисгоњи факултаи таърих ва њуќуќи ДДХ гузаронида меша-вад.

Дар њамоиши илмии байналмилалї донишмандон дар мавзўъњои «Истиќлолият ва заминањои тасњењи бунёдии ашъ-ори Камоли Хуљандї», «Мак-таби адабии Камоли Хуљандї», «Мањорати Камоли Хуљандї дар баёни матлаб», «Камоли Хуљандї ва адабиёти ўзбек», «Љойгоњи Камоли Хуљандї дар барнома ва китобњои дарсї», «Маќоми шоирии Камоли Хуљандї дар пажўњиши А.Афсањзод», «Мулоњизањои устод Айнї дар бораи Камоли Хуљандї», «Ну-фузи шеъри Камоли Хуљандї дар адабиёти тотор», «Андешаи миллї ва афкори ватандўстї дар ашъори Камоли Хуљандї» ва ѓайра маърўза мекунанд.

Дар доираи симпозиум барно-маи фарњангї ва фестивали шеъ-ру сурудњо аз ашъори Камоли Хуљандї ба наќша гирифта шуда-аст. Њамзамон дар назди Театри давлатии мусиќї-мазњакавии ба номи Камоли Хуљандї шоу — барномаи њунармандони љавони вилоят доир карда мешавад.

Раиси Комиcсияи марка-зии интихобот ва раъйпурсии Тољикистон Бахтиёр Худоёр-зода натиљањои пешакии инти-хоботи Президенти Љумњурии Тољикистонро, ки 11 октябр доир гардид, 12 октябр зимни нишасти матбуотї бо иштиро-ки намояндагони њизбњои сиёсї, ки дар интихоботи президентї номзад пешбарї кардаанд, мушоњидони байналмилалию дохилї ва доираи васеи ха-барнигорон эълон дошт. Ба иттилои Бахтиёр Худоёрзода, номзад ба мансаби Президен-ти Љумњурии Тољикистон аз Федератсияи иттифоќњои ка-сабаи мустаќили Тољикистон, Иттифоќи љавонони Тољикистон ва Њизби Халќии Демократии Тољикистон Эмомалї Рањмон бо гирифтани 90,92% овоз Пре-зиденти Љумњурии Тољикистон интихоб гардид.

Бино ба иттилои КМИР

ЉТ, дар љумњурї 68 њавзаи интихоботї ва 3375 участ-каи интихоботї дар дохил ва 39 участкаи интихоботї дар хориљи кишвар ташкил карда шуда буд. Шумораи интихоб-кунандагон 4 943 289 нафар ва шумораи онњое, ки бори аввал овоз медињанд, 105 399 нафарро ташкил медод.

- Дар интихоботи Президен-ти Љумњурии Тољикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор гардид, тибќи натиљањои пеша-кии њисоби овозњо 4 миллиону 221 њазору 76 нафар ё худ 85,39% интихобкунандагон иштирок карданд, – илова намуд раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода.

Дар интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон ба тараф-дории номзад аз Њизби Агра-рии Тољикистон Латифзода Ру-стам 127 њазору 746 нафар ё худ 3,03%, ба тарафдории номзад аз Њизби Ислоњоти Иќтисодии

Тољикистон Рањматзода Рустам 90 њазору 587 нафар ё худ 2,15%, ба тарафдории номзад аз Њизби Коммунистии Тољикистон Аб-дуллоев Мирољ 49 њазору 212 нафар ё худ 1,17%, ба тарафдо-рии номзад аз Њизби сотсиали-стии Тољикистон Абдуњалим Ѓаффорзода 62 њазору 853 нафар ё худ 1,49, ба тарафдории ном-зад аз Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон, Иттифоќи љавонони Тољикистон ва Њизби Халќии Демократии Тољикистон Эмомалї Рањмон 3 миллиону 837 њазору 927 нафар ё худ 90,92% овоз додаанд.

Маврид ба зикр аст, ки иш-тироки фаъолонаи шањрвандон дар интихобот нишонаи камо-лоти фарњанги баланди сиёсии љомеа ва сањмгузории мардуми шарифи Тољикистон дар пойдо-рии Истиќлолияти давлатї ва суботи љамъиятиву сиёсии мам-лакат арзёбї мегардад.

Дирўз - 11-уми октябри соли 2020 дар кишвари азизи

мо боз як чорабинии муњимму сарнавиштсози таърихї – инти-хоботи Президенти Тољикистон баргузор гардид. Аксари инти-хобкунандагон – шањрвандони Љумњурии Тољикистон раъйи ху-дро ба тарафдории Президенти Љумњурии Тољикистон - Пешвои миллат Эмомалї Рањмон доданд.

Ба ин муносибат Пешвои мил-лат, муњтарам Эмомалї Рањмон ба тамоми мардуми Тољикистон барои иштироки фаъолона дар ин чорабинии муњимми сиёсї

ва дастгирї намудани номзади-ашон самимона изњори сипосу миннатдорї мекунанд.

Пешвои миллат, њамчунин, бо ќаноатмандиву ифтихор хо-тирнишон месозанд, ки инти-хоботи Президенти Љумњурии Тољикистон боз ба тантанаи вањдату њамдигарфањмии мар-думи Тољикистон, нишонаи олии фарњанги баланди сиёси-ву мавќеи устувори шањрвандї, худшиносиву худогоњї ва ифти-

хори миллии сокинони кишвар, инчунин, ба далели равшани дастгирии гарму самимона аз сиёсати пешгирифтаи давлату Њукумати мамлакат дар самти тањкими минбаъдаи сулњу оромї, суботи сиёсї, мустањкам намуда-ни пояњои давлатдории миллї, рушди иќтисодиву иљтимої ва баланд бардоштани сатњу си-фати зиндагии њар як хонадони Тољикистон табдил ёфт.

Муњтарам Эмомалї Рањмон,

инчунин, таъкид мекунанд, ки интихоботи доиргардида њамчун рамзи сулњу суботи ко-мили сиёсии кишвар ва вањдату њамдигарфањмии халќи тољик, бешубња, боиси боз њам баланд гардидани обрўи Тољикистон дар арсаи байналмилалї ва љомеаи љањонї мегардад.

Дар баробари ин, Пешвои миллат ба мардуми шарифи

Тољикистон мурољиат карда, бори дигар хурду бузурги мамла-катро даъват мекунанд, ки раван-ди корњои ободониву созандаги-ро барои истиќболи арзандаи љашни муќаддасу бузурги миллї – сисолагии истиќлоли давлатии Тољикистони мањбубамон вусъат бахшида, бо зањмати ањлонаву содиќонаи худ дар ободии Ва-тан, пешрафти давлат ва боз њам бењтар гардидани некуањволии сокинони мамлакат сањми ватандўстонаи худро гузоранд.

President.tj

12.10.2020, шањри Душанбе

Page 2: ОМЎЗГОР - omuzgor-gazeta.tjomuzgor-gazeta.tj/uploads/Омузгор 42 чоп 2020.pdfНАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

«Омўзгор»№ 42, 15 октябри

соли 20202 бунёдкорї Он гули нав аз кадомин бўстон бархостаст,К-аз насими ў зи њар сў бўи љон бархостаст?! Камоли Хуљандї

Мусобиќаи шоњмот барои дарёфти Љоми Пешвои миллат дар Хоруѓ анљом ёфт.

Литсейи касбии сайёњї ва хидмат оѓози фаъолият кард

Сохтмони 8 синфхонаи иловагї

Дастоварди навини геологњои тољик

Ба пешвози 30-солагии истиќлоли давлатии Љумњурии тоЉикистон

8 октябри соли равон дар дењоти Симиганљи шањри Вањдат Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои мил-лат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмо-малї Рањмон литсейи касбии сайёњї ва хидматро мавриди бањрабардорї ќарор дода, бо имкониятњои таълим дар он шинос шуданд.

Литсейи мазкур аз љониби оилаи Зокировњо дар доираи Солњои рушди дењот, сайёњї ва њунарњои мардумї бунёд гар-дида, дар он љавонон аз рўйи хизматрасонињои гуногуни бах-ши сайёњї ва туризм соњиби их-тисос мешаванд.

Дар литсейи касбии сайёњї ва хидмат аз рўйи 8 ихтисос таъ-лим роњандозї шуда, муассиса имконият дорад, ки 500 нафар-ро ба омўзиш фаро гирад. Лит-сей дорои 23 синфхона буда, 3 озмоишгоњи муљањњази ди-гар низ дар дохили он ташкил шудааст. Дар озмоишгоњњои замонавї таълимгирандагон нозукињои хизматрасониву оро-стани дастархон, тарзи омода кардани шириниву дигар анвои хўрданиро аз бар намуда, барои тањсилгирандагони системаи компютерї ва интернет-техно-

логия синфхонаи алоњида, ки бо компютерњои њозиразамону дигар љињози зарурї таъмин ме-

бошад, ташкил гардидааст.Иттилоъ дода шуд, ки

мувофиќ ба талаботи бозори мењнат, дар литсей шањрвандон аз рўйи ихтисосњои ошпаз, ош-паз - ќаннод, роњбалад, тур-оператор, турагент, системаи компютерї ва интернет-техно-логия, њисобдор бо дониста-ни компютер ва дўзандагї ба касбомўзї фаро гирифта меша-ванд.

Таваљљуњи хоса ба масъалаи соњибкасб намудани духтаро-

ну занони хонашину бешуѓл зоњир гардида, дар ин зами-на дар муассисаи нав курсњои

кўтоњмуддати думоња ташкил шудааст. Феълан аз њисоби нафарони бешуѓл панљ гурўњ барои тањсил дар курсњои кўтоњмуддат ташкил гардида-аст. Аснои боздид Сарвари дав-лат, муњтарам Эмомалї Рањмон таваљљуњи масъулинро ба масъ-алаи сифати тањсил ва сатњи донишу мањорати тахассусии донишљўён љалб намуда, барои андешидани чорањои зарурї дар ин самт ба омўзгорон дасту-ру маслињатњои муфид доданд.

Соли 2007 дар ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї гимназия – интернати давла-

тии «Каёниён» таъсис дода шуд, ки сар-варии онро Мањмадисо Ќурбонов ба уњда дошт.

Соли аввали таъсисёбии муассисаи таълимии мазкур теъдоди хонандагон сад нафарро ташкил медод. Њоло ин шумора ба панљсад нафар расидааст.

Моњи январи соли 2009 роњбарии «Ка-ёниён» ба уњдаи Гуландом Шодиева во-гузор гардид. Дар давоми роњбарии ў кори таълиму тарбия ба куллї таѓйир ёфта, сатњу сифати дониш пеш рафт. Натиљаи ин буд, ки шогирдони таълимгоњ Фурќатљони Давлатмурод ва Умедљон Аброров ѓолиби озмунњои вилоятї («До-нояк» ва «Зебонависон») гардиданд.

Дар соли 2013 гимназия – интернати давлатии «Каёниён» соњиби бинои хусусї шуд.

Аввалин хатмкунандагони гимназия соли 2019 (нуздањ нафар) ба мактабњои олии кишвар ва хориља дохил гардиданд. Дар гимназия бинои

алоњидаи китобхона ташкил карда шудааст ва бо китобњои бадеии тозанашр таъмин мебошад.

Њоло ин љо аз њисоби буљаи мањаллї сохтмо-ни њашт синфхонаи иловагї идома дорад.

Сафар Сабуров,омўзгор аз ноњияи

Мир Сайид алии Њамадонї

Солњои охир сохт-мон ва азнавсозии

муассисањои таълимї аз тара-фи соњибкорони мањаллї дар ноњияи Восеъ вусъат ёфт. Як ќисмати биноњои муассисањои таълимї аз нав сохта шуда, дар аксарияти таълимгоњњо синфхонањои иловагї низ бу-нёд ёфтанд. Тавре ки мудири шуъбаи маорифи ноњия М. Орифзода иброз намуд, дар давоми се соли охир аз њисоби маблаѓгузории Њукумати Љумњурии Тољикистон ва бо љалби соњибкорону тољирони олињиммати мањаллї, ассот-сиатсияи волидону омўзгорон 8 муассисаи таълимї ва 28 синфхонаи иловагї мавриди бањрабардорї ќарор гирифт. Аз љумла, дар соли 2017 бунёди муассисањои таълимии №51-и

љамоати дењоти ба номи А. Рўдакї бо ширкати Пешвои муаззами миллат ифтитоњ ёфта,ба фаъолият оѓоз на-муд.Худи њамин сол муассисаи таълимии №65-и дењаи Заркорони Љамоати дењоти М. Вайсов аз љониби соњибкори мањаллї Назар Ќосимов сохта ба истифо-да дода шуд. Дар соли 2019 бошад, бо маблаѓгузории маќомоти иљроияи њокимияти давла-тии вилояти Хат-лон бинои муас-сисаи таълимии №6 дар Љамоати дењоти М. Вай-сов мавриди истифода ќарор дода шуд. Бо маблаѓгузории соњибкори муассисаи таъли-мии №52-и дењаи Гулдараи Љамоати дењоти ба номи М. Мањмадалиев ба фаъолият оѓоз намуд. Бояд тазаккур дод, ки дар давоми солњои 2019-2020 маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия дар њамкорї бо шуъбаи маориф, тибќи наќшаи чорабинињои тасдиќгардида, корњои муайянеро ба сомон расонида, дар ноњия њаракати сарпарастии соњибкорони мањаллї созмон ёфт, ки дар сохтмони муассисањои таълимї ва баланд бардош-тани сатњи таълиму тарбия сањми босазо гузошта исто-даанд. Бояд ќайд намуд, ки тайи солњои охир хатмкунан-дагони солњои пешини шањру ноњияњои минтаќаи Кўлоб бо иќдоми неки хайрхоњона ба-рои таъмиру барќарорсозии муассисањои таълимї баро-мада, аксарияти муассисањои таълимиро азнавсозї на-муданд. Дар соли хониши 2020-2021 маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия ва шуъбаи маориф дар њамкорї бо љалби соњибкорон ва мар-думи саховатпешаи ноњия бунёди 50 синфхонаи илова-гиро дар назди муассисањои таълимї ба анљом расони-данд. Аз љумла, 10 синфхонаи иловагї дар назди муассисаи

таълимии №53-и шањраки Њулбук, 10 синфхона дар наз-ди муассисаи таълимии №23-и Љамоати дењоти Х. Раљабов, 8 синфхона дар назди муасси-саи таълимии №37-и Љамоати дењоти Гулистон, 4 синфхона дар назди муассисаи таъли-мии №4-и Љамоати дењоти Гу-листон ва 2 синфхонаи дигар дар назди муассисаи таъли-мии №35, Љамоати дењоти Гу-листон то оѓози соли нави хо-ниш мавриди бањрабардорї ќарор гирифтанд. Айни њол соњибкори мањаллї М. Абдулњаева сохтмони боѓчаи хусусї барои 120 нафар кўдак дар Љамоати дењоти Рўдакї ба наќша гирифтааст, ки дар арафаи анљомёбист. Дар наз-ди муассисањои таълимии №№ 20,10,40,54,55 ва 59 бо та-

шаббуси АВО-и муассисањои таълимї ва хатмкунанда-гони солњои пеш, сохтмони синфхонањои иловагї, то-лори варзишї ва ошхонаи мактабї оѓоз гардидааст. Мавриди зикр аст, ки дар ду соли охир дар ноњия шумораи муассисањои томактабї ба 8 адад расонида шуда, фаро-гирии кўдакон аз 204 нафар кўдак ба 603 нафар расид. Дар давоми соли тањсили 2019-2020 15 адад тахтаи электронї, 15 адад видеопро-ектор , 45 адад компютер ва 15 адад мизу курсии махсуси компютерї аз њисоби буљаи њокимияти мањаллї ва шах-сони саховатпеша харидорї шуда, ба муассисањои таълимї туњфа карда шудааст. Дар ноњия раванди компютерку-нонии муассисањои таълимї давом дорад. Бояд тазаккур дод, ки корњои лоињакашии бинои нави муассисањои таъ-лимии №№ 11,47,49,54,56,59 ва дењаи навбунёди Ибрат ба-рои 200 љойи нишаст аз тара-фи Фонди рушди Саудї дар марњилаи омодагї ќарор до-шта, то рўзи љашни 30-сола-гии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон маври-ди истифода ќарор хоњанд ги-рифт.

Шариф абДуЛЊаМИД, «омўзгор»

Иќдоми соњибкорон

Дар љањон бори аввал дар њудуди Тољикистон мављуд

будани маъданњои шањдараит ва њасановит исбот шуд.

Ин ду маъдан, ки дар љањон маълум набуданд, бинобар пажўњиши олимони маъданшинос аз љониби Комиссияи байналми-лалии маъданшиносї ба расмият

шинохта, тасдиќ ва эътироф на-муданд.

Ба истилои роњбари гурўњи тањлили усулњои физикї-кимиёвии Институти геология, сохтмони ба заминљунбї тобовар ва сейсмологияи Академияи мил-лии илмњои Тољикистон Манучењр Шодибек, маъдани шањдараит

дар ноњияи Роштќалъаи ВМКБ аз љониби олимони тољик Л. Па-утов, М.Мираков, Е.Соколова, М.Дей Ф.Хоторн, М.Шодибеков, Саймудасири Мањмадшариф, В.Карпенко ва А. Файзиев дар якљоягї бо олимони Федератсияи Россия ва Канада кашф гардид. Маъдани њасановит дар рустои Равати ноњияи Айнї ошкор карда шуда, љињати пажўњиши ин маъ-дан олимони тољик – М.Мираков, Л.Паутов, О.Сийдра, П.Плечов ва дигарон машѓули коранд.

«Маъданњои дастрасшу-да метавонанд барои иќтисоди љумњурии мо манфиати амалї до-шта бошанд», — гуфт номбурда.

Шањдараит вобаста ба љойи пайдоиш ва њасановит бо исми яке аз профессо-рони Донишгоњи миллии Тољикистон Њасан Сайфулло-ев, ки дар соњаи геология-пе-трография сањми арзишманд дорад, номгузорї шудаанд.

Page 3: ОМЎЗГОР - omuzgor-gazeta.tjomuzgor-gazeta.tj/uploads/Омузгор 42 чоп 2020.pdfНАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

«Омўзгор»№ 42, 15 октябри

соли 2020 3 тањќиќАз он лаб шунидан њикоят хуш аст,Суханњои ширин баѓоят хуш аст. Камоли Хуљандї

Дар даври вилоятии озмуни «Тољикистон – Ватани азизи ман» дар ВМКБ 16 довталаб сазовори љойњои намоён гаштанд.

(Давомаш дар сањ.4)

тањлил

Масъалањои забоншиносии миллї дар таълимоти Пешвои миллат

МуќаддимаЗабон аз ќадимтарин замонњо

то ба имрўз муњимтарин дале-ли рўњи инсонї, воситаи асосии муоширати байни одамон, табо-дули захирањои маънавї ва оми-ли аслии пешрафти тамаддунњо мебошад. Ва то ваќте ки љомеаи инсонї њаст, бо чунин сифатњо боќї хоњад монд.

Забон њамчун зуњуроти љамъиятї, натиљаи фаъолияти интеллектуалї, вокуниши одам ба њодисањои табиат, љамъият ва тафаккур аст. Он хотираи сиёсї, иљтимої ва фарњангии миллат ме-бошад. Неруест, ки ќудрат ва та-воноии худро дар љараёни нињоят мураккабу пурпечу тоби таърихї, ки аз муборизањо, бурду бохтњо ва садоќату хиёнатњо иборат аст, ба намоиш мегузорад.

Майдони набарди забонњо майдони сиёсї аст. Дар ин на-бард, маъмулан забони гурўњњо, табаќањои љамъиятї, синфњо ва њизбњое, ки аз њокимияти сиёсї бархўрдоранд, пирўз мегардад. Забони њоким њамчун муњимтарин абзори сиёсати давлат рафта-раф-та чархро дар доираи ќаламрави муайяни забонї оламгир мекунад.

Бисёр иттифоќ афтодааст, ки дар њолати адами ќудрати сиёсї њатто забонњои дорои собиќаи бузурги фарњангї, захираи фаро-гири луѓавї, сохти пурќувват ва озмудашудаи грамматикї, фоне-тика ва хосияти нињоят љаззоби орфоэпї аз байн рафтанд.

Аломатњои номбаршуда дар роњи њамвор, њолати абстракт, рукуди сарбастаи мантиќи семантикї, зарфияти мањдуди ифодаи муњтаво ва зуњуроти њодисањои табиат, љамъият ва та-факкур пайдо намешаванд.

Ќудрати забон – ќудрати мил-лат ва намунаи олии дараљаи рушди диалектикии њаёти си-ёсию фарњангии он дар тўли њазорсолањост. Мусаллам аст, ки забон, фарњанг ва тамаддуни миллї бидуни собиќа ва таљрибаи давлатдорї, яъне пуштибонии сиёсї имкони такомул надоранд.

Неру ва тавонмандие, ки за-бон дар тўли њаёти инсон, дар фазо ва ваќт нишон медињад, ифодакунандаи назарияи инъикос мебошад. Њамин тариќ, воќеият сабабгори пайдоиши мафњумњо аст. Мафњумњо, истилоњот ва дефинитсияњо ваќте шакл меги-ранд, њуќуќи зиндагї пайдо ме-кунанд, ки њастї ё ниёзњои ба он алоќамандро бо таркибњои овозї дар худ таљассум намоянд.

Њамзамон бо ин, ќобилияти чунин инъикос дар сохтани дунёи нав, дунёи идеалї низ зуњур меё-бад. Он марбут ба маќсадгузорї, аз љумла, таъсиси давлати миллї, ба вуљуд овардани дунёи маънавї, фарњанг ва маданияти миллї ме-бошад.

Дар тўли таърих миллат (хон-да шавад забон) ба сахттарин муќобилият ва гоњо њатто таар-рузи аљнабиён ва душманони до-хилии љонибдори бегонагон рў ба рў мегардад. Забони миллї ваќте аз ин набард солим, бегазанд ва пурќувват бадар меояд, агар мар-дум, махсусан, зиёиёни фидокор зарфият ва масъулияти њимояи манфиатњои миллиро ба уњда би-

гиранд ва амал кунанд. Иќдоми љавонмардонаи Пеш-

вои миллат барои эълони соли бу-зургдошти Имоми Аъзам, њамчун чењраи баргузидаи миллї, аз љасорати ин пири тариќат барои њимояи забони модарї, њувият ва асолати миллии тољикон сар-чашма мегирад. Маводи таърихї шањодат медињад, ки ў бо дониш, аќлу заковат, далерї ва матонат ѓосибонро маљбур кард то бо эъ-тироф кардани забон ба милла-таш низ эњтиром гузоранд. Мањз бо чунин сифатњо забон њамчун организми зинда ва субъекти му-носибот шинохта мешавад.

Забони комил ќудрати фаъоли таъсиррасонї, дигаргунсозї ва ба тарзи диалектикї эњё намудан, тањаввулот ва пешрафти милла-тро дорад. Дар тўли таърих за-бони тољикї барои соњибзабонон њамин гуна хизматро ба љо овар-дааст. Ва бо ин аломатњо аз сарчашмањои муњимми омўзиши рўзгори миллат гаштааст.

Забоншиносии тољик, њамчун соњаи илм, марњалањои гуногуни таърихиро дар бар мегирад. Тибќи он, дар њар давра масъалањои та-шаккул ва инкишофи лингвисти-ка, лексикология, грамматика, за-бону услуби асарњои бадеї ва ди-гар масъалањои ќобили таваљљуњи забонї мавриди омўзиш, тањлил ва баррасї ќарор гирифтаанд.

Муборизаи устод Садриддин Айнї дар масъалаи воќеияти таърихї доштани миллати тољик аввалин набарди муваффаќонаи забоншиносии тољик дар давраи нави таърихї буд. Дар ин мубориза се омил наќши давлатсозиро иљро кардааст: якум, таърихи зиёда аз панљњазорсолаи миллати тољик бо забон ва фарњанги оламшумули он, дуюм, шахсияте бо донишњои энсиклопедї дар масъалањои таърих, забон, адабиёт, этно-графия, антропологияи миллати тољик ва мардумони минтаќа, сеюм, сифатњои ватанхоњонаи худи Садриддин Айнї − љасорат, мардонагї, рўинтанї, сарсупурдагї ва шинохти хеш њамчун вориси њаќиќии миллати тољик. Ин омилњо дар якљоягї са-бабгори нотавонї, аќибнишинї ва оќибат маѓлубияти душманони асолати миллати тољик ва забону фарњанги он гардиданд.

Замони истиќлоли давлатї аз лињози сиёсї, њуќуќї, иљтимої, илмиву фарњангї бењтарин ша-роитро барои рушду нумўи за-бон ва забоншиносии тољик фароњам овард. Он, барњаќ, ба љонфидої, суботкорї, ташаббус, кўшишу ѓайрати дар таърихи миллати тољик бесобиќаи Асосгу-зори сулњу вањдати миллї − Пеш-вои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон марбут аст.

Агар Исмоили Сомонї њамчун асосгузори аввалин давлати тољикон ва њомии забон, илм, маъ-рифат, маданият, фарњангу адаби миллати тољик маъруф гашта бо-шад, муњтарам Эмомалї Рањмон аз бузургтарин абармардони таъ-рих аст, ки на танњо давлати на-вини тољиконро дар шароити нињоят мураккаб ва фољиабори љанги тањмилии дохилї, парокан-дагии миллї, раќобати шадиди геополитикї асос гузошт, балки

дар роњи эњё ва њифзи арзишњои миллї − таърих, забони модарї, маданият, фарњанг, фидокорињои бемисл нишон дод. Бо ибораи ди-гар, баробар бо наљоти миллат наќши наљотбахши забони ўро низ ба љо овард.

Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон бо ташаббусњои шахсї та-вассути Конститутсия, ќонунњои конститутсионї, дигар меъёрњои њуќуќї ва иќдомоти баробар ба онњо маќом ва нуфузи забони модариро дар баландтарин поя гузошт. Донистан ва дар фаъо-лияти расмии давлатдорї, муно-сиботи байналхалќї афзалият бахшидан ба онро аз муњимтарин вазифањои хизматчиёни давлатї, шањрвандони Љумњурии Тољикистон эълон кард. Дар за-мони рањбарї – давлатдории муњтарам Эмомалї Рањмон забо-ни тољикї ба манзалати фарогиру устуворе соњиб гардид, ки дар тўли таърихи чандњазорсолаи мардуми тољик забони модарии мо дар чу-нин манзалат намеистод ва истода њам наметавонист.

Пешвои миллат дар китобу маќолањои илмї, суханронињои сиёсї, гуфтугўњои мустаќим бо ањли зиё ва мардум муњимтарин масъалањои забоншиносии тољикро мавриди омўзиши даќиќ, тањлилу арзёбии амиќ ќарор дод. Боиси ифтихор аст, Роњбари дав-лат дидгоњи хешро бо забони шево, лањни гуворо, барои омма фањмо, бо истифода аз далелњои раднопазири таърихї ва санъати бузурги сухандониву суханварї иброз медорад.

Дар тањќиќоти Пешвои мил-лат муњтарам Эмомалї Рањмон муњимтарин масъалањои за-бон њамчун њодисаи љамъиятї, омилњои иљтимоии пайдоиш, та-шаккул ва рушди забони модарї, муносибати забон ба сиёсат, иќтисодиёт, фарњанг, наќши он дар хештаншиносї, худшиносии миллї ва пешрафти љомеа, таъми-ни вањдат, амнияти миллї, забон ва њусни баёни адибони классик ва муосир мавриди омўзиши илмї ќарор гирифтаанд.

Инњо аз масъалањое мебошанд, ки предмети тањќиќоти моро дар доираи рисолаи мазкур дар бар мегиранд.

Методи таърихї ва тањќиќи масъалањои забоншиносї

Дар маљмўъ, забоншиносї њамчун илм дар натиљаи омўхтани таърихи халќу миллатњо арзи вуљуд кардааст.

Њамчуноне ки барои дониста-ни табиати инсон этнография, география, археология ва физио-логия ањамияти басо муњим до-ранд, барои дарки онтологии забоншиносї донистани таърихи забон њамин гуна наќшро мебо-зад. Ба ибораи дигар, «бе муно-сибати таърихї нисбат ба далели забон илм дар бораи забон вуљуд дошта наметавонад» (А. С. Чико-бава).

Њангоми тањќиќи зуњуроти марбут ба забон методњои гуногу-ни таърихї истифода мешаванд. Методи таърихї-мантиќї яке аз онњо ба шумор меравад. Арзиш-мандии объективї ва онтологии усули зикргардида иборат аз он

аст, ки пайдоиш, инкишоф ва ка-молоти объекти омўзиш аз оѓоз, зина ба зина мавриди тањќиќ ќарор дода мешавад.

Дар чањорчўбаи методи таърихї мундариљаи омўзиш љањони мушаххаси зуњуротро ошкор месозад. Услуби мантиќи онро бо асоснок кардани алоќамандињои дохилї пурра ме-гардонад, тафсир менамояд (Ниг. Лысманкин Е.Н. Историческое и логическое в учении об обще-ственно-экономических форма-циях//Проблемы социального по-знания. − М.: 1984).

Дар тањќиќоти муњтарам Эмомалї Рањмон чунин талабот њамчун асоси воќеї барои да-лелнок кардани назарияи пай-доиш ва рушду нумўи предмети омўзиш − забони тољикї исти-фода мегардад: «Забони зиндаи тољикии форсии дарї идомаи таъ-рихии њамон забонест, ки бо он «Авасто»-ро навиштаанд, њамон забонест, ки «Худойномак»-у «Таърихи мулуки Аљам»-ро на-виштаанд, њамон забонест, ки бо такомулу тањаввулаш дар даврони ислом «Шоњнома»-ву «Маснавии маънавї»-ро навиштаанд, њамон забонест, ки дар љомеаи шўравї ба њар навъе аз буњрони фарњангї худро ба саломат то истиќлолияти фарњангиву сиёсї расонд ва њатто тавонист давоми сарнавишти соњибашро бо ќалами Айниву Тур-сунзода ва аллома Ѓафуров бина-висад» (Суханњои њикматомўзи Президенти Тољикистон, Асосгу-зори сулњу вањдати миллї − Пеш-вои миллат Эмомалї Рањмон. – Душанбе: ЉДММ «Контраст», 2017. − С. 139-140).

Маќсади асосии илм муайян кардани воќеият мебошад. Ба хотири дарки объекти омўзиш, яъне мураккабтарин падидаи олами њастї − забон истифодаи усули таърихиву фарњангї тавъ-ам бо методи мантиќї имкони озоди тањќиќи фарзияњои пайдо-иш ва инкишофи лафзи модари-ро фароњам меоварад. Зинањои рушду камолот ва нерумандии за-бонро бо дарназардошти замону макон ва њадафи тањќиќро барои дарки бењтари хонанда равшан месозад: «Забони нобу шево ва ширину шоиронаи тољикї њанўз дар дарбори Тоњириёну Саффори-ён, сипас дар дарбори Сомониён чун забони идораи давлату коргу-зории вазоратхонањо ривољ пайдо карда буд» (Њамон љо. − С. 193).

Ин масъала аз љониби академик Бобољон Ѓафуров ба чунин тарз таъкид мегардад: «Хуллас, дар асрњои IХ-Х дар Мовароуннањру Хуросон умумияти азими этнома-дание ташаккул ёфт, ки давлати Тоњириён, Саффориён ва алал-хусус, Сомониён таќрибан пурра ба њайати он дохил мешуданд» (Б. Ѓафуров. Тољикон: Таърихи ќадимтарин, ќадим, асрњои миёна ва давраи нав. – Душанбе: До-ниш, 2008. − С. 375).

Илова ба ин, аллома Бобољон Ѓафуров таърихи пайдоша-вии вожаи «тољик» ва хосияти фарќкунандаи рўњиву равонии ин миллатро њамчун аломати фарќкунандаи ќавмию нажодии он бо истинод ба сарчашмањои таърихї чунин таъкид месозад:

«Ин умумияти этникї фаќат дар миёнањои асрњои Х-ХI ва ё худ дар нимаи аввали асри ХI соњиби ном шуд. Ба ќавли Байњаќї, соли 1043-44 яке аз муќаррабони султон гуфтааст: «Мо, ки тозик њастем...» То ин дам «тозї» гуфта, арабњоро дар назар доштанд. Худи њамон Байњаќї ривоят мекунад, ки дар муњорибаи назди Дандонаќон (1040) њиндуву арабу курдњо фирор карданд ва танњо сарбозони тозик бо љасорат љангиданд. Хуллас, дар нимаи аввали асри ХI истилоњи «тољик» номи он халќе гардид, ки дар Осиёи Миёна ва Хуросон та-шаккул ёфт» (Њамон љо. − С. 375).

Муаллифи китоби «Тољикон», ки барњаќ, аз љониби Сарвари давлат ба унвони олии Ќањрамони Тољикистон мушарраф гардида-аст, дар баробари зикри далелњои таърихї доир ба љараёни шаклги-рии истилоњи номи халќ, сифат ва маънавиёти фарќкунандаи ин падидаи этникиро низ ёдовар ме-шавад.

Кўшишњои муњтарам Эмомалї Рањмон дар масъалањои хештаншиносї ва худшиносии миллї аз таъкиди бевоситаи дар-ки ањамияти забони модарї оѓоз мегарданд. Сарвари тољикон ба ин масъала аз нигоњи фарњангї муносибат карда, назарияи худро нисбат ба масъалањои забонши-носии тољик бо истифода аз мето-ди муќоисавию таърихї асоснок мекунад.

Њангоми омўзиши назари-яи Роњбари давлат дар хусуси љанбањои таърихи тамаддуни миллати хеш суханони забонши-носи маъруфи немис Я. Гримм ба хотир мерасанд. Ў гуфтааст: «Забони мо таърихи мо мебошад». Ва дар асарњои худ «Грамма-тикаи немисї», «Таърихи забо-ни немисї», ки ба масъалањои омўзиши забоншиносии таърихї бахшида шудаанд, махсус таъкид мекунад: «Барои аз лињози таъ-рихиву маданї бозсозї кардани халќњо дар муќоиса бо устухонњо, силоњ ва ќабрњо, шањодати зин-дае вуљуд дорад – он забони ўст» (J. Grimm. Geschichte der deutschen Sprache. 1880. – Р. 4.).

Њамин тариќ, дар илм мафњуми забоншиносии палеонтологї пай-до шудааст, ки тавассути расидан ба умќи калима ва этимологияи он фарзияњои гуногуни таърихї мавриди санљиш, муќоиса ва хулосабарорї ќарор мегиранд, ки онро метавон археологияи лингвистї низ номид.

Пешвои миллат дар тањќиќи масъалањои забоншиносї прин-сипи таърихиятро тавъам бо методи системавї ва сохтори-ву функсионалї муваффаќона истифода бурдааст. Маљмўи чунин муносибат ба арзёбии муњимтарин ќисмати сарна-виштсози халќ имкон додааст, ки «имрўза дар гузашта» бо далелњои эътимодбахши дар муд-дати садсолањо тасдиќгардида исбот карда шавад: «Тољикон дар миёни халќияту миллатњои сершумори олам аз љумлаи мар-думи соњибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинњазорсоларо мањфуз дошта, имрўз низ шеъ-ри Рўдакї, Фирдавсї, Носири

Page 4: ОМЎЗГОР - omuzgor-gazeta.tjomuzgor-gazeta.tj/uploads/Омузгор 42 чоп 2020.pdfНАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

«Омўзгор»№ 42, 15 октябри

соли 2020

Гар ба љустан ёфт гаштї ёри мо,Ѓайри љўёї набудї кори мо. Камоли Хуљандї тањќиќ

Љумњурии Тољикистон бо Љумњурии Ангола муносибатњои дипломатї барќарор намуд.

4

(аввалаш дар сањ.3)

(Давомаш дар сањ.5)

Хусрав, Саної, Љалолиддини Балхї ва садњо нафар шоиро-ну адибони гузаштаро озодона мефањманд ва дар гуфтугўйи њаррўзаашон истифода мекунанд» (Суханњои њикматомўзи Прези-денти Тољикистон, Асосгузори сулњу вањдати миллї − Пешвои миллат Эмомалї Рањмон. – Ду-шанбе: ЉДММ «Контраст», 2017. − С. 190-191).

Њам дар тањќиќоти Роњбари давлат ва њам дар омўзиш ва хулосабарорињои илмии академик Б. Ѓафуров масъалањои забон-шиносии тољик дар алоќамандї бо воќеањои сиёсї, иљтимої, фарњангї − таљрибаи таърихии миллати тољик дар муносибат бо дигар халќу миллатњо баррасї гардидаанд. Ба ќавли асосгузоро-ни материализми илмї «Сохтани алоќањо ва пур кардани онон бо далелњо мумкин нест. Баръакс, алоќањоро аз маљмўи далелњо бояд пайдо намуд». Омўзиши сањифањои таърихи Осиёи Марказї ва минтаќањои фаротар аз он дар алоќамандї бо таърихи миллати тољик ва забони модарии мо аз њамин принсип сарчашма гирифтаанд.

Сиёсат ва забонТавре хотирнишон гардид, за-

бон њодисаи љамъиятї аст ва ба њамаи табаќањои иљтимоии љомеа баробар хизмат мекунад. Дар айни замон, забон муњимтарин воситаи амалї кардани маќсадњои сиёсї низ мебошад. Ташаббускор ва барандаи сиёсати забонї − табаќаи њукмрони љомеа аст, ки захира ва имконоти иќтисодиро дар ихтиёр дорад. Ин њолатро, тавре эътироф гардидааст, базис ё пойдевори давлат меноманд. Чунин сохтор љањонбинии ба худ мувофиќи сиёсї, њуќуќї, динї, адабї ва фалсафиро ба вуљуд ме-оварад. Ба ќавли асосгузорони материализми илмї идеологи-яи синфи њукмрон – идеологияи њукмрон хоњад буд.

Асос гузоштан ва ташаккул до-дани тарзи љањонбинии ба сохти давлатдорї мувофиќ аз наздик-тарин ва муњимтарин вазифањои рањбарияти сиёсї ба њисоб мера-вад. Табаќаи њукмрон, сарфи на-зар аз майлу хоњиши мардумони ќаламрави зердаст, бо кулли им-конот забон, фарњанг, маданият ва урфу одати хешро ба хотири расидан ба маќсадњои сиёсии худ љорї менамояд. Дар таърих ва замони муосир далелњои зиёд њастанд, ки синфи њукмрон, ново-баста аз мансубияти миллиашон, ба хотири нигоњ доштани ќудрати сиёсї, нисбат ба забони модарї, ба забони бегонагон афзалияти бештар додаанд ва ин амали худро ба сари миллат маљбуран бор кар-даанд. Чунин тарзи њукмронї ба сохти теократии давлатдорї хос аст. Барои фањмидани њуљљатњои расмии чунин кишварњо хонан-да бояд ба луѓоти забони мил-лате мурољиат кунад, ки решаи эътиќодот ба он мансуб аст.

Зуњуроти љамъиятї, њам хосиятњои умумї ва њам мах-сус доранд. Хосияти алоњидаи зуњурот онњоро аз дигар шаклу падидањои љамъиятї фарќ мекуно-над. Падидањое, ки бо аломатњои сохторї ва функсионалии худ

аз дигар зуњуроти материалї љиддан фосилагирї мекунанд, муњимтарин, асоситарин ва умда-тарин хосияти фарќунандаи љисм мебошанд. Мањз њамин аломати онро моњият (љавњар, асос) но-мидан мумкин аст. Њар замоне ки моњияти љисм аз лињози сохторї ва муайянкунандагї таѓйир ёфт, зуњуроти он низ шикаст мехўрад. Талабот нисбат ба забон њам чу-нин ќонунмандиро истисно на-мекунад. Дар ин маврид, Пешвои миллат, барњаќ, њушдор медињад: «Таърих бисёр мисолњоро медо-над, ки дар баробари аз байн раф-тани забон миллат низ аз байн меравад. Ба ибораи дигар, фанои забон, фанои миллат аст» (Њамон љо. − С. 165).

Истилогарон, тавре ишора гардид, мекўшанд љањонбинї ва маънавиёти худро, мањз тавассу-ти забони худ, ки таљассумгари асосии сиёсат ва идеологияи онњо мебошад, ба дигарон тањмил ку-нанд. Муносибати ѓосибон ба за-бони миллатњои зердаст аз њамин муњтаво сарчашма мегирад. Аммо чунин андешаи бегонагон, мумкин аст на њама ваќт амалї гардад. Он ба ќудрати забон-лек-сика, семантика, семасиология, грамматика, фарњанг ва иродаи соњибзабонон − мардуми бумї вобастагї дорад.

Ба ќавли академик Бобољон Ѓафуров, истилои аљнабиён дар асри VII љараёни ташаккулёбии халќи тољикро то як андоза ба таъ-хир андохт. Аммо то он замон за-бони дарии тољикї аз лињози тар-киби луѓавї ва сохти грамматикї дар тамоми соњањо тасаллут пайдо карда буд. Дар минтаќа бузургтар аз он неруи таљассумгари «шакли материалии фикр» ва «воситаи му-оширати байни одамон» вуљуд на-дошт. «Шоњнома»-и Абулќосими Фирдавсї, асарњои илмї ва баде-иву таърихї нишонгари фарњанги воло ва василаи тавонои инъикоси зуњуроти табиат, љамъият ва та-факкури давраи тоисломии халќи тољик мебошанд. Омили аслии ба вуљуд наомадани ассимилятси-яи забони тољикї ва эмин мон-дани тољикон њамчун падидаи љамъиятї забон ва абармардони миллат буданд.

Забони тољикї бо зарфияти бузурги маънавии хеш хосияти фарогирии оммаи васеъро дар ќаламрави Мовароуннањр ва Ху-росон дар худ нигоњ медошт. «Ба хотири он ки забон мањсули та-факкур аст, тавассути он имкон надорад чизеро ифода кард, ки хосияти умумї надошта бошад» (Г. В. Ф. Гегель. Энциклопедия философских наук. Т. 1. Наука ло-гики. − М.: Мысль, 1974. − С. 114). Муњтаво ва ќобилияти фаро-гир будан муњимтарин сифати забонњост. Хушбахтона, забони тољикї ба гурўњи чунин забонњо дохил мешавад.

Б. Ѓафуров, аз љумла, дар бо-раи мавќеи забони форсии дарї менависад: «Навиштаљоти форсї (аниќтараш форсии миёна)-и асрњои VII-VIII, ки дар ќарибии Марв ёфт шудааст, равшан дало-лат мекунад, ки дар ин давра дар он љойњо бо забони форсї (тољикї, ки онро «забони форсии дарї» ё худ «забони форсї» њам номида-анд) њарф мезаданд. Мувофиќи маълумоти пурарзиши ал-

Чањшиёрї, то худи соли 742 дар Хуросон хати форсиро кор мефар-муданд (эњтимол, ин хат дар асо-си њуруфоти пањлавї тартиб ёфта буд) (Б. Ѓафуров. Тољикон: Таъ-рихи ќадимтарин, ќадим, асрњои миёна ва давраи нав. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 370).

Дар идомаи фикри худ ака-демик Б. Ѓафуров таъкид месо-зад, ки забони форсї то омадани арабњо дар Балх њам пањн гардида буд. Шеърњои нињоят машњури мардумї, њаљвияњо дар бораи шикасти арабњо, ки махсусан дар сарзаминњои ќисмати љанубии Мовароуннањр рўй медод, аз њамин хусус гувоњї медињанд.

Дар ин шароит фарњанг, за-бон, тарзи тафаккур, урфу одат ва рўњи ба он созгори тољикият, ки дар байни халќи тољик торафт решадор мегардид, њамчун иде-яи сарљамъкунанда ва вањдату ягонагї ба неруи воќеї мубаддал гардида, мардумро дар муќобили фарњангу забони бодиянишинон ќувват мебахшид.

Тибќи назарияњои боэътимоди забоншиносии таърихї (В. С. Рас-торгуева, И. Абаев, А. Серебрен-ников) яке аз воситањое, ки ба муќобили ассимилятсияи забонњо ва ворид шудани калимањои бе-гона ба ин ё он забон истодагарї мекунад, сохти грамматикии за-бон мебошад. Њамзамон бо ин, таркиби бойи луѓавї, ки барои грамматика њамчун маводи тай-ёри ташаккули категорияњои морфологї ва синтаксисї хизмат менамояд, иќтидори раќобатпазирии забонро тањким мебахшад. Бояд гуфт, ки забони тољикї чунин сифатро њанўз аз даврањои бостон доштааст.

Дар љараёни истилои арабњо, ки маќсад аз он тавассути аќидањои динї забт кардани ќаламрави сарзаминњои бегона буд, аљнабиён на танњо ба муќовимати шадиди мардумони Мовароуннањр дучор шуданд, балки баъди расидан ба маќсад њам наметавонистанд танњо тавассути забону фарњанги хеш наќшањои стратегии худро ба пуррагї роњандозї намоянд. Онњо маљбур мешуданд аз за-бони дарї њамчун воситаи сиёсї истифода баранд. «Мувофиќи ривояти њадисњо, забони форсї дар њамон даврањо ва зотан дар даврањои сонитар њам, василаи муњимми тарѓиби дини ислом буд. Ба ќавли Наршахї (асри Х) дар як масљиди Бухоро, ки соли 713 бино шуда буд, Ќуръонро ба за-бони форсї ќироат мекардаанд» (Њамон љо. – С. 371). Чунин вазъ-ият аз шуљоат, мардонагї ва рўњи шикастнопазири аљдоди миллати тољик ва ќудрати забони модарии мо шањодат медињад. Дар идомаи сухан аллома Бобољон Ѓафуров бо ифтихор менависад: «Њодисае маълум аст, ки соли 728 яке аз во-изони дини ислом аз тарѓиби дин дар Самарќанд фаќат ба њамин асос даст кашидааст, ки забони форсиро ба хубї намедонистааст» (Њамон љо. − С. 371).

Дар афкори муњтарам Эмомалї Рањмон наќши фарзандони баору номуси миллат, ки ба ивази љони худ забон, фарњанг, таърих, мада-ният ва анъанањои миллиро њифз кардаанд, маќоми хосса дорад.

Омўзиши китобу маќолањои илмии Пешвои миллат аз он

шањодат медињанд, ки зуњуроти камназири таърихї – зинда мон-дани забони тољикї дар замо-ни истилои араб ва њазорсолаи њукмронии бегонагон њамчун мавзўъ ва њадафи илмї муайян шудаанд. Роњбари давлат дар ин маврид ба њамаи саволњо бо далелњои эътимодбахш посух медињад. Хулосаи асосгузорони материализми илмї иборат аз он аст, ки «Идеяњо, дар умум, њељ коре карда наметавонанд. Барои роњандозї кардани идеяњо одамон лозиманд, ки ќувваи амалиро ис-тифода баранд». Њангоми тањќиќ Пешвои миллат хизматњои фар-зандони фарзонаи миллатро яко-як номбар ва њамчун намунаи садоќат ба мардуми хеш муаррифї мекунад: «Мањз бо кўшишњои Имоми Аъзам ба забони тољикї њамчун забони ибодати динї наќш ва ањамияти махсус дода шуда, он дар байни диндорон њамчун забони дуюми ањли бињишт эътироф гар-дидааст» (Суханњои њикматомўзи Президенти Тољикистон, Асосгу-зори сулњу вањдати миллї − Пеш-вои миллат Эмомалї Рањмон. – Душанбе: ЉДММ «Контраст», 2017. − С. 137).

Дар илми забоншиносї мафњуми «буриши якдигарии забонњо» маъруф аст. Он, махсу-сан, дар шароити нобаробарии сиёсї њамчун натиљаи адами муво-зинати иљтимоии халќу миллатњо ба вуљуд меояд.

Тавре хотирнишон гардид, забони њоким бо истифода аз захирањои сиёсиву њуќуќї ва кул-ли имконот мекўшад дигар за-бон ё гурўњи забонњоро дар худ «њазм кунад» ва ба њамин тариќ ѓолибияти худро дар ќаламрави мавриди таваљљуњ таъмин созад. Љараёни ассимилятсияи забон ё гурўњи забонњо мањз дар чунин шароит ба вуљуд меояд.

Дар ин њолат, забони мардуми бумї њамчун муњимтарин воситаи истодагарї кардан ва мубориза бурдан наќши худро на ба тарзи одї, абстракт, худ ба худ, балки тавассути бузургони миллат ба намоиш мегузорад. Эљод кардан ва ба ањли башар пешнињод на-мудани асарњои илмї, илмиву таърихї ва бадеї воситаи аслии нишон додани ќудрати маъна-вии халќ барои њифз ва њимояи манфиатњои миллї мебошад.

Роњбари давлат ба ќањрамонињои фарзандони халќи тољик њамеша арљгузорї мекунад. Кўшиш менамояд, ки хотираи онњоро љовидон гардонад. Тавас-сути овардани далелњои таърихї ба њамватанон, махсусан зиёиён − шоирон, нависандагон, олимон, кормандони маќомоти њокимияти давлатї, муаллимони мактабњои оливу миёна, донишљўён, касоне, ки мансуб ба табаќаи андешаву эљод њастанд, маъниву мантиќи арзишњои тољикиятро гашта-ву баргашта ва возењу равшан фањмонад ва бузургони гузаш-таи миллатро њамчун намунаи пайравї муаррифї намояд: «Ло-зим ба ёдоварист, ки дар ањди Со-мониён Ќуръони маљид ба забони тољикї тарљума гардида, мардум ибодатро ба забони модарї анљом медод». Ва хулосаи воќеии худро бо ифтихор эълон менамояд: «Ин нишони эњтироми бепоёни мар-дум ба асолат ва забони модарї

ва кўшишњои халќи тољик барои њифзи забон ва суннатњои ниёгон буд» (Њамон љо. − С. 163).

Дар ин маврид таълимоти хи-радмандонаи Пешвои миллати тољик дар бораи забон бо афкори олимони маъруфи дунё мувофиќ меояд. Чунончї, файласуфи машњури немис Г. В. Ф. Гегел эълон медорад: «Забон бузургта-рин неру дар љомеаи инсонњост» (Г. В. Ф. Гегель. Работы раз-ных лет в двух томах. Т. 2. − М.: Мысль, 1973. − С. 192).

Хотираи аслии миллат хат, осори хаттї ва муљассамањои таърихи бостон мебошанд. Ма-воду масканеро, ки истилогарон имкон доранд, нобуд мекунанд, то чунин ёдгорї боќї намонад. Маќсад: наслњои баъдина набо-яд гузаштаи худро донанд, онро тозаву равшан тасаввур намо-янд, «одами нав», «олами нав» созанд, љањон ва таърихи онро аз дидгоњи ѓосибон бубинанд, арзёбї кунанд, нисбат ба таърихи миллати худ њамчун ба «давро-ни љоњилия» нафрат дошта бо-шанд, гузашта ва имрўзи худро аз вараќи сафед оѓоз намоянд ва дар доираи љањонбинии фармоишї љонсупорї кунанд. Онњо мекўшиданд, ки маркази идора-кунандаи маънавиёт ва арзишњо на љавњари хештаншиносї ва худ-шиносии миллї, яъне тољикият ва ватани аљдодї, балки хосияти бе-гонагии фосилавї дошта бошад.

Фољиаи бузурги шикасти сал-танати Сомониён, кўшишњои барќарор кардани њокимияти сулолаи Манѓитиён тавассу-ти њаракати зиддитољикии босмачигарї ва љанги шањрвандї бо зуњуроти ба ном «муљоњидин» − генотсиди миллї бо имконоти пулї, молї ва пуштибонии маъ-навии аљнабиён мањз аз андешаи душманї нисбат ба асолати миллї сарчашма мегирад.

Бобољон Ѓафуров дар ин мав-рид хотиррасон мекунад. «Исти-лои Эрон ва Осиёи Миёна аз та-рафи арабњо ва мусулмонкунонии ањолии мамлакатњои забтшуда (асрњои VII-VIII ва даврањои баъ-дина) пайваста бо нест кардани осори хаттии ќадим ва алифбои мардуми гуногуни эронизабон – алифбои пањлавї дар Эрон, суѓдї ва хоразмї дар Мовароуннањр, бохтарї дар Бохтари таърихї (Тахористон) ва ба ивази онњо зўран љорї кардани забон ва алифбои арабї ба вуќўъ меомад» (Б. Ѓафуров. Тољикон: Таърихи ќадимтарин, ќадим, асрњои миёна ва давраи нав. – Душанбе: До-ниш, 2008. − С. 374).

Њадафи аслии ин зўргўї батадриљ аз байн бурда-ни забонњои мардумони ин сарзаминњо, анъана ва урфу одатњои онон ва ба њамин тариќ ба асрњои аср тамдид кардани султаи сиёсии аљнабиён буд.

Мањз дар чунин шароит за-рурати омўзиши таърихи забони модарї, махсусан, грамматика ва таркиби асосии луѓавї, услу-би баён, муќоисаи он бо захираи луѓавии «забонњои њоким», шакл, мундариља ва неруи тафакку-рии соњибзабонон, ќобилияти раќобати забони мардумони бумї дар муњити нобаробари сиёсї ва иљтимої ба миён меояд. Чунин

Масъалањои забоншиносии миллї дар таълимоти Пешвои миллат

Page 5: ОМЎЗГОР - omuzgor-gazeta.tjomuzgor-gazeta.tj/uploads/Омузгор 42 чоп 2020.pdfНАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

«Омўзгор»№ 42, 15 октябри

соли 2020 5Серї набувад аз лаби ширини ту касро,Кас сер надид аз шакари ноб магасро. Камоли Хуљандї

Дар нуњ моњи соли равон аз вилояти Хатлон ба хориљи мамлакат беш аз 100 њазор тонна мањсулоти кишоварзї содирот шудааст.

тањќиќ

мавзўи рўз

(аввалаш дар сањ.4)

(Давомаш дар сањ.6)

тањлил дар шароити нињоят муш-кили таърихї асоснокї ва зару-рати омилњои истодагарї карда тавонистани забони тољикиро дар муносибат бо дигар забонњо, баръало нишон медињад.

Роњбари давлат њамчун эњёгари воќеии арзишњои шукўњманди таърихї замони салтанати Сомо-ниёнро бо ифтихори бузург ёдо-вар мешавад. Рушду нумўи забо-ни тољикиро натиљаи истиќлоли давлатї мешуморад ва омилњои асосиеро, ки забони модарии мо мањз тавассути онон маќоми оламшумул пайдо кардааст, ном-бар мекунад: «Дар ањди Сомониён забони тољикї њамчун забони шеъ-ру шоирї, забони илму адаб бо по-киву шириниаш, воќеан, оламгир шуд. Ва, албатта, ин мартабаи оли-ро ба забони тољикї, пеш аз њама, соњиби он – халќи тамаддунофари мо, адибону олимони хушкалом ва мењанпарастамон − бахшидаанд» (Суханњои њикматомўзи Прези-денти Тољикистон, Асосгузори сулњу вањдати миллї − Пешвои миллат Эмомалї Рањмон. – Ду-шанбе: ЉДММ «Контраст», 2017. – С. 161).

Њангоми арзёбии масъала Пешвои миллат њифз кардани бу-зургтарин арзишњои миллиро яке аз мушаххасоти бузурги забони тољикї медонад: «Забони тољикї на фаќат љавњари њастии милла-ти мо, балки нишонаи барљастаи ќадимї будани фарњанги мост. Таърих гувоњ аст, ки аљдоди тољикон борњо бо нерумандтарин истилогарон рў ба рў шудаанд, вале бо бартарии фарњанг, асо-лати ойину суннатњо ва андешаи миллии худ бар онњо ѓолиб омада, њувияти миллии худро нигоњ до-штаанд» (Њамон љо. – С.168).

Омўхтани забон дар њама давру замон аз масъалањои рўзмарраи забоншиносї мебо-шад. Муваффаќ будани милла-тро дар муњимтарин соњањои давлатдорї – назария ва амалияи сиёсї ва њуќуќшиносї, Гегел дар неруи тафаккури миллат, ки та-вассути нутќ ифода мегардад, ме-шуморад. Сабаби «нишонрас бу-дани муњокимаронии франсавињо ба тарзи равшан ва мушаххас ифода кардани маънињо дар нутќи шифоњї ва хаттии онњост. Забони онон тавассути ќоидањои нињоят љиддї танзим карда шуда, тартиби муайян ва алоќамандии фикрњоро таъмин менамоянд. Мањз барои њамин франсавињо намунаи барњаќи пайравї дар шакли ифодањои сиёсї ва њуќуќї мебошанд» (Г. В. Ф. Гегель. Энциклопедия философских наук. Т. 2. Философия духа. – М.: Мысль, 1977. − С. 71).

Тафаккур муњимтарин во-ситаест, ки мањз тавассути он њодисањои табиат ва љамъият дар шакли идеалї ифода меёбанд. Чунин инъикос бо фонди луѓавї ва сохтори грамматикї сурат ме-гирад. Аммо шакли материалии андеша фаќат дар забон воќеият пайдо мекунад. Тавре дар наза-рияи Гегел мебинем, мањз баро-барвазнии ифодањо нисбат ба воќеият, ки илми мантиќ њам ба он вобаста аст, бо иловаи низоми љиддан обутобёфтаи морфологї ва синтаксисї забонро хосияти љањоншумулї мебахшад. Тибќи

меъёри номбаркардаи файласуфи немис љабњањои сиёсї ва њуќуќї муњимтарин майдони озмоиши забон мебошанд. Сеюм, зарфияти мавзўъ, мундариља ва истилоњоти илмиро дар доираи фонди луѓавии забон низ бо боварии том метавон ба он илова кард.

Андешањои Пешвои миллат хулосањои Гегелро дар бораи аломатњои нерумандии забон тасдиќ мекунанд: «Ногуфта намо-над, ки забони коргузорї ва илму адаби давлати Салљуќиёни Рум забони тољикї буд ва ба шарофа-ти чунин фазои мусоиди фарњангї барои инкишофи илму ирфон, њикмату фалсафа ва шеъру адаби ањли Хуросони Бузург ва сарзами-ни Эрон шароити созгор фароњам омада буд (Суханњои њикматомўзи Президенти Тољикистон, Асосгу-зори сулњу вањдати миллї − Пеш-вои миллат Эмомалї Рањмон. – Душанбе: ЉДММ «Контраст», 2017. – С. 137).

Њамин тариќ, забони тољикї дар муборизањои шадид бо забонњои ѓосиб њамеша ѓолиб омадааст. Яке аз сабабњои ши-касти он забонњо њолати њарбї ва маъмурї доштан ва бо забони мардумони бумї аз лињози сохти грамматикї ва захираи луѓавї мусобиќа карда натавонистани онњо буд.

Дар таълимоти Сарвари давлат манзалати сиёсї, яъне моњияти за-бон муњимтарин нишондињандаи мавќеи миллат дар низоми сиё-сии љомеа дониста мешавад. Ин масъала дар забоншиносии тољик ба сатњи барои љомеаи имрўз нињоят зарур омўхта нашуда-аст. Сухан дар бораи аз лињози гениалогї, системавї ва сохтори-ву функсионалї боз њам асоснок кардани хештаншиносї ва худши-носии миллї дар асоси «рўњи за-бон» меравад. Зеро маълум аст, ки бо вуљуди тазйиќи шадиди сиёсї, иљтимої, иќтисодї ва фарњангї дар замони њукмронии бегонагон, тољикон имкон пайдо карданд, ки сохторњои сиёсии пурќуввати худро асос гузоранд: «Њарчанд ки гузаштагони мо баъд аз ќабули дини ислом ба муњити фарњангии исломї дохил гардиданд, вале та-вассути забону фарњанг ва суннату анъанањои бостонии худ њувияти миллиашонро нигоњ доштанд ва бо роњи эњёву њифзи забони модарї ва анъанањои миллї тавонистанд давлатњои Саффориёну Тоњириён, баъдан давлати мутамаркази Со-мониён ва сипас давлати Ѓуриёнро таъсис дињанд» (Њамон љо. − С. 121).

Дар натиљаи тањлил ва арзё-бии далелњои таърихї дар муд-дати њазорсолаи гузашта Пешвои миллат ба зарфияти њуќуќии за-бон таваљљуњи хосса зоњир ме-кунад. Муътаќид аст, ки танњо истиќлоли сиёсї омили аслии истиќлоли забонї мебошад. Бо таъкиди ин нукта ба тамоми даъвоњои комилан ѓайриилмї ва нињоят содалавњона, ки дар за-мони њукмронии бегонагон забо-ни тољикї танњо забони дарбор ва ањли њунар, фарњанг ва адаб буд ва ин њолат дар сурати адами истиќлоли давлатї метавонист то ба имрўз идома ёбад, посух медињад.

Дар ин маврид, ёддоштњои фарзанди нависандаи халќии

Тољикистон Љалол Икромї – Љонон Икромї, доктори илмњои химия, профессор, љолиби таваљљуњи махсус аст. Ў аз наќли падараш менависад: «Тобистони соли 1927 С. Айнї ба Бухоро омад ва падарам бо дўстони дигар хо-станд аз ў хабар бигиранд. Онњо дар китобхонаи Абўалї ибни Сино вохўрданд. Айнї њамаро бо дастфишорї пурсупос кард ва баъд ба падарам мурољиат карда пурси-дааст, ки хешу таборонаш кињо њастанд, худаш дар куљо тањсил мекунад. Миллаташ чї аст. Пада-рам дар бораи худаш ва дар бораи хешу табораш наќл мекунад...» ва аз тољик буданаш мункир меша-вад. «...Устод механдад ва мегўяд: ... аммо Шумо шахси љавон, њам аз пушти падарї ва њам аз пушти модарї тољик њастед ва бобокало-ни Шумо аз Ховалинг аст» (Джо-нон Икрами. Джалол Икрами не-известные страницы. – Душанбе: Шарќи озод, 2010. − С. 32.)

Њамин тариќ, ба асли масъала бозгашта, таъкид бояд кард, ки бидуни падидаи забони аз љињати захираи луѓавї дар олам эътироф-гардида, сохти грамматикии му-каммал, ки тавассути ин ду фази-лат ворисони миллат машњуртарин асарњои илмї, таърихї, бадеї, ба-деиву таърихї эљод ва мардумони он сарзаминро дар олам муаррифї кардаанд, таъсис ёфтани давлати миллї номумкин аст.

Њамчунон, забон бе пуштибо-нии сиёсиву њуќуќї ва иљтимої наметавонад рушд кунад, инки-шоф ёбад ва вазифаи таърихии худро иљро намояд. Пешвои мил-лат дар ин маврид хотиррасон мекунад: «Пас аз давлати Сомо-ниён забони миллии мо танњо дар даврони истиќлолият дар маќоми забони давлатї ќарор дода шуд. Аз ин рў, давлати Тољикистон њифзи арзишњои миллии забониро аз вазифањо ва њадафњои асосии худ барои насли имрўзу фардои љомеа медонад ва ин арзишњои муќаддасро гиромї медорад» (Суханњои њикматомўзи Прези-денти Тољикистон, Асосгузори сулњу вањдати миллї − Пешвои миллат Эмомалї Рањмон. – Ду-шанбе: ЉДММ «Контраст», 2017. – С. 125).

Пешвои миллат мафњуми истиќлоли давлатиро бо истиќлоли забонї тавъам медо-над. Дар забоншиносии умумї чунин аќида ањамияти махсуси сиёсї, иљтимої, илмї, идеологї ва маънавї дорад. Чунин муносибат, арзёбї ва хулосабарорї моњияти масъаларо дар бораи сохти дав-латдории миллї рўзмарра гардо-нида, сиёсати њуќуќиро дар до-ираи меъёрњои конститутсионї нисбат ба арзишњои миллї ќувват мебахшад: «Забони тољикї ва рушду ташаккули пайвастаи он дар маќоми забони давлатї муњимтарин рамзи истиќлоли дав-лативу сиёсии мо ба њисоб мера-вад. Зеро мањз истиќлоли забонї пояи истиќлолхоњии кишварамон-ро ташкил медињад» (Њамон љо. – С. 115).

Яке аз муњимтарин услуби за-боншиносии таърихї омўхтани таърихи миллат тавассути забон ва омўхтани таърихи забон тавас-сути таърихи миллат мебошад. Дар таълимоти Пешвои мил-лат ин ду равиш муваффаќона

ва тавъам истифода шудаанд: «Њамеша дар хотир бояд дошт, ки дар тўли гузаштаи пурфољиа забо-ни мо барои баќо ва њастии мил-лат...хидмати бузург ва таърихї кардааст» (Њамон љо. − С. 161). Инчунин таъкид месозад: «Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар њама њолат миллати тољик сипари боэътимод, ганљи гаронбањои ниё-гон – забони модариро аз даст на-додааст» (Њамон љо. − С. 162).

Забони модарї ва масъалањои худшиносии миллї

Њамасрони мо шоњиданд, ки хештаншиносї, худшиносии миллї ва дар њамин замина сох-тани давлати миллї, ки ормони њазорсолаи мардуми тољик буд, аз маќсадњои мењварии Роњбари давлат мањсуб мегардад. Суха-нони дар дили њар як шањрванди Тољикистон сабтшуда ва умедбах-ши Роњбари нав интихобгардидаи миллати тољик − «Ман ба шумо сулњ меорам!» азми таърихї ва амалњои љонфидоёнаи ў, навиди созандагї ба њар хонадони мам-лакати љангзадаи дур аз маъмур ва мардуми хастаи ранљур нур бахшид.

Азм ва иќдомоти гуно-гунљабњаи мушкил ба ќутбнамо ва мењроби ягонаи маънавию мафкуравї ниёз дошт. Мардум-ро мебоист ба орзуву маќсад, ба рўшноие дар зулмот, ба соњиле дар уќёнуси пурталотуми таќдир рањнамун сохт ва сафарбар кард. Бовар кунонидани халќ ба асола-ти хеш, эњсоси масъулияти бузург дар назди таърих, фарњанг ва та-маддуни гузашта ва арљгузорї ба онњо аз муњимтарин вазифањое буд, ки Роњбари давлат онро боис-рор ва пайгирона таъкид мекард. Дар ин маврид, забони модарї – забони тољикї наќди барљастаи яќин барои муътаќид кардани мардум ба асолати хеш буд.

Њамин тариќ, дар таъли-моти Пешвои миллат худши-носии миллї њамчун мафњуми иљтимоиву сиёсї ва фарњангиву маънавї натиљаи ташаккули љањонбиниест, ки аз маљмўи му-раккаби мафњум ва категорияњои сохториву функсионалї иборат мебошад. Аз худ кардан, дарк на-мудан, ба умќ ва арзишмандии чу-нин категорияњо расидан, онњоро дар низоми ягонаи љањонбинї ба маќсади таъмини амният ва рушду нумўи Ватани азиз ди-дан ва амал кардан муњимтарин љузъиёти таркибии љањонбинии њар шахс ба шумор меравад.

Роњбари давлат вазифагузорї мекунад, ки њар фард аз ка-лима ва иборањои «миллат», «таърихи ташаккул ва рушди миллї», «андешаи миллї», «асо-лати миллї», «њувияти миллї», «истиќлоли миллї», «ватандо-риву ватанпарастї», «ифтихори ватандорї», «арзишњои таърихиву фарњангї, илмиву маданї», «урфу одат ва анъанањои миллї», «та-факкури таърихии миллї», «дифоъ аз фарњангу тамаддуни миллї», «худогоњї», «тањкими вањдату ягонагии миллї», «бунёдкорї» ва монанди инњо бояд бањравар бошад. Онњоро фањмад. Дарк на-мояд. Тафсир карда тавонад. Дар рафтори иљтимоии худ амалї со-зад.

Ибораву таркибњо ва истилоњоти номбаршуда љузъи

сохторї ва људоинопазири љањонбинии миллї мебошанд, ки Пешвои миллат забони модариро асоси он медонад. Онро бо мисол ва далелњои муътамади таърихї исбот ва таъкид мекунад.

Дар таълимоти Роњбари дав-лат чунин мафњумњо низоми ягона ва муњтавои барномаи амалии тарбияи мактаббачагон, насли наврас, љавонон ва ом-маи мардумро ташкил мекунанд. Вазифаи рўзмарраи Њукумат бо истифода аз имконоти давлатї − маориф, мактаб, васоити ахбо-ри умум, масъулини корхонањо, сарфи назар аз шакли моликият, ташкилоту созмонњои љамъиятї, љомеаи шањрвандї, зиёиён ва па-дару модарон дар доираи меъёрњои њуќуќї ва ахлоќиву маънавї дар љањонбинии њамватанон љой кар-дани ин идеяњои ватанхоњона ме-бошад.

Тавассути низоми яго-наи давлатдорї – муассисањои фарњанг, маориф, иттињодияњои эљодї, пажўњишгоњњои илмњои љамъиятї ва васоити ахбори умум, тањлил ва натиљагирї кар-дани вазъи воќеии муносибати табаќањои гуногуни љомеа ба ар-зиш ва манфиатњои миллї нишон-гари он хоњад буд, ки талаботи пешнињодшуда то кадом андоза амалї шуда истодаанд ва хосияти функсионалї пайдо кардаанд.

Бо ќотеияти том изњор бояд кард, ки дар адабиёти сиёсї, таърихї ва бадеии имрўза возењтар аз таълимот ва таљрибаи давлат-дории Пешвои миллат, нуќтаи на-зари санљидашуда ва бо далелњои илмї собитгардида, ки асолати миллї ва худшиносии миллиро дар иртибот бо илми забоншиносї нишон дода бошад, мављуд нест. Мањз ба њамин хотир, вазифаи њамарўзаи мост, ки онро омўзем, аз худ намоем, ба омма фањмонем, ба ибораи дигар, «аз забон ба њадафи воќеї гузарем» (Аристо-тел).

Дар таълимоти Роњбари давлат нуктаи нињоят љолиб – «суварни-гории њадисест, ки агар љон дар он набошад, нангорад» (Хоќонии Шервонї). Сарвари роњнамо муњтавои афкори мењанпарастї ва самтњои ташаккули маъна-виёти миллиро дар тафсири муњимтарин калимаву истилоњот ифода намудааст: «Худшино-сии миллї аз дўст доштани Ва-тан, модар, забон, таърих ва арзишњои таърихиву фарњангї сарчашма гирифта, ба ташакку-ли шахсиятњои дорои љањонбинии солиму пешрафта боис мегардад» (Суханњои њикматомўзи Прези-денти Тољикистон, Асосгузори сулњу вањдати миллї − Пешвои миллат Эмомалї Рањмон. – Ду-шанбе: ЉДММ «Контраст», 2017. − С. 136).

Муњтарам Эмомалї Рањмон за-бони модариро аз далелњои муъ-тамад ва дастоварди тамаддунии мардуми тољик эълом медорад: «Њар гоње дар бораи арзишњои миллї сухан меронем, бузургтарин сарвати бебањои халќи худ – забо-ни модариамон – забони тољикиро бояд њамеша дар ёд дошта бошем» (Њамон љо. – С. 121). Ва њамзамон бо ин, умумияти забонии мил-лати тољикро аз омилњои аслии таъминкунандаи амнияти дав-

Масъалањои забоншиносии миллї дар таълимоти Пешвои миллат

Page 6: ОМЎЗГОР - omuzgor-gazeta.tjomuzgor-gazeta.tj/uploads/Омузгор 42 чоп 2020.pdfНАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

«омўзгор»№ 42, 15 октябри

соли 20206

Дар Парки миллии мамлакат, воќеъ дар ноњияи Сангвор 102 иншоот бунёд мешавад.

тањќиќ Дўст медорад дилам љавру љафои дўстро,Дўсттар аз љону сар дарду балои дўстро. Камоли Хуљандї

Бисту нуњ соли истиќлолии давлатї, ба таъбири Пешвои мил-лат, «марњалаи аз нигоњи таърих хеле кўтоњ, вале пур аз њаводису рўйдодњои муњими таќдирсози халќи мо мебошад».

Хештаншиносї

Худогоњии миллї – кафили рушди љомеа

латдории миллї мењисобад: «Арљ гузоштан ба забони модарї оми-лест, ки сарчашмаи баќои вањдати миллї ва яке аз рукнњои устувори давлатдорї ба шумор меравад» (Њамон љо – С. 114).

Мантиќи ќавии Пешвои мил-лат, ки забонро њамчун љавњари њастї ва нишонаи ќадимї будани фарњанги мардуми тољик ном ме-барад, зарурати њифз кардани ин асолати таърихї ва дар маљмўъ, андешаи миллиро дар мадди на-зар дорад.

Дар таърифи классикї нишонањои асосии миллат умуми-яти устувори одамон, ки дар асоси ягонагии забон, ќаламрав, њаёти иљтимої ва урфу одатњо ба вуљуд меояд, номбар гардидаанд. Дар таълимоти Роњбари давлат ин на-зария бо далелњои раднопазир аз таърихи миллати тољик ва забони ў баръало нишон дода шудааст.

Сарвари кишвар бо истифода аз неруи тавонои забони модарї расидан ба умќи хештаншиносї ва худшиносиро ба хотири сох-тани давлати миллї дар асо-си арзишњои волои тамаддуни башарї аз муњимтарин вазифањои наслњои имрўзу фардои мамлакат мењисобад.

Дар таълимоти Пешвои мил-лат эњтиром гузоштан ба забони модарї – эњтиром гузоштан ба Ватан, ба модар, ба миллат, ба фарњанг ва тамаддуни хеш аст.

Инсон бояд мансубияти худро ба миллат на танњо бо донистани забони модарї, балки дар амал − тавассути њифзи манфиатњои миллї, кўшиши таъмини ам-ният ва рушди миллї, бо роњи омўхтану донистани асосњои таъ-рихи чандњазорсолаи миллат ва ифтихор аз он исбот созад.

Њангоми вараќгардон карда-ни таърихи миллатњои Ѓарб ба назар мерасад, ки бузургтарин намояндагони «дунёи куњан» њам нисбат ба забони модарї ва фарњанги миллии худ эњтироми бузург гузоштаанд. Бо тањќиќ, хулосабарорї ва эњсоси масъ-

улият, њамчун зиёї мардумро ба хештаншиносї ва худши-носии миллї даъват кардаанд. Њисси бегонапарастї, саљда кар-дан ба фарњанг ва маънавиёти аљнабиёнро мањкум намудаанд. Аз љумла, яке аз бузургтарин фай-ласуфони Аврупо, ки ќудрати андешаи ў дар олам инќилоби фарњанги сиёсиро бедор кардааст, Г. В. Ф. Гегел ба њамватанони худ бо эњсоси дилсўзонаи ватандўстї мурољиат карда, фармудааст: «Яке аз олитарин омилњои маъри-фат − сухан гуфтан ба забони худ мебошад. Халќ мансуб ба худаш аст. Нест бод њама чизи бегона то њадди алифбои лотинї!» (Гегель. Работы разных лет в двух томах. Т. 2. – М.: Мысль, 1973. − С. 547).

Зиёиён ва масъалањои забоншиносї

Дар таълимоти Пешвои мил-лат наќши сиёсатмадорон, оли-мон, шоирон, нависандагон, му-тафаккирон ва умуман зиёиён дар ташаккули халќи тољик, њифзи арзишњои миллї, мубориза барои истиќлоли давлатї ва бунёди дав-лати тољикон дар тўли таърих – аз даврањои ќадим, асрњои миёна, за-мони нав ва муосир ба таври хос-са таъкид мегардад.

Дар китоби «Чењрањои монда-гор» (Эмомалї Рањмон. – Душан-бе: «ЭР-граф», 2016. – 364 с.) ва дигар асарњои таърихии Роњбари давлат бузургтарин шахсиятњои миллї бо тањлил ва арзёбии хизматњои онон барои миллати тољик ва давлатдории тољикон ќадршиносї карда шудаанд.

Услуби нигориш ва хулосабарорињои Пешвои миллат дар бораи шахсиятњои барљастаи миллї омўзанда ва намунавї буда, ањамияти бузурги тарбиявї ва њидояткунанда доранд.

Роњбари давлат симоњои таърихии бузургони миллатро њамчун намояндаи фардии љомеаи замони худ мавриди тањќиќ ќарор дода, њамзамон бо ин, нобиѓагї ва иродату садоќат ба халќ, мардонагї, љасурї, ташаббускорї дар роњи амалї кардани идеалњои

пешќадами љомеа, истодагарї карда тавонистани онњоро дар њифз ва пешбурди манфиатњои миллї махсус таъкид кардааст.

Аз таълимоти Сарвари давлат бармеояд, ки фард дар замони худ њамон ваќт узви фаъоли муноси-боти љамъиятї шуда метавонад, ки аз лињози объективї љонибдори асили манфиатњои миллї бошад ва аз лињози субъективї – љањонбинї, тарзи тафаккур ва муњокимаронї аз худ амалњои созгор ба рушди миллї нишон дињад.

Пешвои миллат омилњои ас-лии нигоњ доштан ва неруманд гардонидани забони тољикиро дар принсип ва аломатњои субъективї дар фазои объективї, аксиденталї ва пешгўинашаванда ба хотири таъмини манфиатњои миллї ва ниёзњои љамъиятї ме-бинад ва онро чунин тафсир ме-намояд: «Мањз андешањои воло ва осори гаронбањои абармардони миллати мо буд, ки фарњанг ва за-бони тољикї дар тўли таърих, бо вуљуди он њама фишорњои сиёси-ву мафкуравии бегонагон, маќом ва мартабаи худро дар тамаддуни љањонї нигоњ доштааст. Њамин хизмати бузурги фарзонагони мил-лат аст, ки мо имрўз соњибдавлат буда, бо забон, фарњанг, таърих ва арзишњои миллии худ ифтихор мекунем» (Суханњои њикматомўзи Президенти Тољикистон, Асосгу-зори сулњу вањдати миллї − Пеш-вои миллат Эмомалї Рањмон. – Душанбе: ЉДММ «Контраст», 2017. – С. 167).

Таърихи забон – таърихи тафаккури инсон аст. Мавзўи мантиќи диалектикиро илм дар бораи шаклњои рушди тафакку-ри одам аз сода ба мураккаб, ки њаракати абадиву беохири дарки воќеият мебошад, ташкил меку-над. Бешубња, чунин љараён аз шароити фаъолияти иљтимої, дараља ва имконоти фикрронии падидаи соњибшуур вобастагї дорад. Тањаввулоти диалектикї бошад, сарчашмаи аслии рушди забон аст. Пешвои миллат чунин таѓйироти ногузирро мањз тавас-

сути ба эътибор гирифтани хусу-сияти диалектикии забони модарї таъкид мекунад: «Ќонунияти ин-кишофи забон чунин аст, ки вай, мисли як љисми зинда, бояд ба маљрои зиндагї − тањаввулоти сиёсї, иќтисодї, иљтимої, фарњангї мутобиќ шуда, имко-ноти ифодаи мазмунњои тоза ва талаботи мардумро дошта бошад. Яъне калимаву истилоњотеро, ки дар олами ихтирооту кашфиёт ва иќтисодиёту техника падид мео-янд, дар худ ѓунљонида тавонад ва њамзамон асолати миллиашро гум накунад» (Њамон љо. –С. 157-158).

Пешвои миллат љонибдори асили неруманд гардонидани за-бони модарї тавассути ба он во-рид кардани истилоњ, мафњум, маъно ва мантиќи илмї мебошад. Онро на танњо вазифаи илми забоншиносї, балки масъулия-ти муњимми сиёсати давлатї ме-шуморад, зеро муътаќид аст, ки «Илми воќеан миллї дар асоси забони миллї таъсис ва ташак-кул дода мешавад» (Њамон љо. − С. 117).

Ба хотири инкишофи забони модарї, Роњбари давлат дар наз-ди олимон вазифањои мушаххас мегузорад ва онро бо мантиќи ќавї асоснок мекунад: «Яке аз вазифањои асосї ва пурифтихори Институти забон ва адабиёт дар давраи истиќлолият пуштибонї ва густариши забони давлатї, тањкими маќому мартабаи он, аз њисоби захираи забони классикї ва халќї суфтаву ѓанитар на-мудани забони адабї, оммафањм сохтани забони нашрияњо, пеш аз њама, китобњои дарсї, забони мат-буот ва тоза нигоњ доштани забони муошират мебошад» (Њамон љо. − С. 191-192).

Мутаассифона, фољиаи бузур-ге, ки дар замони истиќлолият ба сари миллат омад, ба тамоми соњањои давлатдорї, аз љумла ба илм ва маориф, ба мундариља ва сифати тарбияву таълим таъси-ри нињоят манфї расонид. Тањти шиорњои «милликунонї»-и васои-ти таълимї ба муњимтарин соњаи

маърифат – таълифи китобњои дарсї, баъзе шахсоне роњ ёф-танд, ки муътаќиди устувори таъсиси шуури миллї њамчун пойдевори давлати миллї дар љањонбинии наврасон ва љавонон набуданд. Камбудињо аз мадди назари сохторњои илму маориф, донишкадањои олї – кафедрањои соњавї, пажўњишгоњњои Акаде-мияи илмњо, ки бењтарин усто-дон, олимони ин муассисањо ба мисли Воњид Асрорї, Шарифљон Њусейнзода, Додољон Тољиев, Холиќ Мирзозода, Мўсо Ди-норшоев, Аълохон Афсањзод ва дигар муаллифони барљаста ва хотирмони китобњои дарсї бу-данд, дур монданд. Ба ќавли яке аз олимони машњур ва сиёсатма-дорони барљастаи олам, «Кали-мае, ки дар шакли нашр (китоб, маљалла, рўзнома – С.Я.) омада-аст, меомўзад, ки чї тавр зиндагї бояд кард ва чї тавр дунёро падруд гуфт».

Масъала таъљилан бозбинї ва ислоњро таќозо дорад.

Њанўз дувуним њазор сол ќабл Аристотел (384-322 то мелод) бо эътиќодмандии мањз таъкид карда буд: «Бисёр баид ба на-зар мерасад, касе шубња кунад, ки ќонунгузор нисбат ба тарбияи љавонон таваљљуњи хоса зоњир мекунад, ба хотири он ки дар љое, ки чунин муносибат нест, худи сохти давлатдорї зарар ме-бинад. Охир, тарбия бояд ба њар як сохти давлатдорї мувофиќат кунад; мансуб ба њар як сохти давлатдорї характер, ба тарзи одї, барои нигоњ доштан, њифз кардани њамон сохт хизмат меку-над. Сифати шахсияти бењтарин ба бењтарин сохти давлатдорї мутобиќат менамояд» (Аристо-тель. Политика. – М.: РИПОЛ классик, 2010. – С. 535-536).

(Давом дорад)

С. ЯТИМов, доктори илмњои сиёсї,

узви вобастаи академияи миллии илмњои Тољикистон

Масъалањои забоншиносии миллї дар таълимоти Пешвои миллат(аввалаш дар сањ.5)

Дар таљрибаи давлатдории халќњои љањон кам иттифоќ

афтодааст, ки дар чунин фосила душвортарин љодањо сипарда шавад ва маљмўи ибтикороти азим дар масири давлатсозї амалї гардад. Тољикон аз оѓози Иљлосияи шонздањуми таърихии Шўрои Олї, паём ва фарњанги сулњи Сарвари кишвар, муњтарам Эмомалї Рањмон, мурољиати ўро дар хусуси аз њама ѓаразу манфиатњои њизбиву табаќотиву гурўњї болотар гузоштани ягонагии миллї бо њусни ихлос истиќбол намуданд.

Сиёсати фарњангдўстона ва

тамаддунпарваронаи Президенти мамлакат барои таќвият, мустањкам гардидани њувияти миллї, худогоњї ва худшиносии миллї нигаронда шуда, њисси ватандўстии насли наврас ва љавононро бедор намудааст.

Дар роњи дастёбї ба њадафњои стратегии иљтимоиву иќтисодии Њукумати Тољикистон мушкилоти зиёде паси сар шуданд, аммо мушкилоту муаммоњое њастанд, ки роњи њалли онњо дар наќшаю барномањои давлатї таљассум ёфтаанд.

Дар соњаи маориф низ дастовардњои зиёде ба назар мерасанд. Айни замон бештар аз чил муассисаи олии касбї барои омўзиши ихтисосњои гуногун бо тамоми шароити техникии њозиразамон муљањњазанд ва љавонон дар ин муассисањо дониш андўхтаву касбу њунарњои заруриро азхуд мекунанд. Солњои охир, вобаста ба ѓамхорињои рўзафзуни Пешвои миллат

соњаи маориф хеле рушд ёфта, шароити созгор барои таълиму тарбияи насли наврас ба миён омад, омўзгорони зиёде аз нав рў ба мактаб оварданд ва омўзгорони љавон ба кор шурўъ карданд. Аксари таълимгоњњо бо омўзгорон таъмин гардиданд. Сарвари давлат таъкид намудаанд: «…тањким бахшидани иќтидори илмии кишвар, устувор гардидани пояњои моддиву техникии муассисањои таълимї, баланд бардоштани сифати таълим дар њамаи зинањои тањсилот, љалби боз њам васеи истеъдодњои љавон ба омўзиши технологияи муосир ва корњои эљодиву техникї вазифаи муњимтарини соњаи илму маориф мебошад». Аммо сатњи мањорати касбї ва донишандўзии омўзгорон, хусусан, омўзгорони љавон бозгўи талаботи замони муосир нест. Аксари омўзгорон аз бозомўзї ва такмили ихтисос барканор мемонанд, ба худомўзї чандон эътибор намедињанд.

Ин њолат, албатта, ба сатњу сифати таълиму тарбияи шогирдон бетаъсир намемонад.

Вобаста ба забономўзии наврасону љавонон низ бояд тадбирњои муассиру самарабахш андешид, зеро њанўз соли 2003 Фармони Президенти кишвар дар бораи такмилу таълим ва омўзиши забонњои русию англисї ќабул шуда бошад њам, то њол дар ин самт фаъолияти таълимгоњњо ба талаби рўз љавобгў намебошад.

Аксари њалли масоили марбут ба рушди љомеа аз омўзгор вобастагии калон дорад. Мо бояд дар њама маврид барои шукуфоии диёру мустањкам кардани пояњои истиќлолият ва баланд бардоштани обрўи кишвар дар арсаи љањон талош биварзем.

Љаъфар ќоДИров, устоди Донишгоњи давлатии

молия ва иќтисоди Тољикистон

Page 7: ОМЎЗГОР - omuzgor-gazeta.tjomuzgor-gazeta.tj/uploads/Омузгор 42 чоп 2020.pdfНАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

«омўзгор»№ 42, 15 октябри

соли 2020 7љаШнвора Дилу љон то рањанд аз банд, бикшо зулфи мушкинро,Ба поят мефитанд, охир, рањо кун як-ду мискинро. Камоли Хуљандї

Дар Институти физикаю техникаи ба номи С. умаров конфронси 7-уми байналмилалии «Масъалањои муосири физика» доир гардид.

Омўзишу тањќиќи эљодиёт ва њаёти пур аз шебу фарози Шайх Камо-ли Хуљандї нахустин маротиба дар ањди Шўравї, соли 1939 аз тара-фи устод Садриддин Айнї дар маќолаи «Камоли Хуљандї» мавриди тањлил ќарор гирифта, устод дар заминаи асарњои тазкиранигорон андешањояшонро дар хусуси марњалањои зиндагї ва моњияту ѓояи ашъори шоири ширинкалому балеѓгуфтори тољик ба таври мухтасар баён кардаанд.

Табрез маро ба љойи љон хоњад буд

мероси адаБї њикмати рўзгор

Камоли Хуљандї

Чањор ѓазал

Таваљљуњи моро дар ин мавзўъ маќолаи адаби-

ётшиноси маъруф Абдулѓанї Мирзоев бо номи «Камол ва як шарти муњими омўхтани ў» низ љалб намуд, ки соли 1947 наху-стин маротиба дар шумораи 2-и маљаллаи «Шарќи Сурх» (њоло «Садои Шарќ») чоп гардидааст. Чунонки устод Садриддин Айнї ишора мекунад, Камол дар ав-вали асри ХIV дар Хуљанд та-валлуд ёфта, дар соли 1390 дар шањри Табрез вафот кардааст ва дар њамин шањр мадфун шу-дааст. Ба аќидаи С.Айнї, таз-

киранависон соли вафоти ўро 792-и њиљрї ќайд кардаанд, ки ин раќам ба њисоби имрўза 1390 мебошад. Аммо адабиётшино-си маъруф Абдулѓанї Мирзоев вафоти шоири ѓазалсаро - Ка-моли Хуљандиро дар соли 1392 таъйид кардааст. Дар рисолаи тозанашри донишманди эронї Эраљ Гули Сурхї – «Шарњи њоли Камоли Хуљандї» дар маќолаи «Назариёти профессор Рипка, профессор Бертелс ва профессор Брагинский» дар ин масъала чу-нин оварда шудааст: «Профессор Рипка матлаби марбут ба Камо-ли Хуљандиро зери ин навишта оѓоз мекунад: «Камоли Хуљандї ѓазалсаро ва дўсташ Маѓрибии Ориф, ки баъдан душмани шах-сии ў шуд, шоири валишуор (Ка-моли Хуљандї) муњтамалан дар-гузашта ба соли 803-и њиљрї, ба-робари 1400 ё 1401-и мелодї…» (сањ.42). Аз ин навишта маълум мегардад, ки Ян Рипка соли ва-фоти Камоли Хуљандиро бай-ни солњои 1400-1401 медонад. Яке аз масъалањое, ки њангоми омўзиши њаёти Камоли Хуљандї бањсу бигў-магў ва андешањои зидду наќизро ба миён оварда-аст, ин аз тарафи Тухтамишхо-ни муѓул забт гардидани шањри Табрез мебошад, ки дар ради-фи дигар асирон вай Камоли Хуљандиро низ ба шањри Са-рой меорад. Абдулѓанї Мирзо-ев дар маќолаи фавќ перомуни ин давраи њаёти Шайх Камоли Хуљандї ќайд мекунад, ки «аз тарафи Тухтамишхон забт карда шудани Табрез, ки дар соли 1385 иттифоќ афтода, барои Камол низ бенатиља намонд. Ўро дар ќатори чанде аз ањли фазли он љо ба Сарой оварданд». Аз чї бошад, ки санаи ба Сарой ома-дани Камолро устод Садриддин Айнї соли 1372 нишон дода, муътаќид аст, ки бо далелњои зи-ёде њамин солро тахмин кардан мумкин аст. Чунонки мушоњида мекунем, таносуби ваќти ба Са-рой оварда шудани Камол аз љониби Тухтамишхон, байни гуфтаи А.Мирзоеву устод Са-дриддин Айнї 13 солро ташкил медињад, ки фосилаи бузургест.

Профессор, шарќшиноси Авру-по Эдвард Браун низ бар он аќидааст, ки дар соли 787-и њиљрии ќамарї, баробар ба 1385-и милодї Тўќтамишхон (на Тухтамишхон) ба Табрез тохт ва ба расми кишваркушо-ёни он замон бисёре аз дониш-мандон ва уламои он шањрро ба тахтгоњи худ – Сарой кўч дод. Дар миёни он љамоат Шайх Ка-мол низ буд». Ба иттифоќи бах-ши аъзами тазкиранигорон (му-аллифи тазкираи «Оташкада», «Маљмаъ-ул-фусањо», «Тазкираи Давлатшоњ», «Ќомус-ул-аълом»,

«Миръот-ул-хаёл» ва чанди ди-гар) Камоли Хуљандї ба муд-дати тўлонї дар шањри Сарой иќомат накарда, баъди чањор сол ба Табрез баргаштааст. Њамин фикрро устод Садрид-дин Айнї ва Абдулѓанї Мир-зоев низ таъкид карда, муддати иќомати Камоли Хуљандиро дар Сарой чањор сол њисобидаанд. Њамакнун дар ин бањс ва тахмингўйињо андешаи нави дигаре садо медињад аз љониби пажўњишгари эронї Эраљ Гули Сурхї. Мавсуф чањор сол дар шањри Сарой мондани «булбули хушилњони Хуљанд»-ро тахмини бе далелу асос номида, ќотеъона мегўяд, ки «бинобар навиштаи муќаддимаи девони Камол, ки шарњаш хоњад омад, Шайх дар оѓози ноамнии Табрез ва ќабл аз ѓорати он шањр, худ бо гурўње аз пайравон ва муридон ба шањри Сарой рафта, пас аз иќомати 11-сола, яъне соли 798-и њиљрї ба иродаи худ ба сўйи Табрез бозгашта. Бинобар ин, масъалаи иќомати чањорсолаи Шайх дар шањри Сарой иштибоњ аст ва њамин љињати назари Давлатшоњ ва дигар тазкиранависон дар бо-раи таърихи даргузашти Камол ба соли 792-и њиљрї иштибоњи мањз аст». (сањ. 42).

Њамзамон, ин донишманд мегўяд, ки масъалаи аз љониби Тухтамишхони муѓул ба шањри Сарой овардани Камоли Хуљандї боиси ба вуљуд омада-ни бањсу нофањмињо гардидааст.

Эраљ Гули Сурхї дар њељ љои асари худ њадс назадааст, ки Ка-мол ба таври иљборї ба Сарой оварда шудааст. Ин фикрро муњаќќиќи эронї дар фасли «Њаллољия дар Осиёи Марказї ва таъсири он дар осори Камоли Хуљандї» баён дошта, мукар-раран таъкид медорад, ки дар њудуди солњои 778-784-и њиљрї Камол дар Табрез иќомат меку-над ва соли 787 равонаи Сарой мешавад. Аз ин гуфтаи Эраљ Гули Сурхї чунин бармеояд, ки Шайх Камол бо иродаву ихтиё-ри худ озими шањри Сарой ме-гардад, на бо амру фармон ва њукми Тухтамишхон. Ин дониш-манд бар он бовар аст, ки Тухта-мишхон баъд аз он ки шањри Са-ройро ѓорату торољ кард, дубора дар соли 798-и њиљрї ба сўи Та-брез равона гардид. Њамзамон, бозгашти Камолро ба Табрез ба истиноди тазкиранависон, ки

соли 797 навиштаанд, рад меку-над.

Дар тањќиќоти устод Садрид-дин Айнї, Абдулѓанї Мирзо-ев ва Эраљ Гули Сурхї мавзўи таъсирбардорї аз ашъори њамдигарии Камоли Хуљандї ва Хоља Њофиз мењварї буда, ин масъаларо бо далелу мисолњои муътамад эшон мавриди тањлил ќарор додаанд. Ба љуз Њофизи Шерозї, Камол дар эљоди ѓазал ба Саъдии Шерозї, Салмони Соваљї, Имоди Фаќењ, Камо-ли Исфањонї, Исори Табрезї, Маъљарии Самарќандї, Маъозї пайравї кардааст. Эраљ Гули Сурхї ба навиштаи устод Айнї «Камоли Хуљандї» бањои ба-ланд дода, тавзењ медињад, ки «нахуст бояд таваљљуњ кунем, ки ин навишта (маќолаи С.Айнї) чандин дања пеш аз ин тањрир шуда, замоне ки бисёре аз донистањои имрўзии мо барои донишмандон маљњул будааст. Дар натиља бисёре аз таърихњо бо он чї маълум шуда, татбиќ (мувофиќат) намекунад…»

Хуллас, пажўњиши њаёт ва осори шоири бузурги фор-су тољик Камоли Хуљандї бо нањваю шевањои љадид бояд идома ёбад ва дар ошкору бар-мало сохтани соярўшанњои марњалањои зиндагї ва замони эљоди ѓазалњои латифу баланд-мазмуни шоир мусоидат намояд.

Шодї раЉабзоД,«омўзгор»

Баъд аз имрўз ошкоро дўст медорам туро,Аз ту чун пўшам, нигоро, дўст медорам туро.

Дар вуљуди ман зи њастї њар сари мўе, ки њаст,Дўст медорад маро, то дўст медорам туро.

Хоњ дар дил бош сокин, хоњ дар љон шав муќим,Гар дар ин љойї в-ар он љо, дўст медорам туро.

Орам ояд пеши сарву лола рафтан дар чаман,То бад-он рухсору боло дўст медорам туро.

Гар набошї дўстдорам, дўст дорам њамчунон,З-он ки ман бе ин таманно дўст медорам туро.

Дидаву дил њар яке танњо туро доранд дўст,Худ мани бедил на танњо дўст медорам туро.

Гуфтаї: Хун резамат, то душманам дорї, Камол,Ман худ аз бањри чунинњо дўст медорам туро.

***Он сарв, ки омад бари мо, аз чамани кист?В-он ѓунча, ки дилњо шуд аз ў хун, дањани кист?

Он мева, ки аз боѓи бињишт аст дарахташ,Наздики дањан омада себи заќани кист?

Чун талъати хуршед, ки пўшид ѓубораш,Зери хати райњон рухи чун ёсамани кист?

Дар домани гул чок фитодаст зи њар сў,Эй боди сабо, бўйи ту аз пирањани кист?

Он хирќа, ки аз дасти ту садпора набошад,Дар савмаъа аз гўшанишинон ба тани кист?

Њар љома, ки бошад ба тан, аз об шавад тар,Он об, к-аз ў љома нашуд тар, бадани кист?

Ањсант, Камол, ин на ѓазал, оби њаёт аст,Имрўз бад-ин лутфу равонї сухани кист?

***Ин меваи ширин магар аз боѓи бињишт аст?В-ин њури бињишт аз шакари ноб сириштаст?

Дар боѓи бињишт ин ќаду рухсор надиданд,Ин сарв кї биншондаву ин лола кї киштаст?

Ин љо сухани сарв нагўем, ки паст астВ-ин љо сифати моњ нахонем, ки зишт аст.

Мо равза нахоњем, ки њар љо чу ту њурест,Савганд ба хоки сари кўят, ки бињишт аст!

Хатте, ки лабат дар назар овард чу ёќут,Инсоф тавон дод, ки Ёќут навиштаст.

Хишти дари худ бар сари ошиќ мазан, эй дўст,Моро зи сари хеш чї ѓам, њайф зи хишт аст.

Аз хирќа танат дид, Камол, он буту мегуфт:Ин риштаи борик дар ин хирќа кї риштаст?

***Љоно, ба љуз лабони ту оби њаёт нест,Ширинтар аз лаби ту ба олам набот нест.

Рўзи нахуст, эй шањи хубон, ба ошиќонРухро чаро намудї, агар майли мот нест?

Гуфтам: Давои дарди диламро хате навис,Гуфто: Даво-т чун бинависам, давот нест.

Доѓи љафо ба љони мани хастадил манењ,Рўзе, ки дар вафо-т бимирам, вафот нест.

Бар даври оразат хати сабзе, ки шуд падид,Мазмуни хат њамин, ки ба ошиќ наљот нест.

Гуфтам: Закоти лаъли лабат бўсае бидењ.Гуфто: Бирав, Камол, ки ваќти закот нест.

Page 8: ОМЎЗГОР - omuzgor-gazeta.tjomuzgor-gazeta.tj/uploads/Омузгор 42 чоп 2020.pdfНАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

«омўзгор»№ 42, 15 октябри

соли 20208

Бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуљандї китоби идонаи “Ёдкарди Камоли Хуљандї” ба нашр расид.

љаШнвора Чашмат аз гўшаи таќво бадар овард маро,Масту ѓалтон сўйи ањли назар овард маро. Камоли Хуљандї

Гар биљўянд, наёбанд ба сад ќарн, Камол,Ба иФтиХори 700-солагии камоли ХуЉандї

орзуманди диёри хешДил муќими кўи љонон асту тан ин љо ѓариб,

Чун кунад бечораи мискин тани танњо ѓариб?!

орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,Дар љањон то чанд гардам бесару бепо

ѓариб?Чун ту дар ѓурбат наяфтодї, чї донї

њоли ман?Мењнати ѓурбат надонад њеч кас, илло

ѓариб.Њаргиз аз рўи карам рўзе напурсидї, ки

чистЊоли зори мустаманди монда дур аз мо

ѓариб?Чун дар ин даврон намеафтад касе бар

њоли худ,Дар чунин шањре, ки мебинї, кї афтад

бо ѓариб?Дар ѓарибї љон ба сахтї медињад

мискин Камол,во ѓарибї, во ѓарибї, во ѓарибї, во

ѓариб! Луѓот:

1.Муќим- а.1.бошанда, сокин; муќими љое будан љой гирифтан дар мањалле, сукунат кардан. 2.Истиќоматкунандаи доимї, тањљої; муќим шудан љо гирифтан; сокини љое шудан ба таври доимї, сукунат.

2.Ѓариб- а. 1.аљиб, бадеъ, ѓалатї; чизи нав ва нодир; аљибу ѓариб шигифтовар, аљоиб. 2.Мусофир; дурафтода аз ватан, аз хонумон људо, бе ёру диёр. 3.маљ.бекас; бечора; шоми ѓарибон а) кит. аввалин шаби мотам баъди дафн; б) шаби пурѓаму андуњи њиљрон ва танњої.

3.Мискин- а.1.фаќир, бенаво, бечиз, ќашшоќ; мунъиму мискин дорою камбаѓал. 2.Тамоман аз тобу тавонмонда, нотавон, ољиз; бечора.

4.Ѓурбат- а.1.људої аз ватан, дурї аз ёру диёр, ѓарибї, мусофирї; ѓурбат ихтиёр кардан тарки ватан кардан. 2.он љо, ки ватани кас нест, љои дур аз хонумон; дар ѓурбат дар дурї аз ватан, дар мусофирї; диёри ѓурбат љое, ки кас дар он ѓарибу мусофир аст; ѓарибї. 2.гуфт.,маљ.љанљол, хархаша; ѓурбат кардан љанљол кардан, маѓал бардоштан; сари беѓурбати худро ба ѓурбат мондан ба коре иќдом карда, худро ба ташвиш андохтан, ба коре њамроњ шуда худро гирифтори дарди сар кардан.

5.Илло- а.ба љуз, ѓайр аз, магар, магар ин ки; ва илло агар не, вагар на; илло ту ѓайр аз ту.

6.Карам.-а.марњамат, иноят; саховат, њиммат, кушодадастї, љавонмардї; лутфу карам, мењрубонї ва мурувват.

7.Мустаманд- а.1.ѓамгин, андуњгин, 2.муњтољ, њољатманд, бечора. 3.маљ. ошиќ, гирифтор.

Мавзўи марказии ин ѓазали риќќатангез ѓарибист. Ѓарибї ба маънои дуюми луѓавиаш, яъне мусофирї; дурафтодагї аз ватан, аз хонумон, људої аз ёру диёр ва инчунин, ба маънои сеюмаш (маљозан бекасї, бечорагї) мавриди корбурди шоир ќарор гирифтааст. Дар ин ѓазал шоир аз санъатњои бадеии маљоз, истиора, таљоњули ориф, њисомезї, такрор ва тазод истифода бурдааст. Он чи ки мавриди таваљљуњи мо ќарор дорад, пеш аз њама, баёни матлаби шоир мебошад, ки аз афкори орифонаи ў бармеояд.

Аз байти матлаъ зоњиран чунин маънї бармеояд, ки шоир аз муќими кўи љонон будани дили худ ва тани танњо мондани хеш шиква мекунад. Аммо ин хулосаи зоњирї аз њадафи Шайх Камоли ориф хеле дур аст. Вожањои дил ва рўњ бисёр воќеъ шудааст, ки чун муродифи якдигар дар ашъори орифона мавриди корбурд ќарор гирифтаанд. Љонон тибќи истилоњоти тасаввуф сифати ќайюмист, ки ќиёми љумла мављудот ба ўст, ки агар он даќиќа пайваста мављудотро намебуд, њеч чиз вуљуд ва баќо намеёфт. Шояд шоир дар ин байт гуфтанї бошад, ки дилу рўњи ман дар боргоњи Кибриё иќомат дорад ва тани ман дар олами сифлї ѓарибона умр ба сар мебарад. Ин тани бечораи нотавон дигар илољи рањої аз ин зиндони махуф надорад. Хешро дар фироќи наздиктарин каси худ, ки дил аст, танњову бекас ва ѓариб эњсос мекунам:

Дил муќими кўи љонон асту тан ин љо ѓариб,

Чун кунад бечораи мискин тани танњо ѓариб?!

Байти дуюм давоми мантиќии байти аввал буда, зоњиран таъкид мегардад, ки ман орзуманди диёри худ ва ёрони худ њастам. Дар љањон то кай чунин бесару бепо ва ѓарибона умр ба сар мебарам? Диёре, ки шоир орзуманди он аст, аз диёри воќеии ў фарсахњо дур ва дастнорас аст. Он диёр дар олами улвї ва кишвари малакутї мављуд аст.

Дар байти мавриди назари мо Шайх Камол низ чун Хоља Њофизу Мавлоно Љалолиддини Балхї орзуи расидан ба он диёри ормонии худро мекунад, ки дар он љо ёрону њаммаслаконаш ќарор доранд. Муфориќати эшон њушу зењни

шоирро аз олами носут ба сўи олами лоњут кашон- кашон мебарад. Орзу дар истилоњоти сўфия майл аст ба асли худ, бо андак огоњї ва илм ба баъзе аз аслу маќсад:

орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,Дар љањон то чанд гардам бесару бепо

ѓариб?Дар байти сеюм шоир таъкид

менамояд, ки аз сабаби дучори ѓарибї нашуданат њоли маро аз куљо медонї? Ранљу азоби ѓарибиро танњо ѓарибон медонанд. Маънии ирфонии байт дар вожаи мењнат ифода ёфтааст, ки маънои зањмат ва алами ихтиёрї ва ѓайриихтиёрии аз сабаби маъшуќ ба ошиќ расидаро ифода мекунад. Онњое, ки солики ин сулук нестанд, аз ин ранљ ѓофиланд:

Чун ту дар ѓурбат наяфтодї, чї донї њоли ман?

Мењнати ѓурбат надонад њеч кас, илло ѓариб.

Байти чоруми ѓазал зоњиран оњанги шикоятї дошта, шоир гила мекунад, ки ту њаргиз аз рўи лутфу мењрубонї напурсидї, ки мани муњтољ ва дармонда дар ѓарибї чї њол дорам? Вожаи калидии ин байт карам буда, муродифи лутф аст, ки дар истилоњ парвариш додани ошиќро мегўянд, ба тариќи мувосот ва мувофиќат, ки њадафи шоир низ дар њамин маънї ифода меёбад:

Њаргиз аз рўи карам рўзе напурсидї, ки чист

Њоли зори мустаманди монда дур аз мо ѓариб?

Дар байти панљум шоир таъкид мекунад, ки дар ин даврон касе бар њоли худ дар чунин шањре, ки мебинї, бо ѓариб њамдам намешавад. Ин маънои зоњирии байт аст. Њол дар ин байт маљозан ба маънии ихтиёр низ омадааст. Мухтор набудани банда дар мадди назари шоир аст. Орифе сароњатан иброз доштааст, ки бандаро ба ихтиёр чї кор?! Шоири ориф дар ин љодаи пур аз мушкилот рўњан худро танњо эњсос мекунад:

Чун дар ин даврон намеафтад касе бар њоли худ,

Дар чунин шањре, ки мебинї, кї афтад бо ѓариб?

Дар маќтаи ѓазал шоир зоњиран таъкид менамояд, ки дар ѓарибї љон ба сахтї месупорад. Истифодаи санъати

такрор ин хабари риќќатангезро дањчанд муассиртар кардааст. Аммо чунонки дар боло зикр намудем, ин ѓазал дорои ифодањои мармуз буда, љон додан киноя аз фонї шудан аст, ки василаест барои ворид шудан ба олами баќо. Инчунин, мурдан тибќи истилоњ тард ва рондагиро гўянд аз њазрати Њаќ субњона ва аз њаќиќат баид нест, ки шояд шоир њамин маъниро дар назар дошта бошад:

Дар ѓарибї љон ба сахтї медињад мискин Камол,

во ѓарибї, во ѓарибї, во ѓарибї, во ѓариб!

Албатта, хонандагони нисбатан ноогоњ аз ин ѓазали мармуз хулосаи сатњї мебароранд ва гумон мекунанд, ки шоир дар ѓарибиву бекасї ва бечорагиву мањрумиятњои моддиву маънавї хорињо дидаву азиятњо кашида, умри азизи хешро барбод дода бошад. Дар асл чунин набуд, зеро Шайх Камол дар муњољирати худ аз зодгоњаш дучори хориву зорињо нашудааст. Зеро ў дар мулки бегона њам соњиби мартабаи баланд буд ва љоњу љалолу мартабаи воло дошт, пири ихлосмандону пайравон ва иродатмандону муридони нињоят зиёде буд. Ба ќавли шоире:

Хории ѓурбат набинад, њар киро љавњар накуст,

Лаъл чун аз кон баромад, дар миёни зар нишаст.

равшани ЊаМроЊшоир, номзади илмњои филологї

Шарњи як ѓазали машњури Камоли Хуљандї

Мухаммас бар ѓазали Камоли ХуљандїЃарибонро харидорї накардї,Хушам њангоми бедорї накардї,Тарањњум њини беморї накардї,«Ба ёрони куњан ёрї накардї,Љафо кардї, вафодорї накардї».

Шавам вайрону хоњам бошї обод,Ба банд афтам, вале монї ту озод,Насозам аз љафоят доду фарёд,«Хўрам гуфтї ѓами ту, ту бизї шод,Маро ѓам кушту ѓамхорї накардї».

Манам дар ёди рухсорат мушавваш,Чї месозам кунун бо ќалби ѓамкаш,

Бипурс аз њоли ман, эй моњи беѓаш,«Дилам пайваста медорї ба оташ,Ба ман з-ин беш дилдорї накардї».

Ба њар љо по нињодам, дил туро кофт,Ба поят хеш бењолона партофт,Басо хоре варо он лањза бишкофт,«Дило, аз нола булбул васли гул ёфт,Чаро зорї бар ин зорї накардї».

Ба сад уммеду садњо беќарорї,Кашидам рўйи роњат интизорї,Задї њар дам ба сина захми корї,«Ба чашмат гў, чї монд аз зулму хорї,Ки зери тоќи зангорї накардї».

Чу нанњодї ба захмам њељ марњам,Накардї аз дилам кам зарраи ѓам,Зи дунё бигзарам бо чашми пурнам,«Касе дар њоли сињњат хун кунад кам,Ту худ дар айни беморї накардї».

Зарифї моњи рўят шуд харидор,Туро бошад ба наќди љон талабгор,Маро бишмор дар ишќат сазовор,«Камол, он шўхчашм аз худ маёзор,Чу њаргиз мардумозорї накардї».

Исмоил зарИФї

«Њабдањ чаман» бо тарљумаи 17 ѓазали Камоли Хуљандї

Дар шањри Хуљанд бо ташаббуси шуъ-баи суѓдии Иттифоќи нависандагони Тољикистон ва кормандони муассисаи дав-латии «Маркази илмии Камоли Хуљандї» ва дастгирии бевоситаи раиси вилояти Суѓд Раљаббой Ањмадзода бахшида ба 700-сола-гии Камоли Хуљандї китоби наве тањти ун-вони «Њабдањ чаман» (тарљумаи 17 ѓазали Камоли Хуљандї ва 17 гуфтор дар бораи ў бо 8 забон) тариќи нашриёти «Хуросон» нашр гардид. Мураттибони китоб Бањром Рањматов ва Фирўза Ќодирова мебошанд.

Маќсади асосии мутарљимон зимни тарљума шинос намудани хонандагони гуно-гунзабон (форсї-тољикї, англисї, олмонї, чинї, ўзбекї, арабї, урду ва русї) бо наму-наи эљодиёти шоири мумтози тољик аст.

Нуъмон раЉабзоДа, “омўзгор”

Page 9: ОМЎЗГОР - omuzgor-gazeta.tjomuzgor-gazeta.tj/uploads/Омузгор 42 чоп 2020.pdfНАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

«омўзгор»№ 42, 15 октябри

соли 2020 9Солњо гар бинависам сифати муштоќї,Монад аз шавќи ту садсола њикоят боќї. Камоли Хуљандї љаШнвора

Китоби нав бо номи «Камол Худжанди в россии: Исследования и переводы» дастраси хонандагон гардид.

Булбуле чун ту ѓазалхон ба чаманњои Хуљанд. Ба иФтиХори 700-солагии камоли ХуЉандї

Эњтиром ба шоири мумтоз

Шеъри ў дар ављи аълост!Бањори соли 2016 моро насиб шуд, ки бо даъ-вати Раиси Љумњури Тољикистон, Пешвои милла-ти тољик Эмомалї Рањмон њамроњи адибону оли-мони тољики Ўзбекистон Асад Гулзодаи Бухорої, Шониёз Мўсоев ва Файз Мањмуд дар тантанањои љашни Наврўзи Тољикистон ва Анљумани адибони њавзаи Наврўз иштирок намоям.

Мувофиќи барномаи љашн, баъди тантанањои идона дар Душанбе мо бо

як гурўњ мењмонони хориљї ва адибону олимо-ни Тољикистон дар љашни Наврўзи диёри шоири шањир Наќибхон Туѓрали Ањрорї дар Зосун ва зодгоњи Камоли Хуљандї - Хуљанди бостон низ иштирок кардем.

Хуљанд шањри зебост. Бењуда нест, ки онро «Тирози љањон» гуфтаанд. Дар ин љо бузургони зиёде гузаштаанд. Ќањрамони халќи тољик Те-мурмалик барои шарафи ин шањр муборизаи ша-дид бурдааст. Камоли Хуљандї бо ашъори дилпа-

зири худ онро ба олам машњур кардааст. Хуљанд шањри дўстї, шањри вањдат , шањри шоирону оли-мон, ифтихори Тољикистони соњибистиќлол аст.

Наќшу нигори толору деворњои осорхона аз рўзгори одамони даврањои гуногун – асри сангу биринљї, замони Зардушту Искандар, истилои арабу муѓул то рўзњои мо њикоят мекунанд...

Баъд моро ба боѓи Камоли Хуљандї њидоят намуданд. Раиси шуъбаи вилоятии Иттињоди на-висандагони Тољикистон Ањмадљон Рањматзод ва раиси Маркази илмии Камоли Хуљандї Фах-риддини Насриддин њамроњї мекарданд. Дар иб-тидо мо маќбараи Хоља Камолро зиёрат кардем.

Њавлии хона - музей аз ќисмњои дарун, берун ва боѓ иборат буда, ба он аз дарвозаи чўбини кандакоришуда медароед. Пеш аз даромадан занљири зулфини дарро таќ-таќ мезанед. Дар як табаќи дарвоза занљир барои мардон, дар табаќи дигар барои занон овехтаанд. Роњбалади мо Иноятхон маънои њар яки онњоро мефањмонад: агар дар њавлї мард набошад, ба он љо дарома-дани мард мумкин нест. Занњо бояд занљири ба-рои занон муќарраршударо кўбанд, ки овозаш мањину пасттар аст...

Сонї мо вориди њавлии берун шудем, ки дар даромади дар мењмонхона дорад. Дар ин љо ки-тобхона ва дарсхонаи шогирдон њам њаст. Мо дар њамин дарсхона бо мухлисони каломи бадеъ, адибон ва эљодкорони љавон, ворисони сухангўю

сухансанљи Камоли Хуљандї дар мулоќот шу-дем. Муаллифи ин сатрњо оид ба омўхтани эљодиёти Камоли Хуљандї дар Ўзбекистон, аз љумла, аз љониби олимони Самарќанд дар бар-нома ва китобњои дарсии мактабњои миёнаву олии Ўзбекистон дохил шудани њаёт ва эљодиёти ў, аз љониби њофизону овозхонони Ўзбекистон суруда шудани шеърњои Камол, тарљумаи ашъо-ри Камол ба забони ўзбекї ва ѓайра сухан ронд.

Сипас мо ба њавлии дарун даромада, бо ашё-ву анљоми рўзгори замони Камол, тарзи боф-тани матои адрас ва дигар намудњои њунарњои мардумї, ки занони њунарманди Хуљанд бо мањорати хоса машѓули он буданд, шинос шудем.

Дар охир аз боѓи Камол, ки ќисми сеюми њавлиро ташкил менамояд ва бо анвои гулу да-рахтон зеб дода шудааст, дидан кардем.

Мо аз ин кошонаи илму адаб бо як љањон таас-сурот баромадем ва хушњол гардидем, ки Камоли Хуљандї гарчи дур аз Ватан, дар ѓарибї ин ду-нёро тарк намудааст, лекин номи неки ў бо ашъ-

ори дилпазираш дар ёди њамдиёронаш њамеша боќист.

Таваљљуњ ба эљодиёти Камоли Хуљандї аз љониби мухлисони ў дар Ўзбекистони имрўза низ хеле зиёд аст. Аз љумла, ѓазалиёти пурмазмуни ў аз љониби шоир ва тарљумони маъруф Олимљон Бўриев басо салису равон тарљума шудааст.

Мо њам аз ин љашнвораи пурфайзи адабї дар канор намонда, ба чанд ѓазали шоир мухамма-си шогирдонае гуфтем, ки яке аз онњо дар китоби тозанашри мо “Нури Зиё – 101 мухаммас” (Тош-канд, 2018) љой дода шудааст.

Гуфтем, гуфтем(Мухаммас бар ѓазали Камоли Хуљандї)

рухат нури сањар гуфтем, гуфтем,ќадатро гар шаљар гуфтем, гуфтем,Ду чашмат шуълавар гуфтем, гуфтем,“рухат рашки ќамар гуфтем, гуфтем,Лабатро гар шакар гуфтем, гуфтем.”

Љањон гар тан, ту љонї ин љањонро,Гарон лаълу гуњар њастї ту конро,Чу гулдаста битобї бўстонро,“Чу ширинтар зи љонї дўстонро,зи љонат дўсттар гуфтем, гуфтем.”

ба ту кардем ишќ изњор эй ёр,Њама олам баромон гашт гулзор,ба мо гуфтанд ёрон бош њушёр, “Чу сирри ишќи мо донист аѓёр,ба ёрон ин хабар гуфтем, гуфтем.”

бигуфтам: њар чї шуд, ту пушти сар нењ,Сабаќ бар носипосонат дигар дењ,зи бањраш бигзару санге бар ў нењ.“раќибатро, ки саг бисёр аз ў бењ,Чї шуд, гар з-он батар гуфтем, гуфтем.”

ба ман њар чї бигуфт, њамсоѓарат гуфт,Њаќиќат гуфт, њам андар барат гуфт,Чу аслї њарфњои пурсудат гуфт,“Чї ранљї, гар Камол они худат гуфт,Дурўѓе ин ќадар гуфтем, гуфтем.”

аслиддин ќаМарзоДа, академики академияи

фанњои Турон, Корманди шоистаи фарњанги

Љумњурии Ўзбекистон, узви Иттињоди

нависандагони Тољикистон, Самарќанд, 22 январи соли 2019

Машраби ин бузургвор олист ва сухани ў софї. Воќеан, пояи ин мард бисёр баланд аст.

Њофизи Шерозї***

Љомї аз он лаб сухан оѓоз кард,Шуд лаќабаш тўтии

шаккармаќол.Ёфт камоле суханаш, то

гирифтЧошние аз суханони Камол.

абдурањмони Љомї***

Дар њар байти ѓазалњои Камол шўр ва хушию сармастї мављ ме-занад.

Гулнисо Муњаммадї, муњаќќиќи афѓон***

Бисёр Камоланд, Каримї, ба љањон, лек

Онро, ки камоли сухан аст, он зи Хуљанд аст.

***Ѓазалсароиро чун тахаллуси

худ ба пояи камол расонидааст.Њусайнќулихони азимободї

***Баъди фавташ аз асбоби дунё

дар њуљраи ў ѓайр аз буриёву сан-ге, ки зери сар менињад, чизи дигар наёфтаанд ва ба лавњи ќабри ў ин байт сабт аст:

Камол, аз Каъба рафтї бар дари ёр,

Њазорат офарин, мардона рафтї.

ќозї Муњаммадсодиќхони ахтар

***Сухани ў ба мартабаест, ки

бештар аз он мутасаввир нест.алишери Навої

***Ѓазалњои риндона, ки дарунмо-

яи риндиву маломатї дорад ва дар мењвари онњо… сарзаниши мудда-иёни бехабар ва ситоиши ишќ аз сармастї ќарор дорад, намунањои он дар девони Камол фаровон аст.

ањмадалї разони бухорої***

Ў аз барљастатарин машоихи тасаввуф буд, ки шеъру адабро бо порсоиву зуњд ва инзиво дар њам омехт.

Маљиди Шафаќ***

Девони ашъори ў њовии ѓазалиёту ашъори орифонаи бисёр мебошад.

Мирзо МуњамадалииМударрис

***Хоља Њофизи Шерозиро ба

Шайх Камол њулуси эътимод му-аккад буда ва њамвора суханњои Шайх талаб намудї ва аз ѓазалњои Шайх вайро њолеву завќе њосил шудї…

Давлатшоњи Самарќандї ***

Чун баъди вафоти вай хонаи ўро диданд, ѓайр аз буриёе, ки дар вай менишаста ё мехуфта ва сан-ге, ки бар зери сар менињода чизи дигаре наёфтанд.

Муњаммад Маълуми Шерозї

***Шайх Камол дар латофати

сухан ва диќќати маонї ба мар-табаест, ки беш аз он тасаввур наметавон кард.

Хондамир***

Шайх Камоли Хуљандї аз ањли њолу соњиби камол буд, ањволаш дар кутуби дигар мастур аст. Муосири Шамсиддин Њофизи Шерозї аст ва љониби Њофиз ба шунидани баъзе ашъораш мањљуз ва мутаассир шуда.

Сирољиддин алихони орзу***

Њар байти Камол, албатта, як мазмуни хоси обнарасида дорад ва ў аз дигарон њам њамин мазму-ни хосро талаб мекунад. Камол устоди бузурги забон аст. Ў дар аксар байтњои худ як ё ду суха-ни думаънидорро кор мефармояд, ки бо гирифтани њар кадоми он маънињо мазмуни он байт пурра мебарояд.

Садриддин айнї***

Камоли Хуљандї… яке аз барљастатарин устодони назм мебошад. Ѓазалњои ў равон ва хушоњанг буда, баъзе аз онњо бо мавзўъ ва мазмуни худ ѓазалњои Њофизро ба хотир меоранд.

бобољон Ѓафуров***

Шоири ширинкалом Камоли Хуљандї бо ашъори латиф дар таърихи адабиёти тољику форс мавќеи босазое дорад ва бо Саъдї, Њофиз, Љомї ва ѓайра дар як ќатор меистад.

Холиќ Мирзозода***

Камол дар таърихи адабиёти тољик њамчун шоири лирик шинох-та шудааст. Лирика рўњ ва раво-ни назми шоир мебошад. Вай ин навъи шеъри тољикиро дар адаби-ёти мо ба ављи боло ва олитарин мартабаи фасоњат расонид.

Шарифљон Њусейнзода***

Камоли Хуљандї дар мактаби адабии пешгузаштаи адабиёти форсу тољик тарбия ёфта, дар бой гардидани хазинаи ин адабиёт њиссаи босазое, наќши тозае аз худ боќї гузоштааст.

аълохон афсањзод***

Лекин њаќиќат он аст, ки маќому мартабаи ирфонї ва завќу њунари шоирии Шайх Ка-мол њар ду дар як маќоманд ва яке дигареро такмил медињад. Иршоди роњнамоии ўро бидуни шеър ва шеъри ўро бидуни рўњу равони ирфонї тасаввур наме-тавон кард.

абдуманнони Насриддин

Тањияи Њасан аЛИМзоДа, омўзгори мактаби №10 ба номи

Камоли Хуљандї, ноњияи айнї

Сањифапайвандроа. МуроДї ва Н. оХуНзоДа

ба чоп омода карданд

Page 10: ОМЎЗГОР - omuzgor-gazeta.tjomuzgor-gazeta.tj/uploads/Омузгор 42 чоп 2020.pdfНАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

«Омўзгор»№ 42, 15 октябри

соли 202010 адабиёт ва љомеа

Бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуљандї китоби “Туњфаи љон” аз чоп баромад.

Ба кўйи ишќ бошї шермарде,Агар бошад ба рўят гарди дарде. Камоли Хуљандї

муњовара-устод, бо сафари хидматї бо

њадафи ошної аз вазъи таълиму тарбия дар чанде аз шањру навоњии вилояти Суѓд ба ин минтаќаи хирадгустару маърифатпар-вари кишвари мањбубамон ома-дам. Хостам барои њафтаномаи «омўзгор» бо шумо дар њошияи ин сафар суњбате дошта бошам.

-Чї хубе! Мо ба на-шрияи «Омўзгор» њамеша таваљљуњмандем. Ин нашрия собиќаи дерин ва таърихи рангин дорад. Сањми он дар такмили таъ-лиму тарбияи насли наврас, инъи-коси воќеии њаёту фаъолияти ањли маориф баѓоят бузург аст. Илова бар ин, ман хуб медонам, ки на-шрияи «Омўзгор» (собиќан «Ма-ориф ва маданият» ном дошт») дар рушди адабиёти тољик низ хидматњои арзишманде кардаасту мекунад. Дар ин нашрияи бонуфуз зумрае аз адибони номвари тољик кор кардаву навиштањои худро ба чоп расондаанд. «Омўзгор», ба мушоњидаи ман, имрўз низ барои нашри осори адибон, омўзгорони эљодкор ва ба вижа, ќаламкашони љавон њамеша љидду љањд менамо-яд. Бояд гуфт, ки адабиёти бадеї бо таълиму тарбия иртиботи ногусастанї дорад.

Маълум, ки нахустњадафи адабиёт мусоидат ба тарби-яи инсони комил аст. Асари бадеї неруи тавонову муасси-рест, ки инсонњоро ба накукори-ву хушнињодиву шарафмандї, ба ватандўстиву бунёдкорї ва дўстиву башарпарварї њидоят менамояд. Хонанда зери таъси-ри каломи адиб эътимод пайдо мекунад, ки: «дониш андар дил чароѓи равшан аст», «њељ ганље нест аз фарњанг бењ», «касеро, ки коњил бувад, ганљ нест», «њунар пояи мард афзун кунад», «су-хан шоњиди љилвагоњи дил аст», «хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар», «ибодат ба љуз хидма-ти халќ нест», «бувад дўст мар дўстро чун сипар», «одамон аз дўстї ёбанд бахт», «накукорон њамеша растагоранд», «фатњу ки-шоиш орад дасти дуои модар»… Ва ин хама тарбия аст, тарбияи инсонгароёна ва самарбор. Биду-ни њадафи тарбиявї ќалам ба даст гирифтану азму эљод кардани на-висанда маъние надорад. Њар аса-ри хуб дар афкору омоли хонанда инќилобе ба вуљуд меорад, ўро кўшову љўёву пўёву љасуру иро-датманд месозаду ба кирдори нек рањнамун менамояд.

Алќисса, адабиёт ва таълиму тарбия ду боли як шоњини ба-ландпарвозанд. Ва аз ин рў, ме-тавонем бигўем, ки ин суњбати мо на дар њошияи сафари хидматии шумо ба таълимгоњњои вилояти мо, балки дар доираи ин сафар баргузор мешавад.

- бисёр хуб гуфтед. аз таваљљуњатон ба њафтаномаи «омўзгор» сипосгузорем. Њамакнун мегуфтед, ки вазъи корњо дар бахши Иттифоќи на-висандагони Тољикистон дар вило-яти Суѓд чї гуна аст? Солњои охир чї тадбирњое бо ибтикори бахш дар вилоят амалї гаштаанд?

- Фаъолияти бахши мо мувофиќи наќшаи муайян дар чанд шоха љараён дорад. Нахустањдофи мо мусоидат ба рушду такомули адабиёт дар ви-лоят, дастгириву рањнамоии ади-бон, чопи осори онњо, ташкили робитаи њамешагии ањли адаб бо мардум, таљлили шоистаи љашну солгардњо, муњокима ва тањриру такмили асарњои тозаэљоди ади-бон ва амсоли инњо мебошад. Во-баста ба ин њама баъзе комёбиву дастовардњо дорем, ки њоло на аз рўи худситої, балки дар ирти-

бот ба маќоли «ситоиш бо дўст некуст» баъзе аз онњоро тавзењ мебахшам. Мо дар фаъолияти хеш, пеш аз њама, ба нашри китоб таваљљуњ дорем. Китоб парчаме дар дасти ањли ќалам, баёнгари фаъолияти барљастаи эшон аст, китоб пулест, ки эљодкоронро бо ањли љомеа мепайвандад. Ба ша-рофати китоб нависанда бо мар-дум иртибот пайдо мекунад, дар љомеа мавќеи шоистаи худро дар-меёбад, писанду мањбуби њамагон мегардад. Дар диёри арљманди мо дар солњои истиќлол маќому мар-табаи китоб ба шарофати сиёсати хирадгустаронаи Пешвои мил-лат, муњтарам Эмомалї Рањмон њамвора боло меравад. Сарвари

кишварамон китобро «машъали хирад» ва «фурўзонгари љодањои ростин» номида, аз ањли мамла-кат чунин даъват бинмудаанд: «Мо миллати фарњангї, тамад-дунсоз ва аз насли ориёї буда, бояд ба таърихи гузаштаамон њар чї бештар рў оварем ва дар ќалби фарзандонамон мењри китобхонї ва љустуљўи илму донишро љой

кунем».Имрўз дар љумњуриамон дар

заминаи нигоњи неки Пешвои миллат ба «фурўѓи субњи доної» дар нашри асарњои шоиставу њунармандона ва баландѓояи адибон монеае намондааст, ки ин нуктаро дар мисоли фаъолияти бахши мо низ метавон собит кард. Бовар кунед, њар моњ ду-се кито-би тозаи адибони вилоят ба нашр мерасад, ки дар ин кор бахши Иттифоќи нависандагон наќши мењварї дорад. Соли гузашта ки-тоби «Осори устод Рўдакї»-ро бо њуруфи сириллик ва форсии ара-биасос бо сифати баланду ороиши дилчасп ба нашр расондем, ки ба як њодисаи гуворову сурурбахш табдил ёфт. Нусхањое аз ин ки-тоби мунаќќашро ба мењмонони љашни Наврўз дар вилоят таќдим намудем. Њамчунин, бо ибтикори бахши мо ва дастгирии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ви-лояти Суѓд дар давоми як-ду соли охир китобњои адибони номвари вилоят Гулнози Тоњириён «Ча-три наљоти садо», Анвари Олим «Дар ломакон», Додохони Эгам-зод «Нигина ва Мирмалик», Маъ-руф Бобољон «Тавба», маљмўањои

адибони љавон Тањмина Мисробї «Ќиблагоњам, ёдгоњам», Замираи Њољї «Чашмаи мењр», Омина Муњиддинова «Фариштаи њунар», Камоли Рўмонї «Аз обак то оф-тобак» ва як силсила китобњои дигар ба нашр расиданд. Њодисаи дигари басо фарањбахш нашри китоби «Пешвои муаззами мо» (ба ифтихори Рўзи Президент ва оѓози кори чархаи дуюми НБО-и Роѓун) гардид. Ин китоб ба та-моми муассисањои таълимї ва марказњои илму фарњанги вилоят ройгон таќсим карда шуд. Чопи китоби мазкур низ бо ташаббу-си бахши вилоятии Иттифоќи нависандагони Тољикистон ва дастгирию маблаѓгузории раиси

вилояти Суѓд ба вуќўъ пайваст. Бахшида ба Дањсолаи байнал-милалии амал «Об барои рушди устувор, солњои 2018-2028» ва Конфронси байналхалќии сатњи баланд дар шањри Душанбе кито-би бузургу мусаввари «Вилояти Суѓд: захирањои об ва истифодаи онњо»-ро бо сифати баланд ба нашр расондем, ки аз љониби хо-

нандагон истиќболи гарм дарёфт ва бознашр њам шуд.

Хеле сипосгузор аз онем, ки дар нашри китобњо моро раи-си вилоят, муњтарам Раљаббой Ањмадзода, Маркази илмии Камоли Хуљандї ва нашриёту чопхонањои вилоят мунтазам дастгирї менамоянд.

Китоб сарчашмаи хираду маъ-рифат аст ва мо мекўшем, ки пай-ванди маънавии ањли љомеа бо китоб њар чї бештар ва неруман-ду самаровар бошад.

-албатта, фаъолияти бахш танњо бо нашри китоб мањдуд намешавад ва бовар дорем, ки дар самтњои дигар низ бахш амалиёти судманду фарогир роњандозї шуда-аст.

-Мекўшем, ки робитаи ади-бонамон бо мардум, бо доираи васеи хонандагон њар чї бавусъ-аттар бошад. Дар боло перому-ни чопи китобњо њарф задем. Во-баста ба ин, бояд бигўям, ки мо расми муаррифии аксар китобњои тозанашрро дар таълимгоњњову идораву ташкилотњо баргузор менамоем. Дар ин кор мањфили адабии «Суханварони Суѓд» фа-ъол аст. Тавассути ин мањфил,

њамчунин, њамоишњои адабї бахшида ба эљодиёти адибон Муњиддин Хољазод, Муќим Воњид, Матлубаи Мирзоюнус, Абдуњамид Љўраев, Равшан За-мир, Камоли Рўмонї… баргузор шуданд. Фаъолияти мањфилњои адабии «Наврўзи љањонї», «Тољикистон-Ватани азизи ман», «Адибони вањдатсаро» низ муас-сиру муњтавоманд ва љолиб аст. Ба масал, њамоишњои мањфили «Адибони вањдатсаро» дар шањру ноњияњи Исфара, Хуљанд, Кони-бодом, Б.Ѓафуров, Љ.Расулов, Кўњистони Мастчоњ, Айнї, Панљакент, Зафаробод, Ашт бо иштироки адибон А.Рањматзод, Фарзона, Маъруф Бобољон,

М.Хољазод Д.Эгамзод, М.Воњид, Гулноз, Озарахш, Љўра Юсуфї дар сатњи баланд баргузор шу-данд ва њозиринро ба ваљд овар-данд.

Бо ибтикори мањфили «Тољикистон-Ватани азизи ман» дар шањри Хуљанд базми эљодии шоири шинохта, ба-рандаи Љоизаи ИН Тољикистон ба номи М.Турсунзода Акбари Абдулло ва дар шањри Истарав-шан базми эљодии нависандаи маъруф, барандаи Љоизаи ИН Тољикистон ба номи С.Айнї Ато Њамдам љараён ёфт, ки низ хотирнишину фарањфизо буд. Дар мањфилњои ёдбуди ади-бон Норинисои Алимуњаммад (дар Хуљанд), Ќурбон Алї (дар ноњияи Б.Ѓафуров), Мирзо-мурод Њошимзода (дар Иста-равшан), Озод Аминзода (дар Хуљанд) њаводорони каломи ба-деъ фаъолона ширкат варзиданд. Мањфили адабию илмии «Ганљи сухан», ки моње як маротиба дар сатњи баланд баргузор мешавад, дар тамоми љумњурї шуњрат до-рад, њаводорон низ. Њамоишњои ин мањфил банавбат дар шањру ноњияњои гуногуни вилоят со-змон дода мешаванд. Мо, ба вижа, аз кори мањфили ада-бии «Дўстии адабиётњо-дўстии халќњо» ќаноатмандем. Он дар тањкиму таќвияти рафоќату њамдилии халќњои тољику ўзбеку ќирѓиз њам дар дохили вилоят ва њам хориљ аз он наќши муас-сир дорад. Бо ширкати адибони ўзбекистонї Асад Гулзода, Ас-лиддин Ќамарзода ва чанде аз олимони ин љумњурии њамсоя дар китобхонаи вилоятии ба номи Т.Асирї њамоиши махсуси мањфили мазкур баргузор шуд, ки ба базми дўстиву бародарї табдил ёфт.

Дар мањфили «Шукўњихонї», ки мо байни муассисањои таъли-мии 12 шањру ноњияи вилоят таш-кил намудем, хонандагони зиёде иштирок карданд ва дар љамъбаст 14 нафар пирўзу соњибмукофот гаштанд. Мањфилњои вилоятии «Рўдакихонї», «Камолхонї», «Туѓралхонї» ва «Лоиќхонї» дар минтаќањои гуногуни вилоят

љараён ёфтанд ва ба љалби доираи васеи хонандагон ба адабиёти бадеї мусоидат карданд.

- Имсол дар љумњурї 700-со-лагии шоири маъруфу пуровозаи тољик Камоли Хуљандї таљлил мешавад. бовар дорем, ки ин љашн дар шањри Хуљанд, ки зодбуми шоир аст, шукўњи вижае хоњад дошт.

-Мо дер боз ба ин љашн омодагї дорем. Чанд мањфили «Камолхонї» баргузор намудем. Дар нашрияњои љумњуриявию вилоятї шеъру маќолањои ади-бонамон оид ба њаёту эљодиёту бузургдошти шоири тавоно ба табъ расиданд. Дар барномањои симои вилоят низ, ки ба солљашни шоир бахшида шуда буданд, ќаламкашонамон борњо суханронї карданд.

Ба муносибати ин фархундаљашн китоби идонаи «Девони Камоли Хуљандї»-ро бо пешсухани Пешвои миллат ба чоп омода намудем. Њамчунин, ба ифтихори солљашни шоир китобњои «17 ѓазали Камол» (бо дањ забони дунё), «Маъвои дил»-и Рањим Љалил ва чанд китоби ди-гар ба нашр хоњанд расид.

Бояд ёдовар шавем, ки мо ба ифтихори 5500-солагии Сараз-ми бостонї бо номи «Саразми бостонї. Панљакенти ќадим ва навин» китоби баландсифату муњтавомандеро чоп кардем, ки маќолањои Пешвои миллат, муњтарам Эмомалї Рањмон, ра-иси вилоят, муњтарам Раљаббой Ањмадзода ва як гурўњ олимону адибони вилоятро фаро гириф-тааст. Ин китоб њамчун яке аз бењтарин њадяњо ба љашни мазкур пазируфта шуд.

-Шунидем, ки дар вилоят барои адибон љоизањои махсус таъсис дода шудаанд.

-Дуруст. Мо барои ањли эљоди вилоят Љоизаи Камо-ли Хуљандї, Љоизаи Мањастї, Љоизаи Рањим Љалил ва Љоизаи Ќутбї Киромро таъсис додаем, ки барандагонашон соњиби ни-шон, шањодатнома ва мукофо-ти пулї мешаванд. Њамчунин, њамаи адибони вилоят моње ба андозаи 150 сомонї мададпулї мегиранд. Тасмим гирифтаем, ки бо дастгирии раиси вилоят аз соли 2021 онро ба 200 сомонї дар як моњ бирасонем. Мо ба му-носибати љашнњои миллї ва дар мавридњои алоњида ба аёдати адибони куњансолу эњтиёљманд рафта, ба ќадри имкон дастгири-ашон мекунем…

Дар фарљоми суњбат устод Ањмадљони Рањматзод таман-но карданд, ки вањдату дўстиву созандагї дар Тољикистон боз њам вусъат пайдо кунанд, устуворта-ру густурдатар гарданд, хонадони мардум ободу файзбор бошад ва њамагон њаводори њамешагии ада-биёту китобу фарњанг бошанду Ватани хешро самимона дўст до-ранд.

Мусоњиб абдурауф МуроДї,«омўзгор»

Адибон њаммароми омўзгоронанд

Раиси бахши Иттифоќи нависандагони Тољикистон дар вилояти Суѓд, Шоири халќии Тољикистон Ањмадљони Рањматзод моро дар дафтари кораш, ки дар яке аз кўчањои марказии шањри Хуљанд воќеъ аст, самимона пешвоз гирифта, зуд оѓози суњбат кард: - Хуш омадед, ба Хуљанди Тољикистон! Медонед, мо, кулли ќаламкашони тољик аз тамоми манотиќи мамлакат, бо њамдигар њамеша дар иртиботи маънавием, аз њолу ањволи якдигар аз вазъи эљоду дастовардњоямон пайваста огањї дорем, ба ин нашрияњои даврї, воситањои техникии иттилоот мадад мерасонанд, вале суњбати рў ба рў, файзи дидор, балки лаззати дидор дигар аст. Ва барњаќ, «аз њар чї мерасад, сухани дўст хуштар аст».

Page 11: ОМЎЗГОР - omuzgor-gazeta.tjomuzgor-gazeta.tj/uploads/Омузгор 42 чоп 2020.pdfНАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

«омўзгор»№ 42, 15 октябри

соли 2020 11Пањнои маориФ

10 октябр дар љумњурї рўзи Фалак љашн гирифта шуд.

То хилвати дил холї аз аѓёр наёбї,Бому дари он хона пур аз ёр наёбї. Камоли Хуљандї

«ФурўЃи суБњи доної китоБ аст» масЪалаи муњим

синФи иБтидої

Барои ширкати фаъоло-на дар озмун ѓолибони

даври вилоятї аз љониби раиси вилоят, идораи рўзномаи «Ба-дахшон», идораи телевизион ва радиои вилоят, раёсатњои маорифу љавонон бо ифтихор-нома ва мукофотпулї сарфа-роз гардонида шуданд.

Тибќи хулосаи њакамон, дар номинатсияи “Аз ёд кар-дану хондани осори адибони классикии тољик” Ориёнпури Султоншо – хонандаи муасси-саи тањсилоти миёнаи умумии раќами 22-и ноњияи Рўшон ва Њикматулло Њабибуллоњзода – хонандаи муассисаи тањсилоти миёнаи умумии раќами 1-и ноњияи Дарвоз, дар номинат-сияи “Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тољик” Умар Орзуев – хонандаи мак-таби раќами 19-и ноњияи Ванљ ва Шањодати Саидљалол – хо-нандаи мактаби раќами 21-и ноњияи Дарвоз, дар номинат-сияи “Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсона-ву ривоятњои халќи тољик” Шањина Мањбатќадамова – хонандаи мактаби раќами 11-и ноњияи Шуѓнон ва Зулфи-яи Сайёд – хонандаи мактаби раќами 9-и ноњияи Роштќалъа, дар номинатсияи “Аз ёд кар-дану хондани осори адабиёти љањон” Шарифамо Одинама-мадова ва Савриноз Файзулло-бекова аз литсейи Оѓохон сазо-вори љои аввал ва иштирокчии даври чорум гардиданд.

Соли равон дар озмун до-ираи васеи одамон – тарби-ятгирандагон ва хонандаго-ни муассисањои томактабї ва тањсилоти миёнаи умумї, донишљўён, омўзгорон ва на-мояндагони касбу кори гуно-гун ширкат варзиданд.

Ёдовар мешавем, ки дав-

ри чоруми озмуни мазкур моњи декабр дар шањри Ду-шанбе баргузор мегардад ва ѓолибони даври сеюм аз њамаи шањру навоњии мамлакат дар он иштирок менамоянд.

Тавре дар Низомномаи оз-мун омадааст: «Барои ишти-рок дар даври чоруми озмун ба комиссия њуљљатњои зерин пешнињод карда мешаванд:

—маълумоти мухтасар дар бораи иштирокчї;

— рўйхати асарњои мутоли-ашуда;

— миќдори ашъори азёдшу-да;

— нусхаи чопї ва ё дастхати ашъори азёдкарда ва мазмуни мухтасари китобњои мутоли-акарда бо зикри муаллиф ва номи асар;

— суратљаласаи њайати њакамони даври сеюми озмун».

Бояд тазаккур дод, ки дар даври чоруми озмун байни ѓолибони номинатсияњо сабќат барои дарёфти Шоњљоиза су-рат мегирад. Шоњљоиза ба иш-тирокчие дода мешавад, ки аз чор номинатсия беш аз 70 фо-изи осори назмию насриро му-толиа ва њифз намудааст.

БАДАХШоН:

ХАТЛоН:

Дар Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон даври вилоя-тии Озмуни љумњуриявии «Фурўѓи субњи доної китоб аст» љамъбаст шуд. Дар ин давр 132 нафар иштирок намуда, 9 нафар ѓолиб гардид.

даври вилоятї љамъбаст ва 9 нафар ѓолиб гардид

Арзёбии сифати дониш ва меъёрњои он

Тарбия дар мадди аввал

озмун баргузор шудДар толори фарњангии Донишгоњи давлатии Бохтар

ба номи Носири Хусрав даври вилоятии озмуни љумњуриявии «Фурўѓи субњи доної китоб аст» баргузор гардид, ки дар он ѓолибони даври шањриву ноњиявї сабќат оростанд.

Озмунро Фарњод Рањимї, муовини раиси Комиссияи љумњуриявии озмун, Президенти Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, ифтитоњ намуда, ќайд кард, ки њадафи аслии озмун баланд бардоштани завќи китобхонї, таќвияти њофизаи фарњангї, дарёфти чењрањои нави суханвару сухандон, арљ гузоштан ба арзишњои милливу фарњангї, инкишофи ќобилияти эљодї, тањкими эњсоси худогоњиву худшиносї, бой гардонидани захираи луѓавї, таќвияти љањони маънавї ва фаъолгардонии доираи забондонї мебошад. Фирўза Шарифї, муовини раиси вилояти Хатлон, афзуд, ки озмун шавќ ва завќи сокинони мамлакатро дубора ба китобу китобхонї бештар намуд.

С.азИзї, “омўзгор”

Њафтаи гузашта дар толо-ри филиали ДЉТИБКСМ

дар шањри Душанбе љаласаи гурўњи корї оид ба тањияи Кон-сепсияи миллии арзёбї дар соњаи маориф баргузор гардид. Љаласаро муовини вазири мао-риф ва илми љумњурї Латофат Назирї ифтитоњ намуда, зикр кард, ки омилњои муайянкунан-

даи сифати тањсилот, љорї на-мудаани мониторинги сифати китобњои дарсї ва гузаштан ба меъёрњои арзёбї, ки бояд ин меъёрњоро муайян кунем) ба шу-мор меравад.

-Дар ин самт Вазорати маориф ва илми љумњурї бештар бо ду нињод- Маркази миллии тестии назди Президенти Љумњурии Тољикистон ва Агентии назо-рат дар соњаи маорифи назди Президенти кишвар эътимод меварзад,-афзуд Л.Назирї. Моро зарур аст, ки бо љалби мута-хассисони варзида ин масъала-ро баррасї ва дар амал татбиќ намоем. Муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти љумњурї Сабзалї Љаъфаров рољеъ ба фаъолияти мутахассисони марказ, ки шурўъ аз соли 2010 бо дастгири созмони байналмилалии СОРОС курсњои омўзиширо оид ба тањлилии арзё-бии сифати тањсилот гузаштаанд, маълумот дод. Мавсуф зикр на-муд, ки дар самти тањияи тестњо доир ба фанњои таълимї аз ар-зёбии дохилї ва байналмилалї истифода карда мешавад. На-мояндаи Институти љомеаи ку-шод дар Тољикистон Назархудо Дастамбуев изњор дошт, ки Ва-зорати маориф ва илми љумњурї пешнињоди созмонњои байналми-лалиро дар масъалаи татбиќи ар-зёбии сифати тањсилот ба инобат гирифта, дар њайати мутахасси-сони муассисањои тобеи вазорат гурўњи корї таъсис додааст. Вази-фаи гурўњи корї аз он иборат аст, ки дар заминаи лоињаи Консепси-яи арзёбї шакли такмилёфта ва

ќабулшудаи маводро ба Вазора-ти маориф ва илм ва Њукумати љумњурї пешнињод менамоянд. Мушовири лоињаи Иттињоди Ав-рупо дар Љумњурии Тољикистон, Норман Эмерсон гуфт, њадафи мо кумак расонидан ба соњаи маориф ва њалли муваффаќонаи масоили матрањшаванда, яъне арзёбии сифати тањсилот ва дар

умум, стратегияи арзёбии миллї дар Тољикистон мебошад.

-Мо,-изњор дошт Норман, - дар рўзњои наздик дар њамкорї бо ММТ аз фанњои забон ва адабиёти тољик ва математи-ка, тайи соли оянда бошад, доир ба фанњои боќимонда арзёбии сифати тањсилотро гузарониданї њастем. Ба иттилои Н.Дастамбуев, лоињаи Консепси-яи арзёбї дар навбати аввал дар њаљми 96 сањифа тањия гардида буд. Тарњи пешнињоди суфташу-даи он, ки феълан дар њаљми 16 сањифа омода гардидааст, то ан-дозае ба муњтавою ѓояи њуљљати мазкур, ки дар кишварњои пеш-рафта ќабул гардидаву амал ме-кунад, мувофиќат менамояд. Му-таассифона, то њол донишу са-води хонандагонро дар љумњурї аз рўйи меъёри 5-балла арзёбї мекунанд. Намояндаи созмони ЮНИСЕФ дар љумњурї Шањноза Валиљонбекова дар суханронии худ изњор дошт, ки то моњи дека-

бри соли равон лоињаи Консеп-сияи арзёбї бояд аз љониби Ва-зорати маориф ва илми кишвар ба Њукумати љумњурї пешнињод карда шавад. Консепсияи арзёбї дар асоси се њуљљат; консепсияи тањиянамудаи созмони Сорос, Стратегияи арзёбии миллї ва ар-зёбии ташаккулдињанда тарњрезї ва омода гардидааст. Ба њайати

корї зарур аст, ки ин аснодро омўхта, як шакли такмилёфта ва аз њар љињат ќобили ќабулро ба Њукумати љумњурї манзур намо-ем.

Бояд хотирнишон намуд, ки аз љониби Академияи тањсилоти Тољикистон дар масъалаи тањияи лоињаи Консепсияи миллї корњои зиёде анљом дода шуда-аст. Зикр кардан ба маврид аст, ки Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020 масъалаи арзёбиро њамчун яке аз бахшњои дорои мушкили системаи мао-риф муайян мекунад. Дар до-ираи татбиќи Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020 љорї намудани таълими салоњиятнок дар зинаи тањсилоти ибтидоии Љумњурии Тољикистон муаррифї карда шуд.

Сайфиддин КаМоЛзоДа,корманди аТТ,

Шодї раЉабзоД,«омўзгор»

Тайи солњои омўзгории худ

аз рўйи таљрибае, ки њосил кардаам, ба ху-лосае омадам, ки дар раванди роњандозии машѓулиятњои таълимї тарбия бояд дар мадди аввал ќарор дошта бо-шад. Зеро мушоњидањо бозгўйи онанд, ки басо шогирдон бо вуљуди донишу саводи хуб до-штан, зина ба зина хислатњои ношои-стаю номаќбулеро, аз ќабили маѓрурию худситої, нописандї, ќасду кинагирї, ќадрношиносии устодо-ну омўзгорон, волидон ва солхўрдагонро пай-до мекунанд ва боиси ташвиши омўзгорон мегарданд. Аз ин рў, ман њамчун омўзгори

синфњои ибтидої њангоми баргузо-рии дарсњо ба љанбаи тарбиявию ахлоќии мавзўъњо диќќати мах-сус медињам. Њамчунин, дар машѓулиятњои тарбиявї, зимни тавзењу тафсири мавзўъњои пешнињодшуда кўшиш мекунам, то шогирдон бо дарку фањмиши худ хулосањои дуруст баро-ранд ва рафтору амали хубро аз бад тафовут карда тавонанд. Барои ба њадафњои худ ра-сидан, машѓулиятњои тарбиявиямро бо њаллу фасл ва баррасии мавзўъњое, аз ќабили «Адаб», «Одоби наку», «Дар баёни њурмати па-дару модар», «Пиронро њурмат кунем», «Ќадр кунї – ќадр бинї ва

ѓайра ба роњ мемонам. Мусаллам аст, ки дома-ни масоили тарбиявию ахлоќї хеле васеъ буда, хонанда бояд њурмати мењмон, шартњои мењмондорї, тарзи са-лом додан ва одоби са-ломро донад, њамзамон, тартиби хўрдани таом, њурмати нонро ёд би-гирад. Дигар омил, ки ба тарбиявии маъна-вии шогирдон таъсири файзбахш мерасонад, ин одоби мутолиа ва дўст доштани китоб мањсуб меёбад. Инчунин, дар синфњои 3-4 хонанда-гон бояд одоби тањсил дар мактабро аз худ ва риоя кунанд, роњњои илму донишомўзиро љустуљў ва бо кумаки омўзгор ёд гиранд. Ин-сон њамон ваќт ба камо-

лоти маънавї мерасад, ки тамоми хислатњои неку баргузида, чун тарањњум намудан ба парандаю њайвонот, дўст ва муќаддас дошта-ни чор унсури њаёт-об, хок, оташ ва бод, тозаю озода будан, њамеша ба варзиш машѓул шудан, насињати калонсолонро гўш намудан ва ѓайраро дар нињоди хеш љой кар-да бошад. Барои ин вай бояд ваќти худро дуру-сту самаранок истифода карда, бештар омўзад, илму дониш аз худ кунад ва дар байни њамсинфон њамчун хонандаи хушахлоќ ва намунавї шинохта шавад.

Фирўза раЉабова,омўзгори мактаби

№78, ноњияи Фирдавсї

Page 12: ОМЎЗГОР - omuzgor-gazeta.tjomuzgor-gazeta.tj/uploads/Омузгор 42 чоп 2020.pdfНАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

«омўзгор»№ 42, 15 октябри

соли 202012 ФаЪоЛиЯт Бозам аз талъати худ дида мунаввар кардї,Маљлиси ман ба сари зулф муаттар кардї. Камоли Хуљандї

Панљ пањлавони шинохтаи тољик дар Grand Slam Hungary 2020, ки 23-25 октябр дар Будапешт баргузор мегардад, иштирок мекунанд.

Аз сармо њарос надорем!

Ѓалатњо ислоњ мешаванд

оинаи хонанда

китоБи дарсї даФтардорї

омодагї Ба зимистон

Инак, нимаи фасли тирамоњ сипарї шуду њаво тадриљан сард мегардад ва камобеш нафаси зимистон низ эњсос мегардад. Зими-стон фаслест, ки вобаста ба сармою боришоташ аз њамагон ва низ аз муас-сисаву ташкилоту идорањо омодагии љиддиро таќозо дорад.

Соли љорї нашри нави китоби дарсии «Гео-графияи материкњо ва уќёнусњо» аз чоп ба-ромад. Бояд гуфт, ки китоби нав аз нашрњои пешина фарќиятњо до-рад. Масалан, дар ин китоб омўзиши материкњо на аз мате-рики Африќо, балки аз материки калонтарин – Авруосиё оѓоз ёфта, пас аз он Амрикои Шимолї омўхта мешавад.

Оё муассисањои таълимии шањри Душанбе ба мав-

сими тирамоњу зимистони соли равон омодаанд? Ба ин суоли мухбири њафтаномаи «Омўзгор» сардори сарраёсати маорифи пой-тахти љумњурї, доктори илмњои педагогї Муњаммадалї Афѓонов посух гуфт.

-Масъалаи омодагї ба мавси-ми тирамоњу зимистон хеле му-брам буда, њамасола дар мењвари таваљљуњи роњбарияти љумњурї, масъулини шањру ноњияњо ва маъмурияти кулли муассиса-ву идорањо ќарор дорад. Њанўз 31 марти соли 2020 Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Оид ба сари ваќт омода на-мудани соњањои иќтисодиёт ва иљтимоиёти љумњурї барои фаъолияти мунтазам ва сама-рабахш дар давраи тирамоњу зимистони солњои 2020-2021» ва дар ин замина, пасонтар ќарори дахлдори раиси шањри Душанбе ва фармоиши вазири маориф ва илми љумњурї ба тасвиб расида буд. Сарраёсати маорифи шањри Душанбе дар асоси асноди маз-кур наќшаи чорабинињо тањия намуда, дар назди сарраёсат, шуъбањои маорифи ноњияњо ва

муассисањои таълимї ситоди доимоамалкунандаи омодагї ба мавсими тирамоњу зими-стонро таъсис дод. Масъулини ин ситодњо дар њар давраи му-айян дар бинои сарраёсати ма-орифи шањр гирд омада, вазъи корњояшонро тањлилу баррасї менамуданд.

Дар натиљаи мураттабу бони-зом ба роњ мондани корњо ва назо-рати ќатъї тамоми муассисањои таълимии пойтахт дар муњлати муќарраршуда наќшаи омодагї ба мавсимро иљро намуданд. Њоло дар муассисањои таълимии ноњияњои Шоњмансур, Исмои-ли Сомонї, Сино ва Фирдавсї мувофиќан 16,35; 36, 9; 18,5 ва 24,2 тонна ангишт захира шудааст, ки ин беш аз 100%-и наќшаро ташкил медињад. За-хираи њезуму сўзишворї низ дар таълимгоњњои ноњияњои мазкур ба 100%-и наќша баробар ме-бошад. Муассисањои таълимї бо миќдори зарурии генератору радиаторњои барќї таъмин шу-даанд.

Вазъи буѓхонањои назди таълимгоњњо низ бозгўй ба та-лабот аст ва айни замон њамаи буѓхонањо барои истифода омо-да мебошанд. Бояд гуфт, ки як ќатор муассисањои таълимии мо бо хати озоди барќ ва чанди дигар бо шабакањои гармидињї пайвастанд. Масалан, дар ноњияи Шоњмансур 50, дар ноњияи Ис-моили Сомонї 42, дар ноњияи Сино 94 ва дар ноњияи Фирдавсї 58 муассисаи таълимї аз хати озоди барќ бархўрдоранд.

Бо маќсади таъмини фаъо-

лияти мунтазам ва самарабах-ши таълимгоњњои пойтахт дар мавсими тирамоњу зимистони солњои 2020-2021, дар заминаи њамкории тарафайн мутахасси-сони Шабакањои гармидињии шањри Душанбе ва Хадамоти назорат дар соњаи энергетика

системањои дохилии гармидињии мактабњои њамаи ноњияњои пой-тахтро аз муоинаи техникї гу-заронида, аз омодагии онњо ба фаъолият дар фасли зимистон шањодат доданд. То оѓози моњи октябр накшаи пайвастшавї ба марказњои гармидињї, ки 157 ададро ташкил медод, 100% иљро шуда, иловатан 2 муассисаи таъ-лимии дигар ба чунин марказњо пайваст гардиданд.

Дар доираи омодагињо ба мавсими сармо дар тамоми муассисањои таълимии шањр аз љониби аъзои ситодњои дахлдор вазъи синфхонањо, дафтарњои корї, њуљрањои илова, толору

маљлисгоњњо ва китобхонаву ошхонањо аз назар гузаронида шуда, баъзе камбудињо барта-раф гардиданд ва ба масъулин дастурњо дода шуданд. Дар та-моми биноњои мактабњои шањр танњо аз лампањои каммасраф истифода мешавад. Бо њадафи

риояи талаботи ќоидањои на-зорати давлатии бехатарї аз сўхтор ва бањри пешгирии њодисањои нохуши сўхтор дар њуљрањо ва биноњои муассисањои таълимї дар њамкорї бо раёсати хадамоти давлатии оташнишо-нии шањри Душанбе (сохторњои ноњиявї) њолати зиддисўхтории муассисањои таълимї ва вазъи кории системаи автоматикии воќифкунанда аз сўхторро таљдиди назар намуда, баъзе нуќсонњои мављударо бартараф сохтанд. Њамчунин, болопўши биноњо ва иншооти ёрирасон бо мањлули ба оташ тобовар кор-кард шуданд.

Мувофиќи меъёри муќарраршуда дар њамаи ошхонањои муассисањои таъли-мии пойтахт барои давраи зи-мистон орду равѓан, биринљу шакар, картошкаю пиёз, сабзию консервањо ва мањсулоти дигари талаботи аввал захира гардид. Масалан, њоло дар анборњои махсуси ноњияи Шоњмансур беш аз 42 тонна, дар ноњияи Исмои-ли Сомонї беш аз 23 тонна, дар ноњияи Сино 79 тонна ва дар ноњияи Фирдавсї 44 тонна кар-тошка захира карда шудаасту рўзњои наздик ин нишондодњо боз њам афзуда хоњанд шуд.

Вобаста ба махсусиятњои фас-ли сармо, либоспўшї, пешгирї аз беморињои мавсимї, риояи ќоидањои зиддисўхтор ва амсоли инњо маъмурияти таълимгоњњо ва роњбарони синфњо бо хо-нандагон ва волидон борњо суњбатњои дастурдињию тавзењї баргузор намуданд.

Сарраёсати маорифи шањри Душанбе барои муассисањои таълимие, ки ба мавсими тирамоњу зимистон омодагии комил дидаанд ва ин мавсимро бомуваффаќият паси сар меку-нанд, мукофотњо муќаррар кар-дааст.

Бовар дорем, ки ањли маори-фи пойтахт ва кулли муассисањои таълимї дар тирамоњу зимисто-ни имсола ба мушкилот дучор нахоњанд омад. Ба ин омодагии комилу њаматарафаи онњо кафо-лат медињад.

а.МуроДї,«омўзгор»

Бо чунин тарз ба роњ мондани омўзиши

материкњо аз он сабаб аст, ки хонандагон аввал бо материкњои шимолї (боќимондањои матери-ки ќадимаи Лавразия) ва баъд бо материкњои љанубї (боќимондањои материки ќадимаи Гондвана) ши-нос мешаванд. Омўзиши мавзўъњои китоб бо чунин тартиб аст: дар аввали њар як мавзўъ бахши «Ба хо-тир меорем» вуљуд дорад. Аз рўи саволу супоришњои ин бахш хонандагон донишњои пешинаи худро фаъол мегардонанд...

Мутаассифона, китоб бе камбудї нест. Омўзгороне, ки њисси масъулият до-

ранд, аз муассисањои таълимї ба мо занг зада, ин камбудињоро гуфтанд. Мо аз чунин омўзгорон мин-натдор њастем, ташаккур ба онњо! Бояд ќайд намоем, ки ѓалат ва камбудињои дар китоб љойдошта аз муал-лифон ќариб вобаста нест, ѓалатњои техникиянд, ки њангоми чопи китоб рух до-даанд ва дар баъзе љойњо тањриргарон сањми худро гузоштаанд. Бо вуљуди ин, мо аз хонандагон ва омўзгорони азиз маъза-рат мехоњем. Дар поён камбудињои китобро ни-шон медињем:

1. Дар китоб, ѓайр аз матни мавзўъњо, ди-гар њамаи бахшњо маса-лан, бахшњои «Ба хотир меорем», «Хулоса», «Са-вол ва супориш», «Худро бисанљед» бо њарфњои нињоят хурд омадааст.

2. Сањифаи 10, расми «Материкњо ва масоњати онњо». Дар ин расм масоњати материки Авруосиё 154,6 млн км2 ни-шон дода шудааст. Ин љо ѓалати техникї рафтааст, зеро њамаи омўзгорони муњтарами мо медонанд, ки масоњати ин материк ба 54,6 млн км2 баробар аст.

(Мо бовар дорем, ки онњо ин маълумотро дуруст ба хонандагон мерасонанд).

3. Ѓалати техникии ди-гар. Сањифаи 194, сарха-ти 5, - Соњилњои шарќї ва љанубии материки Африќоро обњои...... Дар њамин сархат љумлае њаст: «Онњоро љараёнњои пассатњои љанубї (экваториалї) њосил ме-кунанд, ки њарорати сатњи обро дар фасли зимистон, дар нимкураи љанубии соњилњои љанубу шарќии Африќо то +200С ва зи-ёдтар гарм мекунанд». Албатта, маълум аст, ки дар ягон љойи дунё њарорати сатњи оби уќёнус 200 дараља гарм наме-шавад. Дурусташ чунин аст: +200С. Гап сари он, ки барномањои гуногуни компютерї навиштаљотро ба таври автоматї таѓйир медињанд ва ин баъ-зан аз назари муаллиф ё муњаррир пинњон мемо-над.

4. Истифодаи баъ-зе мафњумњо бо забони тољикї. Мафњуми «релеф» дар њама љои китоб бо «ре-лйеф» иваз карда шудааст. Дар бисёр адабиёти геогра-фие, ки бо забони тољикї

нашр шудаанд, ин мафњум њамчун «релеф» оварда шуда буд.

5. Дар сањифаи 258 «Системаи офтобї» ба «Манзумаи Офтоб» иваз карда шудааст. Албатта, муњаррирон донандагони хуби забони тољикиянд, вале ба андешаи мо, шояд њамаи мафњумњои геогра-фиро маљбуран тарљума кардан зарур набошад. Дар њамаи фанњои табиї фањмиши «Системаи офтобї» истифода меша-вад.

Камбудињое, ки дар боло номбар карда шуданд, нињої нестанд. Бинобар ин, мо аз омўзгорони гиромї эњтиромона хоњиш меку-нем, ки њангоми пеш омада-ни ягон мушкилї ё дидани норасої дар китоби мазкур фикру мулоњизањои худро бо суроѓаи зерин: (почтаи электронї) [email protected] (телефон: 904237707) равон кунанд. Мо дар нашрњои минбаъда онро бартараф хоњем кард.

Набї ќоДИров, њаммуаллифи

китоби дарсии “Географияи материкњо

ва уќёнусњо”, барои синфи 7

Ташкил кардани дафтардорї дар байни хонан-дагон яке аз усулњои бењтарин барои пешрафт

ва баланд бардоштани донишу савияи хонандагон мебошад. Аз фанни математика 5 намуд дафтар таш-кил кардан лозим аст: дафтари раќами 1 ва 2, даф-тари кори санљишї, дафтари ќоидањо ва дафтари формулањо.

Дафтари раќами 1 ва 2 барои корњои синфї, иљро намудани мисолу масъалањо, корњои тестї ва супо-риши хонагї ташкил карда шуда, тарзи њалли ми-солу масъалањо, кори мустаќилона, вариантњо ва супоришњои хонагї тафтиш бањогузорї ва иваз кар-да мешавад. Агар дафтари раќами 1 ва 2-ро оинаи хонанда номем, хато намекунем, зеро њамарўза онро истифода мебарад ва омўзгор ба фаъолияти хонанда

бањо мегузорад. Дафтари кори санљишї дар њар боб муайян наму-

дани сатњи донишу малака ва мањорати хонандагон ва аз худ кардани мавзўъ ва мисолу масъалањои боби гузаштаро дар бар мегирад. Дафтари корњои санљишї санљидаву бањогузорї шуда, ба журнали синфї бањои он гузаронида мешавад.

Дафтари ќоидањо аз боби якуми мавзўи аввал оѓоз шуда, дар он ќоида ва намунаи мисолу масъалањо, тарзи њалли онњо, таърифи мавзўи гузашташуда ни-шон дода мешавад. Дар ин њолат хонанда мисолу масъалањои фаромўшшударо аз дафтари ќоидањо ис-тифода бурда, њал менамояд.

Дафтари формулањоро њамчун «шиноснома» ё «роњнамо» - и математикии хонанда номидан мумкин аст, зеро дар он формулањои асосии ма-тематика, алгебра ва геометрия, баъзе аксиома ва таърифу теоремањо дода шудааст. Барои мисолу масъалањалкунї ва такрори мавзўъњои таълимї дар ваќти иљрои корњои мустаќилона ва санљишї он ба сифати маводи ёрирасон истифода бурда мешавад ва раванди фаъолияти хонандаро барои бењбуду такми-ли минбаъдаи он осон мегардонад.

Савлакат ФаХрИДДИНова,омўзгори мактаби №48-и ноњияи Шоњмансур

Page 13: ОМЎЗГОР - omuzgor-gazeta.tjomuzgor-gazeta.tj/uploads/Омузгор 42 чоп 2020.pdfНАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

«омўзгор»№ 42, 15 октябри

соли 2020 13маЪриФатЭй гули рўи туро чун ман ба њар сў булбуле,Аз ту дорад ин масал шуњрат, ки шањрею гуле. Камоли Хуљандї

Ба ифтихори 30-солагии Истиќлоли давлатї дар шањри Њисор 375 иншооти љашнї мавриди истифода ќарор гирифт.

12 нафар ѓолиб омаданд

Њадя ба љашн

«Дафтари ишќ»бо забони олмонї

«Сафинаи ѓазал»-и шоир

16 октЯБр – рўзи кинои тоЉик

мусоБиќа

тозанашр

«Муаллим» - филми диданї ва ибратомўз

Кино аз љумлаи санъатњои муњим ба њисоб ме-равад. Солњои охир кинои тољик бештар рушд ёфта, ба масъалањои умдаи рўзгор дахл мена-мояд ва ба ин васила дар нигоњдошти њофизаи таърихии миллат сањми босазо мегузорад.

Њамасола, 16 – уми октябр дар

љумњуриамон Рўзи кинои тољик таљлил мегардад. Дар иртибот ба ин фархундарўз бо раиси Иттифоќи си-намогарони Тољикистон Сафар Њаќдодов оид ба муњтаво ва ањдофи офари-дани филми «Муаллим», ки номбурда муаллифи ин филмнома мебошад, њамсуњбат гардидем.

- Хоњиш мекунам, бигўед, ки њадаф аз эљод ва офарида-ни филми «Муаллим» аз чї иборат буд?

- Њанўз солњои мактабхонї (солњои 1970 – 1980) ба ин масъала таваљљуњи калон доштам. Он солњо омўзгор дар љомеа мавќеи калон дошт ва ў дар љомеа њамчун зиёї, равшанфикр шинохта ме-шуд. Мартабаи иљтимої, таъмини рўзгораш аз њама љињат баланд буд. Яъне, ба муаллим эътибори калон дода мешуд ва дар бароба-ри ин, њама ба вай ниёз до-штанд. Мардум ба муаллим кумак мерасонд, ў маоши хуб њам дошт. Њароина, муаллим барои дигарон як навъ намуна буд. Мутаас-сифона, баъдтар ин мар-таба то андозае коста гар-дид. Солњои навадуми асри гузашта буд. Ба зиёрати омўзгори аввалинам раф-там, ки дар бисоташ фаќат як гов дошт ва ба ин хотир навбати пода мерафт, аммо ба њар њол, маълум буд, ки аз ин кораш шарм мекунад. Охир, замоне буд, ки аз чизе камї надошт, бењтарин ли-босро мепўшид… Ва њамаи ин сабаби навиштани филм-нома гардид. Муаллим то дараљае нангу номуси ба-ланд дошт, ки дар зинадаги-аш ќабри худашро канд, ки ин манзара дар филм инъи-кос ёфтааст. Ин њам ишора-ест, ки омўзгор намехоњад, ки баъд аз мурданаш канда-ни манзили охирини ў бои-си миннат шавад.

- Дар филм баъзе лањзањое њастанд, ки об-рази ќањрамонон ба дараљаи даркорї кушода нашуда-аст…

- Дуруст аст, шояд мо то дараљае нисбат ба худа-мон сензураро раво дони-стем. Аммо ишорањо њаст ва њадаф маълум. Дигар ин ки, ќоидаи филмсозї чунин аст, муаллиф ва коргардон вазифадор нестанд, ки њар як амали ќањрамони филм-

ро то охир манзури бинанда намоянд. Тамошобин бояд худ хулосабарорї намояд. Бубинед, ќањрамони мар-казии филм муаллим Зар-додхонов (Марат Орифов) мегўяд, ки «дар дења, уму-ман, љойе, ки муаллим нест, љомеа пеш намеравад». Зери њамин мафњум алла-кай андешањо сари шуѓли муаллимї, зарурати он дар љамъият падид меоянд.

- Иљрои наќшњо аз та-рафи њунарпешањо хеле ди-данист. оид ба интихоби онњо чанд сухан мегуфтед. барои интихоби наќшњо оз-мун (кастинг) гузарондед ё интихоб тахминї буд?

- Ростї, дар инти-хоби ќањрамони асосї (Њунарпешаи халќии Тољикистон Марат Ори-фов) њељ дудилагї надо-штем ва ба фикрам, хато њам накардем. Зеро тамо-шобинон ўро аз наќшњои Рўдакї, Абўалї ибни Сино ва ѓайра хуб дар хотир до-ранд ва танњо вай метаво-нист дар кушодани образи омўзгори њаќиќї дастбо-ло шавад ва њамин тавр њам шуд. Ногуфта намо-над, ки барои њунарпешаи њаштодсола, албатта, иљро кардани наќш ва азбар намудани матн хеле душ-вор буд, аммо ў саъй кард, ки талаботи коргардон-ро ба хубї иљро намояд. Дар натиља дунёи ботинии ќањрамонро кушода таво-нист. Мо тавассути ин об-раз ва шахсияти худи актёр ба тамошобин таъсир карда тавонистем. Охирин бозии М.Орифов наќши муаллим аз њамин филми мост.

Наќши писари муал-лим Зардодхоновро низ њунарпешаи љавони умед-бахш Абдукарим Маш-рабов басо табиї бозида-аст. Дар интихоби дигар наќшњо кастинг гузарондем ва ба фикрам, муваффаќ њам шудем.

- Дар филм наќше њаст бо номи Њадия, ки онро њунарпешаи эронї иљро кар-дааст. Ин љо чї зарурат буд, оё њунарпешањои тољик

натавонистанд, ки аз уњдаи иљрои он бароянд?

- Не, ин тавр нест. Наќши Њадияро њунарпешаи ши-

нохтаи эронї Мањнози Афшор хеле њунармандона бозид. Воќеан њам, вай дар ватани худ дар соњаи кино хеле дастболост ва мо њам ба хотири омўхтани таљрибаи њаммаслакон, шуњрат ёф-

тани филм ва як навъ амалї кардани таљрибаи замони Шўравї, ки њунармандони дигар љумњурињоро ба ки-нои тољик љалб мекарданд, ин корро амалї намудем. Наќши эпизодии шавњари ўро њунарпеша Суњроб Љанљолов иљро кард. Бу-бинед, коргардони овоз Њусейн Мањдавї, наворбар-дор Георгий Дзалаеви осе-тин аст. Коргардони филм Носир Саидов тавонист, ки труппаи эљодии мукам-малро гирдоварї намуда, филмро чунин диданї офа-рад. Њунарпешањои халќии Тољикистон Рањмондўсти Ќурбониён (директори мактаб, њамзамон, раиси мањалла), Ќурбони Со-бир (муллои дења) ва Ало-виддин Абдуллоев (кор-манди маќомоти ќудратї) наќшњои ба зимма доштаа-шонро самимї офариданд.

- Мавзўи филм хеле умда ва рўзмарра аст. Чаро мањз мавзўи муаллимро интихоб кардед?

- Дар ин масъала каме болотар ишора кардам ва воќеан њам, мушоњидаатон дуруст аст. Муаллим роњнамои љомеа аст, дар њар куљое бошад, ба маслињату машварати ў ниёз доранд. Муаллим (М. Орифов) шахсияти шинох-та аст, бар ивази фаъолияти чандинсолаи омўзгориаш бо ордену медалњо сар-фароз гардидааст. Ў дар охир мебинад, ки писараш Самандар (А. Машрабов)-ро њам туњмат мекунанд.

Нангу номуси азалии муал-лим боло мегирад, дилаш аз зиндагї сард гашта, бо да-стони худ ќабрашро канда, аз писараш таќозо мекунад, ки ин «шармандагї»-ро тоќати тањаммул кардан

надорад. Умуман, муал-лим касби пурифтихор аст. Месазад, ки ў бо имтиёзњо чун замони Шўравї таъ-мин гардад. Имрўзу ояндаи мутахассисони варзида аз зањмати онњо вобастагї до-рад. Њадафи мо низ нишон додани зањмати омўзгор аст.

- аз рўйи шунидамон, фил-ми «Муаллим» дар чандин кинофестивал соњибљоиза гардидааст, њамин тавр не?

- Оре, филм соли 2016 рўйи навор омад ва соли 2017 якбора дар ду фести-вал – дар Дањаи фаљри ЉИЭ аз рўйи номинатсияи «Бењтарин наќши мардо-на» ва дар шањри Инсбру-ги давлати Австрия љоизаи «Бењтарин филм» - ро соњиб гардид.

МусоњибЊотами ЊоМИД,

«омўзгор»

Бо ташаббуси шуъбаи суѓдии Иттифоќи нави-

сандагони Тољикистон, Марка-зи илмии Камоли Хуљандї ва дастгирии бевоситаи раиси ви-лояти Суѓд бахшида ба 700-со-лагии Шайх Камоли Хуљандї «Девон»-и ин шоири маъруф тавассути нашриёти «Хуросон» ба нашр расид. Девон њадияи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон ба ањолии кишвар буда, бо сарсухан ва соядасти Пешвои мил-лат ба зевари табъ ороста шудааст.

Тањиягарони матни «Девон», муаллифо-ни тавзењот ва охирсухан Бањром Рањматов ва Оќилбой Оќилов буда, он зери назари Шоири халќии Тољикистон Ањмадљони Рањматзод ба нашр омода шудааст.

Девони мазкур аз 4 ќасида, 1097 ѓазал, 1 маснавї, 3 мустазод 66 рубої, 114 ќитъа, 48 муаммову фард, љамъан 8254 байт ва бо иловаи 100 байти повараќ 8354 байтро ташкил медињад.

Маркази илмии Ка-моли Хуљандї бо

њамкории Донишкадаи иќтисод ва савдои ДДТТ ба муносибати 700-сола-гии Шайх Камоли Хуљандї китоби наверо бо унвони «Дафтари ишќ» аз тарафи нашриёти «Ношир» ба нашр расонид.

Дар китоб бори аввал тарљумаи 50 шеъри шоир

ба забони олмонї манзур гардидааст, ки идо-маи мантиќии китоби «Ишќи минуї» мебошад. Мутарљими нозуктабъ Александр Њайзер кўшиш кардааст, ки ашъори шоирро њаддалимкон ба матни асл наздиктар тарљума намуда, дар ѓазалњо ќолаби бадеии аввалияро њифз намояд. Азбаски баргардони низоми арўзии ѓазалиёти Камол ба забони олмонї амалан имконпазир нест, ў саъй намудааст, то мао-нии матлубро дар ќолабњо ва авзони дигари шеърї љой дињад ва бад-ин васила, хонандаи олмониза-бонро бо яке аз бузургтарин шоирони Шарќ ошно намояд. Китоб ба ѓайр аз худи тарљумањо шомили пешгуфтори директори Донишкадаи иќтисод ва савдои ДДТТ Олимї Рауф Латифзода ва директори Маркази илмии Камоли Хуљандї Бањром Рањматов ва муќаддимањои профессор Матлубаи Мирзоюнус ва худи мутарљим Александр Њайзер буда, ѓазалњоро њам ба забони тољикї ва њам ба хати форсї низ дар-бар гирифтааст.

Нуъмон раЉабзоДа, «омўзгор»

Бо ташаббуси Фирдавс Одинаев ва Зиёвид-

дин Бўриев ба муносибати камолоти умри адиби ши-нохта, Корманди шоистаи Тољикистон Султонмуроди Одина китоби ў зери унвони “Сафинаи ѓазал” аз чоп ба-ромад.

«Сафинаи ѓазал» фаро-гири ѓазалиёти дар солњои гуногун иншонамудаи шоир буда, мавзўи асосии онњоро ифтихори ватандорї, васфи ишќи поки инсонї, тасвирњои зебои шоирона, ки ањамияти иљтимої до-ранд, ташкил медињад. Адиби сермањсул Султонму-роди Одина муаллифи беш аз 60 китоб ва маќолањои илмиву бадеии бешумор буда, асарњояш на танњо бо забони тољикї, балки бо забонњои русї ва ўзбекї низ чоп шудаанд.

ФИДої

Дар маљлисгоњи мактаби Прези-дентии шањри Хоруѓ барои дарёфти Љоми Пешвои миллат мусобиќа доир ба шоњмот баргузор шуд. Дар он 25 нафар шоњмотбоз аз мактабњои вило-ят ширкат намуданд.

Мудири бахши раёсати кор бо љавонон ва варзиши вилоят Азиз Ай-дармамадов ќайд кард, ки ба сабаби зиёд будани теъдоди шоњмотбозон, бо пешнињоди њайати доварон онњоро

ба ду гурўњ таќсим кардем. Ба гурўњи аввал шоњмотбозони касбї шомил шуданд ва ба гурўњи дуюм наврасоне, ки њамагї чанд моњ инљониб ба бозии шоњмот машѓул њастанд. Барои ин гурўњи наврасон ширкат дар чунин мусобиќаи бонуфуз мояи ифтихор аст ва умедворем, ки дар оянда аз байни онњо шоњмотбозони муваффаќ пайдо хоњанд шуд”.

Ѓолибони мусобиќаи мазкур бо мукофотњо сарфароз гардонида шу-данд. Пирўзии 12 нафар шоњмотбоз ба поён расид. Акнун ѓолибон ба мусобиќаи љумњуриявї, ки дар ара-фаи Рўзи Президент дар пойтахти љумњурї-шањри Душанбе баргузор ме-гардад, омодагї мебинанд.

Љ. ќозИбЕКов,«омўзгор»

Page 14: ОМЎЗГОР - omuzgor-gazeta.tjomuzgor-gazeta.tj/uploads/Омузгор 42 чоп 2020.pdfНАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

«омўзгор»№ 42, 15 октябри

соли 202014 ШараФмандон Ёр ашкам диду шуд бар ман рањим,Соилонро дўст медорад карим. Камоли Хуљандї

Дар давраи соњибистиќлолї дар шањри Вањдат 107 мактаб ва бинои иловагї барои зиёда аз 18 њазор нафар хонанда ба истифода дода шудааст.

умре дар љустуљў озмоишгоњи нав

Поягузори астрономияи метеорї

олимони мо

симо пешраФт

Академики Академияи миллии илмњои Тољикистон, узви Љамъияти шоњии астрономии Британия, дорандаи Љоизаи давлатии Љумњурии Тољикистон ба номи Абўалї ибни Сино, Љоизаи АМИ Тољикистон ба номи Султон Умаров ва Љоизаи байнидавлатии «Ситорањои Иттињод»-и ИДМ Пўлод Бобољонов дар рушди илми на танњо Тољикистон, балки собиќ Иттињоди Шўравї ва љањонї хизматњои шо-иста кардааст.

Ин олими номвар 15 октя-бри соли 1930 дар шањри

бостонии Истаравшан дида ба олами њастї кушодааст. Пўлоди ташнаи илму дониш баъд аз хат-ми мактаби миёна роњ ба сўи Хуљанди бостонї пеш гирифту њуљљатњояшро ба Институти давлатии педагогии шањри Ле-нинобод ба номи С.М. Киров (њоло ДДХ ба номи академик Б.Ѓ. Ѓафуров) супорида, тахас-суси илми физикаро пеша кард.

Баъд аз хатми донишгоњ ба-рои идомаи тањсил дар аспи-рантура, ба маркази илмии љањонї - Институти давлатии астрономияи ба номи П.К. Штернберг (Москва) роњ пеш гирифт. Соли 1954 пас аз хатми аспирантура ба пойтахт бар-гашта, фаъолиятро дар расад-хонаи астрономии Сталинобод оѓоз намуд. П.Бобољонов дар давоми фаъолияти чорсолаи худ дар расадхонаи мазкур ба натиљањои назарраси илмї ноил гардида, бо як ќатор астрофи-зикони дигар, ба монанди И.С. Астапович, В.П.Сесевич, А.В. Соловёв, О.В. Доброволский, С.Г. Натансона, Д.О. Мохнача ва А.В. Маркова масъалаи таъ-сиси Институти астрофизикаи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистонро ба миён гузош-танд. Мањз њамин хизматњои эшон буд, ки бо Ќарори КМ Њизби Коммунист ва Шўрои Вазирони Тољикистон аз 17.01.1958, №7 Институти астро-

физикаи АИ ЉТ бунёд ёфта, пас аз як соли таъсис устод П. Бобољоновро ба вазифаи дирек-тор таъйин намуданд.

Мењнати њалол ва дилбохтагї

ба касбу кори пе-шанамуда устодро то ба дараљаи ди-ректори Институти астрофизикаи АИ ЉТ (ду маротиба) расонид ва он кас солњои 1959-1971 ва 1992-2002 ин вази-фаро бар уњда до-шта, аз соли 2003 то њол директори фахрии Институ-ти астрофизика ва мушовири раёса-ти АИ ЉТ мебошад. Дар дав-рони роњбарии пажўњишгоњ, роњбарияти ваќти Академияи илмњо њангоми кўчонидани ра-садхонаи астрономии шањри Душанбе ба шањри Њисор ўро, њамзамон, роњбари сохтмон таъйин карданд ва сохтмон аз соли 1963 то соли 1967 идома ёфт. Ўро ректори Донишгоњи давлатии Тољикистон ба номи В.И. Ленин (њоло ДМТ) таъйин карданд. Олими тавоно давоми солњои 1971-1982 дар ин вазифа фаъолият намуда, дар кушода-

шавии як ќатор ихтисосњои нави замонавї ва кўчонидани бархе аз факултањои ДМТ ба шањраки донишљўён наќши назаррас бо-зидааст.

Ситорашиноси шуњратёр П. Бобољонов пас аз адои вазифаи ректории ДМТ боз ба корњои илмї-академї баргашта, фа-ъолияти худро дар вазифањои узви раёсати Академияи илмњои ЉШС Тољикистон (1980-1989), ноиби президенти Академияи илмњо (1986-1989), директори Институти астрофизика ва му-дири лабораторияи метеорњои њамин пажўњишгоњ идома дода-

аст.Фаъолияти илмии акаде-

мик П.Бобољонов асосан ба астрономияи метеорњо бах-шида шудааст. Устод зимни тадќиќотњои бисёрсолаи худ мадори беш аз 400 метеорро муайян карда, зиёда аз 20 сели метеорї - ассотсиатсияњои на-вро кашф намудааст. Ў сохтор ва воридшавии селњои метеорї ва хосиятњои пањншавии мадо-ри љисмњои метеориро дар фа-зои байнисайёравї омўхтааст. Дар собиќ ИЉШС устод на-

хустин шуда, дар як ваќт њам аксбардорї ва њам радиолокат-сияи мушоњидаи метеорњо ва ќабатњои болоии атмосфераро дар амал татбиќ намуд.

Њамзамон, ин олими маъ-руф экспедитсияи экватории астрономии Шўравиро таш-кил ва сарварї намуд, ки он давоми солњои 1968-1970 дар нимљазираи Сомалї (Африќо) гузаронида шуда буд. Дар рафти корњои экспедитсионї ба оли-мони Шўравї муяссар гардид, ки даври таѓйирёбии дрейфи селњои метеориро дар экватор муайян намоянд. Илова бар ин,

онњо оид ба ќонунмандии њаракати ќабатњои болоии атмосфера дар минтаќаи экватор маълумотњои таљрибавиро ба даст овар-данд.

Устоди арљманд дар баробари корњои илмию тадќиќотї ва навишта-ни маќолаю китобњои илмї, инчунин, ба корњои ихтироотї даст зада, дар давоми фаъолияти худ 18 кашфиёт намудааст. Тањти роњбарии бевоситаи ака-

демик П.Бобољонов дастгоњ ва усулњои коркард барои тадќиќи њодисањои физикии ба парвози љисмњои метеорї дар атмосфера мушоиаткунан-да сохт, ки он минбаъд ба ис-тифода дода шуд. Ин усулњои пешнињоднамудаи академик П.Бобољонов дар мувофиќат бо барномањои байналхалќии тадќиќи бузургињои физикии ќабатњои болоии атмосфера дар минтаќањои метеорї, дар натиљаи аксбардорї ва радиоло-катсионии мушоњидаи метеорњо

дар солњои 1957-1959 татбиќ гардиданд.

Сањми ситорашиноси ном-вари тољик П. Бобољонов дар рушди астрономияи љирмњои хурди Системаи офтобї дар арсаи байналмилалї эътироф гардида, ба хотири хизматњои бузургаш астероиди (сайёраи хурди) №7164 ба шарафи исми ў «Babadzhanov» номгузорї шудааст. Астероиди Бобољонов њамчун объекти осмонии «1984 ЕТ» аз тарафи астрономи амрикої Эдвард Боуэлл (зод. 1943) 6 марти соли 1984 ба ќайд гирифта шудааст.

Академик П.Бобољонов ба-рои сањми арзишмандаш дар соњаи илму техника, таълиму тарбияи насли наврас ва омода намудани кадрњои соњибунвон ба Љоизаи давлатии Тољикистон дар соњаи илм ва техника ба номи Абўалї ибни Сино (1979), Љоизаи АИ ЉТ ба номи С.У. Умаров (2003), Љоизаи байни-давлатии «Ситорањои Иттињод» - ИДМ дар бахши илм ва ма-ориф (2010), ордени «Байраќи Сурхи Мењнат» ва 2 ордени «Ни-шони фахрї» ва дигар медалњои давлатї мукофотонида шудааст.

Устоди мањбуб, астрофизики маъруф, ходими давлатї ва ин-сони хирадманд П. Бобољонов даврони пирї меронад. Бо вуљуди он, бо нерую рўњияи ши-кастнопазир њанўз њам даргоњи Пажўњишгоњи астрофизикаро тарк накарда, бањри пешрафти мењани мањбубаш зањмат мека-шад.

Номвар ќурбоН,номзади илмњои техникї,

раиси Шўрои олимони љавони Донишгоњи миллии Тољикистон

Омўзгори технологияи мактаби раќами 11-и

ноњияи Варзоб Ќамар Мир-зоев 36 сол аст, ки дар таъ-лиму тарбияи насли наврас њиссаи босазо мегузорад.

Фаъолияти омўзгории ў аз соли 1985 дар мактаби 8-солаи раќами 169 (њоло мактаби раќами 11-и ноњияи Варзоб) њамчун муаллими таълими мењнат оѓоз ёфт.

Вай ба маълумоти миёна ќаноат накарда, њуљљатњояшро соли 1985 ба шуъбаи ѓоибонаи факултаи индустриалии Донишгоњи давлатии омўзгории шањри Душанбе ба номи Садрид-дин Айнї супорида, онро соли 1990 бомуваффаќият хатм намуда, соњиби их-тисоси муаллими фанни умумитехникї ва мењнат шуд.

Омўзгор Ќамар Мирзо-ев хуб мефањмад, ки инсон танњо бо мењнат инсон ме-шавад ва љомеа бо туфайли мењнат рушд меёбад.

Бесабаб намегўянд, то ранљ накашї, ганљ наёбї. Аз ин хотир, муаллим кўшиш мекунад, ки дар дарс шогир-дон ба мењнат одат кунанд ва ба навъњои гуногуни кор ши-нос шаванд ва ба баробари ин минбаъд ба њунаромўзї

шавќу њавас пайдо намоянд. Барои ин муаллим тамоми шароитњоро фароњам на-мудааст. Хонандагон мета-вонанд дар дарс ва чї бе-рун аз дарс дар кабинет ба тайёр намудани асбобњои дилхоњашон машѓул ша-ванд.

Ќ.Мирзоев доир ба њар як мавзўи таълимї аёниятњои зиёдеро тайёр намудааст, ки онњоро дар дарсњояш самаранок исти-фода мебарад.

Кабинети таълими мењнат бо тамоми таљњизоти лозимї љињозонида шуда-аст. Деворњои кабинетро шиору пандњо ва гўшањои гуногун оро медињанд. Дар як тарафи девор гўшаи «Дастони моњир», ки дар он мањсули дастони аъзои мањфили «Дўзандагї» ва «Бофандагї», аз ќабили куртаи чакан, тоќї, кам-зул, сўзанї, миёнбанд, дастпўшак, болишти зардўзї, болишти гулдўзї, болишти попурї, даврї ва ѓайрањо гузошта шудааст, ки гўшаро аз њар љињат зебу оро медињанд.

Дар гўшаи «Их-тироъкорони љавон» мањсули дастони аъ-зои ин мањфил, аз ќабили дўѓкашак, гањвораи дастї, гањвораи барќї, ас-боби ѓаллатозакунии барќї, осиёб, арраи барќї ва ѓайрањо гу-зошта шудааст, ки аз њар љињат диќќати би-нандаро ба худ љалб мекунад.

Аъзои мањфили «Их-тироъкорони љавон» бо асбобњои тайёркардаа-шон борњо дар намоиши асбобњои хонандагон, ки дар ноњия ва дар Марка-зи тањсилоти иловагии шањри Душанбе баргузор шуданд, иштирок намуда, аз тарафи њакамон сазо-вори бањои баланд гарди-да, бо «Ифтихорнома»-њо ќадрдонї карда шудаанд.

Ќамар Мирзоев хуб дарк мекунад, ки роњбари синф барои ташкили кори таъ-лиму тарбияи хонандагони синфаш масъулиятнок буда, дар ташаккули тарбиявии маънавии ахлоќии онњо дар

асоси талабо-ти Консепсияи миллии тарбия њиссагузор аст. Аз ин рў, ў мун-тазам ба дарсњои м у а л л и м о н и синфаш ворид шуда, аз тайё-рии хонандагони синфаш боха-бар шуда меи-стад. Натиљањои њар як иштиро-

кашро бо хонандагон, чи дар алоњидагї ва чи дар маљлисњои синфї муњокима мекунад.

Устод Ќамар Мирзоевро њамагон њурмату эњтиром мекунанд.

Муаллим Ќамар Мирзо-ев дилбохтаи касби хеш аст. Ў барои такмили касби худ њамеша аз пайи љустуљўи усулњои нави пешќадами таълим аст. Чунин аст яке аз роњњои комёбии муаллим дар корњои таълиму тарбияи хонандагон.

Гулмурод НЕЪМаТов, омўзгори мактаби №11,

ноњияи варзоб

Дар факултаи химия ва биологи-яи Донишгоњи давлатии Кўлоб ба

номи Абўабдуллоњи Рўдакї озмоишгоњи биотехнологї кушода шуд. Озмоишгоњи

мазкур аз љониби шуъбаи равобити бай-налмилалии донишгоњи номбурда тибќи лоињаи “Рушди тањсилоти олї” муљањњаз бо таљњизоту лавозимоти муосир фаъол гардид.

Гуфта шуд, ки дар озмоишгоњи биотехнологї дарсњои амалї, корњои лабораторї ва корњои илмиву озмоишї гу-заронида мешавад. Дар ин озмоишгоњ мета-вон сифати мањсулоти кишоварзї, таркиби меваю сабзавот, оби нўшокї, таркиби хок ва ѓайраро муайян кард. Ба хотири бењтар на-мудани сифати тањсилот дар макотиби ми-ёнаву олии мамлакат аз тарафи Њукумати Љумњурии Тољикистон як ќатор барномањои давлатї бо маблаѓгузории ташкилотњои хориљї ба роњ монда шудааст, ки дар ин замина дар дигар макотиби олии кишвар муњайёсозии озмуоишгоњњо идома дорад.

С.азИзї, «омўзгор»

Page 15: ОМЎЗГОР - omuzgor-gazeta.tjomuzgor-gazeta.tj/uploads/Омузгор 42 чоп 2020.pdfНАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

«омўзгор»№ 42, 15 октябри

соли 2020 15равзанаМан тоќати дурї зи рухи ёр надорам,Љуз бурдани бори ѓами ў кор надорам. Камоли Хуљандї

Соли љорї дар шањри Вањдат 6 бинои муассисаи таълимї ва биноњои иловагї бо 1100 љойи нишаст ба истифода дода мешавад.

гиромидошт њаЉвиЯ

Баррасї

Мунодии сулњу дўстї дар аќсои олам

ќонун татбиќ мешавад

Дар дуроња

Ќањрамони сарзамини Њиндустон Мањатма Гандї тавонист бо донишу заковат, мањорату кордонї ва хайру саховат дар љањони пур аз љангу љидол ва бехирадиву ноадолатї тавассути ќазияи «Мубориза бидуни зўроварї» бо њадафњои олии худ пирўзї ба даст оварад ва кишвареро идора ва роњбарї кунад, ки арзишманд аст.

Бо њамаи ин мањорату матонат чун арзиши инсонї пазируфта

шуда, писанди бештари мардуми сай-ёра гашт, ки онро Созмони Милали Муттањид чун модели намунавї ба-

рои мубориза ва коњиши муноќишањо истифода менамояд. Ин буд, ки на-зарияи фалсафаи «Мубориза бидуни зўроварї» бањри инсоният чун “Рўзи љањонии бидуни хушунат” њамчун шиор пазируфта шуд, ки њамасола санаи 2-юми октябр таљлил мегардад.

Мањатма Гандї 2 октябри соли 1869 дар мањаллаи Порбандари шањраки соњилии Њиндустон ба дунё омад. Бо хонум Кастурбай Маханљї (дар даврони мактабхони-аш) оиладор мешавад ва дар синни 16-солагї соњиби фарзанд мегардад ва њамон сол падараш вафот меку-над. Соли 1887 мактабро хатм на-муда, бо машварати хонавода барои тањсил ба Лондон сафар мекунад. Дар он љо илми њуќуќро омўхта, моњи июни соли 1891 ба Њиндустон бармегардад ва дертар тавассути як тољир чун њуќуќшинос ба Африќои Љанубї даъват мешавад ва дар он љо 21 сол кору фаъолият мекунад. Аз соли 1893 то соли 1914 Мањатма Гандї чун муборизи роњи озодї ва ободї дар љазирањои гармтари-ни Африќо барои истиќлолияти ватанаш мубориза мебарад ва муваффаќона соли 1915 фалсафаи «Мубориза бидуни зўроварї» тавас-сути ин марди таърихсозу накуном оѓоз мегардад.

Мањатма Гандї солњои 1920 - 1930 роњбарии Конгресси миллии Њиндустонро ба дўш гирифта, барои озодихоњии сарзамини худ мубориза мебарад ва дар натиља 15-уми августи соли 1947 кишвари Њиндустон чун сарзамини озоду мустаќил эътироф шуда, истиќлолияти худро эълом ме-

намояд.Бо амри таќдир моњи феврали соли

1944 њамсари Гандї вафот мекунад ва худи ў муддате зиндонї шуда, аз бемории сил ранљ мебарад. Дар сарчашмањо зикр шудааст, ки моњи январи соли 1948 ин халлоќи фалса-фаи «Мубориза бидуни зўроварї» ва ќањрамони сулњу покї ва абармарди таърих аз љониби афроди нохалаф мавриди њамла ќарор гирифта, ба ќатл мерасад.

Мавриди зикр аст, ки муносибат-њои Тољикистон бо Њиндустон аз 28 августи соли 1992 барќарор шуда, соли 1993 аввалин сафири он кишвар дар Љумњурии Тољикистон таъйин гардид. Дертар, соли 1994, бинои сафорати Љумњурии Њиндустон дар шањри Душанбе ифтитоњ ёфт. Авва-лин маротиба Љумњурии Тољикистон

сафорати худро дар Дењлї соли 2003 ифтитоњ намуд.

Муносибатњои Тољикистону Њиндустонро зиёда аз 50 њуљљати дуљонибаи байнидавлатї ба танзим овардааст. Тибќи созишномањои тарафайн мутахассисони тољик аз љониби Њукумати Љумњурии Њиндустон барои баланд бардошта-ни савияи дониш ба курсњои ихтисосї дар чањорчўбаи барномаи омўзишии њамкорињои иќтисодї (ITEC) ва Шўрои муносибатњои фарњангии Њиндустон (ICCR) даъват мегар-данд, ки заминаи хубест барои тавсеа ва њамкории судманд бањри њар ду кишвари дўст ва шарик. Њиндустон аз љумлаи давлатњои бузурги љањон ба шумор меравад, ки бањри рушди маънавї, ѓанї гардидани ганљинаи тамаддуни башарият хизмати шоёну арзанда кардааст.

Мањатма Гандї чун як шахсияти машњур ва бузурги љањон дар тўли њаёташ ва њам пас аз маргаш ба ту-файли асарњои навиштааш ба сиё-сатмадорони муосир таъсири мусбат расонд, ки асар ва натиљаи њамаи он дар эљоди фалсафаи “Мубориза биду-ни зўроварї» чун раванди дипломатї байни башар боќї монд ва метавон онро барои коњиши муноќишањо ис-тифода кард ва хушунату кинаро аз миёни инсонњо рањо сохт, то њама зери сояи озодї, ободї ва оромї умр ба сар баранд.

Мирсаид раЊМоНов,ходими илмии Институти

омўзиши масъалањои давлатњои осиё ва аврупои аМИТ

Аз иншо бањои аъло гирифтам. Мавзўъ

“Ман чї гуна дарс тайёр мекунам?” буд. Модарам маслињат дод, ки гапи хо-наро ба бозор набарорам, айб мешавад, яъне “сари кафида-зери тоќї”. Вагар-на ба њоламон механданд. Хонаи мо дорои се њуљра аст: њуљраи хоб, њуљрачаи хўрокхўрї ва хоначаи хур-дакак барои падарам, ки аз китобу дафтарњо пур мебо-шад, њатто миз намегунљад. (Падарам дар фарш ме-шинаду китобњоро болои њам гузошта, гўё миз месо-зад ва дар рўйи он мисолу масъалањо њал мекунад). Ў дар мактаб аз риёзї дарс медињад. Мо њам дар хона-чаи хўрокхўрї нишаста ё дароз кашида, супоришњои омўзгоронро тайёр ме-кунем. Агар мењмон ояд, хонаи хобамон њамчун мењмонхона хизмат ме-кунад. Воќеан, модарам тангањои љамъовардаашро ба ман дода мефармояд, ки ним кило гўшт биёрам ё худ ба хонаи њамсояю шинос медавонад, зудтар як пора-як гўштро ќарз пурсам, то ки мењмон нахандад. Мух-тасари иншоямро меорам: “Дар ошёнаи якуми имо-рати њавлиямон ошхона, мењмонхона ва анљомхона љой гирифтааст. Пас аз та-новули хўроки нисфирўзї, яъне хўрдани хомшўрбои гўшташ њил-њил пухтагї ва палави якбаяк ба ошёнаи дуюми хонаамон мебароям. Аз панљ њуљраи ин љо сето-аш аз они ман аст. Дар яке-аш нармкурсиву мизи зебо гузошта шудааст. Дар ин љо ба дарси оянда омодагї мегирам. Рафи пуропури китоби љевони ялаќќосї њам аз они мананд. Дар њуљраи дигар компютер ва планшет гузошта шудааст, ки маро аз хабарњои љањон огоњ месозанд ва амали барномасозиямро такмил медињанд. Њуљраи сеюм аз мизи саќќобозї ва аз њар гуна асбоби варзишї пур аст. Ваќте аз њама корњо фориѓ ё худ дилгир шудам, ба назди њавзи шишагии

пуроб меояму шинова-рии моњичањои гуногунро тамошо мекунам ва хеле болидарўњ мешавам”.

Бовар кунед, ман ин њамаро набофтаам. Дар асл

њамин хел буд. Фарќ дар он љост, ки ман хонаи Хушну-диноро тасвир кардам, яъне дар образи Хушнуд даро-мада, даме бошад њам, мо-дарамро хушнуд кардам.

Ман бо Хушнуд њамсинф, аммо ў дар синфи 8-уми мак-таби бачагони болаёќати маркази ноњия тањсил меку-над, фаќат рўзњои якшанбе ба хонааш меояд. Ду сол ме-шавад, ки ба хонаи якдигар равуо надорем. Солњои пеш њавлињоямон на девор дошт ва на дарвоза, фаќат гирди замини њавлї симтўр ка-шида шуда буд. Акнун дав-родаври њавливу хонањои Хушнудино бо хиштдевори баланди бетонї ињота ги-рифта шудааст. Дарвозаи оњанини воњиманокашон њамаваќт мањкам аст. Рўзи якшанбе ў маро ба хонаа-шон таклиф кард. Бо дида-ни рўйи њавлияшон њангу манг шудам: аз дањони муљассамањои њархелаи моњї об бо њафтранги аљоиб фаввора зада касро мафтун мекунад. Кино барин. Во-риди бинои муњташами сеошёна шудем. Баъд аз сарфи таоми 1-уму 2-юму 3-юм ва нўшидани шарбати мевагии сурху сабзу зарду бунафш, ман дар нармкур-сии њамсинфам нишаста, мисолу масъалањои ўро бе душворї њал карда додам. Шикам аз хўроки серѓизо

сер бошад, калла наѓз кор мекардааст!

Падари Хушнуд низ му-аллим буду бо падарам дар мактаби дењаамон кор ме-кард, чор сол мешавад, ки

ба кори дигар гузаштааст. Ўро њозир “коммерсант” мегўянд, ки ман ба маънии он сарфањм намеравам. Падарам маро риёзидон, яъне математик карданист. Худам њам математикаро бисёр дўст медорам. Чун аз уњдаи њалли ягон муо-дила бароям, ба мисли па-дарам бонг зада сурудхонї мекунам. Аммо модарам, ки њамеша аз дањонаш ка-лимаи “шукр” канда нест, маслињатомез мегўяд: “Бачаљон, дар баробари ќиматњои “икс”-у “игрек”-и китоб “икс”-у “игрек”-и зиндагиро њам ёфтан дар-кор. Шукр, муаллим бу-дани падарат кофист. До-мани андешаро фарох гир. Иншоятро ба хотир биёр, онро ба њаќиќат табдил додан њам њунар аст. Агар муаммоњои зиндагиро њал кунем, хонаву дарамон ба мисли манзили дигарон зебо мешавад”.

Ман њозир дар дуроња ќарор дорам. Аз як та-раф, ададу ќимату муо-дилаву ифодањои гуногун маро ба љонибашон даъ-ват мекунанд, аз тарафи дигар, муаммоњои печдар-печи зиндагї. Чї кор ку-нам? Шумо чї маслињат медињед?

Њакималї НазараЛї, шањри Њисор

НЕШЕВУ НЎШЕ

Дар љамъомаде, ки чанде пеш дар маќомоти иљроияи њокимияти дав-

латии вилояти Хатлон баргузор гардид, Ќурбон Њакимзода, раиси вилояти Хатлон, Диловаршоњ Исозода, сардори раёсати ма-орифи вилояти Хатлон ва роњбарони дигар ташкилоту муассисањои дахлдор ширкат на-муданд.

Дар љамъомад соњаи маориф ва амали-шавии ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таъ-лиму тарбияи фарзанд” мавриди тањлил ва омўзишу вазифагузорї ќарор гирифт.

Диловаршоњ Исозода, сардори раёсати маорифи вилоят, дар љамъомад оид ба вазъу њолати аз мактаб дур мондани хонандагон ва чорањои андешидашуда дар ин самт, инчунин, гузаронидани корњои ташвиќотї-тарѓиботї дар шањру ноњияњои вилояти Хатлон оид ба ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарби-яи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон»,

«Дар бораи озодии виљдон ва иттињодияњои динї» њисобот дод. Ќайд гардид, ки дар њашт моњи соли љорї барои монеъ шудан ба гирифтани тањсилоти њатмии умумии асосї (нуњсола) дар 29 њолат нисбат ба 39 нафар падару модар мавод омода карда шуда, ба маќомоти дахлдор ирсол карда шудааст.

Ќурбон Њакимзода, раиси вилояти Хат-лон, таъкид намуд, ки дар 8 моњи соли 2020 беш аз се њазор њодисаи иљро накардани уњдадорињои падару модар вобаста ба таъ-лим ва тарбияи ноболиѓон ошкор гарди-дааст, ки ин њолат тавишовар мебошад. Бањри пешгирї аз содиршавии љиноят ва риоя нагардидани ќонунњои амалкунандаи Љумњурии Тољикистон дар миёни волидайни мактаббачањо бояд корњои ташвиќу тарѓиб вусъат дода шавад. Ќ.Њакимзода, њамчунин, ишора кард, ки дар муассисањои таълимї талаб намудани маблаѓ аз хонандагон бояд пешгирї карда шавад.

С.азИзї, “омўзгор”

Page 16: ОМЎЗГОР - omuzgor-gazeta.tjomuzgor-gazeta.tj/uploads/Омузгор 42 чоп 2020.pdfНАШРИЯИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

«Омўзгор»№ 42, 15 октябри

соли 202016андешасўгворї

Баррасї

пурсед, ЉавоБ медињем!

анљом

Китоби «Ас-саводу-л-аъзам»-и Абулќосим Њакими Самарќандї аз чоп баромад.

Муассис: Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон

Сармуњаррир Ноилшоњ НураЛИзоДа

Њайатитањрир:

М.ИМоМзоДа, а.раЊМоНзоДа, Н.СаИД, М. СаЛоМИёН, Л. НазИрї, Д. ќоДИрзоДа,Н. СобИрзоДа, Ф.раЊИМї, а.МуроДї (љонишини сармуњаррир), Н.оХуНзоДа (котиби масъул)

Суроѓа: 734025, ш.Душанбе, х. Айнї 126, Телефонњо: ќабулгоњ – 225-81-55, љонишини сармуњаррир – 225-81-58, котибот – 225-81-57, муњосибот – 225-81-61

Њафтанома дар матбааи нашриёти комплексии «Шарќи озод» ба табъ расид. | Индекси обуна – 68850 | Адади нашр: 38331 нусха | Тарроњ: С. Ниязов | Њуруфчинон: М. Диловарова ва Д. Забирова

«Омўзгор» тањти раќами 0018/рз, аз 13.07.2015 дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон аз нав номнавис шуда, тањти раќами 0110005977 дар Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ба ќайди давлатї гирифта шудааст. Нашрия ба хотири чандандешї маводе низ ба табъ мерасонад, ки идораи њафтанома метавонад бо муаллифон њамфикр набошад ва барои онњо масъулият ба уњда нагирад. Навбатдори шумора Н. оХуНзоДа

Навиштањо ва суратњои ба идораи њафтанома воридгашта баргардонида намешаванд. Идораи њафтанома навиштањоро дар њаљми на бештар аз 4 сањифаи компютерии андозаи 14 (фосилаи 1,5) – и њарфи Times New Roman Tj. ќабул менамояд.

ОМЎЗГОР Почтаи электронї: [email protected]Сомонаи њафтанома: www.omuzgor-gazeta.tj

Мани дилхаста ба дарди ту даво ёфтаам,Ранљњо дидаву имрўз шифо ёфтаам. Камоли Хуљандї

Сафобахши љањон омўзгор аст.

Татбиќи ќонун амали дастљамъист

Мањбубияти як асарМуњаммадќул ЊАзрАТќуЛоВ 8 октябри соли равон

файласуфи маъруфи тољик, доктори илми фалсафа, сар-ходими Институти фалса-фа, сиёсатшиносї ва њуќуќи АМИТ, мутахассиси соњаи таърихи фалсафа ва рушди афкори маънавї, профессор Муњаммадќул Њазратќулов дар синни 76 аз олам даргу-зашт.

Ин олими маъруф 5 но-ябри соли 1944 дар шањри Истаравшан таваллуд шуда-аст. Факултаи шарќшиносии Донишгоњи давлатии Тољикистон ба номи В. И. Ленинро соли 1967 ба поён расонда, дар вазифањои корманди илмї ва мудири шуъбаи Энсиклопедияи со-ветии тољик (ЭСТ), муаллим ва мудири кафедраи фалса-фаи Донишгоњи давлатии Тољикистон ба номи В. И. Ленин, ходими калони ил-мии Пажўњишгоњи њуќуќу

фалсафаи Академияи илмњои Тољикистон кор кардааст.

Профессор Муњаммадќул Њазратќулов доир ба фал-сафаи Шарќ асарњои зиёде таълиф намудааст. Аввалин таълифоти ў ба муайян на-мудани афкори фалсафии яке аз файласуфони асрњои миёна Садриддини Шерозї бахшида шуда буд. Мин-баъд ў ба тањќиќи эътиќоду анъанањои бостонии Аљам ва таъсири он ба фалсафаи асрњои миёнаи Шарќ пар-дохт.

Ин муњаќќиќи варзида бахшида ба Соли тамаддуни ориёї (2006) тадќиќоти му-фассале бо номи «Ориёињо ва тамаддуни ориёї» ни-гошт, ки он асари бунёдї буда, таърифи тамаддуни

ориёињо, сайри таърихї ва мављи њаракати ориёињо ба Осиёи Марказї, њамчунин, интишори минбаъдаи онњо ба Шарќ, Ѓарб то сарзаминњои Скандинави-яро аз дидгоњи фалсафї ва фарњангї мавриди баррасї ќарор додааст.

Ба ифтихори Соли бу-зургдошти Имоми Аъзам М. Њазратќулов «Ислом ва Абўњанифа» ном тањќиќоте ба анљом расонд, ки хеле пурмуњтавою фарогир аст.

Дар љањонишавии љашни Наврўзи оламафрўз низ Муњаммадќул Њазратќулов сањмгузор аст. Соли 2012 устод китобе тањти унво-ни «Наврўзи оламафрўз ва дигар идњои суннатии сол» таълиф намуд, ки ав-

валин асари бузургњаљм дар миќёси љумњурї дар бораи љашни Наврўз аст. Муњаммадќул Њазратќулов яке аз муњаќќиќони маъру-фу шинохтаи таърихи аф-кори фалсафї ва иљтимої — ахлоќии халќњои форсу тољик аз замонњои ќадим то даврони муосир ба шумор меравад.

Ба ќалами ў бештар аз 8 китобу монография тааллуќ доранд.

Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару

модар дар таълиму тарбияи фарзанд» давоми солњои мавриди амал ќарор ги-рифтанаш тарбияи фарзандон ва масъу-лияти омўзгорону волидонро ба танзим даровард.

Ниёзалї Ашўров, мудири шуъбаи ма-орифи шањри Левакант, изњор дошт, ки дар муассисањои таълимї комиссияи љамъиятї оид ба иљрои ќонуни номбурда фаъолият намуда, риояи онро аз тарафи омўзгорон ва падару модарони хонан-дагон назорат менамояд. Бо ин маќсад рўзњои шанберо дар њамаи муассисањои таълимї «Рўзи волидон» эълон наму-даем, ки маљлисњои падару модарон гузаронида мешаванд ва волидон дар дарсњои омўзгорон иштирок менамо-янд. Барои кам ва ё умуман ќатъ кардани маблаѓи моњонаи хонандагон аз оилањои камбизоат ва ятиму нимятимњо дар лит-сей ва гимназияњо љаласа бо иштиро-ки намояндагони маќомоти мањаллї, шуъбаи маориф ва роњбарони литсейю гимназияњои шањр гузаронида шуд. Рўйхати хонандагон аз оилањои камби-

зоат, ятим ва нимятимњо пешнињод ва мавриди баррасї ќарор гирифт.

- Дар бахши маориф ва муассисањои таълимї гурўњи корї аз тарафи корман-дон ва омўзгорон ташкил карда шудааст, ки њар моњ бо навбат вазъи аз тарафи аъзои он дарстайёркунї ва шароити хо-нандагон дар хона санљида шуда, барои бењтар гардидани сифати дарстайёрку-нии толибилмон бо волидон њамкорї ме-намоянд, - гуфт Н.Ашўров. – Якљо бо ко-тиби комиссияи њуќуќи кўдаки маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии шањр ва дигар сохторњои дахлдор рейдњо дар марказњои интернетї, дилхушї ва дигар љойњои љамъиятї гузаронида шу-данд, ки дар натиља 12 нафар падару мо-дари хонандагон барои риоя накардани талаботи ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди љаримабандї ќарор гирифтанд. Ёдовар бояд гардид, ки дар њамин давраи соли гузашта 21 нафар падару модар бо саба-би риоя накардани ќонун љаримабандї шуда буданд.

Майдамо Назриева, омўзгори муасси-

саи таълимии №2 афзуд, ки дар муассиса таълим бо ду забон, русї ва тољикї ба роњ монда шудааст. Дар муассиса зиёда аз 1900 хонанда тањсил мекунанд ва во-лидон ќариб њамарўза дар дарсњо ишти-рок карда, вазъи таълимро назорат меку-нанд.

Шарофат Шехова, директори муасси-саи таълимии №4 афзуд, ки бо хонанда-гони душвортарбия ва сустхон њамарўза кор бурда мешавад. Волидони хонандаи синфи 8-и муассиса М.А. бо сабаби но-маълум фарзандашонро ба дарс омадан намемонданд ва ўро аз мактаб гирифтанї буданд. Аз аввали сол ба дарс намеомад. Бо роњандозии корњои фањмондадињї якљо бо масъулини сохторњои дахлдор хонанда М.А.-ро ба муассиса баргар-донидем. Чунин њолат зиёд мешавад ва бо пеш овардани талаботи ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъ-улияти падару модар дар таълиму тарби-яи фарзанд» пеши роњи ин гуна амалњоро мегирем.

С.азИзї, «омўзгор»

Соли 1958 дар рафњои маѓозањои китобфурўшї асаре бо номи «Дар

љустуљўи Карим Девона» (муаллиф Њабибулло Назаров) пайдо гардид, ки он дар муддати кўтоње ба фурўш рафт.

Ин китоб натиљаи љустуљў ва зањматњои чандинсолаи Њабибулло Назаров дар бораи шоири мардумї Карим Девона ба шумор мерафт. Чаро асар «Дар љустуљўи Карим Девона» номида шудааст? Аз мутолиаи китоби мазкур хонанда ба хулосае меояд, ки шоир девона нест, балки аз рўйи зарурат, муњтољию бенавої ва ба маќсади аз азобу љабри амалдорон осуда будан ин тахаллусро ба худ гирифтааст. Карим Девона дар яке аз шеърњояш мегўяд:

…Номамро Абдукарим бигзоштаандЛек аз дасти замона мекунам девонагї…Ё дар шеъри дигари худ таъкид мекунад:Номам Карим Девона шуд,Бахти бадам њамхона шуд.Љову макон монанди љуѓз,Дар њар љару вайрона шуд.Нависанда Њабибулло Назиров, ки солиёни

зиёде вазири адлия ва раиси Суди Олии Тољикистон буд, бо иљрои супорише ба шањри Ќўрѓонтеппа меояд ва бо фурўшандаи маѓозаи дењаи Хумдон, амаки Ѓуломќодир њамсуњбат мегардад.

Дар он суњбат, ки одамони зиёде иштирок доштанд, аз Ѓуломќодир-амак илтимос менамояд, ки суруд хонад ва ў њам ин илтимосро рад накарда, дар радифи шеърњои шоирони маълуму машњур, шеърњоеро низ ќироат мекунад, ки ба мењмонон ва махсусан, Њабибулло Назаров писанд меояд.

Ин шеърњо ба шоири халќ Карим Девона тааллуќ доштанд. Њ.Назаров солњои зиёде аз пайи дарёфт ва ба мардум расондани шеърњои Карим Девона мешавад. Вай мефањмад, ки дар водии Њисору ноњияи Дањанакиик (њозира Хуросон) ва дар дигар манотиќи љумњурї аз шоири мардумї ва шеърњои ў огањї доранд. Њабибулло Назаров барои дарёфти шеърњои шоири халќ пиёдаву савора ќисме аз дењу шањрњои Тољикистон ва Ўзбекистонро тай намуда, маводи зиёде љамъ меоварад. Вай аз рўйи маводи љамъовардааш асари тадќиќотї - илмии «Дар љустуљўи Карим Девона»-ро навишт, ки онро соли 1958 нашриёти давлатии Тољикистон чоп менамояд, ки он зуд ба фурўш меравад. Ин асар дар як муддати кўтоњ ба забонњои русї, ўзбекї ва ѓайра ба чоп мерасад.

Бояд зикр кард, ки баёни содаву љаззоби нависанда Њабибулло Назаров диќќати хонандаро зуд ба худ љалб мекунад. Хонанда талош менамояд, ки ин асарро то охир мутолиа кунад. Њабибулло Назаров ба шоирї њам машѓул буда, маљмўаи ашъораш низ нашр шуда буд. Акнун вайро дар љумњурї на танњо чун корманди давлатї (вазири адлия, раиси Суди Олии Тољикистон), балки ба њайси шоиру нависандаю олим мешинохтанд. Барои асари илмию тадќиќотии «Дар љустуљўи Карим Девона» Шўрои илмии Институти халќњои Осиёи Академияи фанњои ИЉШС ба Њабибулло Назаров унвони номзади илмњои филологиро лоиќ медонад.

Шарифи МИрзоЊоТаМ,собиќадори маориф, ноњияи Хуросон

Кормандони Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ба сар-дори раёсати муносибатњои байнал-милалии вазорат Илњом Камолзода бинобар даргузашти ПАДАРАШ њамдардї баён мекунанд.

Кормандони њафтаномаи «Омўзгор» аз даргузашти муал-лифи фаъоли нашрия, олими маъ-руф, профессор Муњаммадќул ЊАЗРАТЌУЛОВ андуњгин буда, ба ањли оила ва хешовандони марњум њамдардї изњор менамоянд.

Ањли эљоди њафтаномаи «Омўзгор» аз даргузашти инсони наљиб ва сахо-ватпеша Шарофулло САйФУЛЛО-еВ (бародари собиќ сармуњаррири њафтаномаи «Омўзгор» Самиюлло Сайфуллоев) андуњгин буда, ба ањли оила ва хешовандони марњум изњори њамдардї ва таслият менамоянд.

ЭЪЛОН! Муассисаи давлатии «Маркази барномањои байналмилалї» ба диќќати довталабон мерасонад, ки њуљљатсупорї барои бурсияњои тањсилии Љумњурии Ќирѓизистон оѓоз гардид. Хоњишмандон метавонанд барои супоридани њуљљат (номнавис шудан) ба Маркази барномањои байналмилалї бо суроѓаи ш.Душанбе, к.Мирзо Турсунзода – 47 мурољиат намоянд. Телефонњо барои тамос: 223-23-59, 221-18-83.

Вобаста ба мукофоти давлатї доштанам имтиёз дорам?Собиќаи 47 – солаи омўзгорї дорам. Хизматњои хоксоронаамро ба инобат гирифта,

соли 2001 – ум маро ба муносибати 10 – солагии Истиќлоли давлатии Љумњурии Тољикистон бо мукофоти давлатї - ордени «Дўстї» сарфароз гардонданд. Аз соли 2008 – ум дар нафаќаам. Шунидам, ки барои доштани ин мукофот бояд ба нафаќаам як миќдор маблаѓ илова гардад. Оё ин рост аст?

Њўљаањмад ЃАФУРОВ, собиќ омўзгори мактаби раќами 17, ноњияи Айнї Чунонки дар боби 3, моддаи 33, банди 3 – и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар

бораи мукофотњои давлатии Љумњурии Тољикистон» (аз 24 феврали соли 2017, №1378) оид ба имтиёз, њуќуќ ва уњдадорињои шахсони ба мукофотњои давлатии Љумњурии Тољикистон сарфарозгардида омадааст, ба шахсе, ки бо орден ва унвонњои фахрии Љумњурии Тољикистон сарфароз гардидааст, новобаста аз дигар иловапулињо ба нафаќа, дар њаљми муайян иловапулии њармоња ба нафаќае, ки барояш таъйин шудааст, пардохт мешавад. Аммо ба онњое, ки ордени «Дўстї» доранд, дар ќонуни мазкур чунин имтиёз муќаррар нагардидааст.

Тањияи Њотами ЊоМИД

Эътибор надорадДафтарчаи гумшудаи имтињонї, ки онро

соли 2018 коллељи омўзгории ба номи Хоси-ят Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнї ба донишљўи курси 3-юми ихтисоси забон ва адабиёти тољик (шуъбаи рўзона) Абдуллоева Мањина Њикмитовна додааст, эътибор надо-рад.

Шањодатномаи гумшудаи АБ №105041 дар бораи хатми синфи 9 ки онро соли 2002 муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №65-и ноњияи Шоњмансури шањри Душанбе ба Оди-наева Њуснигул Мањмадуллоевна додааст, эъ-тибор надорад.