72
Н. С. ЗАЙНИДДИНОВ Њ. Њ. МУНАВВАРОВ ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊ Китоб барои дарсњои тарбиявии хонандагони синфњои 1 – 2-юми муассисањои тањсилоти умумї Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон тавсия кардааст ДУШАНБЕ МАОРИФ 2017

ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

  • Upload
    others

  • View
    18

  • Download
    0

Embed Size (px)

Citation preview

Page 1: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

1

Н. С. ЗАЙНИДДИНОВ Њ. Њ. МУНАВВАРОВ

ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊ

Китоб барои дарсњои тарбиявии хонандагони синфњои 1 – 2-юми муассисањои тањсилоти умумї

Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон

тавсия кардааст

ДУШАНБЕМАОРИФ

2017

Page 2: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

2

ББК-74.26 Я 72 З-88

З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат дар роњ. Китоб барои дарсњои тарбиявии хонандагони синфњои 1 – 2-юми муассисањои тањси-лоти умумї. Душанбе, Маориф, 2017. 72 сањ.

Хонандаи азиз!Китоби мазкур барои гузаронидани дарсњои тар-

биявї дар муассисањои тањсилоти умумї тањия гар-дида, роњбарони синф метавонанд њангоми тањияи наќшаи корї вобаста ба шароити мањал ва синну соли хонандагон мавзўъњои заруриро интихоб на-моянд.

Љадвали истифодаи китоб

№Ному насаби хонанда

СинфСоли тањсил

Њолати китоб (бањои китобдор)Аввали сол

Охири сол

1

2

3

4

5

© Н.С.Зайниддинов© Маориф, 2017

ISBN 978-99947-1-446-9 Моликияти давлат

Page 3: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

3

САРСУХАН Бачаҳои азиз! Ҳар кадоми шумо борҳо дар

роҳ мошинҳои гуногунро дидаед, ки аз субҳ то шаб доимо дар ҳаракат мебошанд ва шояд номи аксари онҳоро медонед. Ҳар мошине, ки дар роҳ мебинед, барои иҷрои коре дар ҳаракат аст. Яке мусофиронро аз ҷое ба ҷое мебараду дигаре бор мекашонад, яке барои хомӯш кардани сӯхтор шитоб дораду дигаре барои наҷот додани ҳа-ёти одамон. Ҳамаи ин мошинҳоро дар якҷоягӣ воситаи нақлиёт меноманд, ки ҳаёти имрӯзаро бе он тасаввур кардан номумкин аст.

Барои он ки ҳаракати бехатари ин мошинҳо дар роҳ таъмин карда шавад, ронандагони та-моми воситаҳои нақлиёт ва одамон ҳангоми ҳа-ракат дар роҳ бояд ба ќоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба таври ҳатмӣ риоя кунанд. Риоя накардан ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳам барои ронандагон ва ҳам барои пиёдагардон бисёр хатарнок буда, метавонад боиси рух додани ҳодисаҳои нохуш гардад.

Шумо дар синфҳои 1 – 2 ба қоидаҳои одита-рини ҳаракат дар роҳ: ҳаракат дар кӯчаву роҳҳо, қоидаҳои гузаштан аз роҳ ва гузаргоҳ, намудҳои роҳ, ишораҳои чароғи роҳнамо, аломатҳою ни-шонаҳои роҳ ва қоидаҳои асосии бехатарӣ дар

Page 4: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

4

кӯчаву роҳҳо шинос мешавед, ки донистану риоя кардани онҳо барои таъмини ҳаёти солими шумо аҳамияти бағоят муҳим дорад.

Ҳангоми омӯзиши “Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ” шумо пай мебаред, ки чароғҳои роҳнамо барои чӣ хизмат мекунанд, роҳро аз куҷо гу-заштан мумкин аст ва аз куҷо гузаштан мумкин нест, рафтору амали шумо ҳангоми ҳаракат дар роҳ бояд чӣ гуна бошад, пиёдагардон ҳангоми ҳаракат дар роҳ чӣ гуна бояд рафтор кунанд ва ғ.

Дар навбати аввал шумо бояд роҳи ҳарака-ти худро аз хона то ба мактаб хуб донед. Ҳанго-ме ки падару модарон ҳар рӯз шуморо аз хона то дари мактаб гусел мекунанд, диққат диҳед, ки аз куҷо шуморо аз роҳ мегузаронанд, дар куҷо чароғи роҳнамо гузошта шудааст, ҳангоми фурӯзон будани кадом ишораи чароғи роҳнамо роҳро гузаштан мумкин аст, аз куҷо роҳро гу-заштан хатарнок ё қатъиян мумкин нест. Зеро баъзан мавридҳое мешаванд, ки падару модар ва ё онҳое, ки ҳар рӯз шуморо то ба мактаб ме-оранд, бо ягон сабабе корашон мебарояду шу-моро ба мактаб бурда ё аз мактаб ба хона оварда наметавонанд ва шумо танҳо ба мактаб меравед ё аз мактаб ба хона меоед. Дар ин маврид ба шумо донистан ва риоя кардани қоидаҳои ҳара-

Page 5: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

5

кат дар роҳ ёрӣ мерасонад.Умедворем, ки шумо “Қоидаҳои ҳаракат дар

роҳ”-ро омӯхта, ба он ҳангоми ҳаракат дар роҳ риоя мекунед ва ба хоҳарону бародарони худ низ омӯхта, риояи онро аз онҳо талаб менамоед. Бо ин восита шумо пеши роҳи ҳар гуна ҳоди-саҳои нохуши нақлиётиро гирифта, ҳифзи ҳаёти солими худ ва бародарону хоҳарони худро таъ-мин менамоед.Бачањои азиз! Он расмњое, ки гирдашон

сурх буда ва аломати гузошта шудааст, маънои онро дорад, ки ин тавр рафтор накунед. Аломати маънои ба хотир ги-ред ва аломати маънои саволро ифода мекунад. Њамчунин бо маќсади донистани маънии аломатњои роњ дар сањифањои 67 ва 68 шарњи аломатњои роњ дода шудааст.

Н. Зайниддинов

Page 6: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

6

ХАТИ ЊАРАКАТИ КЎДАК АЗ ХОНА ТО БА МАКТАБ

Page 7: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

7

Бо фарорасии соли тањсили нав шумо, ки акнун ба синни мактабї расидаед, бо роњ-баладии калонсолон ба сўйи мактаб равона мешавед. Њаракати шумо дар роњњои пиёда-гард ва мошингард сурат мегирад. Дар кўча-ву роњњо ба анбўњи пиёдагардон ва ќатори автомобилњо вомехўред. Албатта, падар, мо-дар ё бародаронатон шуморо аз роњ гузаро-нида, то мактаб гусел мекунанд. Шумо њанўз намедонед, ки аз роњи мошингард чї тавр бояд гузашт.Агар шумо ба танњої роњро гузашта ната-

вонед, бояд аз калонсолон ёрї пурсед.

Бачањои азиз! Роњро танњо аз љойњои муайяншуда гузаред:– аз пиёдагузар, пайрањаи пиёдагард ва дар сурати мављуд набудани онњо аз канори роњ;– њаргиз аз пеши мошини наздикомада давида нагузаред;– яку якбора дар ќисми мошингарди роњ пайдо нашавед;– њангоми фурўзон будани ранги сабзи чароѓи роњнамои пиёдагардон кўчаро гузаред,

Page 8: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

8

МАФЊУМЊОИ РОЊ, КЎЧА, ХИЁБОН, ЧОРРОЊА

Ронандагони воситањои наќлиёт (авто-мобил, мототсикл, велосипед) ва одамон аз роњњо истифода мебаранд.Роњ он ќисми кўча аст, ки барои њаракати

воситањои наќлиёт ва одамон сохта шудааст. Роњ аз ќисми мошингард, канори роњ ва пай-рањаи пиёдагардон иборат мебошад. Роњњо хокї, регпўш, мумфарш ва бетонї мешаванд.Кўча як ќисми мањалли ањолинишин аст,

ки он хонањо, роњи мошингард, роњњои пи-ёдагард, канори роњ, гулгаштњо ва дигар ин-шоотњоро фаро мегирад.

Page 9: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

9

Дар шањру ноњияњо кўчаву хиёбонњо ба номи шахсони маъруфу машњури таърихї, шоиру нависандагони бузург гузошта шуда-анд. Масалан, кўчањои С. Айнї, Б. Ѓафуров,

М. Ќосимов, хиёбонњои Рўдакї, Сино, Саъ-дии Шерозї, Исмоили Сомонї ва ѓайра.Хиёбонњо низ аз кўчањо, роњњои калони

мошингард ва гулгаштњо иборат мебошанд. Хиёбон аз кўча бо чанд љињат фарќ мекунад. Чун ќоида хиёбон роњи калону васеъро фаро мегирад ва ба биноњои калони муњимми маъ-муриву фарњангї баромад дорад. Роњи њара-кати хиёбон пањнтар буда, аз чандин хати њаракат иборат мебошад. Хиёбон рост меша-вад, вале кўча метавонад каљ бошад. Пањ-ноии роњи њаракати кўча метавонад танг бо-шад. Дар дењот хиёбон намешавад, вале кўча дар дењот низ мешавад. Одатан хиёбонњо аз майдонњо, чорроњањои калон ва сарњади шањр оѓоз гардида, дар њамин гуна љойњо ба охир мерасанд, яъне хиёбон бо бунбаст ба охир намерасад, аммо кўча метавонад бо бунбаст тамом шавад. Љойи њамдигарро бурида гузаштани роњњо,

ба њамдигар пайваст шудан ё ба самтњо људо шудани онњоро чорроња меноманд.

Page 10: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

10

Чорроњае, ки дар онњо њаракати наќлиёт бо чароѓи роњнамо танзим карда мешавад, чорроњаи танзимшаванда номида мешавад.

1. Роњњо барои чї сохта шудаанд?2. Роњ аз кўча чї фарќ дорад?3. Хиёбон аз кўча чї фарќ дорад?4. Кўчае, ки шумо дар он зиндагї меку-нед, чї ном дорад?5. Шумо боз кадом кўчањои мањалли худро медонед?6. Мактаби шумо дар кадом хиёбон ё кўча љойгир шудааст?

САМТИ ЊАРАКАТИ НАЌЛИЁТ ДАР РОЊ

Њаракати воситањои наќлиёт дар роњњо яксамта ва дусамта мешавад.Дар роњњои њаракати дусамта воситањои

наќлиёт ба ду тараф њаракат мекунанд. Дар

Page 11: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

11

роњњои њаракати яксамта њаракати наќлиёт танњо дар як самт сурат мегирад.

Дар Љумњурии Тољикистон њаракати воси-тањои наќлиёт ва пиёдагардон аз тарафи рости роњ муќаррар карда шудааст.

Роњи пиёдагард Роњи мошинЌоида бањри моён Роњи калон – ба мошин

Хосса ишора кардаст: Вай љойи кори мошин, Пайрања бањри инсон То ки халал наёбад

Роњи пиёдагард аст! Гашту гузори мошин.Донї агар ќоида, Донї агар ќоида,Бинї фаќат фоида! Бинї фаќат фоида!

Н. Баќозода

Page 12: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

12

ЌОИДАЊОИ ГУЗАШТАН АЗ КЎЧАВУ РОЊЊО

Мувофиќи талаботи ќоидањои њаракат дар роњ пиёдагардон бояд бо роњи пиёдагард њаракат кунанд, роњро фаќат аз љойи муай-янкардашуда, яъне аз гузаргоњи пиёдагард, гузаргоњи зеризаминї ё аз љойњои махсус, ки барои аз роњ гузаштани пиёдагардон људо шудааст, гузаранд.Дар гузаргоњњое, ки њаракати наќлиёт ва

аз роњ гузаштани пиёдагардон ба воситаи ча-роѓи роњнамо танзим карда мешавад, аз роњ њангоми сабз будани чароѓи роњнамо гузаштан лозим аст.Дар хотир доред, ки њангоми гузаштан

аз роњ њатто дар њолати сабз будани чароѓи роњнамо низ бисёр бодиќќат бояд бошед. Ба атроф назар кунед, садои мошини наздикшу-даистодаро шунавед. Зеро баъзан дар њолати зарурї ронанда мошинро боздошта намета-вонад ва боиси рух додани њодисаи нохуш мегардад. Бинобар ин, њангоми пурра бо-зистодани мошинњо бояд аз гузаргоњ гузаред.Дар њолати набудани гузаргоњи пиёда-

гард шумо бояд роњро аз љое гузаред, ки њар ду тарафи роњ хуб дида шавад. Дар чунин

Page 13: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

13

маврид роњро тањти кунљи рост гузаштан зарур аст. Чунки масофаи роњи гузариш кўтоњтар ва ваќти дар роњ будани шумо камтар мешавад. Дар ин њолат бояд аввал ба тарафи чапи

роњ назар карда, дар њолати набудани воси-тањои наќлиёт то байни роњ омада, баъд ба тарафи рост нигаред ва дар њолати набудани мошин ќисмати боќимондаи роњро гузаред. Дар њолати набудани роњи пиёдагард

шумо бояд аз канори роњ њаракат кунед.Пиёдагардон бояд бо амалњои нодурусти

худ ба њаракати мошинњо (воситањои наќли-ёт) халал нарасонанд. Дар акси њол рух дода-ни фалокат дар роњ аз эњтимол дур нест.

Page 14: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

14

Аќлам бигўяд, дар гузар,Аввал ба сўйи чап нигар.Дар нимаи дуюми роњ, Бинмо назар сўйи дигар.

Дар хотир дошта бошед, ки дар роњ ва назди роњњои мошингард бозї кар-дан хеле хавфнок буда, ќатъиян манъ аст.

Page 15: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

15

Шумо бояд дур аз роњи мошингард, дар майдончањои махсуси барои бозї муќарраршудаи назди биноњо ва май-дончањои варзишї бозї кунед.

1. Роњро аз куљо бояд гузашт?2. Њангоми аз роњ гузаштан аввал чї бояд кард?3. Оё дар роњи кўчаи шумо гузаргоњи пиёдагард вуљуд дорад?4. Њангоми аз хона ба мактаб рафтан ва аз мактаб ба хона омадан ба шумо аз чанд роњ гузаштан лозим меояд?

ИШОРАЊО БАРОИ ТАНЗИМИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊ

Барои танзими њаракати наќлиёт ва пи-ёдагардон дар роњ яке аз воситањои техникии танзими њаракат чароѓи роњнамо (светофор) мебошад.

Page 16: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

16

Ранги сурхи чароѓи роњна-мо њаракатро манъ мекунад. Ба пиёдагард «Исто!» ме-гўяд.

Ранги зарди он низ манъ-кунанда аст. «Таваљљуњ» – тайёр шавед, «њоло ба гу-заштан рухсат медињам» – ишора мекунад ранги зард.

«Роњ кушода, њаракат ку-нед!» – мегўяд ранги сабзи он.

Чароѓњои роњнамо барои наќлиёт ва пиёдагардон аслан дар чорроњањо ва гу-заргоњњои пиёдагард гузошта мешаванд. Чароѓи роњнамо аз се ранги бонавбат фурў-зоншаванда иборат аст: аз боло ранги сурх, дар байн ранги зард ва аз поён ранги сабз.Њар як ранги чароѓи роњнамо як амалеро

барои пиёдагардон ва ронандагон ифода ме-кунад.

Page 17: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

17

Бачањои азиз! Агар мо талаботи чароѓи роњнаморо риоя намоем, њамеша сафарамон бехатар анљом меёбад.

Шумо борњо дидаед, ки як шахси сарули-босаш махсус ва ишорачўб дар даст байни роњ истода, њар гуна ишорањо мекунад. Ин шахс корманди Бозрасии давлатии автомо-билї (БДА) буда, нозири роњ мебошад.

Page 18: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

18

Ў дар њолати кор накардани чароѓи роњна-мо њаракати мошинњо ва пиёдагардонро ба танзим медарорад, яъне вазифаи чароѓи роњнаморо иљро мекунад.Чароѓаки роњнамо барои пиёдагардон ак-

сар аз ду ранг: ранги сурх ва ранги сабз иборат мебошад, ки дар дохили ранги сурхи он суро-би одами ќарористода ва дар дохили ранги сабзи он суроби одами њаракаткардаистода акс ёфтааст. Вобаста ба фурўзон шудани ин ишорањо пиёдагардон амал мекунанд.

СЕЧАРОЃИ РОЊНАМОШањри зебо шањри мо,Пур зи мошин кўчањо.Аз роњаш чун бигзарем Бемалолу бехато.

Роњнамо бошад ба моСечароѓи роњнамо.Ранги сурхаш гўяд:– ист!Навбати мошинравист!

Page 19: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

19

Ранги зардаш: – њуш дор!Њоло гардї роњсипор. Сабзаш дар гирад агар,Марњамат акнун гузар!

Н. Баќозода

1. Чароѓи роњнамо барои чї лозим аст?2. Чароѓи роњнамо дар куљоњо гузошта мешавад?3. Ранги сурх, зард ва сабзи чароѓи роњнамо чиро ифода мекунад?4. Роњро њангоми фурўзон будани кадом ранги чароѓи роњнамо бояд гузарем?5. Шумо кадом намудњои чароѓи роњна-моро дидаед?6. Вазифаи нозири роњ аз чї иборат аст?7. Шеъри «Сечароѓи роњнамо»-ро хонда, тартиби кори чароѓи роњнаморо шарњ дињед.

АЛОМАТЊОИ РОЊВоситањои дигари техникии танзими њара-

кат дар роњ аломатњои роњ мебошанд. Онњо-ро ба аломатњои огоњкунанда, манъкунанда, иттилоотию ишоратї, хизматрасонї ва ѓайра људо мекунанд.Њар яки онњо шакли ба худ хос доранд.

Page 20: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

20

Масалан, аломатњои огоњкунанда шакли се-кунља ва њошияи сурх, аломатњои манъкунан-да шакли доира ва њошияи сурх, аломатњои иттилоотию ишоратї ва хизматрасонї шак-ли чоркунља доранд. Њамаи аломатњо дар якљоягї алифбои

роњро ташкил медињанд. Дар њолати аз худ кардани он талаботи аломатњои роњро фањ-мидан мумкин аст.Аломатњои роњ ба ронандагон ва пиёда-

гардон нишон медињанд, ки чї гуна амал на-моянд.Барои мисол баъзеи онњоро нишон ме-

дињем.

АЛОМАТЊОИ ОГОЊКУНАНДААломатњои огоњкунанда ронандагонро

аз наздик расидан ба ќитъаи хатарноки роњ огоњ мекунанд, то ки барои гузаштан аз он хеле эњтиёткор бошанд. Масалан, аломати секунљашакле, ки дар он расми ду бачаи да-видаистода тасвир шудааст, аломати «Кўда-кон» мебошад. Ин аломат ронандагонро огоњ менамояд, ки дар наздикии роњ муасси-сањои бачагона, ба монанди боѓча ва мактаб љойгиранд ва дар роњ пайдо шудани кўдакон аз эњтимол дур нест.

Page 21: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

21

Аломати дигар, ки дар он одами њаракат-кардаистода тасвир шудааст, ронандагонро огоњ менамояд, ки дар пеш гузаргоњи пиёда-гард њаст.

Њамин тавр, аломатњо вобаста ба шаклу тасвирњояшон иштирокчиёни њаракатро огоњ мекунанд, ки мутобиќ ба онњо чорањои зарурї андешанд.Дар хотир бояд дошт, ки аломатњои се-

кунљашакли њошияашон сурх танњо барои ронандагон аст. Онњо ронандагонро пешакї огоњ мекунанд, ки дар наздикї гузаргоњи пи-ёдагард, муассисаи бачагон ё ќитъаи хатар-ноки роњ мављуд аст ва дар роњ аз эњтимол дур нест, ки кўдакон пайдо шаванд. Бинобар

Page 22: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

22

ин, онњо бояд суръати њаракатро суст карда, бисёр эњтиёткор бошанд. Дар чунин љойњое, ки ин аломатњо гузошта шудаанд, роњро гу-заштани пиёдагардон мумкин нест. Пиёда-гардон роњро танњо аз он љое мегузаранд, ки аломати росткунљаи кабуд бо навиштаљоти «Гузаргоњи пиёдагардї», «Гузаргоњи зериза-минии пиёдагардї» ё «Гузаргоњи рўйизаминии пиёдагардї» гузошта шуда бошад.

АЛОМАТЊОИ МАНЪКУНАНДААломати доирашакле, ки дар дохили он

расми одами њаракаткунанда хат зада шуда-аст, њаракати пиёдагардро дар минтаќаи му-айяншуда манъ мекунад.

АЛОМАТЊОИ ДАСТУРДИЊАНДАШакли аломатњои дастурдињанда низ дои-

рашакл буда, ранги кабуд доранд ва дар до-хили онњо тасвир бо ранги сафед аст.Масалан, аломати мудаввари кабуд, ки

дар даруни он расми одами раванда тасвир шудааст, аломати «Пиёдарања» буда, танњо њаракати пиёдагардон иљозат дода мешавад.

Page 23: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

23

Аломате, ки дар он велосипед тасвир шу-дааст, «Пайрањаи велосипедгард» буда, њара-кат танњо ба велосипедњо ва мопедњо иљозат дода мешавад.

БАЪЗЕ АЛОМАТЊОИ ИТТИЛООТИЮ

ИШОРАТЇАломатњои иттилоотию ишоратї шакли

чоркунља доранд.Аломатњои росткунљае, ки дар онњо расми

автобус ва таксї кашида шудааст,љойи исти автобус ва таксиро ифода мекунанд. Ало-матњои росткунљае, ки дар даруни онњо ода-ми раванда тасвир ёфтааст, «Гузаргоњи пи-ёдагард» ном дорад ва пиёдагардон роњро бояд мањз аз њамин љо гузаранд.

Page 24: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

24

БАЪЗЕ АЛОМАТЊОИ ХИЗМАТРАСОНЇАломатњои хизматрасонї шакли чоркунља

доранд ва ба ронанда оид ба мављуд будани нуќтањои хизматрасонї дар роњ маълумот медињанд.

1. Аломатњои роњ, барои чї лозиманд?2. Шумо боз кадом аломатњои роњро ди-даед?3. Аломати «Гузаргоњи пиёдагард» ба-рои чї лозим аст?4. Аломати огоњкунандаи «Кўдакон» дар куљоњо гузошта мешавад ва барои чї хизмат мекунад?5. Оё дар љойњое, ки аломати «Кўдакон» гузошта шудааст, роњро гузаштан мум-кин аст?

Page 25: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

25

НИШОНАЊОИ РОЊДар роњњои автомобилгард ѓайр аз ало-

матњои роњ боз нишонањои роњ мављуданд.Нишонањои роњ хеле бисёранд. Баъзе ни-

шонањои асосии роњро шумо бояд донед. Аз њама муњимтарин нишонае, ки шумо бояд до-нед, нишонаи барои гузаргоњи пиёдагардон мебошад. Ин нишонаро дар чорроњањо ва дар љойњое, ки барои аз роњ гузаштани пиёда-гардон муайян карда шудааст, борњо дидаед. «Гузаргоњи пиёдагард» бо хатњои пањни кўн-даланг нишонагузорї мегардад. Нишонаи ди-гар хати яклухти сафеди байни роњ аст, ки ин хат самти муќобили њаракати наќлиётро људо мекунад. Ба рўйи ин хат њаракат кардани наќ-лиёт манъ аст.

Page 26: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

26

Бинобар ин, агар пиёдагард дар ваќташ роњро гузашта натавонад, ў метавонад дар рўйи ин хат истад ва пас аз гузаштани мошини наздикома-даистода ќисми дигари роњро гузарад. Дар роњ хатњои сафеди фосиладор низ њастанд. Ин хатњо роњи њаракати наќлиётро аз њам људо мекунанд. Ронандагон метавонанд ба рўйи ин хатњо њара-кат кунанд. Бинобар ин, дар рўйи ин гуна хат истодани пиёдагардон мумкин нест.

1. Нишонањои роњ барои чї гузошта ме-шавад?2. Пиёдагард роњро аз куљо бояд гузарад?3. Агар пиёдагард дар ваќташ роњро гу-зашта натавонад, дар кадом ќисми роњ бояд истад?4. Њангоми аз роњ гузаштан дар кадом ќисми роњ истодани пиёдагард хатарнок аст?5. Шумо боз кадом нишонањои роњро ди-даед?

Page 27: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

27

ДАР РОЊИ ОЊАНБачањои азиз, њар як воситаи наќлиёт дар

замин, об ва фазо роњи худро дорад. Роњи ња-вої барои њавопаймо (самолёт), роњи обї ба-рои киштињо, роњи заминї барои воситањои наќлиёти заминї ва роњи оњан барои ќато-рањо муќаррар шудаанд.Роњи оњан аз дохили шањрњо, дењањо

гузашта роњњоеро, ки дар онњо воситањои наќлиёт ва пиёдагардон њаракат мекунанд, бурида мегузарад. Дар роњњои оњан монеањо барои пиёдагардон гузошта намешаванд, би-нобар ин барои њаёти онњо ин роњ хавфи ка-лон дорад. Азбаски поезд бисёр вазнин аст ва бо суръати нињоят тез њаракат мекунад, онро яку якбора боздоштан ѓайриимкон аст.

Page 28: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

28

Аз ин рў, дар наздикии роњи оњан бодиќќат ва эњтиёткор будан лозим аст. Роњи оњанро танњо аз љойњои махсус људокардашуда мегу-заранд. Дар љойњои серодам барои гузаштан аз роњи оњан кўпрукњои махсус сохта меша-ванд.

Бачањои азиз, њангоми дидани поез-ди наздикомада гузаштан аз роњи оњан ќатъиян манъ аст.Дар роњи оњан ва наздикии он бозї

накунед, чунки ин рафторатон барои њаёти шумо нињоят хавфнок аст!

Роњи оњан– роњи хос Иттифоќо гар зи пасБањри поезду халос! Ояд он оташнафас. Бо роњи оњан нагард, Дида аз як њайбаташБохабар бош, илтимос! Мекафад дилњои кас.

Н. Баќозода

1. Роњи оњан барои чї лозим аст?2. Барои чї бозї кардан дар роњи оњан мумкин нест?

УЊДАДОРИИ ПИЁДАГАРДОН Бачањои азиз, пеш аз њама мо бояд донем,

ки пиёдагард кист? Пиёдагард шахсест, ки дар роњ пиёда роњ

Page 29: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

29

мегардад. Њамчунин касоне, ки бо ароба-чањои маъюбии бемуњаррик, чана, аробачаи бачагона њаракат мекунанд, пиёдагард њисоб меёбанд.Пиёдагардон иштирокчии њаракат дар

роњ њисоб меёбанд. Онњо бояд ќоидањои ња-ракат дар роњро донанд ва њангоми њара-кат дар роњ ба он риоя кунанд. Пиёдагардон ќисми мошингарди роњро бояд аз гузаргоњи пиёдагард, аз љумла гузаргоњи зеризаминї ва рўйизаминї, њангоми мављуд набудани чу-нин гузаргоњњо бо хати пиёдагард ё канори роњ гузаранд. Дар љойњое, ки њаракат бо ча-роѓи роњнамо ё аз тарафи нозири роњ танзим карда мешавад, пиёдагардон бояд мувофиќи ишорањои чароѓи роњнамо ё ишорањои нози-ри роњ амал намоянд.Пиёдагардон набояд ба њаракати воси-

тањои наќлиёт њалал расонанд ё монеа эљод кунанд. Њангоми наздикшавии мошинњое, ки сигнали махсуси овозиашонро ба кор андохта-анд, аз ќабили мошинњои ёрии таъљилї, сўх-торхомўшкунї ва ѓайра, пиёдагардон бояд аз гузаштан худдорї намуда, аввал ба ин воси-тањои наќлиёт роњ дињанд. Пиёдагардон њан-гоми њаракат дар пайрањаи пиёдагард бояд

Page 30: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

30

аз канори рости пайрања њаракат кунанд, то ки ба њаракати пиёдагардони самти муќобил халал нарасонанд.

Берун аз мањалли ањолинишин пиёдагар-дон њангоми њаракат аз канори роњ бояд рў ба рўйи самти њаракати воситањои наќлиёт њаракат кунанд. Дар ин њолат ронанда пи-ёдагардро ва пиёдагард автомобилро, ки аз рўбарўяш меояд, хуб дида метавонад. Њаракати гурўњњои муташаккили пиёда-

гардон бо ќисми автомобилгарди роњ танњо бо самти њаракати воситањои наќлиёт аз та-

Page 31: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

31

рафи рост ва на зиёдтар аз чор нафар дар як ќатор иљозат дода мешавад. Аз тарафи пеш ва аќиби гурўњ бояд мушойиаткунандагон бо байраќчањои сурх, дар торикї ва шароити дидашавандагии мањдуд бо фонусњои фурў-зон њаракат намоянд.

Бачањои азиз, риоя намудани чунин ќои-дањо дар роњ шуморо аз фалокат ва дигар њо-дисањои нохуш эмин медорад.

1. Пиёдагард кист?2. Пиёдагард роњро бояд аз куљо гуза-рад?3. Пиёдагард њангоми њаракат дар роњ чиро бояд донад ва риоя кунад?4. Чаро пиёдагард њангоми њаракат дар пайрањаи пиёдагардї бояд аз канори рост њаракат кунад?

Page 32: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

32

5. Дар кадом њолат пиёдагард бояд аз канори роњ рў ба рўйи самти њаракати воситањои наќлиёт њаракат кунад ва барои чї?

ЌОИДАЊОИ АСОСИИ РАФТОРИ БЕХАТАР ДАР КЎЧАВУ

РОЊЊО Бачањои азиз! Њамин ки шумо аз хона ба

роњ мебароед, пиёдагард њастед, ваќте ки ба наќлиёти мусофиркаш мешинед, мусофир њи-соб меёбед.

Мусофирон њангоми сафар тасмањои бе-хатарии дар наќлиёт бударо бояд банданд. Ба наќлиёт савор шудан ва аз он фуромадан-ро аз тарафи пиёдарања ё канори роњ баъди пурра бозистодани воситаи наќлиёт анљом

Page 33: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

33

дињанд. Мусофирон набояд диќќати ронан-даро њангоми њаракат ба сўйи дигар кашанд, даст ё сари худро аз тирезањои воситаи наќли-ёт њангоми њаракат ба берун бароранд, зеро ин гуна амалњо хеле хавфнок буда, боиси сар задани њодисањои нохуш мегарданд.

Барои он ки кўчаву роњро бе хавфу хатар гузаред, бояд њатман чунин тала-боти њаракатро иљро кунед:– роњро танњо дар љойњои муайяншуда: – гузаргоњњои пиёдагард, гузаргоњњои зеризаминї ва рўйизаминї ва дар сура-ти мављуд набудани онњо аз љойњое, ки роњ аз њар ду тараф хуб дида мешавад, гузаред;– аз пеши автомобили наздикомада да-вида нагузаред;– аз паси монеањои канори роњ яку як-бора ба ќисми автомобилгарди роњ на-бароед;– дар љойњое, ки барои пиёдагардон ча-роѓи роњнамо вуљуд дорад, кўчаро њан-гоми фурўзон будани ранги сабзи он гу-заред; – њељ гоњ дар ќисмати роњи автомобил-гард бозї накунед.

Page 34: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

34

Агар ин талаботро ба љо оред, њељ гоњ дар роњ ба фалокат дучор намешавед. Дар акси њол рух додани фалокат ногузир аст. Мутаассифона, баъзе бачањо аз назди наќ-

лиёти наздикомадаистода давида гузаштан-ро ќањрамонї мењисобанд ва намедонанд, ки наќлиётро яку якбора боздоштан ѓайриим-кон аст.Мошин дар як сония, яъне дар як мижа

задан, таќрибан 12-15 метрро тай менамояд, аммо пиёдагард дар ин муддат (ваќт) њамагї 1-2 метрро тай мекунад.Агар шумо роњро аз љойњое, ки барои пи-

ёдагардон манъ аст, гузаред, он гоњ рух дода-ни фалокат аз эњтимол дур нест.

Page 35: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

35

1. Мафњумњои пиёдагард ва мусофирро чї хел мефањмед?2. Пиёдагардон дар роњ чї гуна бояд ња-ракат кунанд?3. Пиёдагардон ба кадом амалњо бояд роњ надињанд?4. Дар куљо бозї кардан мумкин нест ва барои чї?5. Барои он ки роњро бе хавфу хатар гу-заред, чї бояд кард?

ЧОРРОЊА ВА НАМУДЊОИ ОН

Чунонки шумо аз дарсњои гузашта медонед, љойи њамдигарро бурида гузаштани роњњоро чорроња меноманд.

Page 36: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

36

Чорроњањо «+» монанд, «У» монанд ва «Т» монанд мешаванд. Чунонки дар расми зерин мебинед, роњњо

якдигарро дар як сатњ мебуранд ва ин чор-роњаи чортарафа ё љамъмонанд аст.Дар чорроњаи «Т» монанд ду роњ бо њам

ба шакли «Т» пайваст мешавад. Ин гуна чор-роњаро чорроњаи сетарафа меноманд. Дар чорроња аз њар тараф автомобилњо

бонавбат њаракат мекунанд. Он љойи аз њама хавфнок ба њисоб меравад. Дар чорроњаи танзимшаванда њаракати наќлиёт ва пиёда-гардон бо чароѓи роњнамо ё аз тарафи нози-ри роњ танзим карда мешавад. Ронандагон ва пиёдагардон бояд дар чорроња хеле бодиќќат бошанд ва мувофиќи ишорањои чароѓи роњна-мо ё нозири роњ амал намоянд.

Бинобар ин, чорроњаро танњо аз гу-заргоњи пиёдагард њангоми фурўзон бу-дани ранги сабзи чароѓи роњнамо гу-заштан лозим аст!

Page 37: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

37

Дар чорроњањое, ки њаракати наќлиёт ва пиёдагардон бо чароѓи роњнамо танзим карда намешавад, пиёдагардон чї тавр бояд роњро гузаранд? Пеш аз гузаштан дар канори гузар-гоњи пиёдагард истода, ба тарафи чап ва рост бояд нигарист. Интизор шавед, ки њамаи мо-шинњои наздикомадаистода гузашта раванд. Онгоњ зуд-зуд ќадам зада роњро гузаштан ло-зим аст. Њаргиз роњро давида гузаштан мум-кин нест. Њамеша њангоми гузаштани ќисми аввали роњ нигаристан ба тарафи чап ва аз ќисми дуюми роњ нигаристан ба тарафи рости роњро фаромўш накунед.

1. Чї гуна љойро чорроња меноманд?2. Кадом намудњои чорроњаро медонед?3.Чорроњаи танзимшаванда аз чорроњаи танзимнашаванда чї фарќ дорад?

Page 38: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

38

ИШОРАЊОЕ, КИ АЗ ТАРАФИ РОНАНДАГОН ДОДА МЕШАВАНДТавре ки шумо мушоњида кардед, тамоми

намуди автомобилњо, чї боркашу сабукрав ва чї мусофиркаш (автобусу троллейбус) чароѓи нурафкани гуногунранг доранд. Дар пеши мошинњо чароѓњо ранги сафед ва зард, дар ќафо ранги сурх ва зард доранд.

Чароѓњои калони сафеди пеши автомо-билњо барои шабона равшан намудани роњ хизмат мекунанд.Чароѓњои сурхи аќиби автомобилњо њан-

гоми фурўзон шудан боздоштани воситаи

Page 39: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

39

наќлиётро нишон медињанд.Ин чароѓњо барои чї хизмат мекунанд?

Ронандагон ба воситаи ин чароѓњо ронанда-гони дигар ва пиёдагардонро аз амали худ пешакї огоњ месозанд.Агар чароѓњои зарди чашмакзананда аз

тарафи чапи пешу ќафо фурўзон шаванд, ин чунин маънї дорад, ки ронанда автомобили худро ба тарафи чап мегардонад.Агар чароѓи зарди чашмакзанандаи тара-

фи рост фурўзон шавад, он гоњ мо пай меба-рем, ки ронанда автомобили худро ба тарафи рост гардондан мехоњад.

1. Чароѓњои зарди чашмакзананда ба-рои чї хизмат мекунанд?2. Агар ронанда мошинро ба тарафи чап гардониданї бошад, кадом чароѓњоро фурўзон мекунад?3. Воситањои наќлиёт боз чї гуна ча-роѓњо доранд?

Page 40: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

40

МО – МУСОФИРБачањои азиз! Шумо борњо дар кўчаву

роњњои автомобилгард троллейбусу авто-бусњои хурду калон ва гуногунро дидаед, ки мусофиронро ба манзил мебаранд. Чунин воситањои наќлиёт воситањои наќлиёти мусо-фирбар номида мешаванд. Онњоро дар љой-њои махсус, истгоњњо, ки аз сатњи роњ каме баландтар љойгиранд ва барои мусофирон нисбатан љойи бехавфанд, интизор шудан лозим аст.Дар сурати мављуд набудани истгоњ наќ-

лиёти мусофиркашро берун аз ќисми мошин-гарди роњ, канори роњ интизор шудан лозим аст. Њаргиз дар рўйи роњ, яъне ќисми мошин-гарди роњ истода, наќлиётро интизор шудан мумкин нест.

Page 41: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

41

Мусофирон ба автобус ё троллейбус бояд бонавбат савор шаванд: аввал пирону калон-солон, занон, баъд наврасон. Занњои кўдак-дор бояд аз дари пеш савор шаванд. Дар даруни автобус ё троллейбус бозиву маѓал кардан ё дасту сари худро аз тирезањои он берун баровардан мумкин нест. Ба пирону калонсолон ва занњое, ки кўдаки хурдсол до-ранд, бояд љой дињем.

1. Киро мусофир меноманд?2. Дар даруни наќлиёти мусофиркаш чї гуна бояд рафтор кард?3. Наќлиёти мусофиркашро дар куљо бояд интизор шавем?

Page 42: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

42

УЊДАДОРИИ МУСОФИРОНДар асоси талаботи њаракат дар роњ

мусофирон уњдадоранд, ки:– ба воситаи наќлиёт савор шудан ва аз он фуромаданро аз тарафи пиёда-роња ё канори роњ ва танњо баъди пур-ра бозистодани воситаи наќлиёт анљом дињанд;– наќлиёти мусофиркашро танњо дар истгоњњо ва дар њолати набудани онњо наќлиётро берун аз ќисми автомобил-гарди роњ, дар канори роњ интизор ша-ванд;– аз тирезањои автобусњо кашол наша-ванд;– ба наќлиёти мусофиркаш, яъне авто-бусу троллейбусњо аз дари ќафо савор шуда, аз дари пеш фуроянд; – њангоми њаракат дари наќлиёти мусо-фиркашро худсарона накушоянд.–бачањо дар дохили автобусу троллей-бус бояд боинтизом бошанд, ба пиро-ну калонсолон роњу љой дињанд, бози-ву маѓал накунанд ва аз тирезањо дасту сарашонро берун набароранд.

Page 43: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

43

Истгоњњо дар наздикии гузаргоњњои зери-заминї, пиёдагард ва чорроњањо љойгиранд. Бинобар ин, аз наќлиёт фуромада, то чор-

роња ё гузаргоњ рафта, роњро танњо аз он љо гузаштан лозим аст.Баъди фуромадан аз наќлиёти мусофир-

каш роњро бояд аз гузаргоњ ва дар њолати дар наздикї набудани гузаргоњ аз тарафи ќафои автомобил гузаранд.

1. Дар кадом њолат ба наќлиёти мусо-фиркаш савор шудан мумкин аст?2. Мусофирон бояд аз кадом дар ба ав-тобус ё троллейбус савор шаванд ва аз кадом дар фуроянд?3. Дар дохили автобус ё троллейбус ба кадом амалњо роњ додан мумкин нест?4. Пас аз фуромадан аз автобус ё трол-лейбус роњро бояд аз куљо гузаред?

Page 44: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

44

МОШИНЊОИ ТАЪЙИНОТИ МАХСУСБачањои азиз! Њангоми сайругашт дар

кўчањо мошинњоеро, ки сигналњои (бонги) овозї ва чароѓњои милтосии сурху сабз до-ранд ва бо суръати тез њаракат менамоянд, мушоњида кардаед.Ин автомобилњо аз хадамоти оташни-

шонї, ёрии таъљилии тиббї ва милитсия ме-бошанд.Автомобили хадамоти оташнишонї ё сўх-

торхомўшкунї ранги сурх дорад, чунки ин ранг диќќатљалбкунанда мебошад.

Дар пањлуи дарњои кабинаи ин мошинњо раќами «01» навишта шудааст, ки ин раќами телефони хадамоти оташнишонї мебошад.Маќомоти корњои дохила, яъне «милит-

сия» низ аз чунин автомобилњои махсус исти-фода мебарад. Ранги ин автомобилњо сафед ё зард буда, навиштаљоти «милитсия» доранд.

Page 45: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

45

Дар пањлуи дарњои кабинаи ин мошинњо раќами «02» навишта шудааст. Дар болои онњо чароѓњои милтосии рангашон сурху ка-буд ва сабз васл шудааст.

Автомобилњои хизматии Бозрасии дав-латии автомобилї (БДА) низ ба ќатори мо-шинњои таъйиноти махсус дохил мешаванд. Ин автомобилњо њангоми ба љойи њодиса ши-тоб доштан, мушойиати корвони мошинњои мењмонони олиќадр ва ќатори мошинњое, ки одамонро мекашонанд аз сигналњои овозии махсус ва чароѓњои милтосї истифода меба-ранд.Ба ќатори автомобилњои таъйиноти мах-

сус автомобилњои маќомоти тандурустї низ дохил мешаванд. Инњо автомобилњои «Ёрии таъљилии тиббї» мебошанд, ки ранги са-фед дошта, дар пањлуњояшон тасмаи сурх ва раќами «03» кашида шудааст.

Page 46: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

46

Агар чунин автомобилњо сигналњои овозї ва чароѓњои милтосияшонро ба кор андох-та бошанд, пиёдагардон ва ронандагони ди-гар воситањои наќлиёт вазифадоранд, ки ба онњо роњ дињанд, то ки онњо ба љойи њоди-са сари ваќт расида тавонанд. Пиёдагардон бояд ќисми автомобилгарди роњро зуд озод намуда, ба канори роњ ва ё роњи пиёдагард бароянд.

1. Ба мошинњои таъйиноти махсус ка-дом мошинњо дохил мешаванд?2. Онњо њангоми ба љойи њодиса шитоб кардан аз кадом сигналњо истифода ме-баранд?3. Чаро пиёдагардон ва ронандагон ба ин гуна мошинњо бояд роњ дињанд?4. Дар кадом њолат ин гуна мошинњо сигналњои овозї ва чароѓњои милтосиа-шонро ба кор меандозанд?

Page 47: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

47

БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛЇ(БДА)

Бачањои азиз! Шумо медонед, ки дар роњњои шањру ноњияњо автомобилњои гуно-гунтамѓаи калони боркаш ва автомобилњои сабукрав дар равуоянд.

Барои он ки дар роњ тартибу низом риоя шавад ва њаракати бехатари онњо таъмин гардад, маќомоти Бозрасии давлатии авто-

Page 48: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

48

мобилї – БДА фаъолият мекунанд. Ин маќо-моти махсуси Вазорати корњои дохила, яъне милитсия мебошад. Кормандони БДА ба ри-ояи ќоидањои њаракат дар роњ назорат меба-ранд. Онњо дар роњ њаёти одамонро аз хатар муњофизат мекунанд.

Кормандони БДА мошинњои махсус доранд, ки бо таљњизоти баландгўяк, равшанидињанда, манбаи алоќа ва ѓайра љињозонида шудаанд. Амри чунин автомобилњоро ронандагону пи-ёдагардон бояд њатман иљро кунанд.

1. Ба риояи ќоидањои њаракат дар роњ кї назорат мебарад?2. БДА чї маъно дорад?3. Мошинњои Базрасии давлатии авто-мобилї аз дигар мошинњо бо чї фарќ мекунанд?4. Мошинњои БДА ба кадом гурўњи воситањои наќлиёт дохил мешаванд?

Page 49: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

49

ЌОИДАВАЙРОНКУНИЊОЕ, КИ БОИСИ РУХ ДОДАНИ ФАЛОКАТ ДАР РОЊ

МЕГАРДАНДБачањои азиз! Њодисае, ки бо иштироки

њатто як воситаи наќлиёти дар њаракатбу-да рух дода, боиси њалокат ё захмї шудани одамон, зарар дидани воситањои наќлиёт ва дигар иншоотњо мегарданд, фалокати роњу наќлиёт номида мешавад.

Чунин њодисањоро метавон фалокати роњу наќлиёт номид:

– ба њам бархўрдани воситањои наќлиёт;– пиёдагардро зер кардани воситаи наќли-

ёт;– бархўрдан ба монеањои канори роњ, яъне

симчўб, наќлиёти дар роњ истода ва ѓайрањо.Фалокати роњу наќлиёт њам бо айби ро-

нандагон ва њам бо айби пиёдагардон мета-вонад ба амал ояд. Ронандагон њангоми бо суръати тез њаракат кардан, ба ронандаи дигар роњ надодан, ќоидаи гузаштан аз чорроњаро

Page 50: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

50

риоя накардан, њангоми сурх будани чароѓи роњнамо гузаштан, дар њолати мастї идора на-мудани воситаи наќлиёт ба фалокати роњу наќ-лиёт дучор меоянд.

Фалокатњои роњу наќлиёт инчунин бо са-бабњои аз тарафи пиёдагардон вайрон карда-ни ќоидањои њаракат ба амал меоянд.

Page 51: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

51

Масалан, агар пиёдагард роњро аз љойњое, ки барои гузаштан манъ аст ё њангоми сурх будани чароѓи роњнамо гузарад яку якбора аз паси монеањо ба ќисми мошингарди роњ барояд, аз пеши мошини наздикомада дави-да гузарад. Инчунин њангоми дар ќисмати автомобилгарди роњ бозї кардани кўдакону наврасон рух додани фалокати роњ аз эњти-мол дур нест.

1. Чї гуна њодисаро фалокати роњу наќ-лиёт номидан мумкин аст?2. Кадом сабабњо метавонад боиси рух додани фалокати роњу наќлиёт гардад?3. Пиёдагардон барои пешгирї аз фало-кати роњу наќлиёт бояд ба кадом ќоида-вайронкунињо роњ надињанд?

НИГОЊ ДОШТАНИ ВОСИТАЊОИ НАЌЛИЁТ

Бачањои азиз! Барои чї автомобилро яку якбора боздошта намешавад? Барои он ки вазн ва суръати њаракати автомобил хеле зиёд аст.Ваќте ронанда хавфро њис менамояду мо-

шинро боздоштанї мешавад, як муддати му-айян мегузарад. Ин муддат хеле кўтоњ бошад њам, њаёти инсонро њал мекунад.

Page 52: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

52

Роње, ки автомобил њангоми монеаро ди-дани ронанда то ба пуррагї бозистодани он њаракат мекунад, изи тормоздињї меноманд. Дарозии он аз суръати мошин вобаста аст. Масалан изи тормоздињї њангоми 40км/с 13,1 м-ро ташкил медињад. Бинобар ин, мошини њаракаткунандаро яку якбора дар љояш боз- доштан номумкин аст. Агар шумо роњи ав-томобилгардро ба тарафњо нигоњ накарда, алалхусус дар љойњое, ки барои гузаштани пиёдагардон манъ аст, аз пеши автомобили 12-15м наздикомада гузаред, он гоњ рух дода-ни фалокат ногузир аст.

Page 53: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

53

Њаргиз аз пеши автомобили наздико-мада давида нагузаред, зеро ин хатар-нок аст!

1. Чаро мошини њаракаткардаистодаро яку якбора боз дошта намешавад?2. Изи тормоздињї чї маънї дорад?

НАМУДЊОИ ВОСИТАЊОИ НАЌЛИЁТБачањои азиз! Шумо борњо дар кўча ва

роњњо мошинњои калону хурд ва рангорангро дидаед.Мошинњоро ба гурўњи мошинњои боркаш,

сабукрав ва мусофиркаш људо мекунанд.

Page 54: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

54

Мошинњои калоне, ки бордонњои гуногун доранд, мошинњои боркаш номида меша-ванд. Ин мошинњо борњои кишоварзї, мар-дум ва корхонаву идорањоро мекашонанд.Ба ин гуна автомобилњо «Белаз», «Камаз»,

«Зил», «Газ» ва ѓайра дохил мешаванд.Ба гурўњи автомобилњои сабукрав «Вол-

га», « Жигули», «Москвич», «Чайка», «Нива», «Тайота», «Мерседес», «Некси», «Опел», «Камри», «Лексус», «Хундай», «Ландкру-зер», «Нисан» ва ѓайрањо дохил мешаванд.Ба гурўњи воситањои наќлиёти мусофир-

каш автобусњои хурд – «Уаз», «Газел», авто-бусњои калон – «Газ», «Кавз», «Лаз», «Ика-рус», «Троллейбус», «Автобус» ва ѓайра дохил мешавад.

Page 55: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

55

Бояд ќайд кард, ки велосипед, велоси-педњои мотордор, мототсиклњо, аробачањои маъюбї, мотороллерњо низ ба воситањои наќлиёт дохил мешаванд.

1. Кадом намуди воситањои наќлиётро медонед?2. Автобус ва троллейбус ба кадом наму-ди воситањои наќлиёт дохил мешаванд?

ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ВЕЛОСИПЕД Бачањои азиз! Њар шахс дар

овони хурдсолї велосипедса-вориро дўст медорад. Дар навбати худ, велосипед

низ ба воситаи наќлиёт мансуб буда, шахсе, ки онро идора ме-кунад, ронанда њисобида ме-шавад.

Дар асоси талаботи «Ќоидаи њаракат дар роњњои Љумњурии Тољикистон» танњо пас аз синни 14-солагї наврасон метавонанд бо велосипед ба роњи автомобилгард бароянд. Пеш аз њама, онњо бояд одитарин талаботи ќоидаи идора намудани велосипедро донанд, то ки сабабгори сар задани фалокат дар роњ нагарданд.

Page 56: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

56

Пас, хурдсолони азиз, чунон ки огоњ шу-дед, то синни 14-солагї бо велосипед ба роњи мошингард баромадани шумо ќатъиян манъ аст!

Бинобар ин, то синни 14-солагї танњо дар њавлї, майдон ва майдончањои варзишї ве-лосипедсаворї кардан мумкин аст.

Page 57: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

57

Ќоидаи њаракат дар роњ амалњои зе-рини ронандагони велосипедро манъ менамояд:– суккон (рул)-ро бо як даст дошта ња-ракат кардан;– интиќоли мусофирон, ба ѓайр аз тифлони то 7- сола, дар нишастгоњи иловагї, ки бо поймонак муљањњаз нест;–њаракат намудан аз ќисми автомобил-гарди роњ дар сурате, ки дар канори роњ пайроњаи велосипедронї мављуд аст;–кашида бурдани велосипедњо бо ди-гар воситањои наќлиёт.

1. Дар куљо велосипедсаворї кардан мумкин ва дар куљо мумкин нест?2. Аз синни чандсолагї бо велосипед дар роњи мошингард баромадан иљозат дода мешавад?

ЊАРАКАТИ ГУРЎЊИИ ХОНАНДАГОН ДАР РОЊ

Дар аксар мавридњо мактаббачагон гурўњ шуда, ба театр, осорхона, намоишгоњ ва сай-ру саёњат мераванд. Дар чунин њолатњо дар

Page 58: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

58

кўчаву роњњои автомобилгард чї гуна бояд њаракат намоянд? Пеш аз њама, бачањо бояд ба як ё ду ќатор саф кашанд. Онњоро шахсо-ни мутасаддї роњбаладї намоянд.

Шахсони мушойиаткунанда аз пешу ќа-фои ќатор бо байраќчањои сурх дар даст ња-ракат мекунанд. Гурўњ бояд аз тарафи рости роњи пиёдагард њаракат кунад.

Дар њолати набудани роњи пиёдагард гурўњ бояд ба њаракати воситањои наќлиёт халал нарасонида, аз канори роњ њаракат на-мояд.

Page 59: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

59

Кўдакону наврасон бояд њангоми њарака-ти муташаккил (гурўњї) супоришњои шахсо-ни мушойиаткунанда (роњбалад)-ро иљро на-моянд. Бе иљозати онњо аз ќатор набароянд.

Page 60: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

60

Ба кўдакону наврасон аз ќатор барома-дан ё ба дигар пиёдагардон халал расонидан манъ аст. Њангоми гузаштан аз гузаргоњи пиёдагар-

дон њатман ба ишораи чароѓ ё нозири роњ итоат намудан лозим аст. Шахсони мушойиат-кунанда то роњро пурра гузаштани гурўњ ња-ракати мошинњоро боз медоранд.Агар њаракат дар чорроња ё гузаргоњ аз та-

рафи нозири роњ танзим карда шавад, нозир то роњро ба пуррагї гузаштани гурўњ њара-кати воситањои наќлиётро боз дошта, беха-тарии кўдакону наврасонро таъмин мекунад.

Бояд дар хотир дошт, ки њаракати му-ташаккил дар кўчаву роњњои автомо-билгард шабона ќатъиян манъ аст.

1. Гурўњ бояд бо кадом роњ њаракат намо-яд?2. Њаракати муташаккил (гурўњї) дар роњњои автомобилгард кадом ваќт манъ аст?3. Вазифаи шахсони мушойиаткунанда аз чї иборат аст?

Page 61: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

61

ЊАРАКАТИ ПИЁДАГАРДОН ДАР КЎЧАВУ РОЊЊОИ МОШИНГАРД ДАР ШАРОИТИ НОМУСОИДИИ ОБУ ЊАВО

Шароитњои номусоидии обу њаво да-раљаи биниши ронандагон ва пиёдагардон-ро мањдуд мегардонад. Масалан, њангоми фарорасии торикї ва боридани барфу борон шишањои пеши автомобилњо хира шуда, ро-нандагон ашёи сари роњро хуб дида ва дарк карда наметавонанд.

Бењтар он аст, ки хонандагон дар љузвдон ва сару либоси худ тасмачањои нургардон часпонанд, чунки њангоми ба он расидани

Page 62: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

62

равшании чароѓи автомобил ронанда огоњ мешавад, ки дар роњ монеае вуљуд дорад.

Бачањои азиз! Њангоми фарорасии то-рикї ё номусоидии обу њаво дар љойњои норавшани роњ ба ќисми автомобил-гард набароед, чунки ронанда шумо-ро аз дурї дида ва дар њолати зарурї мошинро боздошта наметавонад. Дар ваќти боридани барф дар роњ ва шафа-ти он бозї накунед, њаёти худро зери хатар нагузоред, зеро роњ лаѓжонак ме-шавад ва сари ваќт нигоњ доштани мо-шин хеле мушкил ва њатто ѓайриимкон мегардад. Бо ин коратон шумо њаёти худро зери хатар мегузоред.

Page 63: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

63

ИНТИЌОЛИ (КАШОНИДАНИ) МАКТАББАЧАГОН Дар шањр ва маркази ноњияњо барои ин-

тиќоли мусофирон одатан автобусу трол-лейбусњо ва автомобилњои сабукрав хизмат мерасонанд. Барои аз хона то мактаб ва аз мактаб то ба хона бурдану овардани кўдакон автобусњои махсус муќаррар карда шудааст. Дар шароити роњњои кўњистони Тољикистон

дар мањалњои ањолинишин, ки гаштугузори наќлиёти мусофиркаш (автобусњо) иљозат дода намешавад, одамон ба воситаи наќли-ёти боркаш, ки махсус барои интиќоли ода-мон таљњизонида мешавад, аз манзил ба ман-зиле расонида мешаванд.

Page 64: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

64

Ин гуна автомобилњо бо аломати илова-гии «Интиќоли кўдакон», ки шакли чоркунља дошта, дар дохили он сурати ду бачаи дави-даистода акс ёфтааст, ишора карда шудаанд. Чароѓњои наздикбини ин гуна автомобилњо бояд њангоми њаракат фурўзон бошанд.

Кўдакону наврасон бояд аз канори роњ, пи-ёдароња ё ќафои (аќиб)-и автомобил аз зинапоя ба он савор шаванд.

Њангоме ки њама ба дохили автомобил медароянд, бояд дар љойњои нишаст бинши-нанд. Дар роњ њангоми њаракат супоришњои шахсони роњбаладро бояд иљро намоянд.

Page 65: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

65

Дар ваќти њаракати наќлиёт аз љой хестан, дар болои девори бордон (бортњо) нишастан, аз як љо ба љойи дигар гузаштан манъ аст.

Аз автомобил танњо аз тарафи пиёдароња фуромадан лозим аст.

Page 66: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

66

Бачањои азиз! Аз болои девори бор-дон (борт) ба ќисми автомобилгарди роњ љањидан ба њаёт ва саломатиатон хавфнок аст, чунки ба зери чархи мо-шини њаракаткунандаи дигар мондан мумкин аст.

1. Кўдакон аз куљо ва чї тавр бояд ба автомобил савор шаванд?2. Дар даруни автомобил чї гуна рафтор намоянд?3. Њангоми њаракати автомобил кадом амалњо манъ аст?

Page 67: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

67

АЛОМАТЊОИ РОЊ

АЛОМАТЊОИ ОГОЊКУНАНДА

АЛОМАТЊОИ МАНЪКУНАНДА

АЛОМАТЊОИ ДАСТУРДИЊАНДА

АЛОМАТЊОИ ХИЗМАТРАСОНЇ

Танзими њаракаттавассути чароѓи

роњнамо

Гузаргоњи пиёдагард

Кўдакон Убурипайрањаивелосипед

Корњои роњсозї

Даромадан манъ аст

Њаракат манъ аст

Њаракати мототсиклњо манъ аст

Њаракати пиёдагардон манъ аст

Њаракати велосипед манъ аст

Њаракати давродавр

Њаракати автомобилњои сабукрав

Пайрањаи велосипедгард

Пиёдарања

Нуќтаи ёрииаввалияи тиббї

Љойи хўрокхўрї

Оби нўшокї Пости «БДА»

Page 68: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

68

Воситаи наќлиёти дароз

АЛОМАТЊОИ ИТТИЛООТИЮ ИШОРАТЇ

АЛОМАТЊОИ ФАРЌКУНАНДАИ ВОСИТАЊОИ НАЌЛИЁТ

ИШОРАЧЎБИ ТАНЗИМГАР ВА ЧАРОЃЊОИ РОЊНАМО БАРОИ

ПИЁДАГАРДОНД Д

Гузаргоњи зеризаминии пиёдагардї

Маъюб

Гузаргоњи рўизаминии пиёдагардї

Гузаргоњи пиёдагардї

Љойи исти автобус (ё) троллейбусе

Љойи исти трамвай

Таваќќуфгоњи таксињои сабукрав

Воситаи наќлиёти таълимї

Интиќоли кўдакон Ронандаи ношунаво

Бори хатарнокБори

калонњаљм

Доирачаи сурхи нургардон

Чароѓак барои пиёдагардон

Ишорачўбитанзимгар

Page 69: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

69

БА ХОТИР БИЁРЕД!

● пиёдагардон бояд танњо бо тарафи рости пиёдароња њаракат бикунанд, то ки ба дигар пиёдагардон халал нарасонанд.

● дар роњњои автомобилгарди берун аз мањалли ањолинишин бояд аз канори роњ ба муќобили њаракати наќлиёт њаракат намуд, то ки шумо мошинро ва ронанда шуморо хуб дида тавонад.

● чорроња–љойи хавфноктарин дар роњ ба њисоб меравад, бинобар ин аз чорроња танњо бо гузаргоњи пиёдагард ва њангоми сабз бу-дани чароѓаки пиёдагард гузаштан мумкин аст.

● пеш аз он ки кўчаро гузаред, аввал ба та-рафи чап нигаред. Агар ќисми мошингарди роњ озод бошад, он гоњ роњро гузаред. Њан-гоми ба миёнаи (байни) роњ омадан ба тара-фи рост нигаред, агар дар наздикї наќлиёт набошад, он гоњ роњро боэњтиёт гузаред.

● дар хотир дошта бошед, ки то 14- сола-гї бо велосипед ба роњи мошингард барома-дан манъ аст.

● велосипедрон њангоми њаракат бояд да-стони худро аз рул (суккон) нагирад ва аз

Page 70: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

70

ќафои мошинњои њаракаткардаистода надо-рад.

● њељ ваќт роњро аз пеши мошини назди-комада давида нагузаред, чунки аз њама ро-нандаи ботаљриба њам мошинро сари ваќт боздошта наметавонад.

● дар назди роњњои автомобилгард бозї кардан мумкин нест. Барои бозї љойи махсус људо карда шудааст.

Page 71: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

71

МУНДАРИЉА

Сарсухан.....................................................................3Хати њаракати кўдак аз хона то ба мактаб...6Мафњумњои роњ, кўча, хиёбон, чорроња ..................7Самти њаракати наќлиёт дар роњ...........................10Ќоидањои гузаштан аз кўчаву роњњо......................12Ишорањо барои танзими њаракат дар роњ..............15Аломатњои роњ........................................................19Нишонањои роњ ......................................................25Дар роњи оњан .........................................................27Уњдадории пиёдагардон .........................................28Ќоидањои асосии рафтори бехатар дар кўчаву роњњо..............................................................................32Чорроња ва намудњои он.........................................35Ишорањое, ки аз тарафи ронандагон дода меша-ванд..........................................................................38Мо – Мусофир.........................................................40Уњдадории мусофирон............................................42Мошинњои таъйиноти махсус.................................44Бозрасии давлатии автомобилї (БДА) .................47Ќоидавайронкунињое, ки боиси рух додани фало-кат дар роњ мегарданд.............................................49Нигоњ доштани воситањои наќлиёт............................51Намудњои воситањои наќлиёт.....................................53Истифодаи дурусти велосипед....................................55Њаракати гурўњит хонандагон дар роњ........................57Њаракати пиёдагардон дар кўчаву роњњои мошингард дар шароити номусоидии обу њаво.............................61Интиќоли (кашонидани) мактаббачагон.................63Аломатњои роњ..............................................................67

Page 72: ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊmjtik.tj/files/003.pdf2 ББК-74.26 Я 72 З-88 З-88. Н.С.Зайниддинов, Њ. Њ. Мунавваров. Ќоидањои њаракат

72

НАЉМИДДИН ЗАЙНИДДИНОВ ЊАБИБУЛЛО МУНАВВАРОВ

ЌОИДАЊОИ ЊАРАКАТ ДАР РОЊ

Китоб барои дарсњои тарбиявии хонандагони синфњои 1 – 2-юми

муассисањои тањсилоти умумї

Муњаррир Музаффар ХоловМусањњењ Мењрї Саидова Муњаррири техникї Ќобилљон Саъдуллоев Тарроњ Ќосимхуља Назаров

Ба чоп 17.01.2017 иљозат дода шуд. Коѓази офсет. Чопи офсет. Андоза 60х90 1/16. Љузъи чопї 4,5.

Адади нашр 200000 нусха. Супориши № 08/2017

Муассисаи нашриявии «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон.

734024, ш. Душанбе, кўчаи Ањмади Дониш 50. Тел: 222-14-66,

E-mail: [email protected]

Дар матбааи ЉДММ “Орбита” ба табъ расидааст