4
Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон! Хафтаномаи чамъиятию сиёси Имруз № 22-23 (301-302) аз 15 октябри соли 2015 email: [email protected] www.tojinfo.ru Исфара, кeчаи Марказb-10. Тел: 2-61-62 Фаъолони Исфара натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро дар давоми 9 моҳи сипаригаштаи соли 2015 мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таҳти раёсати Раиси шаҳр Зоҳидзода Дав- рони Абдуқодир ҷаласаи васеи фаъолони шаҳр бургу- зор гардида, натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро дар давоми 9 моҳи сипаригаш- таи соли 2015 мавриди барра- сии амиқу ҳамаҷониба қарор дода шуд. Тавре муовини Раиси шаҳри Исфара Таборакхон Файзуллоева зимни гузориши пешовардаи хеш зикр намуд, дар ин муддат тамоми вос- итаю имкониятҳои мавҷударо баҳри татбиқи 205 лоиҳаи дар соли 2015 ба нақша гирифта- шудаи «Барномаи рушди рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» сафарбар гарди- дааст. Чуноне аз мониторинги Бар- нома бармеояд, лоиҳаҳои барномавӣ давоми 9 моҳи соли равон ба маблағи 69,1 миллион сомонӣ ва аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти умумӣ дар ҳаҷми 69,1 миллион сомонӣ ба иҷро расидаанд. Оид ба вазъи иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ мавсуф зикр намуд, ки мутаас- сифона, бо баъзе сабабҳои воқеӣ дар ин давра ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи буҷет мушкилот ба миён омад ва иҷрои нақша ҳамагӣ 91% % таъмин гардид. Мувофиқи нақшаи пешбини- шуда мебоист ба буҷет 65 млн 118 ҳазор сомонӣ ворид гар- дад ва амалан 59 млн 206 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки ин нисбат ба нақшаи пешбини- шуда 5 млн 912 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Аммо, қатъи назар аз душвориҳои молиявии пешо- мада хароҷоти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳаҷми зарурӣ таъмин карда шуд. Дар зарфи 9 моҳи гузашта ба маблағи 202,8 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва хизматрасонии пулакӣ ба анҷом расонида шуда, рушди 20%-и соҳа таъ- мин гардид. Ҳаҷми маҳсулоти саноатии истеҳсолшуда бо нархҳои муқоисавӣ мутаноси- бан 33,2 миллион сомонӣ зи- ёдтар мебошад. Дар ин муддат 5 коргоҳу корхонаҳои навбунёди истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд. Ҳамчунон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 12 маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасу атласбофӣ таъсис ёфта, 37 адад дастгоҳҳо харидорӣ ва насб карда шуда- аст. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 237,4 миллион со- мониро ташкил дод, ки бо на- зардошти индекси нархҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналхалқиву минтақавӣ 21 лоиҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ амалӣ гардида, зим- нан 18 миллиону 435 ҳазор сомонӣ, мубодил ба 2 мил- лиону 92 ҳазор доллари ИМА маблағҳои хориҷӣ азхуд карда шуданд. Дар раванди вусъатёбии корҳои созандагӣ бунёди беш аз 60 иншоотҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ, хизматрасониву савдо сурат гирифта, ҳамчунон иқдомоти шаҳрдорӣ дар самти ободонии роҳҳо тақвият ёфта, то ба имрӯз на- здик 28 км роҳ, аз ҷумла кӯчаҳои дохили маҳаллаҳо таъмири куллӣ ва 170 км таъ- мири ҷорӣ карда шуданд. Дар раванди ҷаласа Раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир аз масъулин дар алоқамандии камбудию норасоӣ ва мушкилоти ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, зимнан роҳбарони соҳаҳои марбутаро ҷиҳати таъмини самаранокии самтҳои фаъолият, иҷрои саривақтӣ ва босифати вори- дот ба буҷети давлатӣ, мута- шаккилона гузаронидани маъракаи обуна ба матбуоти даврӣ ва ҳам даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, омодагии комил ба мавсими зимистонгузаронӣ ва амсоли ин ҷиддан муаззаф намуд. Дар маҷлиси фаъолони Ис- фара муовини якуми Раиси ви- лояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо ширкат ва суханронӣ дошт. МАЧЛИСИ ФАЪОЛОН ДОИР ШУД Устодону толибилмон, собиқадорони соҳаи маориф ва собиқ дастпарварони таълимгоҳ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ба номи Юлчибой Байзоқови шаҳри Исфара 50-солагии таъ- сисёбии таълимгоҳро хушо- янду хотирмон таҷлил намуданд. Тавре Раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир зимни муборакбодии хеш изҳор дошт, дар замони имрӯз чун сухан аз омилҳои ифтихор- мандии Исфара меравад, би- дуни истиҳолаву андеша дар радифи дигар соҳаҳои пеш- рафтаву омилҳои арзишманд соҳаи маорифро ном мебаранд ва дар сархати беҳтарин муассисаҳои таълимии шаҳр Литсейҳои рақамҳои 1, 3, 5 ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, ба номи Юлчибой Байзоқовро хоса зикр меку- нанд. Муассисаи таълимии мазкур, ки яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ дар мар- кази шаҳр маҳсуб меёбад, ҳанӯз 50 сол қабл аз ин таъсис ёфтаву ним аср инҷониб ҳамчун гаҳвораи тамаддун ва боргоҳи асили илму дониш таълиму тарбияи насли на- враси ҷомеаро назаррас анҷом медиҳад. Ҷойизи зикр аст, ки аз байни хатмкардагони таълимгоҳ даҳҳо олимону зиёиён ва ходи- мони сиёсиву давлатӣ ба камол расидаанд. Боиси қаноатмандист, ки дар замони имрӯз низ 72 нафар омӯзгорони баландихтисоси мактаб таҳти сарварии педа- гоги варзида, Аълочии мао- рифи Тоҷикистон Ҳакимахон Атохонова раванди таълиму тарбияи 1412 нафар толибил- монро мутобиқи талаботи за- мони муосир муваффақона пеш мебаранд. Дастовардҳои ҳайати омӯзгории мактаб ҷиҳати ҷалби хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот, иштироки толибил- мон дар озмунҳои фаннии шаҳрӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва ҳам дохилшавии хатмкунан- дагон ба донишгоҳу донишкадаҳо басо назаррас аст. Бояд тазаккур дод, ки та- мошои намоишгоҳи ҳунарҳои милливу мардумӣ, ёдоварди лаҳзаҳои хотир- мони умр аз ҷониби собиқ устодон ва дастпарварони мактаб, сипосгузориҳои во- лидайни толибилмон, қадршиносии омӯзгорони муваффақи муассисаи таълимӣ ва маҳфилороии шогирдони санъатвару ҳунарманди имрӯзаи даби- стон тантанаи идонаро файзу тозаву шукуҳи беан- доза бахшиданд. ЧАШНИ НИМАСРАИ МАКТАБ Ба ин муносибат дар кохи «Шифокорон»-и осоишгоҳи «Зумрад» бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, КВД «Тоҷикдеҳқоншифо» ва меҳмонони сершумор аз гӯшаву канори мамла- кат ва берун аз он ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир бо орзуҳои нек 40 - солагии осоишгоҳи маъруфи «Зумрад» ва щам 80- умин солгарди рӯзи мавлуди яке аз асосгу- зорони он, Ходими шои- стаи сиҳатии оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, равоншод Мирзо Оли- мовро ба кулли корман- дони осоишгоҳ ва алоқамандону пайван- дони онҳо муборакбод гуфт. Дар ҷараёни ҷамъомад ҳамчунин намояндагони КВД «Тоҷикдеҳқоншифо», Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони шӯҳратманд ва шоирону нависандагон ҷомеаи меҳнатии осоишгоҳро бо ҷашни камолоти ин даргоҳи мӯътабар сами- мона табрику таҳният на- муда, изҳори боварӣ карданд, ки он минбаъд ҳам дар солимгардонии мардуми Тоҷикистони азизамон, тарбияи кадрҳои соҳаи курортшиносӣ ва пеш- рафти илми курортоло- гия саҳми арзандаи худро мегузорад. “ЗУМРАД” 40-СОЛА ШУД 22-23 2015.qxp имруз_Layout 1 14.10.2015 9:34 Страница 1

22 23 2015 qxp имруз layout 1

  • Upload
    -

  • View
    237

  • Download
    3

Embed Size (px)

DESCRIPTION

 

Citation preview

Page 1: 22 23 2015 qxp имруз layout 1

Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон!

Хафтаномаи чамъиятию сиёси

Имруз№ 22-23 (301-302) аз 15 октябри соли 2015 email: [email protected] www.tojinfo.ru Исфара, кeчаи Марказb-10. Тел: 2-61-62

Фаъолони Исфаранатиҷаҳои рушди иқтисодивуиҷтимоии шаҳрро дар давоми9 моҳи сипаригаштаи соли2015 мавриди баррасӣ қарордоданд.

Дар маҷлисгоҳи мақомотииҷроияи ҳокимияти давлатиишаҳри Исфара таҳти раёсатиРаиси шаҳр Зоҳидзода Дав-рони Абдуқодир ҷаласаивасеи фаъолони шаҳр бургу-зор гардида, натиҷаҳои рушдииқтисодиву иҷтимоии шаҳрродар давоми 9 моҳи сипаригаш-таи соли 2015 мавриди барра-сии амиқу ҳамаҷониба қарордода шуд.

Тавре муовини Раисишаҳри Исфара ТаборакхонФайзуллоева зимни гузоришипешовардаи хеш зикр намуд,дар ин муддат тамоми вос-итаю имкониятҳои мавҷударобаҳри татбиқи 205 лоиҳаи дарсоли 2015 ба нақша гирифта-шудаи «Барномаи рушдирушди иқтисодию иҷтимоиишаҳри Исфара барои солҳои2013-2017» сафарбар гарди-дааст.

Чуноне аз мониторинги Бар-нома бармеояд, лоиҳаҳоибарномавӣ давоми 9 моҳисоли равон ба маблағи 69,1миллион сомонӣ ва аз рӯйинатиҷаҳои ҷамъбасти умумӣ

дар ҳаҷми 69,1 миллионсомонӣ ба иҷро расидаанд.

Оид ба вазъи иҷрои нақшаибуҷети давлатӣ ва маҳаллӣмавсуф зикр намуд, ки мутаас-сифона, бо баъзе сабабҳоивоқеӣ дар ин давра ҷиҳатитаъмини иҷрои нақшаи буҷетмушкилот ба миён омад ваиҷрои нақша ҳамагӣ 91% %таъмин гардид.

Мувофиқи нақшаи пешбини-шуда мебоист ба буҷет 65 млн118 ҳазор сомонӣ ворид гар-дад ва амалан 59 млн 206ҳазор сомонӣ ворид гашт, киин нисбат ба нақшаи пешбини-шуда 5 млн 912 ҳазор сомонӣкам мебошад.

Аммо, қатъи назар аздушвориҳои молиявии пешо-мада хароҷоти соҳаи ҳифзииҷтимоӣ дар ҳаҷми зарурӣтаъмин карда шуд.

Дар зарфи 9 моҳи гузашта бамаблағи 202,8 миллионсомонӣ маҳсулоти саноатӣистеҳсол ва хизматрасониипулакӣ ба анҷом расонидашуда, рушди 20%-и соҳа таъ-мин гардид. Ҳаҷми маҳсулотисаноатии истеҳсолшуда бонархҳои муқоисавӣ мутаноси-бан 33,2 миллион сомонӣ зи-ёдтар мебошад.

Дар ин муддат 5 коргоҳукорхонаҳои навбунёди

истеҳсолӣ ба истифода додашуданд. Ҳамчунон дар ҳудудиҷамоатҳои шаҳраку деҳот 12маркази таълимӣ-истеҳсолииадрасу атласбофӣ таъсисёфта, 37 адад дастгоҳҳохаридорӣ ва насб карда шуда-аст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷмиистеҳсоли маҳсулотикишоварзӣ 237,4 миллион со-мониро ташкил дод, ки бо на-зардошти индекси нархҳонисбат ба ҳамин давраи солигузашта 4,3 млн. сомонӣ зиёдмебошад.

Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳоибайналхалқиву минтақавӣ 21лоиҳаҳои гуногуни иқтисодивуиҷтимоӣ амалӣ гардида, зим-нан 18 миллиону 435 ҳазорсомонӣ, мубодил ба 2 мил-лиону 92 ҳазор доллари ИМАмаблағҳои хориҷӣ азхуд кардашуданд.

Дар раванди вусъатёбиикорҳои созандагӣ бунёди бешаз 60 иншоотҳои истеҳсоливуиҷтимоӣ, хизматрасонивусавдо сурат гирифта,ҳамчунон иқдомоти шаҳрдорӣдар самти ободонии роҳҳотақвият ёфта, то ба имрӯз на-здик 28 км роҳ, аз ҷумлакӯчаҳои дохили маҳаллаҳотаъмири куллӣ ва 170 км таъ-мири ҷорӣ карда шуданд.

Дар раванди ҷаласа Раисишаҳр Зоҳидзода ДаврониАбдуқодир аз масъулин даралоқамандии камбудиюнорасоӣ ва мушкилотиҷойдошта пурсиш ба амаловарда, зимнан роҳбаронисоҳаҳои марбутаро ҷиҳатитаъмини самаранокиисамтҳои фаъолият, иҷроисаривақтӣ ва босифати вори-дот ба буҷети давлатӣ, мута-шаккилона гузарониданимаъракаи обуна ба матбуотидаврӣ ва ҳам даъвати ҷавононба сафи Қувваҳои Мусаллаҳимамлакат, омодагии комил бамавсими зимистонгузаронӣ ваамсоли ин ҷиддан муаззафнамуд.

Дар маҷлиси фаъолони Ис-фара муовини якуми Раиси ви-лояти Суғд Раҳматзода РустамМирзо ширкат ва суханронӣдошт.

МАЧЛИСИ ФАЪОЛОН ДОИР ШУД

Устодону толибилмон,собиқадорони соҳаи маорифва собиқ дастпарваронитаълимгоҳ Муассисаитаҳсилоти миёнаи умумии №12ба номи Юлчибой Байзоқовишаҳри Исфара 50-солагии таъ-сисёбии таълимгоҳро хушо-янду хотирмон таҷлилнамуданд.

Тавре Раиси шаҳри ИсфараЗоҳидзода Даврони Абдуқодирзимни муборакбодии хешизҳор дошт, дар замони имрӯзчун сухан аз омилҳои ифтихор-мандии Исфара меравад, би-дуни истиҳолаву андеша даррадифи дигар соҳаҳои пеш-рафтаву омилҳои арзишмандсоҳаи маорифро ном мебарандва дар сархати беҳтаринмуассисаҳои таълимии шаҳрЛитсейҳои рақамҳои 1, 3, 5 ваМуассисаи таҳсилоти миёнаиумумии №12, ба номи ЮлчибойБайзоқовро хоса зикр меку-нанд.

Муассисаи таълимии мазкур,ки яке аз калонтаринмуассисаҳои таълимӣ дар мар-кази шаҳр маҳсуб меёбад,ҳанӯз 50 сол қабл аз ин таъсисёфтаву ним аср инҷонибҳамчун гаҳвораи тамаддун ваборгоҳи асили илму доништаълиму тарбияи насли на-враси ҷомеаро назаррас анҷоммедиҳад.

Ҷойизи зикр аст, ки аз байнихатмкардагони таълимгоҳ

даҳҳо олимону зиёиён ва ходи-мони сиёсиву давлатӣ ба камолрасидаанд.

Боиси қаноатмандист, ки дарзамони имрӯз низ 72 нафаромӯзгорони баландихтисосимактаб таҳти сарварии педа-гоги варзида, Аълочии мао-рифи Тоҷикистон ҲакимахонАтохонова раванди таълимутарбияи 1412 нафар толибил-монро мутобиқи талаботи за-мони муосир муваффақонапеш мебаранд.

Дастовардҳои ҳайатиомӯзгории мактаб ҷиҳати ҷалбихонандагон ба зинаи сеюмитаҳсилот, иштироки толибил-мон дар озмунҳои фанниишаҳрӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣва ҳам дохилшавии хатмкунан-дагон ба донишгоҳудонишкадаҳо басо назаррасаст.

Бояд тазаккур дод, ки та-мошои намоишгоҳиҳунарҳои милливу мардумӣ,ёдоварди лаҳзаҳои хотир-мони умр аз ҷониби собиқустодон ва дастпарваронимактаб, сипосгузориҳои во-лидайни толибилмон,қадршиносии омӯзгоронимуваффақи муассисаитаълимӣ ва маҳфилороиишогирдони санъатваруҳунарманди имрӯзаи даби-стон тантанаи идонарофайзу тозаву шукуҳи беан-доза бахшиданд.

ЧАШНИ НИМАСРАИ МАКТАБ

Ба ин муносибат даркохи «Шифокорон»-иосоишгоҳи «Зумрад» боиштироки роҳбариятимақомоти иҷроияиҳокимияти давлатиишаҳри Исфара, КВД«Тоҷикдеҳқоншифо» вамеҳмонони сершумор азгӯшаву канори мамла-кат ва берун аз онҷамъомади тантанавӣбаргузор гардид.

Раиси шаҳри Исфара

Зоҳидзода ДаврониАбдуқодир бо орзуҳоинек 40 - солагииосоишгоҳи маъруфи«Зумрад» ва щам 80-умин солгарди рӯзимавлуди яке аз асосгу-зорони он, Ходими шои-стаи сиҳатии оммаиҶумҳурии Тоҷикистон,равоншод Мирзо Оли-мовро ба кулли корман-

дони осоишгоҳ ваалоқамандону пайван-дони онҳо муборакбодгуфт.

Дар ҷараёни ҷамъомадҳамчунин намояндагониКВД «Тоҷикдеҳқоншифо»,Академияи улумиҶумҳурии Тоҷикистон,с о б и қ а д о р о н ишӯҳратманд ва шоиронунависандагон ҷомеаи

меҳнатии осоишгоҳро боҷашни камолоти индаргоҳи мӯътабар сами-мона табрику таҳният на-муда, изҳори боварӣкарданд, ки он минбаъдҳам дар солимгардониимардуми Тоҷикистониазизамон, тарбияикадрҳои соҳаикурортшиносӣ ва пеш-рафти илми курортоло-гия саҳми арзандаихудро мегузорад.

“ЗУМРАД” 40-СОЛА ШУД

22-23 2015.qxp имруз_Layout 1 14.10.2015 9:34 Страница 1

Page 2: 22 23 2015 qxp имруз layout 1

“Имрeз” № 22-23 (301-302) аз 15 октябри соли 2015 email: [email protected] Ca[ифаи 2.

Дабистон! Даргоҳи нур. Боргоҳи маъ-рифат. Маҳзани илму маъонӣ.

Нахустин нуқтаи парвозгоҳи банибашар ба сӯйи ошёни баланди орзуҳо,ба сӯи олами зулмату торикиҳо.Даргоҳи муқаддас. Сароғозу сарманшаюсардафтари кулли муқаддасот.

Бале, дабистон саростонимуқаддасоти ҳар як инсон аст. Маҳз дарҳамин ҷо инсон бори дуюм ба оламиҳастӣ тавлид меёбад. Тавлиди маънавӣ.Тавлиди зеҳнӣ. Тавлиди ақлонивуахлоқӣ. Маҳз дар ҳамин ҷо инсон куллимуқаддасоти дигарро дарку эҳсос мена-мояд. Пеши бузургию нотакрорию аза-мати онҳо қоил мешаваду арҷмегузорад. Ба маънии поку қудсииМодар-Втан ва арзишҳои баланду нотак-рори инсонӣ ошно мегардад.Баэҳтироми онҳо рӯ меораду камар мебан-дад.

Агар бани башар туфайли волидонихеш аз адам ба олами ҳастӣ по ниҳад,пас бо шарофати мактабу дафтару ми-стар,китобу лавҳу қалам ва устодон тав-лиди дубора меёбад. Тавлид ба суиолами ҷовидонӣ, қаҳрамонӣ, мазраинангу номус, худшиносӣ, ваҳдатуякпорчагӣ, сулҳу субот. Ҳар як инсон чӣхурду бузург, дорою нодор, олиму обид,муқимию муҳоҷир, сарвару коргар,кеҳтару меҳтар, пешорӯйи мактабу устодто нафаси вопасин ба ҷон қарздор аст.Касе ба қадри ин неъмат нарасидаастунамерасад, яқинан, бемуҳобо, умре бақадри худ нарасидаасту худрову Худоронашнохтаасту боз ҳам намешиносад. Ӯамсоли барзгарест,ки умре замин шуд-гор намудаву андар пошидани дона таъ-хиру коҳилӣ карда.

Бешубҳа дар пешорӯйи оинаи чандинҳақиқати зиндагӣ то кунун оҷизулолам.Худро дар баробари онҳо сарфи-кандаву қарздор мепиндорам.Чун баонҳо рӯ ба рӯ меоям, ғайри ихтиёр саро-пои вуҷудамро ҳиссиёти гарму гувороефаро мегирад. Аз будӣ онҳо меболамуменозаму сар ба гардун меафрозам.Бешак, қоилу иқрор мешавам,ки будӣман аз будӣ онҳост. Бахту иқболиман,фахри ман, обрӯйи ман,сари сабзунози ману забони гӯёи ман аз вуҷудионҳост. Онҳо баҳру уқёнуси бекаронандуман як қатраам. Онҳо коиноту каҳкашонибепаҳноянду ман як ахтарам,онҳо куҳибузургу бовиқору сутург ҳастанду ман яксанги пайкари онам.

Пеши волидони азизу арҷмандам умреқарздору сипосгузорам, аз он ки ба манумр бахшиданд. Назди Ватан,ки аз обугилу ҳавою офтобу моҳтобаш баҳраҳобурда,нону намакаш бузургам кардааст,миннатгузорам. Пеши қаҳрамонониғаюру номбардору сарбаландаш аз фахрдар худ намеғунҷам, ки моро баҷаҳониён муаррифи намудаанд.Аз савтунавои суруди миллӣ ғурури ватандо-риам ба ҷӯш меояд.Чун аз боди сабопарчами миллат дар болои кунгураиҚасри Миллат парафшонӣ менамояд,дилам ба парвоз меояд. Нишони дав-лати тоҷикро мебинаму шукри Яздонипокро мекунам,ки дар олам аз қавмумиллати бенишон нестам.Аз дасти дуоимодарон ҳамеша баракати Ватан метала-баму мефахрам,ки ватандору ватанхоҳуватанпарасту ватандӯстам.

Хушбахтам,ки парвардаи домони покупурмеҳру пурсаховати дабистони ном-дори № 12 ҳастам. Соҳиби имону ин-софу виҷдон доштанро аз устодонимактабам ба мерос гирифтам. Резачинихони пурғановати омӯзгоронишӯҳратёри ин таълимгоҳам. Аз табақисабақҳои устодони ин маърифатгоҳбаҳраҳо бурдаам. Аз чашмаи бедареғион ба серӣ нӯшидаам. Чун ба сӯйи инмахзани илму ҳикмат менигарам, ё аз на-здикиаш мегузарам,ё ба остонаш по ме-

гузорам, дилам аз фараҳ лабрез мега-рдад. Кӯдакию наврасию ҷавонии хешроаз ҳар як зарраи пайкари он меҷӯям.Гӯйёчандин сол ҷавон мешаваму худро хаё-лан дар канори мактабам,паси партаҳоион,рӯ ба рӯи устодонам мебинам.

Меҳри модаронаи омӯзгори аввали-нам,устоди шодравонам ҲабибахонҒафурова ҳеҷ аз хотирамнамеравад.Сабру тамкин ,муҳаббатуустуворӣ,сӯхтану сохтанҳои ин зани от-ашбунёд дасти каҷи маро росту чашмикӯри моро бино сохт.Чун оина моро бамо намуд. Некро аз бад,гулро азхор,ростро аз дурӯғ,муҳаббатро аз разо-лат нурро аз зулмат,шодиро аз ғам,са-федро аз сиёҳ фарқ мекардагӣ шудем.Бопои худ тариқи рафтанро омӯхтем .Бамаънии модар, Ватан, садоқат, миллатарзишҳои олии инсонӣ ошно гаштем. Азсарсабзии Ватан дар қатори шамшодусанавбару чаноронаш сабз шудему дарандӯҳи Ватан сар ба шонаи он монда ги-ристем.

Сабақу меҳру дилсӯзӣ,ҷаҳду талошуазми устодони зиндаёдамон (Рӯҳу раво-нашон шод бод.) Юлчибой Байзоқов,Абдунабӣ Маҷидов, Бобохон Парпиев,Акрамбой Салимов, ДилбархонҒаффорова, Қодирхон Файзиев,Набиҷон Лафизов, Додохон Лазизов ваустодони азизам,ки то ҳол дар ҳаёт мародастгиру мададгоранд Азимҷон Сато-ров, Хӯҷахон Бобоев, Абдуллохӯҷа Мах-сумов,Садриддин Зокиров, КомилҷонҲамдамов, Ҷурабой Бобоев, Ҳасанов,Муҳаббатхон Бобоева, ЗамирахонБайзоқова, Орифхон Амонуллоев, МаяШариповна, Бобохон Қаюмов, Тинчи-рова Фая Михайловна ва боз даҳҳоомӯзгорони варзида алмоси дили бе-дарди моро суфта намуд.Онро ҳассосупурмеҳру дардпазиро сохт.Одамиятуолиҳимматӣ,панду насиҳатҳои падаронава лутфу серталабию инсонгариҳои сар-вари ҳамонвақтаи мактаб АҳадхонҚаюмов дар оянда шиори мо- шогирдоншуд. Сифоти омӯзгоронам мекунаму бе-ихтиёр ин байт аз чашми қалам рӯйисаҳфа мечакад:

Чунон кун зиндагонӣ дар замона,Ки бо ӯ зинда монӣ ҷовидона.Панду андарзу сабақи устодон ба

пайраҳаи дурусти зиндагӣ раҳнамунамсохт .

Хушбахтам. Аз тақдир шукр мекунамузаррае шиква надорам.Агар калидичархи тақдир дар кафам мебуду боридигар чавон мешудам, яқин боз ҳаминроҳу ҳамин қисматамро интихоб мена-мудам.

Сарбаландам. Ба буридаи нони касечашми тамаъ надӯхтаам.Ҷоҳу мансабикасеро орзу накардаам. Дарахти умрамчаҳор шоха дорад. Шохаҳои устуворупурсамар.Фарзанди чаҳорумам ва набе-раам алҳол муҳассили ҳамин дабистонибонуфузанд.

Сарфарозам,ки дар ин даргоҳ тарбияёфтаамубо роҳнамоии устодони бузур-гам имрӯзҳо баҳри ободии Ватан,сулҳуваҳдату якпорчагии он ба қадри мӯебошад ҳам,ҳиссагузорам ва имрӯз боифтихор мегӯям,ки ман ҳамаи бахту ба-рори роҳи умри худро вобастаи макта-бам ва устодонам медонам ва наздибузургию азамати онҳо сари таъзимфуруд оварда 50-солагии ин ошёнимуқаддасро барояшон муборакбод ме-намоям.

Ҳурмати устод чун модар-падар,Амри воҷиб аст бар аҳли башар.Гар набуд устод дар рӯйи замин,Не фазилат касбу ҳунар.

Сабо ҲуСейНовА, хатмкардаи соли 1978,

мтму № 12, Аълочии матбуоти ҶТ.

Муаллим кист? Ишқу кунҷи хомуши дабистонаш,Сухан нодонию доно,дилам тифли сабақхонаш.Зи ҳар кас н-ояд ин устоду шогирдӣ,на ҳар кӯҳе,Бадахшон бошаду ҳар сангпора дурру марҷонаш.

ОШЁНИ МУҚАДДАС

22-23 2015.qxp имруз_Layout 1 14.10.2015 9:34 Страница 2

Page 3: 22 23 2015 qxp имруз layout 1

“Имрeз” № № 22-23 (301-302) аз 15 октябри соли 2015 email: [email protected] Ca[ифаи 3.

Шуоҳои охирини офтобиғуруб кардаистода ҳам пасикӯҳҳои баланд ғоиб гардида,оҳиста –оҳиста пардаи торикиҳама ҷоро фаро гирифт. Насимигармакаки баҳориро салқиниибегоҳӣ иваз намуд.

Собир назди тиреза бо чеҳраирангпаридаву ғамгин ва хотирипарешон ёди он рӯзҳои ширинва айёми умеду орзуҳои ран-гинро намуда, дар қалбашсӯзиши сахтеро эҳсос намуд.Мехост муҳаббаташ ҷовидонабошад, аммо дар ин бовари худхато кард, хатое, ки ӯро як умрбе дуд месӯзад. Дар ин шомисукут ӯ ситезаҷӯёна ба само рӯйоварда, гаштаву баргашта худбо худ такрор менамуд:

-Бигузор ман нобакор бошам,бигузор ба лаънати мардум ги-рифтор мешудам, бигузор та-моми авлод аз ман рӯйметофтанд, лекин ба инхонадорӣ бояд розӣ намешудам.

-Ба ҳоли Назокат, ки мислиҳезуми тар месӯзаду ба давутози ҳаррӯзаи рӯзгорунигоҳубини кӯдакони носоли-маш лаҳзае оромӣ надорад, ме-нигараму аз ғам садпорамешавам.

Тани бодарду ҳузни дар чаш-мони ин кӯдакон хонакарда ҳарлаҳзаву ҳар соат диламро ме-фишорад

Зиндагиро роҳ гуфтам, чоҳ будаст, во дареғ,

Ҳосили буду набудаш оҳ будаст, во дареғ.

орзу кардам, ки ман бо ханда созам зиндагӣ,

Хандаамро гиряҳо ҳамроҳ будаст, во дареғ.

Хаёли зангирӣ Собирро тамо-ман аз ақл бегона намуда буд.Дигар тобу тоқати шунидани су-ханони гиряолудаи модаруистеҳзои падар ва насиҳатҳоихешу ақрабо аз ҷавшани ҷонашгузашта буданданд. Ҳарчанд бападару модараш мефаҳмонидва бо далелҳо тасдиқ менамуд,ки никоҳи хешутаборӣпайомадҳои манфию харобио-вар дорад ва боиси ба дунё ома-дани фарзандони носолиммегардад, касе суханашротарафдорӣ намекард. Ҳамаихешу табор гӯё забон як кардабошанд, ҷонибдори хонадорша-вии онҳо будаанд. Яке мӯйҳоидарози арӯсро таъриф мекардудигаре қаду қомат ва боодобиюхушрӯзгории ӯро тавсиф мена-муд.

“Ман дар чӣ хаёламу фалакдар чӣ хаёл”. Ман Назокатро ба-дафт нагуфтаам, ӯ духтарибемаънӣ ҳам нест. Ӯ ба монандихоҳарам паҳлӯи мо ба дунё ома-даву ба камол расидааст.Мақсади ман ин қолаби кӯҳнаиаҷдодӣ ва хонаводагиро азбайн бардоштан аст. Даҳҳооилаҳо бо таъсиру пайомадҳоизараровари ин амали бахткушба вайронию сарсонӣ рӯ ба рӯшуданд. Намехоҳам, ки сарна-вишти талхи онҳо дар ману боздигар ҷавонон такрор ёбад.Аммо ба талаби волидонаш тоохир муқобилият карда натаво-нист.

Ахиран Собир ба хулосаеомад, ки барои розигии волидонва наранҷонидану парешон на-сохтани як авлод духтарамакашНазокатро ба занӣ гирад. Беҳтараст, ки бе кашолкорӣ ба ин тӯйрозигӣ диҳаду ба ҳамаи баҳсумунозираҳо нуқта гузоранд.

Ҳамин тариқ бо баҳсумунозираҳои ошкору ниҳонииволидону хешу табор, номаълу-макак рӯзи тӯй ҳам расида монд.Овози карнаю сурнай то дуриҳотанин андохта, мардумро батӯйхона даъват менамуданд.Ҳавлии аз нури чароғи сершу-

мор мунаввар гаштавудастурхонҳои пур аз нозу неъ-мат ва мардуми ба маъракаомада омад-омади наварӯсроинтизорӣ мекашиданд. Назокатихушқомату ороста, бо чеҳраишармгину мафтун ба хонаи му-роди худ қадамҳои аввали-нашро гузошт. Қалби ҷавону азсаодат лабрези ӯ ҳис намекард,ки ин ошёнаи бахт шояд рӯзе ба-рояш ҷуз чун хонаи ҷуғзқиммати бештаре надоштабошад. Баръакс эътимодифараҳбахш ба оянда, ки акнун ӯҳамеша бо Собир-шахсе, ки ба-рояш азиз асту як умр мутта-кояш мемонад, ҳамаи бимуҳаросашро дур андохта буд.

Назокат дақиқае ором намеги-рифт, ҳама корро бо маҳоратучусту чолокии беҳамто иҷро ме-карду дар пухту паз санъаткориоливу дар сӯҳбат мусоҳибибеҳамто буд. Ӯ тамоми маҳоратулатофату назокаташро сарфиташвишу тарадуди корҳоихоҷагӣ месохт. Табиист, ки бо инҳама кордонию маҳоратирӯзгордорӣ ӯ мақбули хурдубузургӣ ин хонадон гашта буд.

Собир низ дар пайравӣ боаҳли оила оҳиста –оҳиста нис-бати ҳамсараш гармиимуҳаббатро эҳсос мекард. Дигардарсхонӣ, омодагӣ баимтиҳонҳо, ёру ҷӯраҳо ва дигарҳодисоти атроф ӯро ба худ ҷалбнамекарданд. Собир дар аввалба ин зангирӣ сар нафаровардабошад ҳам,акнун мехост ишқумуҳаббати худро як умр покнигоҳ дорад ва дар рафоқатумуҳаббат устувор бошад, бо На-зокат то охири умр хушбахт,соҳиби оилаи орому тифоқ бо-шанд.

Ҳамин, ки оташро кофтӣ,шӯълаи гулхан бо қувваи тозааланга мезанад. Ишқе, ки бароиСобир он қадар дилхоҳ набуд азтаъсири атрофиёнаш боло ги-рифт.

Нахли муҳаббати онҳо мислидарахтони афсонавӣ дар як муд-дати кӯтоҳ қад кашид, шох рондва фаровон гул кард.

Ба дунё омадани нахустфар-зандашон зану шавҳариҷавонро ончунон шод гардонид,ки худро хушбахтӣ дунёмеҳисобиданд.

Аз бахти худ мефахридандумеболиданд. Тифлаки навзоддастакони чун булур сап – са-федашро ҷунбонида, бо садоиширину гуворояш шодии падарумодарро меафзуд.

Тифлак, ки бо розигии воли-дон ӯро Сарфароз ном ниҳодабуданд, хеле ноором буд.Соатҳои дароз гиря мекарду во-лидони ҷавон аз нороҳатии ӯ

сари калобаи худро гум кардабуданд. Баъди муоинаи табибонмаълум гашт , ки ин кӯдаки маъ-сум маъюби модарзод аст.

Бо амри тақдиру инояти Худо-ванд Назокат боз ду навбатҳомиладор гашт. Собир аз инмуждаи занаш ба ҷойи шод гаш-тан гуё ба курраи оташ афтодабошад, дар худ дармегирифтуба хотири дили Назокатронаранҷонидан дар худ фурӯ ме-монд. Ӯ боз истиҳола намуд, бозрӯихотири наранҷонидани зануволидон ва қавми хешхомӯширо ихтиёр намуд. Иннавбат низ ҳардуи нахли умра-шон боз бо нуқсонҳоимодарзодӣ ба дунё омаданд.

Дар як муддати кӯтоҳ ҷоихурсандӣ ва бахту саодатирӯзгорашонро сояи ғам фарогирифт.

Назокат бисёр мехост дар хо-навода мавқеи худро устуворсозад. Дар рӯзгордориву муно-сибат бо аҳли пайвандонишавҳараш ба комёби муваффақшуда бошад ҳам, пайи ҳам бадунё омадани кӯдакони носоли-маш ӯро хиҷолатзадаву нотавоннамудаву аз оила ва наздикондар канор мемонд. Гӯё бароимаъюб ба дунё омадани фар-зандонаш ӯ гунаҳкор бошад,ранҷу азияти ин зани бечора рӯзто рӯз тоқатфарсо мегардид.Ҳис мекард, ки дар атрофи ӯҳама чиз барбод меравад вабахташ ба завол мерасад.

Муҳаббат монанди гул аст ваагар онро аз пояи вазифаҳоиоилавӣ мебурранд вай бо шар-бати худ зиндагӣ карда намета-вонад.

Ӯ аз хушкиву беоби пажмурдамегардад ва мемирад.

Ҷойи ҳарорату меҳр ва муно-сибати гарму ҷӯшони самимирохастагиву серунӣ пайгир гашта,Собир пай бурд, ки нури муҳаб-бати онҳо низ рӯз аз рӯз хирамегардад...

Назокат таоми шомикӯдаконашро бо навбатхӯронида, аз пайи омода наму-дани ҷойхоби кӯдакон тарафишавҳараш нигаристу аз ким чӣхел изтироби ноаён қалбашфишор ёфт.

Зоҳиран ӯро ким –чӣ ташвишмедиҳад ё ягон ҳодисае рӯй до-дааст аз хаёл гузаронид Назокат.

Вақтҳои охир Собиртанҳонишиниро ихтиёр наму-даву хаёлолуд ба дарёификрҳои ғамангез ғӯтавар бануқтае дида медӯхт ва дарбанди андешаҳои хеш гузаштивақтро пай намебурд. Камгапгаштаву бо касе хоҳиши сӯҳбатнамуданро намекард. Гӯё азоламу одам дилмонда гашта, аз

онҳо дурӣ меҷуст. Ӯ гирифторихастагӣ ва рӯҳафтодагӣ гаштабуд.

Баъзан болои бом бурё гу-стурда бо ҳамин то саҳар ҳамонҷо хоб мекард.

Назокат баъди ҳамаи корҳоихонаро ба анҷом расонидан бахона даромада оҳиста лабиҷойхоб нишаста пойҳоишавҳарашро оғӯш кард :

-Агар гуноҳе содир кардабошам, маро бубахш, -пичирросзад ӯ ба шавҳараш.

Собир ба ҳоли Назокатраҳмаш омада, хост ӯро ба оғӯшгирад, вале маҷоли ҷунбиданин бори вазнини зиндагӣ ӯро азпой афтонидаву беҳису карахтсохта буд.

-Аслан ту гуноҳе надорӣ,- бариққат гиряолуда садо баровардСобир. -Худам беақлам, ки туробеҳуда азоб медиҳам. Ба ши-касту азобу уқубатҳоямон мануту гунаҳгор нестем.

Ҷӯйи ашк аз чашмони Назокатбеист ҷорӣ гардидаву азрухсораҳои базебаш шорида,ҳамчун шохобҳои маҷрогум-карда пойҳои Собирро мешу-станд.

Ӯ аз ҷой хесту занашро бар-дошта ба паҳлуяш хобонида пе-шона ва рухсораҳоитаргаштаашро бо меҳрубонӣ поккард:

-Хотирҷамъ бош, турогунаҳгор нахоҳам кард !

- Шояд худатро гунаҳгорсозӣ?

- Сад маротиба !-бо овози ба-ланд дод зад Собир.

Назокат аз якбора ба ғазабомадани Собир сахт ба изтиробомаду аз саволи башавҳардодааш пушаймон гашт ,ӯ ақаллан дарк карда наметаво-нист, ки аз чи сабаб вақтҳоиохир баъзан Собир ба ӯмеҳрубон мегардаду аксаран баӯ дағалӣ мекунад.

Аммо ҳар қадаре , ки Собир азӯ дурӣ ҷӯяду ҳар қадар дағалӣнамояд, ҳам дили Назокат бозҳам ба вай моил асту ӯро бозбештар дӯст медорад. Ӯ мехост,ки Собираш дар фарозу нишебубоду борон ва раъду барқиқисмат мисли соябон ӯро азҳамаи бадбахтиҳо муҳофизатнамояд. Гирифторипечидагиҳову дармондагиҳо, киимрӯз онҳоро домангир гарди-дааст, нашуда, рӯ ба болоҷониби Худованд, сӯйи рӯшанӣва умед ба фардои нек гардо-над. Шояд бо инояти он қодирӣякто фарзандонаш сиҳат ша-ванду ғаму алам онҳоро таркгӯяд. Ба ҷойи нолишҳоиимдодхоҳонаи ҷигарбандонашсадои хандаву бозиҳои

кӯдакона фазои манзилашонробо нуру сафо пур созад.

Назокат бо осонӣ ва содда инфикрҳо аз сар гузаронида, дартахайюлоти хеш ба падари фар-зандонаш гуфтугӯ мекард :

- Ҳаёти ман, дили ман ва атро-фамро фазои холӣ пӯшидааст,ман туро дигар бо ин ҳолу бо индармондагӣ дида наметавонам.Ба ҳоли ман тараҳҳум намо,кӯмакам намо, наҷотам деҳ ваҳеҷ кас ба ғайр аз ту маро аз инварта берун карда наметавонад.Муҳаббату дӯстдории ту маротавону нерӯ мебахшад. Манҳамеша кӯшиш мекунам, ки бахонадонамон таровату сафо,рӯшанию бақо бахшам. Ҳамешаба муҳаббати онҳое бандбошам, ки ба дӯстдориам ниёздоранд. Охир онҳо се нафа-ранд. Сарфарози 8 сола, Сабри-наи 6 сола ва Ардамеҳри 8моҳа. Ҳама якхелаанд, ҳама банигоҳубини махсус эҳтиёҷ до-ранд. Ҳар серо худованд бепойи равону бе забони гӯё наси-бамон гардонид.

Гарчанде, ки маъюбанду су-хане гуфта наметавонанд, пойиравон надоранд, онҳо пораиқалби ману ту ҳастанд . Аз ин рӯаз Офаридгор маҷолу матонатва иродаи қавиву устувор талабдорам, то ин ки ба ин бузургта-рин зарбаи тақдир тоб овардатавонаму ниҳолакони умра-монро аз хорию залилӣмуҳофизат намоям.

Дар навбати худ савгандмехӯрам, ки бо ғаму андуҳи худтуро безор намекунам. Ба суха-нонам бовар намо , ман дар инсавганди худ устуворам. Фақатмаро дар ин роҳи пуразобитақдир танҳо магузор, паҳлӯямбош!

Чашмаи чашмони шаҳлояшпур-пури об гаштаву қатраҳоикалони ашк дар сари мижгонидарози ӯ ларзида, ба барирухсораҳояш мерехт. Назокатнӯги қарси сафедашро ба чаш-мони намаш бурда, зериандешаҳои аламноки худ азобирӯҳӣ мекашид, вале онро бакасе ошкор намесохт.Муносибатҳои рӯзҳои охиртақдири талхи минбаъдаашробозгӯӣ менамуданд.

Хонаро хомӯшии ҳузнангезефаро гирифт. Собири ба хашмомада баъди якчанд муддат бахуд омаду ба Назокат наздикшуда ӯро ба оғӯш гирифт. Назо-кат сарашро ба синаишавҳараш гузошта, ҳой-ҳойинони гиряро сар дод. Ӯдигархудро дошта наметавонист, гӯёсели ашкро интиҳо набуд вагиря ба фиғони ҷигарсӯз мубад-дал гашт.

Назокат мисли моҳие,ки аз обберунаш афкандаанд, нафа-станг шуд. Монандиғарқшудаистодае, ки беҳудадастҳояшро ба сӯи осмон ме-бардорад, дар дили худ барояшмуттакое меҷуст.

Аз осмони торик ситорагонисокит ба ҳоли онҳо назар на-муда аз бахти забунгаштаашонҷаҳонро гӯё хабар кардани бо-шанд ба гулдурроси ваҳмангезираъду барқ ва боридани боронқаҳри худро ба сари одамон барехтан сар намуданд.Борониселе,ки бо қувваи дучанд мебо-рид то оғози субҳи нав орзувуумедҳои ин ду навҷавонроҳамроҳи худ ба олами нестӣ ба-тамом бурд,чунки нигаҳ-дорӣ вапешбурди ҳаёту ҳамзистииякҷоя барои Назокату Собир им-коннопазир гашта буд.

Волидони Собир бошанд инҳамаро тақдири пешонӣ вахости Худо арзёбӣменамуданд...

ҲуСНИ САБоҲ.

ДАРЁИ БЕМАҶРО

22-23 2015.qxp имруз_Layout 1 14.10.2015 9:34 Страница 3

Page 4: 22 23 2015 qxp имруз layout 1

Имрeз” № 22-23 (301-302) аз 15 октябри соли 2015 email: [email protected] Cа[ифаи. 4.

Як соҳибназари тоҷикистонӣтаъкид дошт, ки кишвараш ни-зоми демократиро дарСарқонуни кишвар навишта, кидар он низоми чандҳизбӣ таъ-кид шудааст. Ва Ҳукумати Пре-зиденти кишвар ЭмомалӣРаҳмон ба ягон ҳизб зид ва ётарафдор намебошад, валеҳукми ҳизбҳои исломӣ аздидгоҳи шариат ва ҳадисҳоипаёмбар паҳлӯи дигар дорад.

Прокуратураи генералииТоҷикистон баъд аз ҳукми Судиолӣ, ки дар он Ҳизби наҳзатро“гурӯҳи терористӣ” эълоннамуд, пешвоёни Ҳизбинаҳзати исломиро ба терро-ризм ва шӯриши мусаллаҳона

гунащгор донист.

Прокуратураи генералииҶумҳурии Тоҷикистонроҳбарияти Ҳизби НаҳзатиИсломиро бо терроризм вашӯриши мусаллаҳонагунаҳгор донист. Ин қарорбаъд аз содир шудани ҳукмиСуди олии Тоҷикистон нис-бати ин Ҳизб ҳамчун “гурӯҳитеррористӣ” қабул гашт. Про-куратураи генералӣ рӯзи 6октябр барои 23 нафарроҳбарияти сиёсии Ҳизб боиттиҳоми даст доштан даршӯриши мусаллаҳона, ки босардории собиқ муовини ва-зири мудофиа АбдулҳалимНазарзода сурат гирифт,ҳукми ҳабс баровард.

Прокуратураи генералӣмутобиқи моддаитеррористӣ, ташкил наму-дани гурӯҳҳои ҷинояткор,инқилоб, бо роҳи зўроварӣтағйир додани сохти консти-тутсионии ҶумҳурииТоҷикистон ва шӯришимусаллаҳона ва дигарбандҳои кодекси ҷиноӣ барзидди боздоштшудагон пар-вандаи ҷиноӣ кушод.

ҲИЗБИ ИСЛОМӣМАъНОИ ҶАНГ

БО ИСЛОМРО ДОРАДТаҳлилгари мазкур дар

сӯҳбат бо нашрияи “Шабоб-ун-Нил” иброз дошт, ки“Пӯшида нест, ки баъзе аздавлатҳои абарқудрат ватарроҳони сиёсии онҳодақиқан дарк кардаанд, ки бобаҳонаи озодӣ ва демокра-тия дар кишварҳои му -салмоннишин, бо фишор ватаҳмил бар болои индавлатҳо ва бо кӯмакҳоимоддӣ, бо дасти зархари-дони дохилӣ, ба хотиризаъиф сохтан ва парокандакардани мусул монон, таъсисдодани ҳизбу ҳаракатҳоисиёсии исломӣ айни мудда-ост.”

Ӯ гуфт: ”Ин як навъ тер-рори расмӣ ва расидан бааҳдоф аст. Дар ҳоле, ки онҳоҳизбҳо ва гурӯҳҳои исло-миро бо даъвои баробарӣ ваозодӣ дар кишварҳои мусал-моннишин ташкил медиҳанд.Ин ҷо суоле матраҳ мешавад,ки оё давлати исломӣ багурӯҳҳои исломӣ ниёзмандаст?! Бале, ин чизест, кисоҳибақл онро инкор меку-над”.

Прокуратураи генералииТоҷикистон амалҳоиАбдулҳалим Назарзода вадигар масъулони амниятиро

хиёнати бузург ва амалитеррористӣ хонд. Тибқи итти-лои расмии ҲукуматиТоҷикистон бар асариҳуҷуми мусаллаҳонаи гене-рал Назарзода ба шӯъбаимилитсияи ноҳияи Ваҳдат вабинои марказии Вазоратимудофиа, ки баъд аз он баводии Ромит фирор карданд,22 террорист ва 13 нафар азқуваҳои амниятӣ ҳалокгашта, 130 гумонбар дар инҳодиса боздошт шуданд.Худи ҳамон рӯз муовини ва-зири мудофиа аз мақомашсабукдуш гардид.”

Ҳамсӯҳбатамон иловакард:”Давлатҳои абарқудратташкил гардидани “ҳизбҳоиисломӣ”-ро дар кишварҳоиғайри мусалмоннишин мам-нуъ ва ғайриқонунӣ элондоштанд. Мо бо ин андешарозӣ ҳастем, зеро ташкилиҳизбҳои исломӣ дар Исломасоси шаръӣ надорад. Инамал на дар Қуръони Каримва на дар ҳадисҳои паёмбариХудо ва на аз амалҳои са-лафи солеҳ исбот нагашта-аст. Аммо мутаассифонароҳбарони ҳизбҳои исломӣбо суханони дилкаши худпайравонашонро дар оламихаёлӣ пай дар пай қарормедиҳанд.”

БИДъАТИ ҲИЗБҲОИИСЛОМӣ

Ҳамсӯҳбати мо гуфт: ”Мотаъсиси ҳизбҳои сиёсии ис-ломиро бо далелҳои зайлбидъат ва амри номашрӯъмедонем.

“- Мабошед аз онҳое, кидини худро по ра-пора кардава худ гурӯҳ-гурӯҳ шуданд ваҳар гурӯҳе ба он чӣ наздиӯст, хушҳол аст”. Сураи Рум.Ояти 32.

Мутаассифона, ҳизбҳоисиёсии исломӣҳаммаслакони худро ба му-салмони комил ва пайравониҳақиқии ислом ва дигарон роба гумроҳон таъбир ватақсим карда, дари фитна ваошӯбро ба рӯи мардум боз ваонҳоро ба қасди ҷониҳамдигар меан дозанд. Мо су-ханро ба дарозо намекашемва ба хонанда муроҷиат ме-кунем, ки ба ояти зайл ваҳадисҳои зерин муроҷиатнамо яд:

Оли Имрон, 105. Анъом.159. Саҳеҳ Албухорӣ 7054-2697, Саҳеҳ Муслим ҳадиси1852-1718 “.

Ӯ дар идомаи суханашгуфт: ”Бузургони асри ав-вали ислом дар байни мусал-монон аҳзоби исломӣ таъсиснакар данд ва онҳоро ду порасохта, дар муқобилиҳамдигар нагузоштанд, зероҷудоиандозӣ ва тафриқасозӣҳаром аст. Ҳазрати Муо вия20 сол волии мулки Шом ва20 сол ха лифа, ҷамъ 40 солзимомдори умури мам лакатбуд, аммо касе аз саҳобагонбар муқобили ӯ ҳизб ё соз-мон ташкил накард.

Ҳатто вақте ҲаҷҷоҷСақафии золим ҳукм меронд,ки расули Худо дар ҳаққашҳеҷ як саҳоба дар муқобилиӯ гурӯҳбозӣ ва аҳзобе ташкилнакарданд, зеро ин кор му-сулмононро аз ҳам ҷудо вапароканда месохт.

Ва ин ҳамон Ҳаҷҷоҷест, кипайғамбари Худо дар ҳаққашгуфта буданд:

Бидуни шак дар Сақаф(номи шаҳр) каззоб ва му-бире (қотил) бар хоҳад омад.

Мурод Ҳаҷҷоҷ аст, ки дарсоли 74-и ҳиҷрӣ яксаду бистҳазор мусулмонро ба қатлрасонд ва Хонаи Худоро боманҷаниқ хароб кард.”

ИМОМИ АъЗАМ ҲИЗБ НАДОШТ...

Ӯ илова кард: ”ТаълимотиИмоми Аъзам, асосгузо римазҳаби ҳанафӣ, роҳу равишба таҳаммулгароӣ ва суботисиёсӣ ва ҳамбастагии мар-думро пеша месозад. Имомимо ҳеҷ гоҳ дар муқобили ха-лифаи давр Абу ҶаъфариМансур гурӯҳ ё ҳизб ташкилнакард, то мардумро батафриқа наандозад. “

Ӯ гуфт: “Аслан ҳизбҳоисиёсии исломӣ, ки дар корхо-наи фитнаистеҳсолкунӣ бодаст ва нақшаи душманониислом ба вуҷуд меоянд,ҳадафи барҳам заданииттиҳоди мусулмононродошта, тарҳрезӣ вароҳандозӣ шуданд. Ис лом инамалро бидъат медонад. Чу-нонки Имом Бухорӣ дар«Саҳеҳ»-и худ аз РасулиХудо ривоят ме кунад:

- Ҳар кӣ дар шариати мо

чизе, ки ҷуз он нест, ворид ваизофа намояд, он чиз мардудаст.

ПАЯМБАР (С) ЗИДДИ ҲИЗБ

(ҶУДОИХОҲӣ) БУДАНДПаямбари Худо ҳамеша бо

мардум бу данро ба умма-тони хеш таъкид менамуд.Ашхосеро, ки аз ҷомеа худроканор ги рифта, андешаитафриқаандозиро таҳрик ме-кунанд, аз доираи исломхориҷ медо над. ЧунонкиИмом Аҳмад ва Абу Довуд босанади саҳеҳ аз Расули Худоривоят карданд:

- Касе, ки як ваҷаб азҷамоат хориҷ ша вад, рес-мони исломро аз гардани худбоз карда, дур андохтааст“.

Нисбати ҳодисаҳои охиронгуфт: “Раёсати ҳизбиНаҳзати исломи кишвар, киояти 103-и Сураи Оли Им-ронро дар парчам ва на-шрияи ҳизби хеш «Наҷот»шиор қарор додааст, дармафҳуми «ва ло тафаррақу»(ва пароканда маша вед) ан-дешаи комил накардаанд, кибо ин шиор ба мардум худпарокандагӣ ме оранд?Шарму ҳаё ҳам хуб аст!“

Ӯ илова кард:”Аъзои ҳизбинаҳзати ислом бо ин хешроаз ди гар мусулмонон ҷудонамуда, бо шиорҳои авомфи-ребона мардумро ба иттиҳодва ҳамбастагӣ даъват меку-нанд. Агар на фаре, андешаионҳоро напазирад ва зид ба-рояд, бо ҷудоиандозӣ ватафриқахоҳӣ муттаҳамашмекунанд.“

Ӯ ба роҳбари Ҳизбинаҳзати исломӣ МуҳиддинКабирӣ суоле кард: “Хеле ме-хостем, аз раёсати ин ҳизбсуол кунем, ки агар ҳизбисиёсии исломӣ зарурат вамашру иёти динӣ доштабошад, чаро хоҷагони шумодар кишварҳои хеш иҷозаифаъоли яти аҳзоби исломӣ,хусусан аҳли суннатронамедиҳанд? Мо ба тамомишаҳрвандони кишвармуроҷиат намуда, мегӯем, кичаш ми хирад боз кунанд вааз ин фитнаву фитнасозонхешро канор гиранд. Таъли -моти мазҳаби ҳанафияҳамеша таҳаммул ва хи-радро дар ҷои аввал гу-зошта, мар думро баиттиҳоду ҳамбастагӣ даъватме кард. На ҳар касе ки азноми Худо сӯҳбат мекунад,ба накӯӣ даъват мекунад.»

Ҳизби Наҳзатдавомдиҳандаи гурӯҳиИхвониҳо дар Миср мебо-шад.

Ӯ иброз дошт: “Ҳизбинаҳзати исломӣ принсипҳоиИхвонулмуслиминро бароихуд қонун қарор дода, азтаҷрибаи онҳо барои раси-

дан ба курсии ҳукм истифодабурд. Аммо ниҳодҳои махсусбаъд аз пайгирии тамос ваамалҳояшон даст доштаниаъзои ин Ҳизбро дарҳодисаҳои хунини охиркашф карданд. Аз ин рӯ,Суди Олӣ онҳоро “Ҳизбитеррористӣ-экстримистӣ”эълон намуда, ҳамаифаъолиятҳои онро манъкард. Бо вуҷуди он ки ме-боист фаъолияти онҳоро 10сол пештар қатъ менаму-данд.”

Ва дар поёни сӯҳбат иброздошт: “Ҳукми манъи фаъо-лияти Ҳизби наҳзати исломӣбисёр саривақтӣ буда, бароипешгирии нарехтани хунимардуми бегуноҳ восита гар-дида, аз такрори таҷрибаиталхи Ихвониҳо бо дастиҲизби наҳзат дар т пешгирӣнамуд”.

Ӯ илова кард: “Прокурату-раи генералӣ саривақт дарбораи мамнӯъ намудани инҳизб қарор қабул кард, зеробаъд аз тафтишоти пай дарпай алоқамандии онҳо богурӯҳи терористии ДИИШ ваал-Қоида ошкор шуд”.

Рӯзноманигори “Шабоб-ун-Нил» (Миср) д-р. Маҳмуд Саид Диоб.

www.tajinfo300.ucoz.ru

[email protected]

№ 22-23 (301-302)аз 15.10.2015

ДИРЕКТОРМустафо Эгамов.

САРМУ{АРРИРМашрафxон Эгамов.

ШEРОИ ТА{РИРИЯRудратулло Эшонов.

Зафар Амакxонов.Фирeза Мадаминxонова.

ОРОИШ ВА СА{ИФАБАНДФаридун Мустафои Эгамзод.

{АМКОРОНИ МО:МИ{Д ша[ри Исфара;

Медиа – холдингиТоxикии “TAJINFO”,

Телевизиони “ИСФАРА”,Рeзномаи “Насими Исфара”.

СУРОUА:ша[ри Исфара, кeчаи Марказb, 10.

ошёнаи 1 Тел: +992-3462-2-61-62

(904) 66-22-44E-MAIL: [email protected]

Рeзнома ба хотири гуногунандешb маводеро низ ба табъ

мерасонад, ки хилофи назараш аст.Барои са[е[иву

дурустии факту раrам[о муаллифонxавобгаранд.

Дастнавис ва сурат[ои ба идораи рeзнома

воридшуда баргардонда намешавад.

{УДУДИ ПА{НИ РEЗНОМА:Xум[урии Тоxикистон.

Дар матбааи ба номи Н.Фахрииша[ри

Конибодом чоп гашта, супориши ______ мебошад.

Адади нашр: 1000.

Рӯзномаи мисрӣ: қарори бастани Ҳизбинаҳзати исломӣ 10 сол таъхир кард... ихвонулмуслимин дар ҳодисаҳо даст доранд

22-23 2015.qxp имруз_Layout 1 14.10.2015 9:34 Страница 4