16
Номаи Санавбар Абдуллоева унвонии Азизамоњ Рањмонова Хулоса ин аст, президенти Тољикистон барои Русия номувофиќ аст МАСъулияТшиНоСї ва хидматгузорї дар пешгоњи Худо НАшРияи њиЗБи НАњЗАТи иСлоМии ТољиКиСТоН № 44 (814) Панљшанбе, 30 - юми октябри соли 2014 -и милодї, мутобиќ ба 6 - уми Муњаррам, соли 1436 - и њиљрии ќамарї «...Бешубња, њизби Худо ѓолиб хоњад буд», Монеъи илму њунар аммома нест Ќуръон: сураи Моида, ояти 56 ВоЌеъияТи АНдоЗСупоРї ВА иљТиМоъї НАБудАНи дАВлАТ Таљрибаи Тољикистон собит кард, ки њељ як элитаи сиёсї ба танњої наметавонад ба таври самарабахш ва давомнок кишварро идора кунад. илова бар ин, манфиъати элитаи њукумрон на њамеша ба манфиъати тамоми миллату кишвар мутобиќат мекунад. Танњо мувозинати манфиъати гуруњои сиёсї, ќавму мањалњои мухталиф дар маљмўъ барои њифзи манфиъати давлат, истиќлолу истиќрори он замонат дода метавонад. Муњаммадшариф Њимматзода, «Дидгоњ ва масоил» Тољикистон, кай чароѓон бинамат? Гоњ-гоњ дар хоб фурўзон бинамат. Бечароѓї гар будї таќдири мо, Дар ќиёмат кош тобон бинамат. Ваъдањо доданд, ки рушан мешавї, То ба кай ман торикистон бинамат? Дар зимистон барќи ман ѓайб мезанї, Гоњ-гоњ дар мулки Афѓон бинамат! Хонаи бечорагон зулматсаро, Дар сарои хоси хосон бинамат. Хонаву кошонаам тор асту тор, Кош як шаб ман фурўзон бинамат. Ваъдањои номзадон БАРЌ асту БАРЌ! Баъди «выбор» кош чароѓон бинамат... Мухлиси «Наљот» ЊАСРАТИ БЕБАРЌЇ

Наҷот №44 (2014)

Embed Size (px)

DESCRIPTION

 

Citation preview

Page 1: Наҷот №44 (2014)

Номаи Санавбар Абдуллоеваунвонии Азизамоњ Рањмонова

Хулоса ин аст, президенти Тољикистон барои Русия номувофиќ аст

МАСъулияТшиНоСї ва хидматгузорї дар пешгоњи Худо

НАшРияи њиЗБи НАњЗАТи иСлоМии ТољиКиСТоН№ 44 (814) Панљшанбе, 30 - юми октябри соли 2014 -и милодї, мутобиќ ба 6 - уми Муњаррам, соли 1436 - и њиљрии ќамарї

«...Бешубња, њизби Худо ѓолиб хоњад буд», Монеъи илму њунар аммома нест

Ќуръон: сураи Моида, ояти 56

ВоЌеъияТи АНдоЗСупоРї ВА иљТиМоъї НАБудАНи дАВлАТ

Таљрибаи Тољикистон собит кард, ки њељ як элитаи сиёсї ба танњої наметавонад ба таври самарабахш ва давомнок кишварро идора кунад. илова бар ин, манфиъати элитаи њукумрон на њамеша ба манфиъати тамоми миллату кишвар мутобиќат мекунад. Танњо мувозинати манфиъати гуруњои сиёсї, ќавму мањалњои мухталиф дар маљмўъ барои њифзи манфиъати давлат, истиќлолу истиќрори он замонат дода метавонад. Муњаммадшариф Њимматзода, «Дидгоњ ва масоил»

Тољикистон, кай чароѓон бинамат?

Гоњ-гоњ дар хоб фурўзон бинамат.

Бечароѓї гар будї таќдири мо,

Дар ќиёмат кош тобон бинамат.

Ваъдањо доданд, ки рушан мешавї,

То ба кай ман торикистон бинамат?

Дар зимистон барќи ман ѓайб мезанї,

Гоњ-гоњ дар мулки Афѓон бинамат!

Хонаи бечорагон зулматсаро,

Дар сарои хоси хосон бинамат.

Хонаву кошонаам тор асту тор,

Кош як шаб ман фурўзон бинамат.

Ваъдањои номзадон БАРЌ асту БАРЌ!

Баъди «выбор» кош чароѓон бинамат...

Мухлиси «Наљот»

ЊАСРАТИ БЕБАРЌЇ

Page 2: Наҷот №44 (2014)

www.nahzat.tj30 октябри соли 20142

Риёз Мансур, намояндаи хоси Фа-ластин дар СММ аз Шўрои амнияти он дархост карда, ки љаласаи фаврии хешро дар мавриди ќонуншиканињои Исроил нисбати фаластинињо доир намояд.

Тибќи гузориши хабаргузорињо, ди-пломати фаластинї гуфтааст, ин ра-ванд оромї ва осоиштагии мардумро зери хатар оварда, љаласаи фаврии Шўрои амнияти СММ бояд даъват карда шавад.

Риёз Мансур ишора аз ѓорату аз

худ кардани 35 хонаи фаластинињо карда, гуфтаааст, мо тамоми ин гуна њолатњоро башиддат мањкум мена-моем.

Ин шикоятњо дар њолеанд, ки Пан Гї Мун, дабири кулли СММ, њамчунин маќомоти ИМА дар суханони ќаблии худ таъкид доштанд, ки иќдоми Ис-роил љињати сохтани марказњои нави яњудинишин муѓойир бо њуќуќи бай-налмилал буда, ба талошњои пайдо кардани роњи њалли ќазияи Фаластин осеб мерасонанд.

Ољонси мубориза бо корупсия се афсари Раёсати корњои дохилии шањри Душанберо њангоми гирифта-ни 400 доллар аз ду сокини пойтахт боздошт кардааст.

Дафтари матбуъоти Ољонсї дар сўњбат бо «Озодї» гуфтааст, се аф-сари пулис, майор Мањмадуллоњ Њикматов, лейтенанти калон Но-зим Рўзиев ва лейтенант Азизхоља Халиловро бо њамин иттињом рўзи 21 октябр дар назди тарабхонаи “Вохўрї”-и пойтахт боздошт карданд.

Тавре ин манбаъ мегўяд, афсаро-ни раёсати корњои дохилї ду сокини пойтахтро дар яке аз бозорњои шањр боздошт карда, аз љайби онњо 9 000 рубли русї ва 110 сомонї пайдо ва ба дуздї мутањам кардаанд.

Афсарони пулис боздоштшудањоро аз кушодани парвандаи љиної тарс дода, пешнињод кардаанд, ки агар 500 доллар биёранд, озод мешаванд.

Мањз дар њамин поя ду сокини пойтахт ба Ољонсї мурољиъат ва кормандони бахши душанбегии он рўзи 21 октябр дар назди тарабхонаи “Вохўрї” афсаронро зимни гирифта-

ни 400 доллар боздошт кардаанд.Генерал Саид Љўрахонзода, сар-

дори раёсати мазкур дар робита ба боздошти афсарони пулис гуфтааст, онњо барои ин амали номатлуби со-дир карда бояд дар назди ќонун љавоб дињанд. Ин маќомдори аршади пулис афзуда, ки афсарон масъулияти ин амали худ ба дўш доранд ва вобаста ба рафторашон посух медињанд ва агар аз чунин муносибати онњо хабар меёфтам, худам ВАО-ро дар љараён мегузоштам.

Љои тазаккур аст, ки Тољикистон дар радифи 20 кишвари фасодзада-тарини дунё ќарор дора два нињодњои ВУД њамеша дар љумлаи идороти давлатии фасодзадаи кишвар ном бурда мешаванд ва сари чанд ваќте дар бораи боздошти афсарони пулис дар даст доштани онњо дар корупсия хабарњо нашр мешаванд.

Аммо ќазияи боздошти дастаљамъонаи се афсари пулис дар њолест, ки даст доштани ин гуна маъ-мурон дар ќонуншиканињо мавзўъи доѓ ва беобрўкунандае барои ВУД боќї мемонад.

Љумњурии Исломии Ирон баъд аз як сол сафири нави хешро ба-рои Тољикистон муаян кард. Агар-чи дар мавриди интихоби сафири нави ин кишвар дар Тољикистон аз манобеъи расмии иронї иттилоъе мерасид, вале мушаххас шудани нафари хос ба ин симмат хеле тул кашид.

Тавре хабаргузории «ВВС” ит-тилоъ медињад, пас аз як соли анљоми масъулияти сафирии Алї Асѓари Шеърдўст дар Тољикистон,

акнун ин симатро Њуљљатуллоњи Фаѓонї ба уњда мегирад.

Љаноби оќои Њуљљатуллоњи Фаѓонї ќабл аз интихоб шуда-наш ба њайси сафири Ирон дар Тољикистон, масъулияти сафирии кишварашро дар Афѓонистон сар-баландона анљом додааст.

Интизор меравад, љаноби оќои Фаѓонї аввалњои моњи оянда во-риди пойтахти Тољикистон, шањри Душанбе хоњад шуд.

Ољонсии мубориза бо коррупсия алайњи Хайруллоњ Саидов, писари калонии Зайдуллоњ аз рўи моддаи 340, ќисми 2, Кодекси љиної айб эълон кард, ки он аз 2 то 5 соли зиндон ё то 36 њазор сомонї љаримаро пешбинї мекунад.

Айбнома рўзи 27-уми октябр дар њузури вакили мудофеъ, Исњоќ Табаров эълон гардида, дар он аз шиносномаи таќаллубї, ки гўё бо маслињати пешакї ва бо истифода аз техникаи компютерї анљом гирифтааст, гуфта мешавад.

Таври маълум, ин нињод Зайд уллоњ-ро низ аз дастандаркорони ин ќазия хондааст, ки гўё санаи таваллуди фарзандашро 4 сол калониашон дода, яъне ѓайриќонунї сабт кардааст. Аммо

Хайруллоњ Саидов зим-ни иќрор ба ќисмате аз гуноњаш гуфтааст, пада-раш дар ин ќазия комилан даст надорад ва шинос-номаи таќаллубиро њанўз соли 1995 замони гуреза будан дар Маскав гириф-тааст ва њадафи калон нишон додани синну сол њар чї зудтар пайдо карда-ни њаќќи тањсил дар Ирон мебошад.

А м м о О љ о н с ї т а -лош дорад, ки санаи таќаллубкориро соли 2000-

ум, замони вазирии Зайдуллоњ нишон дињад ва њамчун далели дигаре алайњи ў истифода барад.

Ин дар њолест, ки Ољонсї рўзи 24-уми октябр бо пахши иттилоияе гуфтааст, тафтиши пешакии парвандаи љиної алайњи Зайдуллоњ дар њоли анљомёбист ва таъкид карда, ки дар робита ба парвандањои Зайдуллоњ алайњи 14 нафари дигар, аз љумла 4 нафар масъ-ули ширкати сохтмонии «Тољсохтмон Байналмилал», 6 мутасаддии Раёсати сохтмони асосии шањри Душанбе ва 4 масъули ширкатњои дигари тиљоратї парвандаи љиної боз шудааст.

Фаластин ва љаласаи фаврии шА СММ

Боздошти пулисњо дар душанбе

њуљљатуллоњи Фаѓонї - сафиринави љии дар Тољикистон

Эълон шудани айбнома алайњи Хайруллоњ Саидов, писари Зайдуллоњ

Дар шуъбаи ЊНИТ дар минтаќаи Кўлоб љаласаи моњона баргузор гардид, ки дар он масъулини њизбї аз навоњии атроф ширкат до-штанд. Дар ибтидо онњо аз кору пайкори хеш гузориш дода, баъзе аз пешнињодоти хешро ба рањбарияти шуъ-баи минтаќавї ва марказии ЊНИТ расониданд, ки аксари ин пешнињодњо бар интихоботи ќарибулвуќуъи парлумонї ва маљлисњои мањаллї рабт до-штанд.

Дар хотимаи љаласа, як бар-номаи омўзишї ба њозирин пешнињод гардид, ки ба боло бурдани ангезаи мардум љињати ширкат дар интихобот

буд. Исмоил Рањматов, масъули бар-гузории барномаи омўзишї таъкид кард, ки чунин даврањо дар ноњияњо низ бояд баргузор шаванд.

Ангезаи масъулони њНиТ дар Кўлоб боло меравад

Саид Љўрахонзода сардори Раёсати умури дохилии ш. Душанбе ВУД

ХАБАР

Page 3: Наҷот №44 (2014)

30 октябри соли 2014 3www.nahzat.tj

“Ва (дар рўзи ќиёмат) њамаи онњо дар пешгоњи Худованд њозир меша-ванд, дар ин њангом заифон ба мустакбирон мегўянд: “Мо пайравони шумо будем, оё (имрўз) метавонед чизе аз азоби Худоро аз мо дафъ кунед?” Мегўянд: “Агар Худо моро њидоят мекард, мо албатта шуморо њидоят мекардем. Баробар аст бар мо хоњ бетоќатї кунем ё сабур бошем, моро љои гурез аз азоб нест”, (Сураи Иброњим, ояти 21).

Дар оёти ќаблї, чунончи мушоњида намудем, Худованд сањнаи бањсу љидол, мухолифату муќовимати гурўњњоеро бо паёмбарон, ки даъвати њаќро напази-руфта ва бо истифода аз васоили дар ихтиёр доштаашон дар роњи даъвати анбиё монеъа эљод карда буданд, тасвир намуда буд. Дар ин оят ба хотири такмили бањсњои боло сањнаи дигар, сањнаи гуфтугў миёни роњбарону пайраво-ни онњо ва суоли сарзанишоњангу посухи бедалел ва даъвои ин гурўњњоро дар рўзи Ќиёмат тасвир кардааст.

Ваќте ки муддати будубоши халоиќ дар зери замин ба поён мерасад, њама аз ќабрњояшон берун меоянд ва дар мањшаргоњ барои муњосаба дар назди Худо њозир мешаванд ва тамоми аъмоли онњо ошкор мегардад. Дуруст аст, ки дар дунё барои Худо на дар замин ва на дар осмон чизе пўшида нест, вале акса-ри инсонњо ин њаќиќатро ба хубї эњсос намекунанд. Онњо дар дунё њангоми оњанги анљоми амал кардан тарзе вонамуд менамуданд ва њамин тавр гумон њам доштанд, ки метавонанд аъмолашонро аз Парвардигор пўшонанд, аммо он рўз бо тамоми аъмол ва сифоте, ки дар дунё барои дигарон пинњон буд, дар назди Худо зоњир мешаванд ва яќин мекунанд, ки миёни онон ва Худованд њељ њиљобе вуљуд надорад: “Ва (дар рўзи ќиёмат) њамаи онњо дар пешгоњи Худованд њозир мешаванд”.

Пайравони заифу итоатпеша ва таќлидкор ваќте мебинанд, мустакбироне, ки аз ѓурури љоњу мол ва ќуввату ќудраташон худро аз дигарон бузург меди-данд ва ќудрати зоњирии онњо водорашон мекард, то аз имони ба Худо ва оё-таш аз рўи такаббур ва бузургманишї сарбоззананд, бо онњо баробар ва њама бо шармандагї мунтазири азобанд. Дар ин лањза гуфтугў ва даргирии сахте миёни ин ду табаќаи инсонњо, табаќаи мустакбирон, ки пешво ва фармондор буданд ва табаќаи поин, ки мутеъ ва фармонбардор, сар мешавад. Худованд сањнаи мазкур ва њоли бархўрди ин ду тоифаи мунтазири азобро чунин тасвир намудааст: “Дар ин њангом заифон ба мустакбирон мегўянд: “Мо пайра-вони шумо будем, оё (имрўз) шумо метавонед чизе аз азоби Худоро аз мо дафъ кунед?”

Маънои ин ќисмати оят ин аст, ки заифони пайрав аз рўи итобу сарзаниш мегўянд, мо дар дунё аз шумо пайравї ва итоат кардем, бо рањбарии шумо бо паёмбарон душманї варзида, даъвати эшонро напазируфтем ва ононро такзиб кардем. Шумо њар чи мехостед, мо онро анљом медодем, омили аслї дар ин бадбахтии мо шумоед, акнун бигўед, оё имрўз аз дасти шумо ягон коре бармеояд? Оё имрўз метавонед моро аз ин бадбахї бирањонед, ё аќаллан миќдоре аз азоби Худоро аз мо дур кунед?

Лозим ба ёдоварист, ки мункирони њаќ ва касоне, ки дар ин дунё аз ибо-дати Худои ягона ва мувофиќати паёмбарон рў мегардонанд, ду табаќаанд. Табаќаи мустакбирон ва ашрофи ќавм, ки бо ривољ додани мазњабњои хурофї ва сохта ва таълимоти гумроњкунанда дар миёни оммаи мардум, ба таври доимї талош меварзанд, то онњоро дар занљири бандагию ѓуломї нигоњ до-шта, пояњои ќудрат ва љоњу маќоми худро устувор ва манобеи сарвату дорои-яшонро њифз намоянд. Ин гурўњ бо мазоњиби ростин ва даъвати паёмбарони илоњї, ки афкори инсонњоро бедор мекунад, пайваста мухолифат меварзанд. Гурўњи дигар афроди заифанд, ки аз бузургони ботилмадор кўр-кўрона, ё бо таљоњул таќлид ва итоат мекунанд. Дар ояти мавриди бањс заиф унвон шудани ин табаќаи инсонњо аз он лињоз аст, ки ба иллати заъфи рўњию равоние, ки аз таъсири муњити љомеъаи носолим дар аксари ањли љомеъа ба вуљуд меояд, онњоро водор месозад, ба хотири љалби манфиате аз каромати инсонї, озодии шахсї, озодии тафаккур ва андеша, озодии эътиќод ва озодии интихоби роњ даст бардошта, худро тобеи мустакбирони саркаш ва золиму ситампеша со-занд ва даври онњо њалќа зада, ѓайри Худоро итоат кунанд. Ин тоифа бехабар аз онанд, ки заъфу сустї узр нест, балки гуноњ аст ва Худованд гирфтори заъф гаштани бандаро дўст намедорад. Офаридгори инсон намехоњад, ки банда аз њуррияти худододї, ки фазилату бартарияти ў дар он ва мизони каромати ўст, ба ихтиёри худ даст кашад.

(Идома дорад)Зубайдуллоњи Розиќ

Сањнаи хусумати љањаннамиён

Шоистаи тањсин аст, ки дар ин замонаи пуртазод дарТољикистони азизу кўчаки мо ќариб њамаи динњо озоданд. Пайравони дини Ислом, ки зиё-да аз 90% ањолї марбут ба он њастанд, њама дар фазои ором чи бо њам ва чи бо дигар дину равияњо ба бунёдкорї машѓул буда, яке бо дигаре дар мухо-лифат нестанд. Шањрвандон инро, албатта, њис мекунанд ва сарфароз њам њастанд аз ин Ва-тан. Боз њам мехоњанд, ки аз по-тенсиали дини Ислом зиёдтар ба фоидаи давлат истифода шавад. Яъне, давлат ва њукумат метавонанд дилпурона дар њар самт ба дин такя намояд. Вале, аз мушоњидањои њамарўза маъ-лум мешавад, ки садгузорињои њукумат ба хати кадом њадафе дар иддае аз манотиќ ављ меги-ранд.

Мо инљо факту далелњоеро намеорем, чунки њар як фар-ди солимаќл мантиќи авзоъи мањалли худро дарк мекунад.

Биёед, дўстона њамзистии осоишта дошта бошем ва бо кордонии худ, ќуввату ѓайрат ва илму донишамонро ба обо-дии диёри њамешасабз равона созем. Љомеъа бозичае нест,

ки њар сол њангомаеро пиёда сохта, таваљљуњи мардумро ба он банд намої. Љомеъа ниёз ба рушди истењсолот ва афзоиши корхонањоро дорад, ки мардум кор кунанду маош гиранд ва ба суханпардозињои бемаънї дода нашаванд. Њамагуна неру агар бе сарвару бе соњиб монад, маълум аст, ки ба роњи нодуру-сту хатарзо майл пайдо меку-над. Аз ин рў, њукумат танњо дар њамраъй будан бо дин халќро ба сўи хеш дилгарм мекунад.

Аммо каме дар бораи иќтисодиёт. Њукумат аз бунёди ину он корхона ва роњандозии истењсолот иттилоъ медињад, вале баъд аз гузашти ваќт бо са-бабе ин нуќтањои «истењсолотї» аз кору фаъолият бозмемонаду ба гўшаи фаромўшї супорида мешаванд. Агар њукумат дар њамбастагї бо дин сари ин ма-соил кор бигирад, торњои хо-

болуд ва истеъдоди фитрии инсонњо бедор мешавад. Яъне, рў ба истењсолот меоранд.

Мо бояд истењсоли мањсулотеро фикр намоем, ки дар он нишони миллат бо-шаду берун аз њудуди кишвар талабот пайдо намояд. Танњо бо ин васила арзи хориљиро ба Тољикистон ворид менамо-ему фахри ватандорї афзун мешавад. Имрўз расонањои таблиѓотии давлат «хизмати хирсона»-еро руи даст гириф-таанд, ки инро ягон душман на-мекунад, њатто дар фикри чу-нин кор њам нестанд. Масалан, фаќат мегуянду менависанд, ки обу барќи тољик ё љалби туризм роњи халосї аз вартаи бўњрони иќтисодисту онро танњо ва танњо фаќат давлат ташкил кар-да метавонад.

Мардуми оддї ин хел муно-сибатро ба мушоњида гириф-та, дилшикастагї дар онњо ављ мегирад ва њолати карахтию интизориро интихоб мекунанд. Яъне, интизори он меистанд, ки Њукумат кай ину он сохтмонро ба анљом мерасонад ва гўё бо ин серию пурї мешуда бошаду љойњои корї фаровон.

Маќсад аз ин навишта њамин аст, ки давлат бо дасти худ фањмида ё нофањмида фа-ъолнокии равонии инсонњоро кундзењн, њатто мањв месозад. Таљрибањои зиёд дар давро-ни собиќ нишон доданд, ки дин ягон маќсади фишору дахолат ба корњои давлатиро надорад, толиби вазифаву мансаб њам нест. Инсони мусалмони воќеъї пайваста дар хидмати мар-дум буда, њамнафасу њамдами онњост. Худашро аз мушкилоти мардум дар канор намегираду карру фарро дўст намедорад, аз рўи имконият дархости онњоро амалї сохта, манфиатљўї наме-кунад, тайёр аст дар назди Худо ва халќи Худо содиќ бимонад.

Охир-ул-амр гуфтаниям: Зињї идеологияи исломї!

Файзиддин Зарифї,

сокини ш.Кўлоб

Айби хешро дар дин набинед

ХАБАР

Page 4: Наҷот №44 (2014)

www.nahzat.tj30 октябри соли 20144

Пеш аз Ислом дунё дар ѓафлату торикї ва зулму љањолат ба сар ме-бурд, новобаста аз мављудияти адёни гуногун, чун онњо барои ќавму ќабила ва макону замони хос буданд. Дар таърих њазорњо паёмбар гузаштааст, ки камта-рини онњо дорои китоб буданду шариъа-ти худро доштанд, он њам хоси мањаллу макон. Аммо Худованд лутф карду мањбубтарин шахсияти хешро баргузид ва китоби бењтаринаш, Ќуръонро фи-ристод, ки нури илму маърифатро дар дунё мисли шуъоњои офтоб пањну паре-шон кард. Тамомии баракату пешравињо ва аз илм бархурдор шудани мардуми олам аз амну баракати Ќуръон ва паём-бари мањбуби Худо, њазрати Муњаммади Мустафо (с) аст.

Пас бояд мо ифтихор аз ин дин ва шахсияти маорифпарварро дошта бо-шем, чун дар садри Ислом ва замони футуњоти Ислом мардум ахлоќу одоби беназири пайравони он, махсусан пеш-вои Ислом, Муњаммад (с) бе ягон муш-кил ќабул доштанд, њатто онњое, ки ба ин дин бовар надоштанд. Њама ќабул до-штанд, ки Ислом аз назди Аллоњ омада-аст ва заминї нест. Ислом шахсиятњоеро тарбият кард ва ба љањониён муаррифї кард, ки осмонї будани онро таќвият бахшид. Воќеъан, Ислом мардумро аз зулмату гумроњї наљот дод ва ба онњо роњи дурусти зиндагиро нишон дод, ки таслимшудагони роњ вориди љаннати љовидонианд. Аз Абуруќая Тамим ибни Авс-Дорї (р) ривоят аст, ки Пайѓамбар (с) гуфт: “Дини ислом насињат аст”

Гуфтем: Насињат барои кист?Гуфт: Насињат барои Худо барои

Ќуръон, барои Пайѓамбараш ва барои пешвоёни мусулмонон ва барои омма”, (ривояти Муслим)

Маќсад аз насињат садоќату хайрхоњист. Мусулмони асил дар муно-сибат ба Аллоњ, китоби Ў, пайѓамбараш ва ба сарварони мусулмонон, умуман нисбат ба њамаи мусулмонон садоќату

хайрхоњї зоњир менамо-яд, зеро садоќат яке аз асосњои муњими дини ис-лом аст.

Ваќте ба фарзанд масъ-алаеро мефањмонему мегўем, ки ин корро накун, ки хатост, пас ўро огоњї медињем аз аркони дини хеш, чун амал кардан бо аркони дин њамагуна лаѓжишњоро аз байн ме-барад.

Дини ислом дар таъри-хи 14-асраи худ бењтарин шахсиятњоро ба љомеъа додааст, ки бо як мењру муњаббат ва сидќан Ис-ломро пањн карданд ва амалкарди хешро холисанлиллоњ анљом доданд. Иддае аз онњо маќому мартабаи ба-

ландеро соњиб ва ба номи асњоби поки Расулуллоњ (с) машњури љањон гаштанд. Онњо дар имони худ бо Худо ва Паёмба-раш (с) содиќу устувор буданд, аз ин рў муваффаќ шуданд.

УСТУВОРЇ - ЉАВЊАРИ ИСЛОМ.- Аз Абубакр ва ё Абуамрата Суфён

ибни Абдуллоњ ас-Саќифї (р) ривоят аст, ки гуфта: Ай Пайѓамбари Худо, ба-рои ман дар бораи Ислом он чунон су-хани пурмазмуну равшане бигў, ки ѓайр аз ту дар бораи он аз шахси дигаре на-пурсам.

Гуфт: Бигў ба Худо имон овардам, си-пас дар он устувор бош, ( ривояти Мус-лим).

Сањобањо дар зиндагї рўзи орому осу-даеро надиданд, балки аз рўзи ба ислом мушарраф шудан то дами марг дар на-бард бо мушрикину мунофиќин буданд. Мо имрўз кўчактарин азоби сањобаеро надорем, агар азобу машаќќате дошта бошем њам, он аз њисоби масъулияти диндориамон аст. Вале онњо азобњои гуногунеро аз љониби мавлову хољањое медиданд. Бубинед, њазрати Билол, бу-зургтарин љавонмарди љањони ислом ва мактаби Муњаммадиро бо чи азобњое гирифтор карданд, вале ваќте нури имону Ислом дар ќалбаш љўш мезад, аз имон нагашт. Ин сабру субот буд, ки Худованд барои онњо маќоми волое дод дар Ќуръони карим: “Муњаммадур-расулуллоњ валлазина маъњу”.

Имрўз њам Ислом раќибони худро дорад ва онњо мехоњанд ин дини поку муќаддасро аз байн бибаранд, вале дасткутоњанд, зеро нигањбони он Ху-дост. Аммо масъулияти мусалмонист, ки аз Ислом ва пешвоёни он дифоъ кунем. Мутаассифона, муњаббати мусулмонї ба шиддат поин рафтааст, дар замони Расули Худо (с) асњоб яке барои дигаре љони худро фидо мекарданд. Имрўз дар љомеъаи мусулмонии мо њамдигарро ба шохањои мухталиф таќсимбандї кардаем, ки вањдати исломиро аз байн бурдааст, њатто дар баъзе пешвоёни мо њам ин корњо дида мешаваснд. Чанд нафаре аз пешвоёни асили исломиро аз минбарњо хориљ њам карданд. Иддае аз толибилмон њам, ки аз њалќаи улуми исломї гузаштаанд ё не, хаёл мекунанд тамоми чизро фањмидаанд ва ходи-мони асили исломиеро зери тозиёнаи

танќид ва мазаммат ќарор медињанд. Ба иззати нафси касе расиданї не-стам, вале шоњид мегардам, ки ин гуна нимчамуллоњо масъалаеро гўё файсала карда, њукми дурўѓин мебароранд. Дар њоле ки сари барањна хондани Ќуръон боке шояд надошта бошад, вале онро бояд њамчун бахтнома ва сарчашмаи муќаддас эњтиром ќоил шуд. Бузурго-ни гузашта ва имрўз ба ин гуна масоил ањамияти нињоят бузург медоданд, агар-чи эњтимол тањлилу фањмиши Ќуръонро надоштанд. Онњо бо як одоби муайян, чањорзону нишаста китоб мехонданд, мањз ин гуна эњтиромњо љой доштанд, ки суханашон ќадр дошт.

Имрўз бо тамоми далелњои ќуръонї сухан мекунанд, вале касе парвои касе надорад, њар касе дунболи кори худ аст. Яъне бо ин беэњтиромї сиёсати Ќуръон аз байн рафта истодааст.

Банда таъкид мекунам, агар мо чизи шахсие дошта бошему ба он беќадрї

намоем оё касе ба ќадри он мерасад. Ќуръон моли мост, эй толиби илм, агар ба китоби муќаддаси хеш эњтиром намегузорї, оё бегонае ба он эњтиром мегузорад? Онњо ваќте аз пайравони ин китоб рафтори номатлубро эњсос ме-кунанд, пас муњимияти масъаларо низ аз байн мебаранд. Мо бояд арзишњои динии худро ќадр намоем ва фарњанги исломї доштанамонро душманони дин дарк намоянд. Масъулиятшиносиро таќвият бахшем, новобаста ба кї ва чї будани хеш. Имрўз њар зардуштї ва дигаре Исломро мазаммату тањќир карда, фарњанги худро байни мусулмо-нон таблиѓ мекунад, вале мусулмонњо хомўшанд, ки хеле дардовар аст. Дар матбуъот ва шабакањои иљтимоъї мушоњида мешавад, ки рисолањои тањќиромезе нисбат ба Ислом ба нашр мерасанд, вале Шўрои уламо, ки масъ-улияти аввал аз он аст, хомўш меистад.

Банда, масъулиятшиносии хеш-ро назди дин, аз устоди шодравон Муњаммадшариф Њимматзода медидам, ки бењтарин тањќиќу пажуњишњояшро дар љавоби ин гуна душманон рўи сањифа меовард. Феълан ин гуна масъ-улиятшиносиро дар навиштањои ишони Мањмудљони Тураљонзода дидан мум-кин аст. Пас ба хулосае омадам, ки имрўз хизмати асосиро назди дин ЊНИТ карда истодаанд, агарчи ин вазифаи мустаќими ин њизб нест, балки аз Шўрои уламост.

Бо боварии комил гуфта метавонам, ки толибилми имрўза ба љуз китобњои дарсї адабиёти дигареро мутолиа на-мекунад ва аз бузургон ва намояндаго-ни муосири дин касеро намешиносанд. Агар хизмат ба дини Худоро хоњем, бояд ба гузаштагони худ дар андўхтани илм таќлид намоем, ки чигуна бо доштани илми васеъ пуштибонї аз арзишњои исломї ва чї хизмате дар роњи Худо мекарданд. Бо ин тарсончакие, ки имрўзиён дорем, заррае аз муќаддасоти хеш пуштибонї карда наметавонем.

Дар ин авохир тавассути шабакањои телевизионї филмњои аз аќл берунро ба намоиш гузоштанд, ки бо истифо-да аз Ислом ба тањќири ислом роњ до-данд. Аммо масъулини Шўрои уламо эътирозе ба Кумитаи радио ва телеви-зиони њукуматї нарасонд. Ман ба њайси кўчактаринњо гуфтаниам, имрўз дигар

дар бораи шумо барин пешво дар мин-бари исломї љой нест, хуб мебуд ба на-виштани маќолаву китобњо машѓул ша-вед. Њатто душманони огоњ аз дин њам ба шумо таъна мезананд, ки фањмиши ќобили мулоњизаеро надоред. Пас бояд ба пояњои баландтари илм бираседу та-вонмандие пайдо намоед дар пуштибонї аз арзишњои динї ва таънашунавии душманон ќарор нагиред. Барои банда мутолиаи китоби “Дидгоњ ва масоил”-и устод Муњаммадшариф Њимматзода би-сёр хуш омад. Маќолаи љавобие дорад ба навиштаи Зиё Абдулло, ки дар баро-бари далоили илмї овардан ба нуктаи муњими дигаре ишора мекунад, ки хеле аљиб аст: “Шумо, ки пайрави дини Зар-душт њастед ва ба гуфтањои Авесто гўё амал мекунед, “гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек”, чаро ба њамин гуфта амал намекунед”?.

Воќеъан, дуруст аст, инњо медонанд, ки дини авастои онњо дар ягон љо ба

кор намеравад, вале номуси таълимоти коммунистї онњоро намегузорад, ки аз ин роњ бигарданд. Аммо моро зарур аст, ки њар душманеро бо аркони динии ху-дашон маѓлуб гардонем. Пас мутолиаи адабиётњои дигаре лозим мегардад. Оё устод Њимматзода аз хондани ин гуна адабиётњо зарар кард? Баръакс дар муќобили душманони дин рост истода “мушти обдоре” бар дањони онњо зад ва масъулияти хешро назди дин ва Худои хеш анљом дод. Касоне таънаи бесаводї мезаданд, фањмиданд, ки ин дин соњиб дорад.

Имрўз њастанд касоне, ки худро ба забон мусулмон мегиранд, лекин дар амалкарди худ аз “Авесто”-и пўсида ис-тифода мебаранд. Мо, мусулмононро зарур аст вазифаи худро дар њифзи фарњангу арзишњои динї бидонем, мис-ли устод Њимматзода асарњо тасниф намоем, то наслњои баъдї донанд, ки ходимони диние доштем дар ањди дав-латдории авввалњои асри 21, ки воќеъан хизмат кардаанд. Бигузор номи онњо дар тазкирањои тозатаълифи баъдињо сабт гардад.

Олимони бемасъулияте, ки илмро хонданду ба он амал накарданд, балки хиёнат дар дин карданд, аз љумла баста-ни масљиду мадрасањо, мањрум сохтани љавонон аз рафтан ба масљидњо њам бояд дар тазкирањо љо пайдо намояд. Бале, ин гуна корњо назди Худо азоби дарднокеро хоњанд дошт, зеро дар шаъ-ни олимони динфурўш, ки риъояи хољањо карданд, ваъидњои сахте додааст.

Дар охир аз Худованди мењрубон ба-рои кулли мусулмонон ва љавонони то-либилм бедор шудани њувияти диндорї ва масъулиятшинос буданро таманно дорам ва дар ин замони фитна барои Ислому муслимин нусрате насиб гардо-над.

Банда ќазовати навиштаи хешро ба хонанда њавола мекунам, бигузор сањву хатои онро худ нишон дињад, агар ба иззати нафси касе расида бошад, маъ-зарат мехоњам. Агар иштибоњ кардаам, онро бо изњори назаре ифшо намоед, то хешро ислоњ кунам, чун ин назари як донишљўст. Боќї дар паноњи Аллоњ та-борак ва таъоло бошед.

Њомидуллоњи Иззатуллоњ

МАСъулияТшиНоСї ва хидматгузорї дар пешгоњи Худо

Мо, мусулмонњо дорои дине њастем, ки назди Худо бењтарин ва муќоисанашаванда бо дигар динњост. Паёмбари ис-лом (с) гуфтааст: “Ба тањќиќ Ислом назди Худо бењтарин ва мањбубтарин дин аст.

ТАњлил

Page 5: Наҷот №44 (2014)

30 октябри соли 2014 5www.nahzat.tj

Сайидумар Њусайнї ра-ёсат ва вакилони Маљлиси намояндагонро мухотаб ќарор дода, мегўяд: Имрўз мо дар муњокимаи пар-лумоние њузур дорем, ки дар он иљроиши нуњмоњаи буљети кишвар барои соли 2014 мавриди тањлил ва бањсу баррасї ќарор дорад. Дар ин муњокима шоњиди ироъаи њисоботи вакили Маљлиси намояндагон, на-мояндаи Вазорати молия ва дигар нињодњои марбута оид ба иљроиши буљет гар-дидем. Воќеъан метавон гуфт, њисоботњо дарбарги-рандаи фаъолияти тамоми соњањои муњими кишвар бу-данд, балки ќисми дарома-ду харољотњои буљетро хеле хуб ошкор сохтанд.

Аз гузориш бармеояд, ки иљроиши буљет њам дар бах-ши доромадњо ва њам дар бахши харољотњояш дар нуњ моњи сипаришуда чи дар сатњи марказ ва чи дар сатњи мањалњо барзиёд иљро гардидаанд, дар ин љода гўё мушкилоти љиддие вуљуд надорад. Метавон гуфт, ки нињодњои марбута дар якљоягї масъулияти хешро љињати иљроиши буљети киш-вар ќисман анљом додаанд.

Вале мутаассифона, боз њам соњаву ширкат ва корхонањое њастанд, ки ояндабинии хешро ба тав-ри ањсан барномарезї на-кардаанд. Биноан ин гуна ояндабинињо норушан мон-да, сабаби ба буљети киш-вар маблаѓњои камтар во-рид гаштан шудааст.

Аз ин хотир, дар иљроиши буљет костагие ба назар мерасад, монанди андоз аз фурўши нахи пахта, ба миќдори 51,9% ва андоз аз фурўши алюминий, ба миќдори 6,8%, ки ба њамин миќдор иљро гардидаву бас, ки ин миќдори иљроиш њам умдатан ба андозсупоран-дагони бузург, корхонањои аслї ва калонтарини киш-вар тааллуќ доранд.

Њамчунин иљро нагарди-дани наќшаи андоз аз фо-ида ва аз арзиши иловаи дохилї низ аз љониби кор-хонаву ширкатњои бузург ба назар мерасад. Барои ми-сол, Корхонаи воњиди дав-латии «Роњи Оњани Тољик», ба миќдори 61,4 миллион

сомонї, Ширкати «Барќи Тољик» ба миќдори 91,1 миллион сомонї ва Ширка-ти алюминии Тољик ё Талко, њудуди 100 миллион сомонї андозро кам ворид карда-анд, ки ин иљроиши буљетро дар баъзе ќисматњо ба муш-кил мувољењ намудааст.

Ин њолат дар нисбати баъзе аз ширкатњо мудда-ти солњост, ки бењбуд пайдо накардааст ва њукуматро лозим аст, ки љињати ислоњи вазъияти мављуд дар ин ширкатњои азим таљдиди на-зар намояд.

Аз њисобот низ бармео-яд, ки Тољикистон њоло њам барои кишварњои хориљї њамчун бозори воридотї боќї мондааст. Ин дар њолест, ки Маљлиси на-мояндагон ворид наму-дани тамоми таљњизоту технологияњои истењсолиро аз бољи гумрукї ва аз тамо-ми андозњо озод гардонида-аст ва ВАО њам аз кушода шудани садњо корхонањои истењсолї хабар медињанд. Яъне њоло нишоне аз киш-вари содиротї шудан ба назар намерасад ва ин љо мањсулоти кишоварзиву боѓот дар назар нестанд.

Аз маблаѓи зиёда аз чањор миллиард доллар, ки гар-диши солонаи ба расмият даровардашудаи савдои хориљии кишварро ташкил медињад, маблаѓи 3,526 миллион доллараш ба во-ридот рост меояд, ки нис-бати соли гузашта зиёда аз 20% боло рафтааст. Ин љо атрофи воридоти ќочоќї, ки шояд зиёдтар аз ин маблаѓ бошанд, њарфе на-мезанем. Вале мутаасси-фона, аз ин маблаѓ танњо 776,9 миллионаш ба соди-рот рост меояд, ки аз соли гузашта ба маблаѓи 103,2 миллион ё 11,7 % камтар аст. Ин миќдори ночизи содирот њам мутаассифо-на, боз шомили алюминий ва нахи пахта мебошанд, ки њамчун ашёи хом содир мегарданд. Яъне намета-вон гуфт, ки аз Тољикистон мол ё мањсулоти саноатие ба хориљ содир гардидааст. Воќеъан ин њолати ногу-вор барои иќтисодиёти њар кишваре нигаронкунанда њисобида мешавад, аммо дар фаъолияти масъулини

мо нисбати ин вазъият ка-дом ташвише эњсос наме-шавад.

Ин љо бо бањсу барра-сии ин мавзўъ аз масъ-улини дахлдор ва аз молистењсолкунандагони ватанї талаб карда на-мешавад, ки молњои истењсолкардаи хешро ба хориљ аз кишвар содир на-моянд. Шояд рўзе ба ин њадаф њам бирасем, балки танњо аз онњо умед ва хоњиш ин аст, ки аќаллан талабо-ти бозори дохилиро ќисман таъмин намоянд, то ќадам ба ќадам воридоти молњои ниёзи мардум аз хориљ кам-тар гашта, мардум аз молу ашёи саноати ватанї ис-тифода намоянд. Бад-ин васила њам мардум ва њам буљети кишвар ѓанитар гар-дида, ниёзмандии миллат ба молу ашёи хориљї коста мегардад.

Ин њолат аз он шањодат медињад, ки саноати ватанї рушди лозим ва заруриро касб накардааст. Њамин гуна рушдњои зоњирианд, ки дар бозори дохилї молњои ватанї заррае љои молњои

ватаниро гирифта натаво-нистаанд. Ин њама сабабу омилњои худро доранд ва њукумати кишварро зарур аст, ки ин сабабу омилњоро пайдо намуда, бањри илољи онњо барномаи љиддиеро рўи даст бигирад. Ба ин васила њам саноат рушд пайдо намояду њам бозори дохилї.

Дар воќеъ бозорро аз монополияи молњои хориљї наљот бахшида, онро ба мањсулоти ватанї таъмин бояд кард.

Масъалаи дигаре, ки мехоњам онро манзури шумо, вакилони муњтарам, гардонам, ин тахсис додани буљет ба нињодњои њукумати кишвар аст. Њама медонем, ки Вазорати тандурустї дуввумин вазорати мас-рафкунандаи буљет мањсуб меёбад. Дуруст аст, ки ба шањрвандон Конститутси-яи Тољикистон расонида-ни ёрии тиббиро тариќи муассисањои тандурустии давлатї ройгон кафолат додааст, вале имрўзњо шоњиди он мегардем, ки дар тамоми ин гуна муассисањо

ёрии тиббї комилан пулакї анљом мегирад, њатто во-рид гаштан ба иддае аз муассисањои тиббї њам пулакї шудааст. Ин гуна амалњо ба назму низом да-роварда нашудаанд ва маъ-лум нест, ки пули додаи ма-риз ва корафтодае ба кадом њисоб ворид мегардад.

Аз ин рў пешнињод до-рам, ки кафолати њуќуќи конститутсионии шањрванд љињати дарёфти ёрии тиббї таъмин карда шавад. Агар њукумат ин кафолатро таъ-мин карда наметавонад, пас маблаѓњои пардохт кардаи мардумро барои табобат ба танзим дароварад ва бигу-зор ин маблаѓњои мардум комилан ба њисоби вазорат рехта шаванд, то ба ин ва-сила њадди аќал як вазора-те ба худкифої бирасаду масрафњои буљети кишвар ба ин вазорат сол ба сол кам гарданд.

Ба њар њол, ин пешнињоде буд дар заминаи воќеъиятњои кишвар, ки беш аз пеш иќтимоъї будани ни-зоми давлатдориро зери суол ќарор медињанд.

ВоЌеъияТи АНдоЗСупоРї ВА иљТиМоъї НАБудАНи дАВлАТСайидумар Њусайнї, муовини аввали рањбари ЊНИТ ва вакили њизб дар парлумон зимни

муњокима ва натиљагирї аз иљрои буљети кишвар дар Маљлиси намояндагон вориди муњокима шуда, мавќеъи хешро дар ќиболи воќеъиятњои чигунагии даромаду масрафњои буљет ва баъзе љанбањои дигари зиндагї матрањ сохтааст, ки муњтавои онро барои огоњии хонандаи хеш ба нашр мерасонем.

МАВЌеъ

Page 6: Наҷот №44 (2014)

www.nahzat.tj30 октябри соли 20146

Ин њам дар њолест, ки феълан беш аз 80 диаспора дар ќаламрави Русия фаъолият доранд ва гўё њамаи онњо пайи дифоъи њуќуќњои муњољирин кору фаъоли-ят мекунанд. Вале таъсиси иттињодияи навро агарчи иддае барои мардуми тољик ба манфиат донанд њам, дигарон инро фоли нек намедонанд, чаро?

Хабарнигори тањлилгар, Абду ќаюми Ќаюмзод, таъсиси иттињодияи навро фоли нек намедонад ва мегўяд: фикр мекунам, ташкили чунин як созмони ягонаи муњољирин бо пуштибонии маќомоти давлатї муваффаќ нахоњад буд. Чун дар замони сафирии Абдумаљид Достиев, ки ин таљрибаро дошт, ташкили чунин созмоне бобарор набуд. Дигар ин ки иттињодия љузъи фаъолияти сафорат ва консулгарињо хоњад шуд, ки њатман ба љойи мушкили муњољиронро њал кардан, ба љилва додани фаъолияти худ мепардозад. Аз ин лињоз, бигзор њамин созмонњои мављуда амал кунанд, зеро онњо бо маќомоти зирабти Русия алоќа ва њамкорї дошта, аз мушкилоти муњољирин бохаба-ранд.

Пас агар њамин диаспорањо дар умум гирдињам оянду кори худро таќвият дињанд, оё кори муњољирон хубтару бењтар намешавад? Дар посух ба ин суол љаноби Ќаюмзод гуфт: На, фикр намекунам. Зеро он љо њар диаспора дар алоњидагї фаъолият дорад ва роњбарияти диаспорањо омода нестанд, ки ба манфи-ати роњбари дигар, аз кори то ба имрўз анљомдодааш даст кашад. Чун дар ин љо масъалаи молї дар миён аст, баръакс ин кор људоиро байни муњољирон, баху-сус диаспорањо жарфтар месозад.

ТАРкИ ВАТАн, нУфУзХОЊИИ ЊУкУМАТ ВА

РИСОЛАТИ РОЊБАРОн

Аммо Шокир Њакимов, доктори улуми њуќуќшиносї мегўяд, аввал ин ки Њукумати ЉТ бар хилофи арзишњои демократї ба њама чиз дахолат мекунад ва ин ба як одати он табдил ёфтааст. Яъне ба таври сунъї њизб

таъсис медињад, номзадњоро бар зидди шахсиятњои баномусу эътирофгардида бо маќсади вонамуд кар-дани интихоботи одилона тавсия медињад. Кумитаи тадорукотро оид ба ташкили созмон дар хориљи киш-вар пешнињод менамояд ва ѓайраву њоказо.

Аммо таљриба аз он гувоњї медињад, њар нињоде, ки аз боло тибќи дастуру њидоятњо бо маќсади сиёсї со-змон меёбад, дар байни мардум мањбубият пайдо на-мекунад. Шањрвандон дар заминаи пайдо накардани хоњишоти худ ва аз надоштани имконияти амалї на-мудани њуќуќњои конститутсионї ватанро тарк карда, дар њиљрат дунболи њалли мушкилоти фарзандону пайвандон мегарданд.

Бояд иќрор кард, ки аслан давлат мехоњад ба созмонњои муњољирон таъсир дошта бошаду њамоњангсозу танзимгари онњоро таъин ва идора на-мояд, мегўяд доктори илмњо, вале онњо то он дараља бефаросат нестанд, ки моњияти чунин амалњои доирањои манфиатхоњро эњсос накунанд, хеле зира-ку њушёранд, балки худашон медонанд, ки чї тавр бо ин гуна созмонњои фармоишї муносибат ва робита барќарор намоянд.

Ш. Њаким мегўяд, гап сари хубию нохубї нест, бал-ки дар нияту њадаф ва то чї андоза рисолату таъино-ти худро самаранок ба анљом расонидани ин созмон аст. Ба њар њол, “ман бо усули таъсиси он розї не-стам, чунки ин як амали сунъист, мањдудиятњои љиддї низ дорад”.

Абдуллоњи Давлат, раиси Иттињодияи муњољирони муќими Русия мегўяд: аљиб ин аст, ки соли 2007 низ чанд моњ ќабл аз баргузории анљумани таъсисёбии чунин як иттињодия Муњаммадсаид Убайдуллоев ба Маскав омада, мисли имрўз вохўрињоеро гузаронид. «Њамон иттињодияе, ки аз тарафи њукумат созмон ёфт, баъдан маълум гардид, ки наќшаи заъиф кар-дани созмонњои дигари муњољиринро доштааст, ки гўё ба њукумат мухолифат меварзиданд. Баъди оне, ки байни љамъиятњо тафриќаи оштинопазир ба вуљуд омад, дигар на иттињодия лозим шуду на мо. Дар он замон ба ваъдањои нафарони масъул дар Њукумати ЉТ бовар кардем ва ба хотири вањдату њамбастагї та-моми кўшишњоро равонаи он кардем, ки як ташкилоти умумирусиягии тољикистониён таъсис шавад. Њатто сафири ваќти Тољикистон дар Русия, Абдумаљид До-стиев низ бовар дошт, ки њукумат тољиконро ба њам овардан мехоњад. Аммо баъдтар фањмидем, ки чу-нин набудааст, њанўз аз рўзњои аввал тафриќаандозї шурўъ шуд. Масъулини хосе аз Тољикистон мео-маданд, нафарони тасодуфиеро пеш дароварда, «дублёр»-ии шуъбањоеро алайњи мо месохтанд, са-фирро њам аз ин корњо огоњ намекарданд. Ин гуна масъулин њоло њам дар атрофи љаноби Рањмонанд. То љое медонам, ташаббуси таъсиси ташкилоти нав

њам кори дасти њамонњост. Њоло љавонони ба майдон омада, аз мо дида љасуртаранд, ба њукумат бовар на-доранд ва нотарсона интиќод мегиранд. Пас њамон «меъмор»-њо ва бозингароне, ки чунин як намоян-дагии марказонидашударо дар Русия таъсис додан мехоњанд, дониста бошанд, ки корашон ѓалат аст.

А. Давлат гуфт, то љое медонам, амалњои аввалини сафири нав ба нафъи шањрвандон аст ва нашавад, ки иѓвогарињои гурўњњои манфиатдор ба кораш халал расонанд ва талошњояшро барбод дињанд. Њадди аќал ду нафареро медонам, ки дар тафриќаандозї байни тољикони муќими Русия моњиранду таљрибадор ва дар сафорат мансабњои баланд доранд.

МУшкИЛОТИ

МУЊОЉИРОн- ќАзИяИ кўЊнАБо вуљуд, мушкилоти муњољирон печидатар мегар-

данду маќомот гўё рафъи онњоро мехоњанд, вале то ба њол ягон масъалаи умдаи муњољирон њалли худро наёфтааст. Дар њоле ки ба гуфтаи Шавкати Муњаммад, тањлилгари тољики муќими Русия, талабот барои њамаи шањрвандони хориљї як аст, аз љумла барои онњое, ки аз Тољикистонанд. «Аммо њолати љавобгў будани шањрвандони њар кишвар фарќкунада мебошад. Масалан, муњољирони Чин аксаран бо за-бони русї дуруст њарф зада наметавонанд, вале ба корњои пасту чиркин машѓул намешаванд, онњо ба тиљорату истењсолот сару кор доранд. Марду-ми мо бошанд, бештар кореро љустуљў мекунанд, ки риск надоштаву мењнати зењнї дар миён набошад. Онњо ваќте бо либосњои љандаву чиркин дар љойњои љамъиятї бо дигарон рў ба рў мешаванд, хоњ -нохоњ ба муќобилат дучор мегарданд.

Дигар ин ки мегўяд Ш. Муњаммад, бештари муњољирони мо ба забони русї, њатто љумлае на-вишта наметавонанд. Дар њавопаймо дањњо на-фарро мебинем, ки бо вуљуди сафари зиёд доштан, корти муњољиратро пур карда наметавонанд. Чу-нин њолатњо масъулини соњаи муњољирати Русияро маљбур карда, ки низому талаботи сахттарро ба роњ монанд, то дар масъалаи муносибат бо муњољирон мушкилот камтар шавад. Бо ин маќсад, маќомоти рус маљбуранд њар нафареро, ки тарзи суњбат, одобу ахлоќ, масъулиятшиносї надошта бошад, истирдод менамоянд. Вале дар умум бояд иќрор кард, ки њиљ миллати Осиёи Марказї, мисли тољикон бењуќуќ ва бесарпаноњу беиззат нест.

Иддаи дигаре аз тањлилгарон ба ин боваранд, ки таъсиси иттињодияи ягонаи муњољирини тољик хуб аст, агар маќсад барќарорї ва њифзи њуќуќњои онњо бошад. Чун то ба њол аксари муњољирин дар бораи мављудияти диаспорањои пароканда кадом иттилое надоранд.

Ба бовари Аъзамшоњи Ширговадї роњбарияти Тољикистон дар интихоби онњое ки сарпарастии чунин як иттињодияро ба дўш мегиранд, шинохти дуруст ва мунсифонаеро рўи даст бигирад ва чунин шахсонро аз байни муњољирин пайдо намояд. Зеро танњо чунин афрод аз вазъи муњољирон хубтару бењтар огоњ буда, дар рўзи сахт дар пањлуи муњољирон буда метаво-нанд .

Абдуррањмон С.

Таъсиси иттињодияи ягонаи муњољирин, вале њадафњо бўйнок

Дар назар аст, ки бо пешнињоди раисони диаспорањои

худсохти тољикї иттињодияи наве барои муњољирон дар Ру-

сия таъсис дода шавад. Ин пешнињод зимни мулоќоти сар-

дори давлати Тољикистон бо соњибкорони тољик дар шањри

Душанбе ба миён омад.

ѓАРАЗњо

Page 7: Наҷот №44 (2014)

30 октябри соли 2014 7www.nahzat.tj

Бале, соњибкороне њастанд, ки дар хориљ аз кишвар сарвати зиёд андўхта, мехоњанд онро дар Ватан мавриди истифода ќарор дињанд. Вале аз он нигаронанд, ки амнияти иќтисодиро дар кишвар эњсос наме-кунанд ва барои њифзи мол, њатто љони онњоро кадом ќонуне кафо-лат дода наметавонад, чунки амал-карди доирањои алоњида берун аз чањорчўбаи ќонун аст. Яъне агар онњо дар Тољикистон корхона ё майдата-рин коргоње њам бунёд созанд, хавфи аз худ кардани ин корхона аз љониби доирањои хос њамеша вуљуд дорад.

Мушкилоти «њамкорї» бо нињодњои андозситонї бањси дигарест, ки њоло дар ин маврид чизе намегўем.

Муњиддин Кабирї, рањбари ЊНИТ зимни вохўрии ахири хеш бо љавонон хитобан ба маќомоти болоии кишвар гуфт: Мутмаин бошед, мо он ќадар инсофе дорем, ки пешравињои шу-моро бубинему ќадрдонї кунем ва Худоро шукр, мо аќлу дирояти онро низ дорем, ки мушкилоти шуморо њам бубинему бо љасорат бигўем, ки бародарон, дар баъзе љойњо иштибоњ мекунед. Биёед аз њоло ба ислоњот шурўъ кунем.

Рањбари ЊНИТ ва вакили парлумон њамчунин ба масъулини давлатї та-лаб пеш гузошт, то ба мардум ваъда бидињанд, ки дигар ба моликияти онњо бо бањонањои гуногун дастдарозї на-мешавад, чунки моликияти хусусї ќудсияти ќонунї дорад, мардум бояд мутмаин бошанд, ки моликияти онњоро њељ касе ѓасб карда намета-вонад ва њифзи ин моликият љузъе аз вазифањои аслии њукумат аст. “Моли-кияти хусусї дар назди Конститутсия ва ќонунњои дигари кишвар муќаддас аст, дар назди шумо њам бояд ќудсият пайдо кунад. Албатта, на ба маъ-нои ќудсияти илоњї ё динї, балки ќудсияти ќонунї.

Феълан аз баъзе инсонњо охирин риштаашонро њам гирифта истода-анд, мардумро ба њолате наоред, ки мисли нафари гуруснае ризќашро аз дањони шер њам бигирад”, тазаккур дод М. Кабирї.

Дар ин робита, бешак, чандин ми-сол овардан мумкин аст, барои ми-сол ширкати тиљории “Орима” ва кашмакашињое дар бозори “Ином”-и ноњияи Шањритус, ки аз мавзўъњои доѓи рўз ба шумор мераванд, њоло дар мавриди бе ягон асоси њуќуќї ва ќонунї зада гирифтани бозо-ри «Саховат» дар шањри Турсун-зода чизе намегўем. Дар њоле ки

њуќумати иљроияи мањаллї бо ќарори ѓайриќонунии хеш кайњо ихтиёрдо-рии ин бозорро ба кумитаи љавонони шањр вогузор кардааст.

Аммо соњибкорзан, Санавбар Аб-дуллоева ва иддаи дигаре коргоњњои хурду бузургеро бо пули худ ва хуни љигар обод намуда бошанд њам, доирањое онњоро ба таври муфт аз худ мекунанд. Оё оќибати ширкатњои мутааллиќ ба Зайд Саид ва наздико-ни ў, ки дар роњи хидмат ба миллат корњои чашмгиреро анљом додаанду тамоми мардум инро эътироф до-рад, љуз ољонсии мубориза бо фа-сод, ба чї анљомида истодааст? Оё соњибкорони огоњ ва соњибандеша инро намебинанду тањлил намеку-нанд? Њаќшиносии њукумати имрўза то ба њамон њаддест, ки зери бори доирањои хос ќарор дошта бошї, дар баробари пешнињоди андешаи алтер-натив, новобаста ба иќтисодї ё сиёсї будани соњиби он њатман шикаста мешавад, яъне «дастовард»-и баро-дар Зайд Саид 26 сол паси панљараи мањбас ќарор гирифтан шуду бас.

Мушкилоту камбудињо дар сам-ти соњибкорї ва дар умум амнияти иќтисодї нињоят зиёданд, њамонњое худро дар амният мебинанд, ки болои сари онњо афроди хос истодаанд.

Дар ин маврид Њољї Ѓайбуллоњи Додарбек, яке аз омўзгорони собиќ дар шањри Душанбе мегўяд, дар Тољикистон амнияти иќтисодї ба даст намеояд, зеро назорат љиддї набуда, дуздї ба ављи хеш расидааст. Њар касе чизе ба даст овард, њатман ба кисаи худ меандозад. Барои мисол, дуздии њаќќи пардохти истифодаи барќ, ки нозирони барќ аз мардум маблаѓроо љамъоварї мекунанд, вале њамаи он ба љои лозима наме-расад. Мардум инро дарк кунанд њам аз ин мушкилот њарф намезананд. Ин раванд њамин тарз идома ёбад, њељ гоњ бењбудиро эњсос нахоњем кард, њатто бо фаъол сохтани «Роѓун»-и овозадор њам.

Ваќте масъули давлатї миёни њалолу њаром фарќ намегузораду арзишњои исломї авлавият пайдо намекунанд ва давлат рў ба хидма-

ти аслии мардум намеорад, ин њама суханпардозињо як њарфи пуч боќї ме-монанд, -афзуд Њољї Ѓайбуллоњи До-дарбек, чунки сабаби асосї дар паст будани маърифати динии љомеъа аст, њалолу њаромро бояд фарќ гузошт ва аз дуздї ва дурўѓгўї канор рафт.

Дар воќеъ, агар дуздї љой надо-шта бошад, раисони собиќи ширкати “Барќи тољик”, мошини гаронбањои 100 њазор доллараро аз куљо пайдо кард, масъалае, ки дар мавриди он ВАО-и даврї зиёд навиштанд. Пас ваќте амнияти иќтисодї таъмин нест, ба Тољикистон њамонњое сар меза-нанд, ки зери бори «монополист»-њо ќарор дошта бошанд. Умед Љайњонї, як тољики муќими Русия мегўяд, аз бархеи муњољирин шунидааст: Касе аз муњољирон дар Тољикистон фаъо-лиятеро роњандозї дошта, вале аф-роде аз хешовандони раисиљумњур макони кории ўро аз худ кардаанд. Пас бо чунин зўрдастиву бедодгарињо аз амният њарф задан мантиќ надо-рад ва бо ин мардум мушкил то рўзи Ќиёмат њалли худро намеёбад. Оё «тољик шўришу ошўбе дошт боре, ки њаќќашро аз њоким бигирад? Њаргиз, пас имрўз њам ин корро карда наме-тавонад, њаргиз», афзуд У. Љайњонї.

Бародари дигари огоњ аз умури иќтисодї, Абдулбосит Нуралиев њам мегўяд, дар Тољикистон амнияти иќтисодї вуљуд надорад ва иќтисоди кишвар комилан аз Русия ва Чин во-бастааст. Ба соњибкорон кафолат ва шароити озоди фаъолият дода на-мешавад. “Аз як тараф андозњои зи-ёди миёншикан ва аз тарафи дигар, фишори гурўњ ва шахсони муайян ба рушди соњибкорї ва иќтисод имкон намедињад. То даме ки шароит барои раќобати озод дар байни соњибкорон ва дастгирии онњо аз љониби давлат воќеъият пайдо намекунад, рушди соњибкорї ва дар умум пешрафти иќтисод дар кишвар номумкин аст. Албатта, ин гуфтањо ба самти ама-лии масъала дахл доранд, аз лињози назарї мушкилот чандон љиддї не-станд, яъне дар ќонунгузорї монеъаи зиёд дида намешавад. Пас мушкил амалї нашудан ё авлавият пайдо на-

кардани њукми ќонун аст”. Абдулбосит Нуралиев њалли масъ-

аларо дар таъмини баробарњуќуќии њамаи соњибкорону сармоягузорон, бахусус барои соњибкорони ватанї дида, мегўяд: Имтиёз додан ба њамаи соњибкору маблаггузороне, ки дар истењсолоти ватанї сањм гузоштан мехоњанд. Яъне озод кардани онњо аз баъзе андозњои бемаънї, бавижа, дар давраи аввали соњибкорї. Ба кор-карду истењсоли мањсулоти ватанї ва сармоягузорї дар иќтисоди дохили кишвар љалб кардани њамватанони соњибкор, ки дар хориљ аз кишвар фа-ъолият доранд. Зеро онњо кам нестанд ва нисбат ба сармоягузорони хориљї ба халќу ватани хеш некхоњанд.

Њељ кадоме аз сармоягузор ё таш-килоту бонк ва муассисањои хориљї бе дарназардошти манофеъ дира-ме ба миллати мо намедињад. Вале садњо тољики миллионер дар берун ба тиљорат машѓуланд, агар давлат ба онњо имкону шароити фаъолияти озо-ди тољириро бидињад, сањми нињоят азиме дар пешрафту ободии ватани худ, Тољикистон гузошта метавонанд. Вале афсўс, ки вазъ дигаргуна аст, барои соњибкорони дохилї ва берунї њам фишору монеъањо зиёданд, ан-дак раќобати солиме низ дида наме-шавад, гуфт А. Нуралиев.

Дар умум коршиносон бар ин назару боваранд, ки агар амнияти иќтисодї вуљуд медошт, Тољикистон бо гомњои устувор рў ба пешравї меовард ва сармогузорони дохиливу хориљї низ бедудилагї љалб мешуданд. Вале чун кафолат барои њифзи мол надоранд, ба кишварњои амнтар рў меоранд.

Пас асли масъала ин аст, ки оё давлатмардони мо љойи кори бештар барои мардум ва ободии кишварро мехоњанд ё ташвиќи берунрафтани мардум ва бештар шудани љои пои худро интизор доранд? Оё ин раванд шакли аслии давлатдорист ё мушкил дар љои дигар аст?

Эњтимол ба ин суолњо интихоботи парлумонии соли 2015 ва чигунагии натиљаи он посух бидињад.

А. Сиддиќшоњ

Амнияти иќтисодї дар Тољикистон амалї нест

Маќомоти кишвар дар сатњи олї пайваста аз пешрафту рушд њарф мезанад, мисли дигар кишварњои рў ба рушд. Эњтимол раванди рушди иќтисод ё ба таври ди-гар амнияти иќтисодии мардумро кафолат додан мехоњад, аммо мушкило-ти мављуд роњи рушди имкониятњои соњибкориро бастааст. Ба њар њол, ак-сари соњибкорон ин муш-килотро дар адами амния-ти иќтисодї мебинанд ва аз он нигаронанд.

ВоЌеъияТ

Page 8: Наҷот №44 (2014)

www.nahzat.tj30 октябри соли 20148

- Љаноби Рањматилло зоиров, омодагии ЊСДТ ба интихоботи ќарибулвуќўъи парлумонї чигуна аст?

- Њизби сотсиал-демократи Тољикистон марњила ба марњила ба интихоботи парлумонї омодагї ги-рифтааст. Аз 7 октябри соли љорї мо ба марњилаи нињої ворид шудем ва омодагии пурра барои иштирок дар интихоботи маќомоти намояндагии Тољикистон, аз љумла Маљлиси на-мояндагон ва маљлисњои мањаллиро оѓоз кардаем. Дар ин давра, аввалан барномаи пеш аз интихоботиро тањия ва ба анљумани њизб пешнињод меку-нем, дуввум шахсияти номзадњо ба њавзањои якмандатї ба Маљлиси на-мояндагон, маљолиси шањриву вило-ят ва ноњиявию љамоатњо, њамчунин

њавзаи ягонаи умумиљумњуриявї, яъне фењристи њизбиро низ маълум мешаванд.

Бахши дигари кор дар ин марњила маълум кардани шахсони боэъти-мод барои номзадњост. Рўйхати ин афрод њам дар њоли анљомёбист. Њамчунин рўйхати гурўњњои эњтимолиро, ки дар љараёни ин-тихобот, баъд аз таблиѓу тарѓиби номзадњо ва барномаи њизб машѓул мешаванд, ба сифати нозир дар њавзаву участкањои интихоботї му-айян мекунем. Бар изофа дар шањру навоњї ва вилоятњо ќабл аз баргузо-рии анљуман конфронсњои интихобо-тии њизб доир мешаванд, анљуманро рўзи 17-уми декабр таъин кардаем. Фењристи њизбї ё номзадњоро ба њавзаи ягонаи љумњуриявї, эњтимол то 10-уми декабр дар Шўрои сиёсии њизб мушаххас намуда, ба Анљуман тавсия намоем. Дар анљуман имкони ивази номзадњо дар фењристи њизбї вуљуд дорад, чун ин њуќуќи анљуман аст, ки ба фењристи номзадњои њизбї нуќтаи таммат мегузорад.

- Тахминан дар фењристи њизбї асомии чанд нафар ба унвони номзад сабт хоњад шуд?

- Барои пешнињоди шумораи ко-мил ягон мамониъат вуљуд надо-рад. Мушкили ягона ин имконоти молиявист, ки барои таблиѓу тарѓиб кифоят мекунад? Инро њам баъд аз 10-уми декабр муайян карда метаво-нем, ки ин имкониятро дорем ё хайр.

Аммо масъалаи даќиќ кардани номзадњо ба њавзањои инфиродиро як каме дертар маълум менамоем. Тибќи ќонун фењристи њизбї то 60 рўз рўзи пеш аз интихобот, баъд аз оне, ки рўзи баргузории он эълон гардид, пешнињод мешавад. Барои њавзањои инфиродї ин муњлат 45 рўз муќаррар шудааст, пас номзадњо барои њавзањои якмандатї дертар маълум мешавад. Агар 17-уми де-

кабр дар анљуман фењристи њизбиро муайян кардем, аз 25 –уми декабр пешбарии номзадњоро ба њавзањои якмандатї оѓоз мекунем, ки ин то 11-12 январ идома дошта метаво-над. Барои маљлисњои мањаллї баъ-ди 6-уми январ маъракаи пешбарии номзадњо оѓоз ёфта, 21 –уми январ ба анљом мерасад.

- Дар интихоботи пеширў им-кони эътилоф бо њизб ва дигар гурўњњои сиёсиро дар чї њам ме-бинед, оё ин имконпазир њаст?

- Ташкили эътилоф аз љињати њуќуќї ѓайриимкон аст. Зеро ќонунгузорї ташкили ин гуна њамбастагиро, номзад пешбарї карда тавонад, нишон надодааст. Лекин бо ањзоб ва нињодњои љомеъаи шањрвандї барќарор кардани њамоњангсозї дар

мавриди масоили интихоботї мум-кин аст. Њар њизби сиёсї метавонад намояндаи љомеъаи шањрвандиро, яъне ѓайрињизбиро аз номи њизб пешбарї ё дастгирї намояд.

- Ахиран дар банди пешнињоди номзадњои њизбї ба њавзаи ягонаи умуми љумњуриявї таѓйироте дар ќонуни интихоботи парлумонї ба вуљуд омад, ки мантиќи он чандон рушан нест. Ин таѓйиротро чи тавр метавон тавзењ дод ё фањмид?

- Дар ќонун меъёр таѓйирот нади-да он љо навишта шудааст, ки аз 63 вакили Маљлиси намояндагон, 65%-и он аз њавзањои якмандатї ва 35% аз њавзаи ягонаи умумиљумњуриявї интихоб мешаванд. Яъне танњо 22 нафар тавассути рўйхат њуќуќи ва-кил шуданро пайдо мекунанд, агар њизб 100%-и раъйро ба даст биёрад. Аммо дар ќонун ба таври бемаънї шумораи рўйхатро то 45% боло бур-даанд, ки интихоб шудани 28 нафар аз рўйхати њизњбї имкон надорад.

- Хуб, агар чунин њаст, чаро ќонунгузор ба чунин кор даст за-дааст ва ё ба як чунин амали но-лозим роњ додааст?

- Аз таљрибаи интихоботњои гу-зашта бармеояд, ки Њизби њокими халќї-демократї аз рўйхати 22 на-фарии худ 13- 14 нафарро шомили парлумон мекард. Вале Президенти ЉТ, ки раиси ин њизб аст аз байни ва-килони интихобшуда дар давоми 3-4 соли кори парлумонї ба ин ё он ман-саби давлатї вакилеро таъин ме-кунад. Табиист, ки нафари баъдии дар фењрист буда вориди парлумон мегардид. Њамин тавр нафарњои дар рўйхат боќимонда њам тамом шуда, барои президент мушкилоти кадрї пеш меомад. Ба мањзи њамин мушкил, махсус барои ЊХДТ, ки пар-ламентро сарчашмаи омодасозии кадрї ё захоири кадрї истифода мекунад, ба ќонунгузорї иловањои

бемаъниеро ворид карданд, ки то 45% ё 28 нафарро пешнињод кардан мумкин мегардад. Метавон гуфт, ин таѓйирот танњо барои ЊХДТ буд, зеро ањзоби дигари Тољикистон њаргиз чунин имконият пайдо намекунанд. Аз нигоњи мантиќ ва принсипњои ќонунгузорї ин таѓйирот бар зидди худи ќонуни интихобот аст. Зеро барои вакилони њизбї тибќи њавзаи умумиљумњуриявї танњо 22 курсї муќаррар шудааст, аммо 28 номзад интихоб мешаванд. Яъне барои 22 вакансияи ќонунї 28 нафар пешбинї мешавад ва 6 нафаре, ки умуман ба вакансия дахл надоранд, дар даво-ми кори парлумон бидуни интихоб вакил мешаванд.

Хулосаи калом ин аст, ки фаќат 22 нафар тибќи ќонун раъй ба даст ме-оранд, он њам барои 35%-и курсињо дар парлумон. 6 нафари баъдии рўйхат бошанд ѓайриќонунї вакили парлумон мешаванд.

- Аз таљрибаи ширкат дар интихоботњо доштани чї ќадар пулро лозим мебинед, то маъра-каи муътадиле дошта бошед?

- Дар интихоботи парлумонии соли 2010 њаљми маблаѓи гарав ба 200 маоши њадди аќал баробар буд. Њозир инро то 4000 сомонї муќаррар кардаанд ва номзад но-вобаста аз кадом тараф пешнињод шуданаш бояд ин маблаѓро бисупо-рад. Аммо бар мабнои таљрибае, ки имкони пардохти ин њама маблаѓро мо надорем.

Бешак, имкониятњое, ки ЊХДТ до-рад, бо имконоти ЊСДТ баробар нестанд, њатто тамоми ањзоби си-ёсии кишвар имконияти ЊХДТ-ро дар якљоягї надоранд. Чун ин њизб дар асл њукумат аст ва аз захоири маъмурї ва имкониятњои дигари њукумат бебаркаш истифода меба-рад. Аммо аз лињози кадрї ва хираду заковати аъзои ЊСДТ паст меистад.

Аз рўи он ки мо ягон вазифа ва ман-сабе дар маќомоти давлатї надорем ва њизби мухолиф њастем, пайдо кардани маблаѓ душвор мегардад. Раиси ЊХДТ, ки президент аст, аъ-зои њизб, њатто ѓайрињизбињоро моил мекунад, ки танњо ба манфиати ин њизб хизмат намоянд. Ин нуктаро низ бояд гуфт, ки имрўз агар дар маќомоти давлатї ва тиљорат на-мояндаеро аз ЊСДТ пайдо намоянд, њамон лањза аз вазифа сабукдўш мешавад ва тиљораташ ба муфлисї мубаддал мегардад.

- Имконот ва зарфиятњои ЊХДТ-ро дар воќеъ дигар ањзоб надо-ранд, аз љумла истифода аз захо-ири маъмурї, истифода аз дигар захоир, ки ба њангоми интихобот аз он истифода мешавад ва бар изофа худи ин маърака, то љое мушоњида кардем, бевосита тањти назорати ЊХДТ мегузарад, ки ин имтиёзњоро ањзоби дигар надо-ранд. Аммо њоло пурсиданиам, ки дар ин интихобот бо чї шаклу шева пеш меравед ва оё ширката-тон аз интихоботњои ќаблї тафо-вут дорад ё не?

- Бале, албатта, таѓйирот до-рем. Агар дар интихоботњои пеши-на, рўйхати њизбї аз њисоби аъ-зои њизб ташкил ёфт, ин навбат рўйхати њизбиро бо шомил кардани намояндањои нињодњои љомеъаи шањрвандї, яъне ѓайрињизбињо комил хоњем кард. Ин яке аз фарќиятњоест дар усулу тарзи шир-кати ЊСДТ дар интихобот, яъне онро 50 дар 50 тартиб медињем. Њаводиси Украина, Сурия, махсусан овозањои тазоњуроти доирнашудаи 10-уми октябр нишон доданд, ки то кадом дараља маќомот дар Тољикистон мавриди тарсу њарос ќарор доранд. Дар чунин вазъият ширкат дар инти-хобот аз як тараф сабук, вале аз та-рафи дигар мушкилоти зиёдеро пеш

Хулоса ин аст, президенти Тољикистон барои Русия

Суњбати ихтисосии Рањматилло Зоиров, раиси ЊСДТ бо рўзноманигор Абдуќаюми Ќаюмзод дар иртибот ба омодагии сотсиал-демократњо ба интихоботи парла-ментии соли 2015 ва шароити ширкату њузури ин њизби сиёсии мухолиф дар ин маъракаи муњими сиёсї.

Р. Зоиров:

МуСоњиБА

Page 9: Наҷот №44 (2014)

30 октябри соли 2014 9www.nahzat.tj

меорад. Барои мисол, соли 2010 ќабл аз оѓози интихобот президент ваъда ва кафолат дод, ки интихобо-ти шаффофу демократиро таъмин менамояд, лекин ин корро карда натавонист, баръакс 20-25 рўз ќабл аз рўзи раъйдињї маќомот даст ба таъќибу фишороварии ањзоби му-холиф ва номзадњои онњо заданд. Аз ин рў, интихоботи гузашта коми-лан дар фазо ва шароити нобаро-бар баргузор шуд, ки натиљаашро на танњо ањзоби мухолиф, инчунин нозирони байналмилал эътироф на-карданд.

Агар ЊХДТ дар интихоботи соли 2010 анљумани худро аз њама охир доир карду шумораи номзадњояш дар фењристи њизбї ва њавзањои як-мандатиро пинњон дошт, вале ин на-вбат њанўз 10 сентябр нишасте доир намуда, рўзи баргузории анљумани худро эълон кард, ки аз тариќи рўйхат 28 кас ва дар 41 њавза номзад пешбарї мекунад. Яъне он итмино-не, ки соли 2010 президент ва ЊХДТ ба ѓалабаи худ доштанд, ин навбат ба чунин пирўзї бовар надорад. Аз ин љост, ки њизбро хеле барваќт ба

маъракаи интихобот сафарбар кард. Аз ин хотир аз њоло мегўям, вазъ-

ият тавре мешавад, ки агар инти-хоботи навбатї барои ЊХД аз як тараф њалкунанда бошад, аз дигар тараф нисбати ањзоби сиёсии му-холиф фишору таъќибњои зиёд рўй даст гирифта мешаванд. Ин нукта њам аз фарќиятњои интихобо-ти ќарибулвуќўъ аз интихоботњои ќаблї хоњад буд.

Нуктаи дигар ин аст, бубинед, дар интихоботи президентии соли 2013 ба муњољирон имкони ширкат дар марњилаи љамъоварии имзоро надоданд, яъне бахши бузурге аз љамъияти ќобили раъйи мардуми Тољикистон аз њуќуќи иштирок дар дастгирии номзадњо мањрум гар-диданд. Феълан њам айни њамон вазъият њоким аст. Яъне шароити ширкати муњољирин дар интихо-бот номаълум мебошад. Ба ќонуни интихобот таѓйирот ворид кар-данд, ки дар асоси он намояндањои консулгарї дар њудуди худ комиссия ва участкањои интихоботиро ташкил мекунанд. Аммо чизи ташвишова-ре, ки имкони озод ва мунсифона баргузор кардани интихоботро ба сифр баробар мекунад, сардори намояндагї ё консулгарї раиси ко-миссияи интихоботї шудан аст. Ин даќиќан чунин маъно дорад, ки раисони комиссияњои интихоботї танњо ба манфиати як њизб инти-хоботро љамъбасту натиљагирї ме-кунанд. Парадокс ин аст, ки дар интихоботњои ќаблї њам айни чунин вазъ буд, аммо ќонун инро танзим накарда буд, њоло амалкарди хеш-ро ќонунї карданд. Ин нукта њам аз тафовутњои интихоботи пешорўст.

Фарќияти дигаре, ки метавон онро мусбат талаќќї кард, ин пас гардони-дани маблаѓи гарави интихоботї ба номзадест дар њавзањои якмандатї,

ки бештар аз 10%-и раъйро ба даст меорад. Албатта, дар зоњир ин як амали мусбї ва демократист. Аммо дар асл ва ин кор барои номзадњое, ки бо ЊХД наздикї надоранд, татбиќ намешавад. Зеро ваќте комиссияњои участкавї ва дар умум тамоми уму-ру низоми интихоботї зери назорати њукумат ва њизби њоким ќарор дорад, баъид аст, ки барои номзадњое аз ќабили ЊНИТ ва ЊСДТ беш аз 10%-и раъйро ќоил шаванду ў битавонад гаравпулии худро бигирад. Ин кор бо чунин тарзи низоми интихоботї ас-лан шуданї нест. Онњо номзадеро, ки маъќулашон нест, тарзе ташкил мекунанд, ки то 9% овоз мегираду бас, агар инро хоњанд. Дар ин-тихоботи пешина ЊХДТ аз 41 њавза дар 39-тои он номзад пешбарї кард. Дар ду њавзаи дигар имкон дод, ки намояндањои ањзоби ислоњоти иќтисодї ва аграрї ба парламент шомил шаванд, яъне ин супориш буд. Ин навбат онњо дар 41 њавза номзад пешнињод мекунанд ва дар ин асос њар њизбе, ки мехоњад ба парлумон шомил шавад, бояд бо ЊХДТ созиш кунад. Дар сурати ѓайр

номзад раъйи лозим ба даст наме-оварад, балки ба ў “овоз” намена-висанд. Њамин пешнињод кардан ба 41 њавза худ фишороварї ба ањзоби дигар аст.

- шумо митинги баргузорнашу-даи мухолифини берун аз киш-варро мањкум кардед. Ин ќарори худи шумо буд ё њукумат хоњиш кард ва ё натиљаи кадом муомила, аз љумла дар масъалаи интихобот буд?

- Ин љо сабабњое њастанд, аммо ќаблан бояд бигўям, мо бо њукумат ягон хел муомила надоштему на-дорем, дигар ин ки масъала чанд пањлу дорад:

1. Рўзи 10-уми октябрро кї тазоњурот эълон кард? Маълум ме-шавад, ки инро нафароне эълон карданд, ки ба митинг ва мухоли-фин дахле надоранд, аз љумла ба мухолифини дохилї њам. Мухоли-фини дохилї ин митингро эълон на-кардаанд, агар Умаралї Ќувватов эълон карда бошад њам бо ањзоби дохилї дар ин бора чизе нагуфтаву њамоњанг накардааст. Дар кишвар ў структурањои худро надорад, ки ин митингро ташкил ва роњбариву назорат намояд. Ѓайр аз ин ташаб-бускорон аз “Гурўњи 24” дар дохил набуданду митинги эълонкардаро ташкил накарданд. Муњимтар аз њама, ќуввањое, ки митинг эълон мекунанд, худ мустаќим дар митинг иштирок накарда, њатто њадафи му-айян надоранд, одамњоро сарсону саргардон карда, онњоро зери хатар мегузоранд, ки аз лињози ахлоќ ва њуќуќ дуруст нест.

2. Эълон шудани ин митингро

њукумат, махсусан КДАМ ва ВУД ба манфиати худ бисёр хуб истифо-да карданї буданд. Яъне онњо сахт мунтазир буданд, ки бубинанд аз дохил кињо ин тазоњуротро дастгирї мекунад, кадом гурўњ аз одамњо ва њизбњо мебароянд? Ваќте ин доирањо ба митинг мебароянд, ба рўйхати “сиёњи њукумат” ворид ме-шуданд. Аз рўи он ахборе, ки дар даст дорам, дар маќомоти њифзи њуќуќ њамон рўз то 10 њазор сарбоз-ро дар њолати омодабош ќарор дода буданд. Онњо тазоњуротчиёнро ба њабс гирифта, љинояткор муаррифї мекарданд. Дар чунин њолат ягон лидер ё ќувваи сиёсї ба ин роњ раф-та наметавонад, ки кадрњои худро зери хатар гузорад. Аз нигоњи этикаи сиёсї лидер бояд дар бораи њаёт ва ќадру ќиммати одамоне, ки дар он ширкат мекунанд, масъулият дошта бошад.

- Ваќте шумо аз эълон шудани митинг аз љониби ќувватов ва ша-рикони сиёсиаш шубња доред, пас аз тарафи кї ин митинг эълон шу-дааст?

- Фикр мекунам, Умаралї Ќувватов

ин гуна митингњоро дар њудуди Ру-сия якчанд бор ташкил кард ва дар ин маврид њар гуна васила ва усулњои ташвиќу таблиѓро истифода кард, ин як. Аммо ваќте митинг дар Тољикистон ба рўзи 10 октябр таъин шуд ва аз он бархе аз маќомот ис-тифода карданду рекламаи онро љиддї гирифтанд, ин њар як сиёсат-мадорро ба фикр кардан мебарад. Ба њар њол, ба назар чунин расид. Яъне дар чунин њолат агар Умаралї Ќувватов бо мухолифини дохилї ин чизро масъалагузорї мекард, бево-сита болои чанд масъалаи њуќуќиву ташкилї тасмим гирифта мешуд, ки ин суњбати дигар аст.

Аз тарафи дигар омодагирињои маќомот як навъ тамрин ва машќе барои нерўњои ќудратии Тољикистон буд, ки барои ояндаи наздик нигаро-нида шудааст.

- Як чизи дигар, муњољирони тољик дар Русия чанд навбат митинг таш-кил карданд, чаро барои онњо иљозат доданд, магар маќомоти Русия ба онњо шариканд? Њатто гуфта меша-вад, ки дар њамин митинги баргу-зорнашудаи дохилї њам русњо даст доранд, зеро Тољикистон дар ин авохир љойгоњи Русияро бо Чин ва Амрико иваз кардааст, оё ин њарфњо љой доранд?

Фикр мекунам ин љо ду сабаб аст, ки ба чунин хулоса мебарад.

Якум, маќомот дар Русия барои баргузории ин тазоњуротњо иљозат доданд, дуввум мавзўи талаботи митинги дохилї сарнагун кардани њокимият ва президенти Тољикистон аст.

Аз дигар тараф, феълан дар

Тољикистон дар арафаи интихоботи Маљлиси Олї талаби истеъфои пре-зидент ва сарнагунии ў сариваќтї нест, балки бемаврид аст. Агар ин талабот дар соли 2013 ваќти инти-хоботи президентї пешнињод ме-гардид, онро мавридї гуфтан мум-кин буд.

Бубинед, тўли 10 сол, ман изњор медорам, ки президенти имрўза дигар њуќуќи интихоб шудан ба ин маќом ва чунин салоњиятро њам на-дорад. Лекин мутаассифона, дар интихоботи ахири президентї ин чизњоро амалї гардонида натавони-стем.

Ду сабабро гуфтам, русњо имко-ният ва иљоза доданд, ки тољикњо тазоњурот доир ва талаб намоянд, ки президенти феълї ба истеъфо равад. Бале, ин њолату шароит ва чунин муносибати маќомоти Русия касро ба хулосае мерасонад, ки президенти Тољикистон ба Русия номувофиќ мебошад.

- Бархе бар ин назаранд, ки агар Р.зоиров то интихобот истеъфо дињад, њизбаш обрўи сиёсї касб мекунад ва имкон дорад худаш

вориди парламент шавад. Дар ин маврид чї мегўед?

- Фикр мекунам, чунин андеша ва таклифро танњо душманони ЊСДТ пешнињод карда метавонанд. Агар то интихобот истеъфо медодам, пеш аз њама ба ин кор њукумат ва њизби њоким хурсанд мешуданд. Лекин аз ќабл интихоби худамро кардаам, дар рўйхати њизбї дар маќоми аввал нахоњам буд, агар тарси њукумат аз вакили парлумон шудани Р. Зоиров бошад. Дар ин маврид њам кадом ќасди инќилобї ё ташаннуљи авзоъ дар миён нест. Таъкид мекунам, ба-рои ман вазифа доштан ё вакили парлумон будан муњим нест. Аз љои аввал будан дар рўйхати њизбї даст кашидам, дар миёна ё охир љо хоњам гирифт, агар њукумат дар парламент ЊСДТ-ро бе Зоиров дидан хоњад, ин љо мањдудият вуљуд надорад, марњамат

- фарз кардем, боз њам ЊСДТ шо-мили Маљлиси намояндагон на-гардид, он гоњ чї кор хоњед кард?

- Чањор соли пеш эълон карда бу-дам, ки агар дар интихоботи соли 2015 ЊСДТ њизби парламентї наша-вад, истеъфо хоњам дод.

- Имкониятњои ЊСДТ дар кадом минтаќа бештаранд?

- Доимо ЊСДТ-ро њизби 3 минтаќа њисоб мекунанд, дар пойтахти киш-вар, вилоятњои Суѓду Бадахшон. Бешак, имконоти мо дар вилояти Хатлон камтар аст. Дар навоњии тобеъи марказ бошад дар ин аво-хир имконотњо таѓйир ёфтанд ва мо љонибдорони худро рўз ба рўз беш-тар карда истодаем.

Хулоса ин аст, президенти Тољикистон барои Русияномувофиќ аст

МуСоњиБА

Page 10: Наҷот №44 (2014)

www.nahzat.tj30 октябри соли 201410

Њамчун дўстдори Ислом ваќте мебинам, ки доирањое гуноњ содир карда, дар пасманзари он Ислом-ро интиќод мегиранд, хомўш ис-тода наметавонам. Имрўз яке аз масъалањои нињоят доѓ, ки Љањони Ислом, бахусус Тољикистонро ба шакли ошкор фаро гириф-тааст, густариши тундгарої ва бесомонї миёни љавонон мебо-шад. Ин масъала боиси ташвиши Њукумати ЉТ њам гардидаву шояд љўёи роњњалњо бошад. Ташвишњо дар њоле бештар ошкор меша-ванд, ки як љониб дар ин маврид љониби дигарро гунањгор меби-нанд ва касе иќрор намешавад, ки айб дар куљосту сабаб чист, ки ин мушкил болои љавонон, њатто на-врасони кишвар бор шудааст.

Намедонам њукуматдорон то ка-дом дараља дунболи рафъ сохта-ни ин мушкиланд. Ба њар њол ба назар мерасад, ки то љое роњи њалли ин мушкилро љўёанд, аммо боз њам масъала љиддият аст, ки инро эњсос намекунам. Агар онњо љиддї мебуданд, маслињатњои хуби доирањои маъруфро ќабул медоштанд. Пас маълум ме-шавад, ки ташвишу нигаронињо рўякианд.

Аз ин рў гуфтаниам, ки агар ин масъала онњоро воќеъан нигарон сохта бошад ва ба амнияти мил-лату давлат халал ворид намояд, ба пешнињодњои њар шањрванди мусалмоне бояд таваљљуњ зоњир мекарданд. Чун низоми давлат-дории мо демократист ва ба озо-дии андеша ва афкор ќонунгузорї

эњтиром ќоил аст. Њоло мехоњам бо дарназардошти њарфњои боло фикри худро дар хусуси сабабњои ба вуљуд омадани ин мушкилї ва пешгирии он баён созам ва бовар дорам, ки ин андеша дар дохи-ли ЊНИТ ва берун аз он мавриди тањлилу баррасї ќарор мегирад.

Банда дар яке аз маќолањоям, ки дар “Наљот” ба табъ расида буд, љузъиётеро дар ин маврид ба тавре баён дошта будам. Њоло мехоњам ќисмате аз онро пешкаш намоям, ки аз нигоњи ман хеле муњиманд. Сабаби асосии ба ин мушкил расидани љомеъаро дар бароварда нашудани эњтиёљоти аслии 90%-и шањрвандони киш-вар мебинам, бахусус эњтиёљоти динии онњо, ки дунболи пайдо кардани маълумоти комил аз дину фарњанги хешанд. Барои њар як инсони огоњ њам маълум аст, ки мањз њамин масъала боиси љангњои мазњабї гаштааст.

Аммо мардуми тољик 70 сол дар зери таълимоти њукумати лоди-нии Шўравї ќарор дошту аз дар-ки назокатњои динї ва фарњангии худ мањрум буд. Хушбахтона, истиќлолият омад ва дар як марњалаи нињоят мањдуд худро озод дида, майл пайдо карда ба ободии дину оинаш. Миллат ме-хост зери ливои Ислом ќоматашро рост кунад, вале баъди чанде бо ќабул шудани ќонунњои нави боз њам бегона, хешро мањрумшуда аз муќаддасоти хеш дид, махсус ќишри бисёр њассоси он љавонон. Тасмимгирињо дар мавриди манъи

љавонони то 18-сола ба масљид ва нагирифтани таълим дар наз-ди рўњониён дилсардиеро миёни љомеъа ба бор овард. Дар њоле ки мањз њамин ду макон ба навраси мусалмон маълумоти пурраи динї медоданд. Оё чї мушкил дошт зери назорати бевоситаи давлати миллї ин корро ба таври шаффоф роњандозї кардан? Инро љавонон љузъе иќдомоти мањрумсозї аз василањои аслии дарёфти мероси гаронбањои динї ќабул карданд. Суоли дигар ин аст, ки бо ин гуна мањдудсозињо љавони озодаи му-салмон ин маълумотро аз куљо дарёфт намояду хешро комил созад? Эњтимол посух ин бошад, ки аз Донишкадаи исломї! Агар посух њамин бошад, пас иштибоњ мекунанд, чун то расидан ба до-нишкада фурсат аллакай аз даст рафтааст ва бо маѓзи холї ворид шудан ба даргоњи мавриди назар маънї надорад.

Маќомот пайваста мегўянд, љавонони мо ба гурўњњо дода мешаванд. Аммо дар ин мав-рид гуфтаниам, ки барои пешги-рии воќеъа пеш аз вуќуъ, бояд дар синну соли мактабї, њатто то мактабї фарзанди мусалмон бояд таълим бигирад ва дар бо-раи мазњабу пешвои он, аќида ва аркони динї маълумоти кофї дошта бошад, ки дар ин раванди маълумотпароканињои зиёд фи-реб нахўрад. Дар ин маврид моро лозим аст, ки ба њукумати ЉТ, ба-хусус Вазорати маориф ва илм ин масъаларо пешнињод кунему љўёи таъљили роњи њал бошем. Пайдо кардани роњи њал мушкили имрўза ва фардои миллатро аз байн мебарад. Яъне Вазорати ма-ориф ва илмро лозим аст, ки дар низоми таълим ё марљаъи таъли-ми макотиби тањсилоти њамагонї таљдиди назар намояд, њадди аќал соатњоеро дар давраи таълим во-рид намояд, ки дар баробари ди-гар бузургони илму адаб, хонанда аз њаёту фаъолият ва осору ме-роси гаронбањои пешвои мазњаб, Имом Абуњанифа таълим бигирад. Чаро дар мавриди Имоми Аъзам ва љойгоњи ў дар љањони Ислом, фарзанди мусалмони тољик чизе намедонад? Љавони тољик њатто тамоми бузургони илму адаб ва фарњанги хешро танњо њамчун шоир мешиносаду бас.

Аз ин хотир пиёда шудани ин масъаларо яке аз василањои бу-рунрафт аз мушкилоти рў ба руш-ди љомеъаи мусалмонии кишвар мебинам ва пешнињодам ин аст, ки дар марљаъи таълими макоти-би кишвар бояд дарсњое, мисли “Мазњабшиносї”, “Таърихи дин” ва “Маърифати Ислом” тадрис шаванд. Имоми Аъзам бояд дар баробари Абулќосим Фирдавсї, Саъдиву Њофиз ва дигарон омўхта шавад, танњо барои як синф не, балки то расидан ба марњалаи хатми мактаб. Љавони тољик таш-наи ин гуна дигаргунињо дар низо-ми таълим аст.

Њукумати ЉТ соли 2009-ро соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон дошт, ки боиси касби эњтиромаш дар љомеъа гашта, обрўи Тољикистонро дар арсаи љањонї баланд бардошт. Дар ин давом китобу рисолањое аз љониби до-нишмандону муњаќќиќони тољик таълифу нашр гардиданд. Яъне барои љомеъаи ноогоњ то љое маъ-лум гардид, ки ин марди шариф мероси зиёди илмї доштааст ва аз ин мерос тамоми мусулмонони љањон истифода мебаранд. Пас оё инро чигуна бояд фањмид, ки дар љањон аз фарњангу адаби Имоми Аъзам таълим мегиранду насли љавони тољик аз мероси падари маънавии худ мањрум мондааст?

Банда ба ин боварам, ки меро-си адабї ва фарњангии Имоми Аъзам аз њамаи он бузургоне, ки имрўз дар адабиёт мехонем, бу-зургтару фарогиртар аст. Бисёре аз бузургони илму адаб дар њалли масъалањое, ки Имоми Аъзам дар соњањои мухталиф њаллу фасл кардааст, ољиз будаанд, танњо як “Фиќњи акбар”-аш фарогири тамо-ми масоил аст. Бигузор дониш-мандону муњаќќиќон пањлуњои ин гуфтањоро мавриди омўзиш ќарор дињанд, ки ин марди шариф шоми-ли адабиёт ва фарњанги мо буда метавонад ё не?!

Вале банда бисёр афсус мехўрам, мардони донишман-ду мањаќќиќе, ки воќеъан барои миллат дар ин шабу рўз мисли обу њаво лозиманд, дар байни мо нестанд, ба хусус устодони марњум Сайид Абдуллоњи Нурї ва Муњаммадшариф Њимматзода. Комилан ба ин боварам, ки тањќиќу пажуњиши илмии устод Њимматзода миёни донишмандо-ни улуми динї ва дунявї љойгоњ ва маќоми воло доранд.

Хулоса, агар њар шахси соњибандеш одилона файсала ку-над ва ин пешнињодњоро мавриди амал ќарор дињад, бовар дорам, ки њадди аќал 80%-и мушкилоти фарњангї ва мазњабии мо аз байн мераванд.

Аз Шумо, љаноби Муњиддин Кабирї хоњишам ин аст, ки ин мурољиату пешнињоди бандаро баъд аз тањлилу баррасї, агар лозим бидонед, ба Њукумати ЉТ њамчун дархости вакилї пешнињод намоед. Мурољиату дархости хешро бо самимияти хос, он њам ба хотири рафъи мушкилот дар фањмиши дину оин, барќарории амну субот ва њамбастагии мил-лату давлат иншо кардам, чизи дигареро интизор надорам. Ва аз Худованди мењрубон таман-нои онро дорам, ки он ќобили ќабули масъулин ва мояи сулњу вањдат, амну субот ва дўстиву њамбастагии љавонону наврасони мо ќарор бигирад.

Бо эњтиром, Њомидуллоњи Иззатуллоњ, донишљў

Ба М. Кабирї

Њузури раиси ЊНИТ ва вакили Маљлиси намоянда-гон, муњтарам Муњиддин Кабирї, ассалому алайкум ва рањматуллоњи ва баракотуњ.

Банда, ба њайси як љавони донишљў пешнињод ё Мурољиате дорам ба Шумо ва фикр мекунам, ягона гурўњи сиёсии њимояткунанда аз Ислом ЊНИТ ва шахси Шумост, ки њамчун вакили мардумї дар парлумон тибќи тавон аз арзишу муќаддасоти исломї њимоят мекунед. Аз ин рў, тасмим гирифтам, пешнињоди худро мавриди назари љаноби Шумо ќарор бидињам.

МуРољиъАТ

Page 11: Наҷот №44 (2014)

30 октябри соли 2014 11www.nahzat.tj

Офаридгори бузург Муллосай-фиддинро бањри нияту амали хайр офарид, ки дар миёни издињом, масири дардошноињо ва фурўѓи дину диёнатро рањнамо бошад.

Ў аз доираи асилзодаву озодагон сабзид, ки аз болооби Зарафшон бархоста, «даст ба кору дил ба ёр» доштаанд, аз насли мунавварфи-крону мутаддайинон, ки мардумро ба масири покниятї, родмардиву ростї њидоятбахш буданд. Дар ин масир он ќадар амиќу даќиќ сар фурў бурду ба худ печид, ки му-хотабонаш огоњу ноогоњ хешро во-лаву шайдои маќоми суханвариаш менамуданд. Дар таблиѓу тарвиљи ѓояњои Ислом, ин дини муборак ва сиёсати он азизмарди дањр буд, ки мардумро дар атрофи хеш басиљ намуда, њидоят мебахшид. Дар ин маќом лањзае орому сокит набуд, балки њар тапиши дили њассоси мутаддайинеро дар бедории роњи наљот, худшиносиву худошиносии мардум њидоят медод, то дигарњо њам бидонанд, ки Худои бузург њар нафаре аз моро бањри чї ва барои кадом њадаф офаридааст.

Дар маѓзомаѓзи гуфтор ояту њадис ва сурањои китоби осмонї бо њама муќаддасот парафшону рўњнавоз буданду панља ба ола-ми ботинии инсонњо зада, масири зиндагиро бо нури мунаввари яќин њидоят мебахшиданд. Аз лањни ширадору обдори яздониаш си-рату сурат ва симои олимону ори-фон, сўфиёну зоњидон ва зиндаги-номаи њама инсонњои мутаддайин бар нубуѓи хирадосои азалии хеш ба зуњур мепайваст.

Ишон дар љавњари гуфтори хи-радзои сўфимашрабонааш маси-ри муќаддаси илму ирфонро пай-васта таблиѓу тарвиљ мекард, дар ин масир ба шахсияте мубаддал гардида, номбардори бузургоне аз табаќаи Арбобиён буд. Мардуми зањматќарини Мовароуннањру Ху-росон, билхусус Фалѓарзамин аз вуљуди фариштанињодаш изњори шукрон мекарданд, зеро дар зоњиру ботини суханварї аз миёни ќарнњо сирату сурати ирфонкешо-наи Шайх Аттору Саноии Ѓазнавї, Љалолиддини Румиву Мавлоно Љомї њамеша рањнамояш буданд.

Ин марди шариф, новобаста ба синну сол назди пиру барно шах-сият ва мусоњиби таъсиргузор буд. Њар боре ба аёдаташ ба Дарѓи бо-лооби Зарафшон мерафтанд ё аз љое ба дења бармегашт, суњбату нишастњои хос меорост. Дар ин гуна нишасту суњбатњо дар воќеъ ин марди Худо чароѓи рањнамо буд, ки њамаро ба водии маърифа-ти дарунмоягии ин миллати дар-дошно, ба олами рўњонии бузург-ворони гузашта њидоят мекард.

Офаридгори бузург дар миёни

Арбобиёни болооби Зарафшон воќеъан Арбоби илму ирфони баъдиро офарид, ки пайвандгари маърифати суннатии мардумони азизи Дарѓ, хосса болооби За-рафшону кишвари тољикон ќарор гирифт. Ў аз зумраи нахустин фориѓуттањсилони мадрасаи Имо-ми Аъзами Душанбешањр буда, ки дар кушодани муаммоњои сар-бастаи масири динї устодону њамсабаќонашро дар њайрат гу-зоштааст. Дар бањсу мунозирањои динї ба тарзи њамешагї њумои илму ирфони суннатият дар осмони бахти мунаввараш баландпарвозї мекарданд. Таш-нагии масири илм ишонро ба мадрасаи Девбанди Њиндустон ва шуъбаи њуќуќи Донишгоњи Хуљандшањр њам кашонид. Ин донишгоњњоро бо њавсалаи тамом ва маърифати олї хатм бинмуд, ки тавре ривоят мекунанд, усто-донаш ўро чароѓи тобноки динии Осиёи Марказї мењисобидаанд.

Муллосайфиддин дар нимароњи умри хеш дар илму таблиѓи ша-риати исломї хастанопазирона иќдом мекард ва 6 асари дар ин

самт таълифнамудааш, њар кадо-ме гўша-гўшањои торикии ин дини муќаддасро барои равандагони масираш бо маърифати тамом раќам мезананд.

Дар охир бояд ёдовар шуд, ки тамоми бузургони олам аз дењоти баландкўњ ба хотири фарогирии маърифат ба шањрњо рафта, дар миёни шањрнишинон маќоми хос дарёфтаанд. Ба њаќиќат ба си-торагоне мубаддал гаштаанд, ки роњи кањкашони инсонњоро ба нури яздонофариди хеш мунавва-ру мукаррам мегардонанд. Алњаќ, Муллосайфиддин аз зумраи њамин гуна инсонњои дарёдониши ин миллати дардошно буд.

Чї чора, дар ин дунё касе љовидон нахоњад монд. Аз ин хо-тир гуфтанием, ки маќсад аз офа-риниши инсон, дар дилу дидаи бозмондањо маќоми љовидона касб кардан аст, то ба дигарон сабаќе бигардад ва баро ин бузургвор дуо мекунем, ки Худои бузург рўњи поки марњумро дар дунёи љовидон шод бигардонад.

Муњаммадљовид аз н. Айнї

МуллоСайфИДДИН

- чењраи маъруфМарги Мулло-

сайфиддин марги

сода набуд, мар-

ги рўшної бар

торикї, марги хи-

рад бар зулма-

тистони кўрдилї

ва марги фурўѓи

рўшноии до-

ниш бар кундию

нодонї, марги

дурназарии биниш

бар ноњинљории

кундфањмї ва

марги ифти-

хор бар тарсўию

кўрнамакї буд.

ёдошТ

Page 12: Наҷот №44 (2014)

www.nahzat.tj30 октябри соли 201412

1) Паёмбар (с) дар кадом соли њиљрї ба Табук лашкар кашид?

а) Соли 5-уми њиљрї;б) Соли 10-уми њиљрї;в)Соли 9-уми њиљрї.

2) Моњи аввали солшумории њиљрї кадом аст?

а) Муњаррам;б) Сафар;в) Зулњиљља.

3) Аввалин китоби осмоние, ки нозил шуд, кадом аст?

а) Ќуръони карим;б) Забур;в) Таврот.

4) Аввалин шањид дар љанги Бадр, кї буд?

а) Њамза ибни Абдулмутталиб;б) Мусъаб ибни Умайр;в) Асвад ибни Абдулањад.

5) Аввалин метроро дар куљо сохтанд ва ба истифода до-данд?

а) Инглистон;б) Амрико;в) Фаронса.

6) Интихоботи парлумонии Тољикистон сари чанд сол бар-гузор мешавад?

а) 6 сол;б) 5 сол;в) 7 сол.

7) Љузъи 30-юми Ќуръони карим чанд саљдаи тиловат до-рад?

а) Се саљда;б) Як саљда;б) Ду саљда.

8) Калимаи “мизон” чанд маротиба дар сураи “Аррањмон” зикр шудааст?

а) Се маротиба;б) Ду маротиба;в) Дањ маротиба.

9) Њазрати Абубакри Сиддиќ чанд фарзанд дошт?

а) 5-то;б) 6-то;в) 4-то.

10) Пойтахти аввалини Покистон кадом шањр буд?

а) Пешовар;б) Лоњур;в) Карочї.

Хонандаи муњтарам, ба хотири рушду ташаккули дониши фарњангї ва тафрењи шумо нашрия тасмим гирифт, дар гўшае аз суњуфи худ суолњоеро њузуратон матрањ намояд.

Худро санљед ва бањра гиред, хонандаи арљманд! Посухи даќиќи суолњо дар шумо-раи оянда мунташир хоњад шуд.

ИМТИЊоН

ЉАВОБИ СУОЛЊОИ шУМОРАИ гУзАшТА: 1)а 2)в 3)в 4)б 5)б 6)а 7)в 8)б 9)в 10)в

Як бор ба њарфи Маркс ва шогирдони ў, «динро афюни миллатњо» ва «душ-мани илму дониш» гуфта, аз бањри њар чизе, ки нисбате ба дину ойин дошт, мисли масљиду мадраса, хатту забон ва њиљобу чодар гузаштем, насли љавонро аз масљиду мадраса дур карда, гўё ба кино ва театр тарбият додем, ба умеди он, ки ба ќофилаи тамаддун ва дониши љањонї бирасем. Вале, мутаассифона, чуноне мебинем, ба он чизе, ки умед

доштем, нарасидаем, њатто дар ради-фи давлатњои љањони дуввум њам дохил нагаштаем. Бинобар ин, масъулини ма-орифро бењтар мебуд, то ба љойи му-холифат бо ришу њиљоби донишљў, дар фикри њарчї боло бурдани сатњи таъ-лиму тарбия мешуданд. Ва хуб мебуд, дар ин гуфтањои пурмаѓз ва воќеъии Аллома Иќбол тафаккур намуда, дарси ибрат мегирифтанд:

МоНеъИ ИлМу ЊуНаР аММоМа НеСТ

Њељ гоњ рўймолу њиљоб, ришу салла ва масљиду мадраса монеъи илму дониш набуд ва нест. Сино-ву Мавлавї, Зебуннисову Робиъаи Балхї ва дигаре аз бузургони таьрихии гузаштаи мо, ки имрўз мояи ифтихоранд, њама аз масљиду мадраса бо ришу сал-ла ва њиљобу рўсарї нобиѓа гаштаанду дар сањифаи таърих љо ёфтаанд.

Ќуввати Маѓриб на аз чангу рубоб,

На зи раќси духтарони бењиљоб.

На зи сењри соњирони лоларўст,

На зи урён соќу на аз ќатъи мўст.

Мањкамии ў на аз лодинї аст,

На фурўѓаш аз хати лотинї аст.

Ќуввати Маѓриб аз илму фан аст,

В-аз њамин оташ чароѓаш равшан аст.

Њикмат аз ќатъу буриди љома нест,

Монеъи илму њунар аммома нест.

Илму фанро ай љавони шўху шанг,

Маѓз мебояд, на малбуси фаранг

Эшони Мањмудљон

иНу оН

Page 13: Наҷот №44 (2014)

30 октябри соли 2014 13www.nahzat.tj

Ман гўшанишин гашта дигар кор надорам,Њољї шудаам, даъвии ашљор надорам, Дар шањр њама душману як ёр надорам,Андар гузаре мањрами асрор надорам,Дилгир шудаам, чунки харидор надорам.

Овони љавонї сабаќе чанд гирифтам,Аз рањгузару бехабарон панд гирифтам,Дуздидаму з-он пул шакару ќанд гирифтам,Расво шудам, досу хару банд гирифтам,Дидам ба дарав хоњиши ин кор надорам.

Рафтам, ки бихонам ба яке мактаби олї,Њуљљат бисупоридаму карданд суоле,Як њарф нашуд гуфта аз ин каллаи холї,Аз дар бурунам карда бигуфтанд, ту нолї,Гуфтам: «Ба шумо сабаќи гуфтор надорам».

Ѓамгин шудаму бар кати «Чойхона» нишастам,Чое бихаридам, лаби ноне бишикастам,Ногоњ касе омаду бигрифт зи дастам,Гуфто, ки: «Туро рањбару ѓамхор ман астам,Дигар ту магў ёри вафодор надорам».

Бурда ба дари хонаи хуштарњу калоне,Ў рафту бигуфто, ки: «Биисто ту замоне»,Баъд аз нафасе чанд, баромад ду љавоне,Дастам бигирифтанду бибурданд чуноне,Гўё, ки дилу ботини ин кор надорам.

Бурданду ба як шайх намуданд муридам,Он шайх назар кард ба ман хаста бидидам,Гуфто: «Ба ту њар љавр, ки карданд шунидам,Роњи њама бадхоњу бадон бар ту буридам»,Гуфтам, ки: «Ба љуз ту каси ѓамхор надорам».

Чандест ба љои сабаќу таќриру такрор,Ин шустани даст асту басо хидмати бисёр,В-аз бањри фурўш нимшабон рафтани бозор,Њам тоза нигањ доштани хонаву анбор,Фармони: «Сабаќ гир ва биспор» надорам.

Дањ сол маро хидмату рафтор њамин буд,Љои талаби илм фаќат кор њамин буд,Хоњиши дили бесару бемор њамин буд,Шайхам чу бидидї гање, гуфтор њамин буд:«Бар мартабаву илми ту инкор надорам».

Ногањ чї балое ба сарам омаду бемор,Гаштам ва парешон суханон будї ба гуфтор,Бас номи бузургон ба дањон чун хати паргор,Даврї буду бигристаму гуфтаме зор:«Љуз номи шумо дар дилу афкор надорам».

Омад ба сари болинам он шайхи гиромї,Гўш дод, ки гуфтам њама аз мардуми номї,Мегиряму гуфтор зи Румиву Низомї,Аз саъдиву Фирдавсиву Хоќониву Љомї,Љуз номи бузургон чизи такрор надорам.

Ў гўш њамекарду пасон гуфт: «Бародар,Имрўз ба дониш кї бувад бо ту баробар?Ку Буаливу ањли бузургон, ки саросар,Гирди ту нишинанд сабаќгиру фаро сар,Оранд ба гуфтат, ман аз ин ор надорам.

Чун мардуми дењ гашт хабардор зи њолам,Огоњ чу буданд зи кирдору фиолам,Бовар нанамуданд ба донишу камолам,Чун омада диданд, ки афтодаву лолам,Аз кас хабару бар касе гуфтор надорам.

Гуфтанд ба шайхам, ки: «Чї кардї ту ба ин зор,Афюн бихўронидаї, ё банги сарозор,Ё ки ба сараш хўрд ду-се зарби табарвор,Бечора кашидаст басе сахтиву озор»,Шайх гуфта, ки: «Ман гоње чунин кор надорам.

З-он рўз, ки омад бари ман дар талаби илм,Як лањза наёсуд ва сар бар талаби илм,Бинњоду фурў рафт ба рўзу ба шаби илм,Бардошт варо илму чунин аст њаби илм,Акнун бибаредаш, ки ба ў кор надорам».

Дар дењ ба чанд сол будам назди бародар,Риш мондаму хондам зи китобњо, ки саросар,Бо њарфи кириллик буду аз дину сано бар-Аллоњ буду Пайѓамбару Ќуръон, ки сафо бар-Дил доду яќин шуд тани бемор надорам.

Дар њафта ду борї чу бирафтам бари шайхам,Азёд намудам сура аз дафтари шайхам,Дар кор кўшоиш шуду аз бовари шайхам,Имом ба дењ гаштаму кимёгари шайхам,Аз бахти баланд зи кас озор надорам.

Он ваќт маро хонаву дар њам зану фарзанд,Пешвоии дењ будиву чун марди барўманд,Аз ман бигирифтанд њама хурду калон панд,Њам кор дуохониву таълимгару тавбанд,Андеша намудам дигар аѓёр надорам.

Ногоњ яке «ибни зино» рахт бияфканд,Бар дењу маро кард забун, хор ва харбанд,Гуфто, ки: «Надорад хираду илм чу кўранд,Онон, ки намуданд ба ў байъату гуфтанд:«Пираст ба мо», ман ба ин иќрор надорам».

Аз шумии ў рафт њама шуњрату шастам,Бадбахт, дилу даст ва поњо бишикастам,Акнун чу ба кунље ба дили зор нишастам,Ку ёри вафодор, ки пурсад зи шикастам,Дар рўи замин њељ мададгор надорам.

Абдуњалим Њусайнї

Харидор надорам (Њаљвия)

НАЗМ

Page 14: Наҷот №44 (2014)

www.nahzat.tj30 октябри соли 201414

Ин љаноби донандаи њуќуќ маќсади хешро шарњ дода гуфтааст, хонум Аб-дуллоева дар фиристодани номаи хеш комилњуќуќ аст, аммо дар масъалаи бањси додгоњї бояд ба ќонун эњтиром гузошта, онро бо роњњои ќонунї њаллу фасл кунад, на тавассути номанависї ва истифода аз минбари матбуот. «Бањси бозори «Ином»-и ноњияро Суди олии иќтисодї бар асоси ќонун њал кардааст ва њама арзу шикоятњои баъдї њам бояд дар чањорчўби ќонун њаллу фасл шаванд».

Ба њар њол, хонаводаи Абдуллоевњо чанд сол боз бо Муњибуллоњ Саъдул-лоев ва шарики ў Холназар Достиев бар сари сањмияњои бозори «Ином» даъво доранд. Ду нафари баъдї пай-васта як њарфро такрор мекунанд, ки гўё 50%-и сањмияњои бозори «Ином»-ро аз Абдуллоевњо туњфа гирифтаанд, дар њоле ки Абдуллоевњо инро рад ме-кунанд.

Номаи хонум Абдуллоева нахустин мурољиати мустаќимест тариќи ВАО ба бонуи аввали Тољикистон дар роби-та ба рафтори хешовандонаш. Агарчи чунин номањо унвонии љаноби Рањмон њам дар мавриди кирдорњои хешо-вандонаш дар ину он минтаќа зиёд буданд, вале касе ба кадом вокуниши ошкоре шоњид нагардид.

Номаи Санавбар Абдуллоева бо чу-нин њарфњо оѓоз меёбад:

Салом, њамсари мењрубони Прези-денти мамлакат, янгаи муњтарам, зани хеле зебою апаи оќила, Азизамоњ! Мо њама хуб медонем, ки шавњари Шумо - Президенти мамлакат, Љаноби Олї, Эмомалї Рањмон, барои кишвари мо, Тољикистони азиз чї ќадар хизмат кар-дааст. Нодида гирифтани ин њаќиќат ношукрист, шурўъ аз рањонидани љумњурї аз вартаи њалокат дар љанги гражданї, то роњсозињову наќбсозї ва барпойдории соњаи маорифи вайрону валангор ва тандурустии футурраф-та. Гўё, шавњари Шумо ва Президенти моро Худованд барои њамин вазифа дар ваќти муайян дар вазифаи муайян барои њалќ интихоб кард.

Одамони рамузфањм инро њам мефањманд, ки сањми Шумо, янгаи гиромї, бонуи аввали Тољикистон њам, дар ин њама муваффаќиятњои Љаноби Олї њаст. Баъди ин њама талошу пай-кор ва зањмату ташвиши як миллату як кишвар Шумо будед, ки бегоњ њамсари худро бо табассум пешвоз мегириф-тед ва бо мењрубонињои худ, мисли њар зани мусалмон, хастагиашро бе-рун меовардед ва рўзи дигар бо ќувваи

нав назди мардум гуселаш мекардед. Ин корњо хизмат ба Ватан њам њастанд.

Ман ва онњое, ки мисли ман фикр мекунанд, аз Шумо, янгаи азиз, барои њама пешрафтњои Тољикистон мин-натдорем. Худо шоњид аст, ки инро аз тањи дил ва самимї мегўям.

Барои чї ба Шумо менависам? Масъалае, ки дар борааш мурољиат мекунам, кори маќомоти масъул ва ашхоси мансабдор аст, аммо њељ яке аз онњо бо сари баланд њаќиќатро на-гуфтанду њаќ кор накарданд. Мегўянд, ки “шумо њаќ њастед...”, аммо бо овози паст илова мекунанд, ки “хайр, аз да-сти мо чї меояд”.

Янгаи азиз, ман маљбур шудам, ки ба Шумо мурољиат кунам. Агар Шумо њамчун зан – модар маро нафањмед, каси дигар намефањмад. Ба Худо, ман дигар намедонам ба куљо мурољиат ку-нам.

Апаи азиз, ба гумонам, тамоми мар-думи Тољикистон, њатто берун аз он аз мушкили ман хабар доранд. Ман ,Санавбар Абдуллоева, аз Шањритус, њамсари њамон тољире њастам, ки бо бародари Шумо, Муњибуллоњ Саъ-дуллоев бањсњои судї дошту до-рад. Бовар дорам, Шумо хабар на-доред, ки бародаратон Муњибуллоњ бозори шавњарам, ягона василаи рўзгузаронии мову фарзандонамонро кашида гирифтанист.

Янгаи азиз, ин бозорро ману шавњарам њама дороиамонро фурўхта, дар гўшаи вайронае обод кардем. Ман зани шањрї, тарки Душанбе карда, панљ писарам гастарбайтер нашавад гуфта, соли 2006 ба Шањритус рафтам. Хишт мекашонидаму барои 70-80 одам ѓизо мепухтам... Рўзњое буданд, ки бо фарзандони хурдсолам таги селофан хоб мерафтем, то корхона обод ша-вад... Бурдаи нони фарзандонамонро нисф ва ќарзу ќавола карда, бо азоби зиёд корхонаву бозор сохтем, ки якљо бо писарон роњаташро бинем. Аммо, мутаассифона, бародари Шумо њама осоиши зиндагии моро барњам зад… Акнун ман як зани тољик маљбурам дар ба дари суду прокуратура гардам, миё-ни мансабдорону адвокатњо ва журна-листон додхоње кобам...

Бародаратон аз мо солњои сол њаќ ме-пурсид, ба ў медодем, зеро шавњарам фикр мекард, ки шарти соњибкорї дар ин ноњия њамин аст. Њисоби ин пулњоро Худо медонаду бас. Соли 2011 бозоре, ки бо сад њавасу орзу ба номи писарам “Ином” ном мондем, бо кадом иллате сўхту чанд муддат њаќќи ўро дода на-тавонистем. Муњибуллоњ ѓазаб карду моро ба миќдори 100 њазор сомонї љарима ё «иск» баст. Ин маблаѓро њам бо мушкилоти зиёд ёфта, ба ў додем. Гумон кардем, баъди ин моро ба њоли худ мемонад, аммо атрофи ў Ќорї Нусрату Шайх Муњаммадљону Абдула-зиз гуфтанї одамони тасодуфї пайдо шуда, маблаѓњои њангуфти дигар та-лаб кард. Билохира, рўзе гуфт, тамоми бозорро ба ў дињем. Не гуфтему дар бало мондем.

Апаи муњтарам, зиёда аз 3 сол ме-шавад, ки додаратон бо мо, он њам ба-рои моли худамон, дастбагиребон аст. Барои додхоњї ба њама маќомотњои дахлдор мурољиат кардам, на суд

ва на прокурор ба додамон нараси-данд. Ба хотири хеши Љаноби Олї будан, њама парвандањоро ба фои-даи Муњибуллоњ њал мекунанд. Бо аризањои додаратону машварат-чиёни худхоњу бевиљдонаш алайњи шавњарам Б.Абдуллоев 18 парвандаи љиноятї боз шуд. Ин парвандањо он ќадар беасос буданд, ки касе аз про-курору кормандони Агентии мубори-за зидди коррупсия нахостанд дар ин парвандањои беисботу дурўѓ сањм гиранд. Ман ба хулосае омадам, ки зањматњои Президент тамоман барбод нарафтаанд. Давлат ва адолат дар ка-дом шакле бояд вуљуд дошта бошаду Худованд пуштибони халќаш аст.

Янгаи азиз, ба мулоќоти Президент дар Шањритус маро нагузоштанд во-рид шавам, натавонистам арзамро ба худи он кас бирасонам. Додаратон тариќи шиносњояш дар маќомот њама роњњоро ба сўи Президент ба рўям баст. Хостам аризаамро ба дасташон супорам, аммо гирди хонаамро кор-мандони милиса ињота карда, намон-данд ба ин вохўрї равам. Чун исрор кардам, маро маљбур ба мошин ши-нонда, ба ШКД бурданду бе њиљ асосе наздики се соат нигоњ доштанд. Њол он ки соњибкорзане њастам, ки барои беш аз 1000 одам љойи корї додаву хељ ха-таре ба љамъият надорам.

Дар натиља, ин њама ноадолатї ва зулму истибдод алайњи ман, янгаи азиз, аз бародари Шумо, Муњибуллоњ боќї монд ва байни мардум достони хеле њузнангез шуд. Мардуми ноогоњ ин њама ноадолатиро марбут ба Шу-мову Президент медонанд, ки бо онњо розї шуда наметавонам. Ин њамагї як шањрванди Тољикистон аст, ки ба мо зулм мекунад ва машваратчиёнаш њастанд, ки аз камтаљрибагии ў исти-фода бурда, номи Шумову шавњари мењрубонатонро сиёњ карданї меша-ванд.

Янгаи азиз, магар як бозор ё њатто дањ бозор меарзад, ки номи поки Шумо ва шавњари бузургворатонро доѓдор кунад? Ба гумонам, ин њама ашёи рўзгор асту хеле поинтар аз манзалати Шумо! Магар Љаноби Олї барои њамин љумњуриро аз вартаи њалокат рањонид, ки имрўз аз номи ў ва бар зидди хоњиши ў ба раъият зулм кунанд?

Апаи азиз, тоќати ман тоќ шуд ва

маљбур шудам, ки ба Шумо мурољиат кунам, зеро касе ба доди ман расидан намехоњад ва ба назар мерасад, ки ин љо дахолати Шумо ё Љаноби Олї за-рур аст. Шунидам, ки пеш аз сафари Љаноби Олї ба Хатлон Шумо њам ба вилоят сафар доштед. Хеле мехостам дар њузури шумо бошаму арзи худро расонам.

Руст намекунам, гурўњњои бадхоњи хориљї њам чанд бор хостанд моро ба-рои пиёда гардонидани ѓаразњои худ истифода баранд, аммо розї нашу-дем. Агар бозор ва ризќу рўзии мо ба-рои тинљиву оромии Тољикистон зарур бошад, аз бањраш мегузарем. Баъди ин њама ноадолатї ману панљ писарам ба Ватан, Президенти худ ва Шумо ян-гаи мењрубон, содиќем!

Ман њамчун як модари мазлум ба Шумо янгаи бузургворам мурољиат мекунам, ки садди роњи бародари хурдии худ шавед, то аз ин беш зулм накунад. Гумон дорам, њоло Шумо ба-рои Муњибуллоњ ба љои модаред, аз ин лињоз, ба гапатон гўш медињад. Аз Шумо ба љуз адолат чизи дигаре талаб надорем. Биёед, мо ду модар ин њама зулму ноадолатиро барњам занем, то беш аз ин ба обрўи оламшумули Љаноби Олї ва шавњари Шумо лат-ма ворид нашавад. Аз Шумо илтимос мекунем ба додаратон фањмонед, ки моро ба њоли худ гузорад. Шукр кунад, ки тиљорату даромадњо дорад, моро аз як дороии худ мањрум насозад. Бигзо-рад, мо њам озод нафас кашему дами осоишта занем. Моли кас ба одам на обрў медињаду на баракат.

Апаи азиз, инак, дасти ману домо-ни поку боиффати Шумо! Аз барои Худо ва ба хотири нарехтани обрўи шавњаратон дар ќазияи мо адолатро барќарор кунед, то мову фарзандона-мон то њастем, Шуморо мисли модари худ эњтиром кунем.

Охирин умедам Худованд аст, њоло ба ў мурољиат накардам….

Маро бубахшед, ки ин номаро тариќи матбуот равон кардам, зеро бовар на-дорам, ки ба тарзи дигар ба Шумо би-расад.

Худованд нигањбони Тољикистону мардумони адолатпарвараш бошад!

Санавбар Абдуллоева, ноњияи Шањритус

Номаи Санавбар Абдуллоеваунвонии Азизамоњ Рањмонова

Ќосим Ќосимов, вакили мудофеъи Муњибуллоњ Саъдуллоев, раиси ноњияи Шањритус дар суњбат бо «Озодї» гуфтааст, аз мўњтавои номаи Санавбар Абдуллоева, яке аз моли-кони бозори «Ином»-и ин ноњия унвонии Азизамоњ Рањмонова, њамсари прези-дент њанўз хабар надорад.

МушКилоТ

Page 15: Наҷот №44 (2014)

30 октябри соли 2014 15www.nahzat.tj

ЧИЊИЛ МАќОМИ СўфИяБисмилоњи-р-рањмонир-рањим.

“Чињил маќоми сўфия” яке аз асарњои форсии ирфонии Мир Сайид Алии њамадонї ба њисоб меравад. Рисолаи маз-курро яке аз муридони шоњи њамадон – њайдари Бадахшї “Маќомоти сўфия” но-мидааст.

Бидон, ки сўфиро чињил маќом аст ва чињил маќом бибояд, то ќадами вай дар кўи тасаввуф дуруст ояд. Ва агар аз ин чињил маќом якеро фуру гузорад, ба са-фои сўфї роњ наёбад.

Маќоми аввал ният аст. Сўфиёнро бояд ки андешаи эшон он бувад, ки агар њарду олам бад-эшон дињанд, чун дунё ва неъ-маташ ва уќбо ва љаннаташ, дунёву неъ-маташро ба роњи Ќуръон исор кунанд. Ва уќбову љаннаташро ба мўъминон исор кунанд ва балову мењнатро худ ихтиёр кунанд.

Маќоми дуюм иноят бувад. Агар дар хилват бошанд Худойро бинанд ва агар бо халќ бошанд њам Худойро бинанд. Ва њар чи љуз хок бувад назди эшон бо-тил бувад ва таѓйири олам сари эшонро наљунбонад ва балои Њаќ мењри эшонро кам накунад.

Маќоми сеюм тавба аст. Њама халќ тав-ба кунанд, ки њаром нахўранд, аз бими он ки гирифтор нагарданд дар оташу уќубат. Ва эшон тавба кунанд, ки њалол нахўранд, аз бими он ки набояд гирифтор оянд дав-ри њаром ва шубњат уфтанд.

Маќоми чањорум иродат аст. Њама љањониён роњату неъмат ва мол хоњанд ва эшон ранљу шафќат ва Худойро хоњанд.

Маќоми панљум муљоњида аст. Мардум љањд кунанд, то дањро бист кунанд, эшон љањд кунанд, то бистро нест кунанд.

Маќоми шашум муроќиба аст. Ва муроќиба њаќ нигоњ доштан аст дар хил-ват ва ѓайри хилват лољарам подшоњи олам эшонро маъсум дорад аз маъсият.

Маќоми њафтум сабр аст. Агар балои Кавнайнро ба рўи ў гуморанд дар он оњ накунанд ва агар мењнати кавнайни ола-майн бар эшон фуруд ояд, ба љуз сабр чизе дармони худ намесозанд.

Маќоми њаштум зикр аст. Ба дил Ўро донанд ва ба забон Ўро хонанд ва агар дар монанд, љуз ба даргоњи Ў роњ надо-ранд.

Маќоми нуњум мухолифати нафс аст. Њафтод сол нафсашон менолад дар орзуи як неъмат ва наёбанд љуз ранљу мењнат.

Маќоми дањум ризо аст. Агар гурусна бошанд ва агар барањна бошанд, аз Худои хеш ва дар кўи ихтиёр ќадам нанињанд ва љуз роњи шавозуъ насипаранд.

Маќоми ёздањум мувофиќат аст. Бало-ву офияти ато ва манъ назди эшон яксон бувад.

Маќоми дувоздањум таслим аст. Агар тири ќазо аз камингоњи бало ба сари эшон борад, худро Иброњим дорад ба борони тири манљаниќ таслим надињад ва пеши тири бало љонро сипар созад.

Маќоми сездањум таваккул аст. Дар та-ваккул маќом доранд, на аз халќ савол кунанд ва на аз Холиќ ва Ўро мебинанд ва Ўро мепарастанд аз барои Ў. Ва саво-лу гуфтор дар миён на, лољарам подшоњи олам эшонро ба ваќти худ рўзї мерасо-над ва њисоб дар миён на.

Маќоми чордањум зуњд аст. Аз њама дунё мураќќаъе доранд ба сад пора. Ва карбосу намад ва гилем алвони мураќќаъ назди эшон бењтар аз суфу сафрост ба њазорбора.

Маќоми понздањум ибодат аст. Њама рўз машѓул бошанд ба хондани Ќуръон ва тасбењ гуфтан. Ва њама шаб истода бо-шанд дар хизмати Офаридгори рањмон. Танњошон дар хизмати Њаќ кўшон ва дилњошон аз шавќи мавло љўшон ва сарњошон аз бањри мушоњидаи Њаќ хурўшон.

Маќоми шонздањум вараъ аст. Аз њар таом нахўранд ва аз њар либос напўшанд ва бо њар касе нанишинанд ва љуз муњаббати Њаќ нагузинанд.

Маќоми њабдањум ихлос аст. Њама шаб намоз кунанд ва ба рўз рўза доранд. Ва чун нуќсон дар тоат бинанд, панљоњсола тоат ба як шурбати об бифурўшанд ва ба саге дињанд, он гоњ гўянд: Эй нафс, донистї, ки он чи кардї, Худойро нашо-ист.

Маќоми њаждањум сидќ аст. Як ќадам ба ростї беризои Њаќ нанињанд ва як нафас ба ростї бе ёди мавло назананд. Ва за-бонашон аз дил хабар дињад ва дилњои эшон аз асрори њазрати рубубият хабар дињад.

Маќоми нуздањум хавф аст. Њар гоњ ки дар адли Ў нигаранд, аз азамати бими њазрати мавло дар гудозанд ва бар тоата-шон эътимод на.

Маќоми бистум ризо аст. Њар гоњ ки дар фазли Ў нигаранд аз шавќ менозанд ва биму фуруѓ дар миён на.

Маќоми бисту якум фано аст. Нафси худро дар буттаи фано бигудозанд ва аз њар чи дуни Њаќ аст фонї шаванд ва забонњошон њадисе нагўянд љуз номи Ў ва танњошон наљунбанд љуз ба тоати Ў ва пойњошон нараванд љуз ба даргоњи Ў ва сарњошон љавлон накунад љуз ба њазрати Ў.

Маќоми бисту дуюм баќо бошад. Агар ба рост нигаранд ва агар ба чап ва агар бархезанд ва агар биншинанд, Њаќро бинанд ва дар њама њол бо Њаќ бошанд, боќї гарданд ба баќои Ў ва розї шаванд ба фазлу атои Ў.

Маќоми бисту сеюм илмуляќин аст. Чун ба дидаи илмуляќин дарнигаранд аз арш то фарш бубинанд ва њиљоб дар миён на.

Маќоми бисту чањорум њаќќуляќин аст. Чун ба дидаи њаќќуляќин дарнигаранд аз њама мукавванот (махлуќот ва мављудот) ва маснуот даргузаранд ва бечуну бечи-гуна дар Њаќ нигаранд ва њиљоб дар миён на.

Маќоми бисту панљум маърифат аст. Андар њама кавнайн ва оламайн Њаќро шиносанд ва андар шинохтанашон туњмат на. Ва ба дилу љон Ўро пурсанд ва дар тоаташон шубњат на.

Маќоми бисту шашум вилоят аст. Ду-нёву охират дар њиммати эшон нагунљад ва њамаи неъматњои бињиштї дар дидаи эшон ба заррае нагунљад.

Маќоми бисту њафтум муњаббат аст, зеро ки аз њама кавн дўсташон яке бо-шад ва муњтољон бо яке бошад, зеро ки зоњирашон бо ботинашон яке бошад.

Маќоми бисту њаштум шавќ аст. Танњошон аз шавќу мењри Њаќ мегудозад ва дилњошон дар њазрати ќудс менозад. На андешаи фарзанду аёл ва на фикри дунёву мол.

Маќоми бисту нуњум вањдат аст. Дар дунёшон наёбанд ва дар ќиёматашон наёбанд ва бар сиротшон наёбанд, дар њазрати ќудс бошанд. Он љо, ки эшон бо-шанд, Њаќ бо эшон бошад ва эшон бо Њаќ бошанд.

Маќоми сиюм ќурбат аст. Агар гўянд Бор Худойро оммаи ањли куфру исёнро ва ањли ширку туѓёнро дар кори мо кун, подшоњи олам гуфтори эшонро рад на-кунад.

Маќоми сиву якум унс аст. Агарчи шах-сан дар дунё бувад, дилшон дар њазрати мавло бувад ва агар танњошон фаршї бу-вад, дилњошон аршї бувад.

Маќоми сиву дуюм дар матн вуљуд на-дорад.

Маќоми сиву сеюм кашф аст. Миёни Њаќ ва миёни эшон њиљоб набувад. Агар фуру нигаранд то пушти говмоњї буби-нанд ва агар боло нигаранд аршу курсї ва лавњу ќалам то хатират-ул-ќудс њељ чиз эшонро њиљоб нашавад.

Маќоми сию чањорум муњољира аст. Як турфатулъайн аз бисоти хизмати њазрат холї набошанд.

Мањоми сиву панљум таљрид аст. Агар ба дўзахашон бифиристанд ё бињишт марњабо гўянд. На бад-ин шод шаванд ва на бар он ѓамгин ва аз дўстї нагарданд.

Маќоми сиву шашум тафрид аст. Дар дунё ѓариб бошанд ва дар миёни халќ фа-рид бошанд. Агар бизанандашон озурда нашаванд ва агар бинавозандашон фи-рефта нашаванд.

Маќоми сиву њафтум инбисот аст. Ба хизмати њазрати Ў густох бошанд. Агар подшоњи олам марг бад-эшон фиристад фармонаш бизанад ва то аз дўст нидо на-шунаванд љон ба таслим накунанд. Ва аз Мункару Накир бок надоранд ва аз ќиёмат наандешанд, як ќадам бар Сирот нињад ва кадами дигар дар фирдавси аъло нињанд ва дар њуру ќусур нанигаранд, то дидори Даббул-ѓаррат набинанд.

Маќоми сиву њаштум тањайюр аст. Њама њайрон бошанд ва бо бонгу фиѓон. Ва халќ гурезон бошанд ва дар њалќаи даргоњ овезон бошанд.

Маќоми сиву нуњум нињоят аст. Ба манзилгоњ расида бошанд ва ранљи бодияњо ва мењнат кашида бошанд, дар њалќаи даргоњ овезон бошанд.

Маќоми чињилум тасаввуф аст. Сўфї он бувад, ки аз њама муродњо софї бувад. Ва чашмаш аз хиёнат ва забонаш аз ѓайбат ва фузул софї бувад. Ва рўњи ў аз ѓаму ѓаш софї бувад ва нафси ў аз шањват дур ва гуфтораш мувофиќи кирдор. Аз софї дилаш арш бувад. Ва аз дунё вањшї бу-вад ва дилаш аз ѓафлат софї бувад.

Ва чунин ин чињил маќом бад-ин авсоф, ки ёд кардем, бурида шавад ва бад-ин маќом расида он гоњ сўфї бувад ва ўро сўфї тавон хонд. Ва агар аз ин маќомњо яке надида бошад, њанўз ба њељ љо нара-сида бувад ва ўро сўфї натавон хонд. Ва ин чињил маќом пайѓамбаронро будааст алайњимуссалом.

Аввалин маќом Одамрост алайњи-муссалом ва охирин маќом Муњаммад Расулуллоњ саллаллоњу алайњи ва са-ламро. Муњаммад пайѓамбари Худо ва санои Худо бар он ва ситоиши Худо яго-нагиашро ва дуруд бар онњое, ки роњи ро-стро пайраванд.

ЊАЛЛИ МУшкИЛ«Њалли мушкил» яке аз рисолањои

њаљман хурди Мир Сайид Алии Њамадонист, ки ба забони форсии дарї иншо шудааст ва дар мавзўи маърифати Худо бањс мекунад.

Бисмиллоњир- рањмонир- рањим.Эй мушкили њаллу њалли мушкил,З-он сўи азал бињишт манзил.

Эй азиз, бидон, ки ѓарази љамеи њукамо ва уламо аз тасонифу авзои анвои улум маърифати китоби суннат аст. Ва љамеи улум олоту адавоти (олоти њусули чизе) тањсили асрори шариф ва одоби тариќат аст. Ва маќсуд аз ирсоли љамеи русул ва нузули љамеи кутуб маърифати зоти му-таолия бувад изза шаънуњу.

Ва дараљоти маърифат мутавофут аст ба њасби камолу нуќсони истеъдодот ва ќуввату заъфи ќобилиёт.

Дараљаи аввал, ки томии дараљот аст, он аст, ки банда бидонад, ки ўро Худован-де аст ягона, ќодири ќадим бе мислу зид ва нид(д) (монанд, њамто ва назир), ки њар чи хост, кард ва буд, њар чи хоњад кунад ва бошад. Ин миќдор маърифат шомил аст љамеи ањли имонро ва маљмуи излоф (љамъ кардан, наздик кардан ва вољиб шу-дан) ва љиболро (кўњњо) дар ин мушорикат аст.

Дараљаи дуюм маърифати истидлолї аст, ки уламо русум ва мафњумоту маз-мунот ва лавозими алфози китоби суннат дарк кунанд ва ба бароњини наќлия ва

аќлия зоти сонеъро исбот доранд.Дараљаи сеюм маърифати шуњудї аст,

ки аз тазкияи нуфус ва тасфияи ќулуби авлиёву анбиёро алайњи муссалом ба во-ситаи зурубу таърифоти илоњї аз вањю илњом ва илтифоти малакї ва илњомоти раббонї ва воридоти ѓайби макшуф гар-дид.

Ва дар бидояти ин њол лаззат тобеи икдоњи асрори таљаллиёти раббонї ва тавотили осори каъсоти њаќоиќи ирфонї масти завќи шуњудї гарданд.

Хулосаи сухан он аст, ки бидонї, ки мушкили њалли раббонї баёни њамд аст. Ва он иборат аст аз аввалиёте, ки ифтитоњи он аз зоташ изофї аст ва он мабдаи олами арвоњ аст. Пас њар фар-деро аз афроди мартаба азале бувад ва азали азоил иборат аст аз имтидоди (дарозї) баќои вуљуди мутлаќ ва он масун (нигоњ дошташуда ва мањфуз) ба замон нест ва ифтитоњи он аз адам не.

Чун ин муќаддима маълум кардї, би-дон, ки файзи вуљуд, ки аз матлаи људии фувият тулуъ мекунад, то он гоњ, ки ба маърифати олами љисмонї мунтањо гардад бар њашт аз манозили маротиби љабарутї ва малакутї гузар меёбад.

Аввал мартабаи њиссї аст ва фай-зи нозил дар ин манзил ба сифати њаёт мунсанеъ гардад ва дар ин мартаба ўро моњияти вуљудї хонанд ва сирри рўњонї гўянд. Пас аз ин љо ба манзили илм нузул кунад ва ин љо ба сифати олиме мутта-сиф шавад ва дар ин мартаба ўро маъ-лум хонанд.

Пас аз ин љо ба манзили иродат нузул кунад, ин љо ба сифати муридї барояд ва дар ин мартаба ўро мурод гўянд.

Пас аз ин љо ба мартабаи ќудрат нузул кунад ва ин љо асаре аз осори ќодирї касб кунад ва дар ин мартаба онро маќдур хо-нанд. Ва аз ин љо ба манзили момеї ну-зул кунад ва њаќиќате аз ин сифот бо ў њамроњ гардад ва дар ин мартаба онро маснўъ гўянд.

Пас аз ин љо ба манзили басирї ну-зул кунад ва дар арсаи ин вилоят биної сифати ў шавад ва дар ин мартаба ўро малњуз (ба дунболаи чашм нигаристашу-да) хонанд.

Пас аз ин љо ба манзили каломї ну-зул кунад ва дар тасарруфоти ањкоми ин њазрат мустаиди каломи рўњонї гардад ва дар ин мартаба онро калима хонанд. Ва њар фарде аз афроди вуљуд калимае аз калимоти Аллоњ аст.

Ва ин њафт манзил аз маротиби љабарутии вуљуд аст ва ин асморо аим-маи асмо гўянд ва мафотењи ѓайб хонанд. Ва баъд аз он ба манзили њаштум, ки ола-ми арвоњ аст, нузул кунад ва ин оламро малакут хонанд ва ѓайб гўянд.

Ва дар ин олам истеъдоди истикмоли (комил намудан) ин сифот муњайё гардо-над.

Пас аз ин љо ба љињати тадбири баданї маљъул ба манзили шањодат нузул кунад ва шахс вуљуди хориље дар олами њиссї зоњир гардад. Ва нисфи доираи вуљуд ба зуњури ў тамом шавад. Ва бидояти нисфи маодї дарпайвандад. Пас чун маълум кардї, ки аъмоли арвоњ, ки олами малакут аст, азали вуљуди афрод ва аъёни олами шуњудї аст. Ва њар фардеро аз афроди олами њиссї дар ин олам њаќиќате аст, ки он азали он мављуд аст ва он акси азали азоил, ки он имтидоди баќои њувият аст.

Пас он кас, ки гуфт, ки з-он сўи азал ба њашт манзиле рост гуфт, ки файзи вуљуд аз њувияти ѓайб бар њафт манзил аз маро-тиби љабарут гузар кардааст то ба манзи-ли малакут расидааст, ки он азали аъёни муќайида аст. Пас њазрати њувият, ки мат-луби њаќиќист барои ин азал дар манзили њаштум бувад. Валлоњу аълам.

Фароњамсоз С. Шарифов.

Ба ифтихори 700 - солагии Мир Сайид Алии њамадонї(Идома аз шумораи гузашта)

ЧењРА

Page 16: Наҷот №44 (2014)

www.nahzat.tj30 октябри соли 201416

Муњаррир:Њикматуллоњ

САйФУллОЊЗОДА[email protected]

Телефон: 918-66-98-46

Котиби масъул:Шоњ Абдї

Хабарнигорон: Субњияи Њомид

Умед Сиддиќшоњ

Нашрия дар сомонаи

www.nahzat.tj ќобили дарёфт аст

Телефон: 625-77-28

њафтавор тањти раќами

0104/рз дар Вазорати

фарњанги

љумњурии Тољикистон

номнавис шудааст ва бо

теъдоди 4300 нусха дар

матбааи “Муаттар”-и

њНиТ ба чоп мерасад.

Супориши раќами 170.

Нархаш шартномавї.

Суратњисоби мо:

20402972316264,

«АМоНАТБоНК»

НИШОНИИ ИДОРА: ш. Душанбе, кўчаи Борбад, хонаи раќами 1, дафтари марказии Њизби Нањзати

Исломии Тољикистон, ТеЛ: 625-77-28

њафтанома дар заминаи гуногунандешї маќолањоеро

низ ба нашр мерасонад, ки хилофи мавќеи њНиТ

ва нашрия мебошанд. Масъулияти дурустии

аснод ва далели њамагуна маводи воридшуда ба дўши

муаллифон аст.дастхат ва аксњо

баргардонида намешаванд.«Наљот» меъёрњои ахлоќии фаъолияти журналистиро дар Тољикистон эътироф

намудаву менамояд. Нашрия аз гузориши

хабаргузорињои «Авесто», «Tojnews», «Азия плюс»,

«Ozodagon», «Форс», «Islamnews/ru», сомонаи

родиоњои «озодї» ва «ВВС», истифода мекунад.

Аз кАломи ЊАќ- Балки њар касе вафо кунад

бар ањди худ ва парњезгорї ку-над, пас њамоно Худо дўст ме-дорад парњезгоронро, (сураи «оли имрон», ояти 76).- Њамоно касоне, ки мегиранд дар

ивази паймони бастаи худ ба Худо ва дар ивази савгандњои худ бањову ќимати ночизеро, ин гурўњ бенаси-банд дар охират. Ва сухан нагўяд Худованд ба онон ва рањмат наку-над ононро дар рўзи ќиёмат ва пок насозад ононро ва онњорост азоби дарднок (сураи «оли имрон», ояти 77).- Ва њар кї талаб кунад ѓайри

ислом дини дигареро, пас њаргиз ќабул карда нахоњад шуд аз ў (ин динеро, ки ѓайри ислом аст) ва ў дар охират аз љумлаи зиёнкорон аст, (сураи «оли имрон», ояти 77).

Аз АЊодиси шАриф- Аз Абўњурайра (р) ривоят

аст, ки расули Худо (с) фармуд: Њаргоњ њангоми хутбаи имом ба дўстат гуфтї, ки хомўш шав, суха-ни ботиле гуфтаї, (ё шумо кори бењуда анљом додаед), савоби на-мози љумъа кам мешавад.- Љобир (р) аз Паёмбар (с) ри-

воят карда, ки «њадди фосила миёни инсон ва ширку куфр (албатта, куф-ри амалї) тарки намоз аст», (яъне фарќ байни онњо тарки намоз аст), (имом муслим).- Љобир (р) аз Паёмбар (с) ри-

воят мекунад, ки фармуд: Њар як фард дар кадом њолате ки вафот кардааст, дар њамон њолат мабъус (хезонда) мешавад, (имом муслим).- Аз ибни Умар (р) ривоят шу-

дааст, ки гуфт: аз Паёмбар (с) шунидам, ки мефармуд: «шахси

муъмин дар рўзи ќиёмат ба Пар-вардигораш наздик мешавад, то он љое, ки Худованд пўшиш (рањмат ва њимоят)-и худро бар ў мегуста-рад ва ўро ба иќрор ба гуноњаш водор карда, мефармояд: «оё фа-лон гуноњ ва фалон гуноњро ба ёд дорї?», (банда) мегўяд: Худовандо, медонам.Худованд мефармояд: «ман дар

дунё онњоро барои ту пўшондам ва имрўз низ онњоро барои ту меомур-зам» ва баъд аз он номаи аъмоли некўяш ба ў ато мешавад» ,(њадиси «муттафаќун-алайњ». ќАВли ёрони рАсУлУллоЊ - Аз се чиз касе хайр надида-

аст: маъсият (гуноњ)-у ањдшиканї ва макр, (њазрати Абўбакри сиддиќ (р)).- касе ки рози худро пинњон до-

рад, ихтиёр ба дасти худаш мебо-шад, (њазрати Умар (р)).- мусалмонон шаш ќисм тарс до-

ранд: 1. Тарс аз Аллоњ (љ), ки давлати

имонро аз ў нагирад,2. Тарс аз малоикаи марг, ки

рўњашро ќабз накунад,3. Тарс аз аз дунё, ки аз охират

ѓофилаш накунад,4. Тарс аз зану авлод, ки Худо-

ванд (љ)-ро фаромўш насозанд.5. Тарс аз малоика, ки гуноњояшро

нанависад.6. Тарс аз шайтон, ки ба дом

наандозад, (њазрати Усмон (р)).- дунё мисли дарёст, мадду љазр

ва мављ дорад, гоње мављњои хеле ќавию гоње ором ва ором буданаш хеле кам. (касе ки дар дарёст бояд бидонад, ки мављ њам њаст ва касе ки дар ин дунёст, бояд бидонад, ки мушкилот вуљуд дорад), (њазрати

Алї (р)). - Бишнав-бишнав, ки яке аз

сањоба мегўяд: дар љанги Табук бештари ёрон аз ташнагї аз по да-ромада буданд ва амзодаи ман њам дар ин миён буд, ман митњара (оф-тоба) пуроб кардам ва дар талаби ишон шудам, чун ба сарваќти амзо-да расидам, гуфтам: об хоњї хўрд? Ў ба дигаре ишора кард ва чун ба ў рафтам, ў ба дигаре ишорат кард ва чун бар он сеюм рафтам, ў љон дода буд ва бар дуввуми рафтам ў њам мурда буд ва бар аввалин рафтам ў њам рафта (мурда) буд, (зиёвуддини нахшабї).

Аз ќАВли БУзУргон- Ваќте касе аз ту (дар коре )

машварат хост (ва онро ба назди ту овард), ба вай (бо хайрхоњї ва њисси амонат) машварате бидењ, ки яќин намої он туро ба даргоњи Аллоњ таъоло наздик ва муќарраб мегардонад, (њазрати имоми Аъзам (р)).- Авом аќида доранд, касе ки

бидуни ранљи сакарот ва ногањонї бимирад, хушќисмат аст, ки коми-лан иштибоњ мебошад. сакарот бо-иси каффораи гуноњони муъмин ва баланд кардани дараљоти ў меша-ванд. Ва баръакс, мавти ногањонї (мафољот) матлуб нест, ( мавлоно муњаммад Умари сарбоз).- Хољагии дунё ба монанди шамъи

барафрўхтааст ва тоифае, ки ба гир-ди он даромадаанд, аёлу атфол ва хадаму њашами ўянд. Њар яке ба навъе дар муроъоти ў мепўянд ва сухан бар муроди ў мегўянд, ки ногоњ субњи содиќи аљал бидамад ва тунбоди ќањри марг бивазад, хољаро бинї, ки дар ќабзаи малакулмавт гирифтор гардад ва аз тахти мурод бар тахти номуродї афтад. Чун ба гўристонаш баранд, атфолу аёл ва онњое, ки озоданд ба якборагї аз вай эъроз (рўй бартобанд) кунанд, (саъдии шерозї).- он чизе, ки ман дар сафарњо

ниёз дорам, пеш аз њама ќуръони маљид аст. дар њамаи сафарњо ин китоби муќаддас њамсафари доимиям аст, баъдан ањодиси Паёмбари ис-лом, «сањењи Бухорї», «Њидоя»-ро ва китоб дар бораи ахлоќи исло-ми «Тариќаи муњаммадї»-ро низ бо худ мебурдам. Агар боз љои холї мемонд, њатман «гулистон»-у «Бўстон»-и шайх саъдї ва мас-навии мавлоноро њам мегирифтам, (сайид Абдуллоњи нурї).- Њангоме ки дар ташкили хо-

навода кўтоњї ба амал ояд, ба ин маънї, ки аз як модари ѓайри му-салмон ва аз як падари бетафовут, ки надонад, писарону духтаронаш, њамчунин њамсараш ба чї коре машѓуланд, дигар бояд ба ислом ва ин гуна фарзандон худоњофизї кард, (Юсуф ќарзовї).- Аз эътимоду итминон камтар

зарар мебарем, то аз бадгумонї ва бадхаёлї, (муњаммади Њиљозї).

фароњамсоз муњиддин Асозода

Панду андарзфасли хазон расиду зи гулњо асар намонд,Аз булбулон ба боѓ ба љуз болу пар намонд.лабрез шуд зи љўши гадо кўчањои шањр,Чандон, ки бар насим талоши гузар намонд. (сайидои насафї)

НАСињАТ ГЎш КуН, љоНо...